Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21-уми декабри соли 2021 ба кулли мардуми Тоҷикистон авзои сиёсии Афғонистон ва ҳамсоя кишварҳоро хеле батафсил баррасӣ намудааст. Дар он вазъи мамлакати ҳамсоя бо дарназардошти тамоюли ифротгароӣ ҳодисаҳои террористӣ матраҳ ёфта, ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ барои раҳонидани он аз чунин ҳолати ногувор таъкид гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки имрӯз масъалаи эҳтимолияти хатари ноамни ба минтақа аз вазъи сиёсии тезутунди Афғонистон ҷой дорад. Дар маҷмӯъ, яке аз масъалаҳои муҳимми печидаи нигароникунанда буда, дар сархати хабару гузориши расонаҳои ҷаҳон ва ҳамоишҳои байналмилалӣ қарор дорад. Масъалаи буҳрони Афғонистон бисёр печида ва васеътар аз худуди ҷуғрофиёи Афғонистон мебошад, ки дар асл он ҷо бархӯрди манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, идеологии амниятӣ ва қавмии баъзе қудратҳои минтақавию байналмилалӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ҷараён аст.

Таваҷҷуҳи бузурги равонагардида, дурнамо бархӯрди манфиатҳои қудратҳои гуногун аст, ки чӣ гуна ва бо кадом шакл ҷанги навбатӣ ба муқобили дигар рақибони сиёсии худ бо кадом роҳ, дар кадом шакл оғоз гардад. Ин як шакли манфиатҷӯйии  қудратҳост, ки сабабгори асосии идома ёфтани ин буҳронҳо гардидаанд. Дар мақола ду масъалаи ҷиддии вазъи сиёсии кишварҳои ҳамсарҳад Афғонистону Қирғизистон барои мутолиа пешкаши  хонандагон мегардад.

  1. Баъди ба тасвиб расонидани созишномаи байнидавлатии Афғонистон бо гурӯҳи ҷангиёни «Толибон», ИМА уҳдадор шуд, ки то 30–уми августи соли 2021 охирин неруҳои худро аз хоки Афғонистон берун намояд. Дар вазъияти саросемавор сурат гирифтани хориҷшавии неруҳои ИМА боиси пешрафти фаъолияти ҷангиёни «Толибон» гардид. Ҳамзамон, фирори собиқ президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва ҳайати ҳукумати он сабабгори суқути шаҳри Кобул ва шикасти ҳукумати Афғонистон гардид.

ИМА ва НАТО ҳеҷ пешбинӣ накарда буданд, ки гурӯҳи “Толибон” қодиранд бо чунин суръат ҳамаи қаламрави Афғонистонро ишғол намоянд. Аз ин фурсати муносиби бефаъолиятии ҳукумат истифода карда, ҷангиёни гурӯҳи «Толибон» бе мубориза бо роҳи осоишта рӯзи 15-уми августи соли 2021 вориди Кобул шуда, роҳбарии давлати Афғонистонро пурра ба даст гирифтанд.  ИМА ва кишварҳои ғарбӣ талош намуданд, ки то санаи 30–уми августи соли 2021 неруҳои ҳарбии боқимонда, шаҳрвандони худ, тарҷумонҳо, кормандони сафоратҳо, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзноманигорон ва дигар афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, ба хатар мувоҷеҳ шуданд, баҳри наҷот ба кишварҳои худ интиқол диҳанд.

Васоити ахбори омма хабар медиҳанд, ки то ҳанӯз ҳеҷ кишвари ҷаҳон ба таври расмӣ ҳукумати «Толибон»–ро, ки «Аморати исломӣ» эълон кардаанд, ҳамчун давлат ба расмият нашинохтаанд. Аз рӯйи талаботи онҳо қишри занон аз кору таҳсил маҳрум буда, бе иштироки мардони хонавода ҳуқуқи берун рафтанро надоранд.

Гурӯҳи “Толибон” баъди се ҳафтаи ишғоли Кобул ва манотиқи кишвар ҳайати ҳукумати навро дар Афғонистон эълон кард. Таъйиншудагон ба мансабҳои роҳбарикунанда аксар намояндагони гурӯҳи тундрави ифротгаро буда, ду нафари вазири онҳо дар рӯйхати террористони байналмилалӣ қарор доранд. Ба ҳайати ҳукумати таъйиншуда намояндагони дигар миллату ақаллиятҳои миллӣ ва занон шомил нагардиданд.

Дар рафти ба амал омадани чунин вазъ Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд–писари Аҳмадшоҳи Масъуд дар минтақаи Панҷшер ташкил гардида, ҳайати ҳукумати нави “Толибон”–ро дар Афғонистон ғайриқонунӣ донистанд. Чанде аз сиёсатамадорони дохилию бурунмарзии афғон, собиқ қумандонҳои низомӣ низ дар эъломияҳои ҷудогонаи худ рафтори гурӯҳи «Толибон»-ро танқид карда, ба расмият нашинохтанд. Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд дар минтақаи Панҷшер ва дигар манотиқи он муборизаро бо шаклҳои гуногун пинҳонию ошкоро оғоз намуданд.

Тавре президенти ИМА Ҷо Байден рӯзи 14-уми августи соли равон дар ҷаласаи сенаторҳо иброз намуда буд, «Дар бист соли ҷанг Амрико беҳтарин қувваҳои ҳарбию лавозимоти ҷангии худро ба Афғонистон фиристода, тақрибан 1 триллион доллар сармоягузорӣ кард, ҳамасола беш аз 4,1 миллиард доллар маблдағгузорӣ мекард. Инчунин, 300 ҳазор сарбоз ва полиси афғонро бо ҷалби мутахассисони ҳарбӣ омӯзонд ва онҳоро бо техникаи муосири низомӣ муҷҷаҳаз карда буд», ки ҳамаи онҳо ба дасти «Толибон» афтоданд, онҳо бо ин қудрат ҳокимияти давлати Афғонистонро ба даст оварданд.

Нишонаи  фаъолнокии ин падидаҳо дар қаламрави Афғонистон ба ғайр аз “Толибон” ва “ДОИШ”, боз чандин созмонҳои байналмилалии экстремистиву террористӣ, ба монанди “Давлати Исломӣ”, созмони   “Ихвон-ул-муслимин”,“Ал–Қоида”, ТЭТ ҲНИ, ҳаракатҳои «Ҷабҳат ан–Нусра», Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) ва Ҳаракати Исломии Туркистони Шарқӣ (ҲИТШ) дида мешавад. Ҳамаи ин созмону ҳаракатҳо баҳри ба қудрат расидани гурӯҳи “Толибон”-и Афғонистон дар муборизаҳо якҷоя амал намуда, саҳм гузоштаанд. Барои саҳмгузориашон онҳоро дар минтақаҳои гуногун, аз ҷумла ноҳияҳои сарҳадии Тоҷикистон ҷойгир намуданд. Андешаҳои гуногуни коршиносон пахш мегардад, ки дурнамо ҳамчун манбаи хатари ҷиддӣ ба кишварҳои ҳамсарҳад ва минтақаи Осиёи Миёна боқӣ мемонанд.

Ин падидаҳо қудрати ба Тоҷикистон ҳамла намуданро надорад, аммо эҳтимоли роҳ ёфтани таблиғарони ин гурӯҳи ифротгаро, ки дар шароити ғайриқаноатбахши муҳити зист ва бекорӣ қарор доранд  метавонанд, ба қишри осебпазири ҷомеа бо ҳар гуна роҳҳо ворид гардида, таъсири манфии худро расонанд. Дар поён маълумотҳое оварда мешавад, ки аз чунин ҳолати рухдода ҳама кишварҳо сабақ бояд гирифт.

Тибқи маълумоти пахшгардидаи расонаҳо ва ахбори собиқ сардори Ситоди артиши Афғонистон Ёсин Зиё ба рӯзномаи «Washington Post», давоми бист сол аз соли 2001 то имрӯз ҳудуди 92 000 ҳазор нафар кормандони низомию амниятии ҳукуматӣ кушта шудааст. Ин маълумот аввалин гузорише дар бораи талафоти низомиёни афғонистонӣ буд, ки чунин хабарҳо дар бораи захмиёну кушташудагон аз соли 2017 ин ҷониб махфӣ нигоҳ дошта мешуд. Ҳангоми ишғоли ҳокимият аз ҷониби ҷангиёни “Толибон” аз 1-уми июл то 15 августи соли 2021, шумораи 4000 нафар аз неруҳои низомию амниятии Афғонистон ба ҳалокат расида, 1000 нафари дигар беному нишон гардид. Маълумоти муфассал дар бораи чӣ қадар аз мардуми осоишта дар ин давра дар муҳорибаҳо захмию ба ҳалокат расидааст, дастрас нест.

Аз рӯйи маълумоти нашри рӯзномаи “Guardian” шумораи умумии артиши Афғонистон бештар аз 300 ҳазор нафарро ташкил медод. Чуноне, ки маълум аст, ИМА ва кишварҳои узви НАТО баъди тарк намудани Афғонистон августи соли 2021 таҷҳизоти зиёди низомии худро ба Артиши Афғонистон тақдим карданд, вале ин артиши 300 ҳазор нафараро тайи 20 сол омӯзонда буд, ҳеҷ гуна амалиёт карда натавонист, ва бе ягон муқовимат давлатро аз даст додаанд. Чаро чунин теъдод бо кадом сабаб дар мубориза бо «Толибон» тоб наоварда мағлуб гашт?

Яке аз омилҳои асосии таъсирасон аз он иборат буд, ки фармондеҳони Амрикоӣ сохтакорона пайваста омодагии дифоӣ ва ҳолати ҷангии артиши Афғонистонро аз будаш барзиёд нишон медоданд. ИМА дар бист соли мубориза барои ислоҳот ва рушду таъминоти ниҳодҳои низомии Афғонистон бештар аз 88 миллиард доллар хароҷот кард, ки дар асл чунин шумораи афсарону сарбозон мавҷуд набуд.

Коршиноси Маркази омӯзиши Афғонистон Никита Мендкович омили дуюмро чунин қайд менамояд, ки роҳбарияти собиқи Афғонистон қариб сеяки маводи таъминотӣ, аз ҷумла силоҳ ва муҳиммотеро, ки барои артиши Афғонистон дода мешуд, якҷоя бо амрикоиҳо ғорат мекардаанд. Тақрибан 20 дарсади сарбозон сохта ба тарзи ҳисобот дар қисмҳои ҳарбӣ номнавис шуда, дар асл онҳо вуҷуд надоштанд, вале барои сарбозон ҳама вақт, маош, сару либос, хӯрокворӣ ва дигар лавозимот ҷудо карда шуда, маблағи муайяне масраф мегардид.

Нозирону коршиносони амрикоӣ иқрор шуданд, ки ҳамасола сеяки сарбозони Афғонистон, ки бо маблағи онҳо нигоҳубину омӯзонда мешуд, аз артиш фирор карда, бо дастаҳои ҳаракати “Толибон” мепайвастанд. Дар ин амалҳои хиёнаткоронаи ришвахорӣ, роҳбарони баландпоя, мансабдорони сатҳи миёнаву боло, вазирон ва муовинон дарҳамдастӣ бо намояндагони баландпояи низомии кишварҳои хориҷӣ ҳам ҳамроҳ буданд.

Дар тӯли ҳамкории неруҳои хориҷӣ дар Афғонистон дар умум, ба малағӣ 155 миллион доллар танҳо сӯзишворӣ дуздидаю тороҷ шудааст. Дар маҷмӯъ, бо маблағи 821 миллион доллари ҷудошуда амрикоиҳо мақсад доштанд, дар Афғонистон артиши коромади ҷангиро таъсис диҳанд, аммо ин вазифа бо сохтакорию моҷароҳои зиёде иҷро нагардид.

 Тавре огаҳӣ дорем, ҳукумати нав дар Афғонистон пас аз ҳашт рӯзи аз ин кишвар рафтани неруҳои ИМА ва як рӯз баъд аз ишғоли минтақаи Панҷшер эълон гардид. Тибқи иттилои ВАО–и дохилию хориҷи то имрӯз барои ба расмият нашинохтани Ҳукумати  «Толибон» назари гуногуни давлатҳо пахш гардид. Ҳамзамон, ҳеҷ кишваре барои ба расмият шинохтани ҳукумати “Толибон” шитоб надоранд. Мавқеи сиёсии ягон кишвар то имрӯз, ғайр аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, расман эълон нагардидааст.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8-уми сентябри соли 2021 зимни суханронӣ бахшида ба таҷлили 30–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле ҷолиб арзёбӣ кардаанд. «Мавқеи Тоҷикистонро доир ба қазияи Афғонистон такроран эълон медорам, ки мо ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҳамсояи наздиктарин, дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги худ бо роҳи ташкили  ҳукумати фарогир ва бо дарназардошти манфиатҳои  ҳамаи қавму миллатҳои сокини он, раъйи тамоми мардуми мамлакат, эҳтирому риояи ҳуқуқи шаҳрвандон дар доираи меъёрҳои аз ҷониби  ҷомеаи ҷаҳон пазируфташуда ва нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид дар пешбурди ин раванд ҳастем»

Ҳамчунин, дар робита ба вазъи мураккаби кишвари ҳамсояи Афғонистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай  ва Ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, таъкид доштанд, ки «вазъияти мураккаб ва хатарноке, ки дар ин кишвар ба вуҷуд омадааст, на танҳо мушкили мардуми Афғонистон аст, балки ба яке аз мушкилоти шадидтарини минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табдил меёбад».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 10 январи соли  2022 дар саммити ғайринавбатии СААД, ки тариқи онлайнӣ баргузор гардид, бори дигар чунин изҳори назар намуданд. «Мову шумо хуб медонем, ки аз нимаи дуюми моҳи августи соли 2021 ҳазорон нафар аъзои «ДОИШ», «Ал-Қоида», «Ансоруллоҳ», «Ҳизб-ут-Таҳрир» ва дигар гурӯҳҳои террористӣ аз маҳбасҳои Афғонистон озод шуданд, боиси он гардид, ки онҳо фаъолияти худро пурзӯр намоянд, иқтидори ҷангии худро мустаҳкам созанд», ва  илова намуданд, ки дар ҳудуди Афғонистон фаъолияти гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ хеле афзоиш ёфта бевосита ба минтақаи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъии СААД таъсири худро мерасонанд.

Расонаҳо мавқеи аксар кишварҳоро гуногун шарҳ медиҳанд. Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин 25–уми августи соли 2021 дар мулоқот бо масъулони ҳизби ҳокими Русия чунин баён карда буд: “Кишвари Русия нияти дахолат дар корҳои дохилии Афғонистонро надорад ва ҳатто намехоҳем, ки неруҳои мусалаҳи худро ба як даргирӣ бикашонад, ки ҳама дар баробари ҳама меҷанганд. Ин ҳамон чизе аст, ки бовар дорам, дар он ҷо барои даҳсолаҳо ҷараён дорад. Собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ таҷрибаҳои худашро барои ҳузур дар он кишвар дошт ва мо дарсҳои заруриро аз он гирифтаем».

Президенти ИМА Ҷо Байден, ба хабарнигорон гуфтааст, барои ба расмият шинохтани “Толибон” шитоб надоранд, “ҳанӯз фосилаи зиёде барои ба расмият шинохтани “Толибон” вуҷуд дорад. Нахуствазири Британия Борис Ҷонсон тасмими ба расмият шинохтани “Толибон”-ро маҳдуд ба амалкарди онҳо донистааст, аммо кишварҳое ба мисли Фаронса, Канадаву Дания ба таври ошкоро расман эълом карданд, ки “Толибон”–ро ба расмият намешиносанд.

Ҷолиби қайд аст, ки дар Афғонистон мушкилоти зиёди ҳалталабе нуҳуфтааст. Тибқи маълумоти Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба паноҳандагон (UNHCR) дар Афғонистон 3,5 миллион нафар паноҳандагони дохилӣ ҳаёт ба сар бурда, дар баробари ин, соли 2021–ум 700 000 нафар гуреза шудаанд. Тибқи маълумоти омори СММ, буҳрони гуманитарӣ дар Афғонистон рӯз то рӯз бадтар мегардад: тақрибан 23 миллион нафар (55 дарсади аҳолӣ) аз норасоии шадиди ғизо азият мекашанд ва тақрибан 9 миллион нафари онҳо бо хатари гуруснагӣ  мувоҷеҳ ҳастанд.  Агар вазъият чунин шиддат ёфтан гирад, ба афзоиши фаъолияти ҳар гуна дастаҳо, гурӯҳҳои ифротгароӣ террористӣ мусоидат карда, ба бадтар гардидани бесуботи афзоиши савдои яроқу аслиҳа ва гардиши маводи мухаддир оварда мерасонад.

Инчунин, нигароникунанда он аст, ки пас аз хориҷ шудани неруҳои низомии ИМА ва НАТО аз Афғонистон, фаъолияти гурӯҳҳои экстремистӣ–террористӣ ва гардишдиҳандагони маводи мухаддир аз олами ҷиноӣ имконияти нав ва қудрат пайдо карданд, ки таъсираш ба Қазоқистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар гардида истодааст.

Бо ин ҳама, мушкилоти ҷойдошта гурӯҳи “Толибон” кушиш доранд, ки мавқеи ҳокимияти худро густариш дода, решаҳои онро пурқувват намоянд, вале мушкили аслӣ ба даст овардани эътирофи кишварҳои ҷаҳон ва ба расмият шинохта шудани ҳокимияташон мебошад, ки ин талошҳо заминаҳои воқеӣ надоранд.

2.Ташкили ҳамкориҳои судманд, доштани робитаи мутақобила бо ҳамсоякишварҳо, хусусан бо Ҷумҳурии Қирғизистон, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Бо Қирғизистон омилҳои ҳамсарҳад будан, собиқаи таърихии ҳамзистиву ҳамкорӣ, рафтуомади доимии шаҳрвандон ва доштани шароиту имкониятҳои баробар таъсири худро пайваста мерасонад.

Ҷумҳурии Қирғизистон бо Тоҷикистон 971 километр сарҳади муштарак дорад. Таъсиси гурӯҳи дуҷонибаи кории байни давлатӣ аз соли 2006 то имрӯз аз рӯйи харитаҳо ҷузъиёти зиёдеро барои мувофиқа ва аломатгузории сарҳад таҳрезию мушаххас кардаанд. Аз ҷумла, 520 километри он, ки асосан аз қуллаи кӯҳҳои баланд мегузарад, ба иҷро расонида шудааст. Минтақаҳои баҳсии ҳанӯз мушаххаснашудаи 519  километраи сарҳад ин бештар нуқтаҳои аҳолинишин дар ноҳияҳои Исфара, Бобоҷон  Ғафуров, Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, Олтимазору Қарамиқи ноҳияҳои Лахш ва Мурғоб боқӣ мондааст. Дар ин самт созишнома барои баррасӣ ва имзо ба ҳукумати кишварҳо фиристода шуда бошад ҳам, ҳалли худро пайдо накардаанд. Барои тасдиқи қазия такяи Ҷумҳурии Қирғизистон ба харитаи соли 1958 ва такяи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба харитаи қадимтар ва протоколи солҳои 1924–1927 ва ҳамчунин, протоколи баробарҳуқуқи Тоҷикистону Қирғизистон, ки соли 1989 ба имзо расонида шуда буд,  инчунин протоколҳое, ки аз ҷониби комиссияи байниҳукуматӣ ба имзо расидаанд, такя мекунанд, ки манфиатҳои ҳар ду миллатро инъикос менамоянд.

Ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ба бародарони қирғиз таъкид менамояд, ки барои берун овардани маълумоти носанҷида якдигарро муттаҳам кардану муносибатро сард гардонидан, аз рӯйи адолати ҳамсоягӣ нест. Роҳ додан ба чунин шитобкорӣ, пешдовариҳо ва ба низоъ овардани мардуми ҳамсоя роҳи ҳалли мушкилоти сарҳадиро печидатар мегардонад. Вазъияти ба амал омадаи солҳои 2015–2016, 2020–2021–2022 ба муноқишаю хунрезии тарафҳо оварда расонида, то андозае муносибату ҳамкориҳои байнидавлатиро коста гардонид. Байни ду кишвар баҳсу талошҳо барои замину об, нуқтаҳои аҳолинишин баъди солҳои 1985–1995 сохташуда, захираҳои зеризаминии ин мавзеҳо ва ғайра то ба истифодаи силоҳу куштор анҷомида буд.

Бо сабаби хатти сарҳадии ҳар ду ҷониб Тоҷикистону Қирғизистон пурра таҳрезию аломатгузорӣ нагардиданаш моҳи майи соли 2021, яке аз масъалаи баҳсбарангези марзӣ бо кишвари Қирғизистон ин муноқишаи хунине, ки дар шарқи кишвар шаҳри Исфара ва Бобоҷон Ғафуров бо мардуми вилояти Боткен сурат гирифт, ки даҳҳо куштаву захмиро ба бор овард, гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва гумрукӣ бо сабабҳои гуногун баста шуда, равобити иқтисодию тиҷоратӣ коҳиш ёфт, хеле мушкилоти дигарро ба миён гузоштаанд.

Ба далели мушаххас набудан ва аломатгузорӣ нашудани марз байни сокинони наздимарзии ду кишвар, бо баҳонаҳои гуногун, низоъ сар мезанад. Дар охирин низоъ, ки рӯзҳои 28 апрел то 1 майи соли гузашта рух дод, 36 шаҳрванди Қирғизистон ва 19 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудаву аз ду ҷониб бештар аз 200 нафар маҷрӯҳ гардид. Дар маҷмӯъ, ҳарду ҷониб якдигарро дар сар задани низоъ гунаҳкор донистанд.

Ҳайати гурӯҳҳои кори байни Тоҷикистону Қирғизистон моҳи майи соли 2021 санад протоколи №3–и комиссияи байниҳукуматии борат аз чаҳор банд аз ҷумла оташбас, қатъи тирпарронӣ ва берун бурдани неруҳоро аз хатти марз имзою ба мувофиқа расонидаанд. Мақсади асоси ба он равона мегардад, ки ҳуҷҷатҳои ба тавсиб расида дар амал татбиқ карда шаванд. Ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки чунин рӯзҳои сахту даврони буҳронӣ ҳеҷ гоҳ такрор нашаванд, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки роҳи ҳалли мушкилотро дарёфт намоянд, то мардуми ҳарду кишвар мисли гузашта, дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ зиндагии осоишта ба сар баранд. Аммо шоми 27-уми январи 2021 дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон бори дигар задухӯрди мусаллаҳона рӯй дод, ки мақомоти ду кишвар якдигарро ба роҳбандӣ гунаҳкор карданд. Тибқи маълумоти Раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз тарафи Тоҷикистон  ду нафар кушта шуда, шумораи захмиёнро 17 нафар, ки 6 нафари онҳо низомӣ ва 11 нафари дигар мардуми осоишта буданд. Ҳар ду тараф якдигарро ба тирборон ва кашондани техникаву неру ба сарҳад гунаҳкор медонанд. Ин ҳолат дар заминаи гуфтушуниди ҳарду ҷониб бе иштироки миёнаравҳо ба даст омад.

Хулоса, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Маркази бояд дар ҳамбастагӣ ва дастаҷамъӣ фаъолиятро дар самти мубориза бар зидди созмонҳои экстремистию террористӣ ҷоннок намуда, барои таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд.

 

Саидхоҷа Акбаров,
сармутахассиси Раёсати
омӯзиши масъалаҳои амнияти
минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед