Таҳдиду хатарҳои муосир ба амнияти миллӣ ва минтақавӣ яке аз масъалаҳои ҳаётан муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҳар як кишвар дар тули рушди ҷомеаи инсонӣ ба шумор меравад. Масъалаи мазкур торафт диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намуда, мақоми махсусро дар доираи олимону коршисоносони сатҳи милливу байналмилалӣ касб намудааст.
Дарки амиқи масъалаи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, водор сохт, ки масоили таъмини амнияти миллӣ ва минтақавиро ҳамчун вазифаҳои муҳимтарин ва афзалиятноки сиёсати хеш дониста, бар зидди зуҳуроти нангини аср, аз ҷумла ифротгароиву терроризм ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ муборизаи беамон барад. Дарёфти роҳу воситаҳои таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ, пешгирӣ намудани хатару таҳдидҳо яке аз муҳимтарин ҷанбаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.
Ҷараёни рӯйдодҳои ҷаҳонишавӣ ба таври возеҳ нишон дода истодааст, ки ҳеҷ як давлат дар танҳоӣ қодир нест, ки бо хатару таҳдидҳои муосир муборизаи самаранок барад. Дар чунин раванд, танҳо иқдомоти мувофиқашуда ва кӯшишҳои муштараки ҳамаи давлатҳо метавонанд муассир бошанд.Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз замони расидан ба истиқлолияти давлатӣ ҳамкориро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла СММ, СҲШ, СААД, ИДМ, САҲА ва ғайраҳо хуб ба роҳ монда, ҷонибдори таъмини амният дар саросари ҷаҳон мебошад.
Чуноне киАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин фаъолияти на танҳо давлат, балки кулли ҷомеа ва ҳатто ҳар як фарди ҷомеа дар алоҳидагӣ мебошад, ки ба таъмини манфиатҳои миллӣ ва амалисозии онҳо бетараф нестанд.
Яке аз хатарҳое, ки ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳдид менамояд, ин вазъи бесуботӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошад. Баҳри таъмини амният дар кишвари мазкур, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама суханрониҳои хеш аз минбарҳои сатҳи байналмилалӣ вазъи мавҷударо ба саҳми ҷаҳониён расонида, аз онҳо тақозо менамояд, ки ҳарчи зудтар сулҳ дар ин кишвар пойдор гардад.
Чунонеки дар яке аз суханрониҳои хеш Пешвои миллат иброз доштанд: “Мусаллам аст, ки амнияту суботи минтақаи мо, қабл аз ҳама, бо вазъи Афғонистон вобастагӣ дорад ва идомаи минбаъдаи муноқишаву низоъ дар Афғонистон метавонад ҳам барои ин кишвар ва ҳам барои минтақа оқибатҳои манфии дарозмуддатро ба бор орад”.
Ташкилотҳои ифротгаро ва террористӣ вазъи имрӯзаи Афғонистонро барои рушди худ басо қулай дониста, барои ҳамсоякишварҳо таҳдиди бузург эҷод менамоянд. Терроризм ва ифротгароӣ сарчашмаи барангезандаи таҳдиду зӯрӣ, расонандаи зарари вазнини рӯҳию ҷисмонӣ, таҷовуз, бенизомӣ, тағйири сохтори коститутсионӣ, ғасби ҳокимият, ташкилкунандаи низоъҳои миллӣ, динӣ ва иҷтимоӣ гардидааст.
Бояд зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Афғонистон сарҳади тӯлонӣ дорад, аз хатару таҳдидҳои муосири терроризм ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба монанди дигар давлатҳо эмин нест. Аз ин рӯ, тибқи сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазорату идораҳои дахлдор дар татбиқи стратегия ва барномаҳои милливу давлатӣ дар самти таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ таҷрибаи кофӣ ба даст овардаанд.
Барои мисол, Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин кишвари Осиёи Марказӣ мебошад, ки Стратегияи миллӣ оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризмро барои солҳои 2016-2020 татбиқ намуда, барои давраи то соли 2025 Стратегияи навро дар ин самт қабул намуд.
Дар баробари ин, Тоҷикистон Стратегияи миллии муқовимат ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир барои солҳои 2013-2020, Консепсияи миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом барои солҳои 2018-2025, Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи терроризм”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи экстремизм” ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро қабул намудааст, ки ҳамчун санадҳои хусусияти барномавидошта мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат бо экстремизм ва терроризми байналмилалӣ муайян менамоянд.
Таҳдиду хатарҳо ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти фаромиллӣ дошта,инчунин ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ таъсири худро мегузоранд.
Ҳамин тавр, бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти манфиатҳои милливу минтақавӣ минбаъд низ сиёсати пешгирифтаи худро таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома дода, хамкориро дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баҳри таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ бо мақсади аз байн бурдан ва кам кардани таъсири манфии зуҳуроти нангини аср тақвият мебахшад.
Маҳмадсаидзода Абубакр,
мутахассиси пешбари Раёсати омӯзиши
масъалаҳои амнияти минтақавии МТС-и
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон