ДУШАНБЕ, 20.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз эълони аксияи бемуҳлати умумимиллии «МО – ЗИДДИ ТААССУБ ВА ИФРОТГАРОӢ!», ки Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» роҳандозӣ  намудааст, зиёда аз ду сол сипарӣ мешавад. Агентӣ  барои иштирок дар ин аксия аз хонандагони муҳтарам,  шахсони касбу кори гуногун, олимону донишманон ва сокинони Ватани маҳбубамон  даъват намудааст, ки ба он бипайванданд ва садо баланд кунанд. Тӯли ин солҳо шумораи зиёди шахсиятҳои саршиноси Тоҷикистон вокуниш нишон дода, мақола ва мавод ба унвони «Ховар» ирсол намудаанд.

Дар чаҳорчӯби ин аксия ба унвонии АМИТ «Ховар» мақолаи муовини сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исроил БАРОТОВ расид, ки онро пешниҳоди хонандагон менамоем. 

Ҷомеаи Тоҷикистон ҷомеаи эътиқодбунёд аст, аммо ҳар фарде, ки худро узви ҷудонашавандаи миллати тоҷик меҳисобад, бояд дар ин марҳилаи нисбатан ҳассоси таърихӣ рушанфикр бошад ва ҳамчун як миллати ҳушманд амалияи ҷамъиятиро берун аз чаҳорчӯбаи дину мазҳаб тасаввур карда тавонад. Дар ин замина бояд ёдовар шуд, ки равияи мазҳаби ҳанафӣ ҳамчун ҷузъи муҳимтарини ҷаҳонбинӣ ва шуур дар масири зиёда аз ҳазорсолаи таърихӣ ба фарҳанг ва унсури таркибии арзишҳои миллӣ табдил гардидааст. Миллати тоҷик бо назардошти сабақҳои таърихӣ бояд миллати ҳушманд бошад ва тафаккури ифротиро ҳамчун таҳдид ба асосҳои сохтори конститутсионӣ, истиқлоли сиёсӣ, амнияти миллӣ ва суботи сиёсӣ эҳсос намояд. Зеро дар зеҳну тафаккури шахси тундгаро (радикал), андешаҳои ифротӣ ба омили муҳимтарини рафтор табдил меёбад ва хатари чунин инсон , пеш аз ҳама, дар он зоҳир мегардад, ки эътиқодаш зиёд ва даркаш кам аст”.

Дар ибтидо бояд зикр намуд, ки дунявият ҳамчун мутамаддинтарин шакли давлатдорӣ, муносибтарин сохт ва муваффақтарин усули сиёсати давлат дар муносибат ба фазои динӣ мебошад. Имрӯз давлати дунявӣ объекти баҳсҳои гуногуни доираҳои махсус, хусусан мақомоти қудратӣ, ниҳодҳои илмӣ-академӣ ва дигар марказҳои зеҳнӣ ба ҳисоб равад ҳам, аммо муаррифии табиату моҳияти давлати дунявӣ, ҳолат ва дурнамои таҳкими арзишҳои дунявият дар низоми давлатдории навини тоҷикон, ҷойгоҳи дин, озодиҳои динӣ, эътиқодоти динӣ ва ниҳодҳои динӣ дар масири давлати дунявӣ то андозае нокомил боқӣ мондааст, ки чунин ҳолат боиси ба миён омадани бардоштҳои ғалат аз низоми давлати дунявӣ гардидааст.

Мутаассифона, аксарияти қишрҳои ҷомеа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиснои қишри рӯшанфикр ва доираҳои огоҳ аз низоми арзишҳои дунявият бардошти ғалат доранд. Замоне, ки сухан аз арзишҳои дунявият ва давлати дунявӣ меравад, беихтиёр динситезӣ, таассуб, нафрату бадбинӣ ва андешаҳои зиддидинӣ пеши назари онҳо меояд.  Дарвоқеъ, асли дунявият ҳеҷ гоҳ моҳияти зиддидинӣ надошта, балки ҳамчун низоми таърихан озмудашудаи давлатдорӣ муносибтарин шакли танзими муносибатҳои дину давлат ва таъмини озодии эътиқод дар ҷомеа ба шумор меравад. Давлати дунявӣ ҳеҷ гоҳ динро аз муҳити иҷтимоӣ берун насохта, балки дар муносибат бо он бархӯрди муҳтарамона дорад.

Давлат наметавонад нисбат ба дин, ки он шакли махсуси шуури ҷамъиятӣ ва яке аз унсурҳои муҳимтарини маънавиёту фарҳанги ҷомеа ва ҷаҳонбинии шаҳрвандонаш мебошад, бетафовуту беаҳамият бошад. Маҳз ба ҳамин хотир дин ҳеҷ гоҳ дар чаҳорчӯбаи андешаҳои дунявият ҳамчун падидаи манфӣ мавриди арзёбӣ нест, балки дин дар муносибат ба ҳаёти сиёсии ҷомеа ҳамчун шакли баҳсбарангези мудирияти сиёсӣ дар шароити нави ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Вале бояд дар назар дошт, ки таҳкиму густариши андешаҳои дунявият зуҳуроти иҷтимоиву фарҳангие мебошад, ки он бар зидди сиёсишавии дин ва мутлақгардонии унсурҳои динӣ ба системаи сиёсии ҷомеа равона гардидааст.

Аз назари мантиқ, таҳкими арзишҳои дунявият дар рушди давлатдории миллӣ ҳеҷ гоҳ маънои ҷудо будани ҳаёти рӯҳию маънавии ҷомеа аз давлатро надорад. Моҳияти аслии давлати дунявӣ низ дар он зоҳир мегардад, ки ҳеҷ як идеологияи динӣ ва ё мазҳаби алоҳида наметавонад ба сифати идеологияи давлатӣ баромад намояд ва дар низоми давлатдории дунявӣ муносибати эътиқодотии шахс нисбат ба дин кафолат дода мешавад. Муносибати ҳар шахс нисбат ба дин тибқи иродаи ӯ сурат мегирад. Аз ин рӯ, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва махсусан таъмини озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлати дунявӣ ба шумор меравад. Бидуни шак, дар низоми давлати дунявӣ ҳимояи арзишҳои динӣ, татбиқи аслии озодии виҷдон ва дигар муқаррароти динӣ кафолат дода мешаванд.

Ҷавҳари сиёсати давлати дунявиро нисбат ба дин озодии виҷдон, таҳаммулпазирӣ, ҳамзистии осоишта ва бархӯрди муҳтарамонаи байнифардӣ ва байнигурӯҳие, ки аз нигоҳи эътиқодоти динӣ фарқ карда меистанд, гуногунфикрии ақидавӣ ва эҳтироми ҳама дину оинҳо дар чаҳорчӯбаи қонунҳои амалкунандаи кишвар ташкил медиҳад. Давлати дунявӣ ҳамчун омили устувортарини амнияти миллӣ ва суботи сиёсӣ на танҳо дар таҳкими таҳаммулпазирии динӣ, балки барои пешгирии ифротгароӣ ва сиёсишавии дин нақши муҳим дорад.

Аз назари ратсионалӣ низ асоси давлати дунявиро инъикоси воқеии тафаккури илмӣ дар амалияи ҷамъиятӣ ташкил медиҳад. Ҷавҳари арзишию фалсафии андешаҳои дунявият дин ва масъалаҳои диниро дар сохтори сиёсии ҷомеа ба таври ғайримустақим баррасӣ менамояд. Давлати дунявӣ бо дин ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ-ахлоқӣ ва ҳамчун ниҳоди фарҳангӣ баромад менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлоли сиёсӣ эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро ҳадафи хеш қарор дода, самтҳои афзалиятноки рушди худро дар ин масир тақвият мебахшад. Бояд зикр намуд, ки таҳкими арзишҳои дунявият дар масири соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаҳои мураккаб ва душвори таърихиро паси сар намудааст. Махсусан баъди ба даст овардани истиқлоли сиёсӣ Тоҷикистон тавассути ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, ки онҳо манфиатҳои геополитикӣ ва афзалияти геостратегии доираҳои алоҳидаро дар амал татбиқ менамуданд, ба гирдоби кашмакашиҳои даҳшатангез кашида шуда буд. Гурӯҳҳои мазкур сохтмони давлати теократӣ ва динмеҳварро ҳадафи бевоситаи хеш қарор дода, пайкараи давлату миллати тоҷикро оғуштаи хуну халаф намуда буданд ва дини мубини исломро ҳамчун яроқи идеологӣ василаи расидан ба ҳадафҳои сиёсии хеш қарор дода буданд.

Ҳолати мазкур боиси пайдоиши ду сангари ба ҳам муқобил гардида буд- яке Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми шарифи он, ки роҳи бебозгашти сохтмони давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуда буд ва дигаре Иттиҳоди мухолифини тоҷик, ки иддаои сохтмони давлати исломӣ доштанд. Зеро масъалаи давлати исломӣ ва давлати дунявӣ ҳамеша дар меҳвари гуфтугӯи байни тоҷикон қарор дошт, ки ин манзара инъикоси бевоситаи худро дар китоби «Уфуқҳои истиқлол»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёфтааст. Маҳз хиради сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тантанаи ақлонияту андешаи солим ва дар маҷмуъ иродаи матину устувори тоҷикон боиси ғолиб омадани онҳо ҳамчун умумияти томи сиёсӣ бар алайҳи бадтарин шакли идоранамоии сиёсии ҷомеа гардид.

Дуруст аст, ки ҷомеаи Тоҷикистон ҷомеаи эътиқодбунёд аст, аммо ҳар фарде, ки худро узви ҷудонашавандаи миллати тоҷик маҳсуб медонад, бояд дар ин марҳилаи нисбатан ҳассоси таърихӣ рушанфикр бошад ва ҳамчун миллати ҳушманд амалияи ҷамъиятиро берун аз чаҳорчӯбаи дину мазҳаб тасаввур карда тавонад. Дар ин замина бояд ёдовар шуд, ки равияи мазҳаби ҳанафӣ ҳамчун ҷузъи муҳимтарини ҷаҳонбинӣ ва шуур дар масири зиёда аз ҳазорсолаи таърихӣ ба фарҳанги миллӣ ва унсури таркибии арзишҳои миллӣ табдил гардидааст. Миллати тоҷик бо назардошти сабақҳои таърихӣ бояд миллати ҳушманд бошад ва тафаккури ифротиро ҳамчун таҳдид ба асосҳои сохтори конститутсионӣ, истиқлоли сиёсӣ, амнияти миллӣ ва суботи сиёсӣ эҳсос намояд. Зеро дар зеҳну тафаккури шахси радикал андешаҳои ифротӣ ба омили муҳимтарини рафтор табдил меёбанд ва хатари инсони радикал, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мегардад, ки эътиқодаш зиёд ва даркаш кам аст.

Ба андешаи мо арзишҳои дунявият метавонад аз ду нуқтаи назар дар шароити таҳкими давлатдории миллии тоҷикон ва дурнамои рушди сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалияти хосса дошта бошанд:

  1. Аз нигоҳи амниятӣ сохтори давлати дунявӣ омили муҳимтарини мавҷудияти давлату миллати тоҷик дар шароити ивазшавии вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон ба ҳисоб рафта, ба афзалияти амнияти миллӣ, суботи сиёсӣ, манфиатҳои бақодорӣ, истиқлоли сиёсӣ ва тамомияти марзии Ҷумҳурии Тоҷикистон созгор мебошад. Махсусан мавқеияти геополитикии нисбатан ҳасоси кишвар боиси авлавияти хос пайдо намудани арзишҳои дунявият дар низоми давлатдории миллии тоҷикон гардидааст. Зеро ҷаҳонбинии динӣ ва эътиқодотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мураккаб ва гуногунтаркиб мебошад ва доираҳои манфиатдор метавонанд омили мазкурро ҳамчун абзори геополитикӣ мавриди истифода қарор дода, амнияти миллӣ ва суботи сиёсии кишварро халалдор намоянд. Махсусан мавқеияти нисбатан ҳассоси геополитикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз назари ҷуғрофӣ дар чорсӯи тамаддунҳои гуногуни ҷаҳонӣ қарор дошта, бо онҳо ҳамҷавору дорои муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ мебошад, боиси авлавият пайдо намудани арзишҳои дунявият дар низоми таъмини амнияти миллии кишвар гардидааст.
  2. Аз нигоҳи тамаддунӣ арзишҳои дунявият яке аз заминаҳои асосии мавҷудияти тоҷикон ҳамчун умумияти томи сиёсӣ арзёбӣ мегардад. Тавре маълум аст, ҳар дин эътиқодот, андеша ва низоми фикрии худро дошта, идеологияи ба худ хос дорад. Дини ислом низ ҳамчун арзиши умумибашарӣ идеология, низоми андеша ва бунёди фикрии ба худ хос дошта, меҳвари онро умумияти эътиқодотӣ ташкил медиҳад, вале ҷойгоҳи хоссаи миллат ва муносибатҳои миллӣ дар бисёр ҳолатҳо аз ҷониби баъзе кишварҳои ҷаҳони ислом бо назардошти манфиатҳои миллии онҳо ба фоидаи давлати хеш ҳаллу фасл мегардад. Агарчанде равияи ҳанафии дини ислом дар тӯли таърих ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги миллии тоҷикон ба ҳисоб равад ҳам, вале он аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатдор дар муборизаҳои сиёсию геополитикӣ нисбат ба тоҷикон моҳирона истифода гардидааст. Маҳз омили мазкур яке аз омилҳои асосии марказшитобиҳои ҳудудии тоҷикон ва ҳувиятзудоии онҳо дар масири ҳазорсолаи таърих буда, то имрӯз дар якчанд ҳавзаҳои тамаддуни тоҷикон идома дорад. Аз ин рӯ, сабақҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки яке аз роҳҳои ҳалли мушкилот миёни масоили дунявият ва динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин ҳамкории муштараки сохторҳои қудратии давлат бо ниҳодҳои динии кишвар дар асоси равияи ҳанафияи дини ислом, ки ба миллати тоҷик бештар муносиб аст, ба ҳисоб рафта, ҷиҳати пешгирии амалҳои манфии ҳар гуна равияҳои дигари дорои хусусияти радикалӣ ва умуман барои таъмини амнияти миллии кишвар мусоидат намуда, дар меҳвари рушди муносибатҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирад. Дар ин замина, таҳия ва таҳкими консепсияи «идеологияи миллӣ» метавонад барои амалишавии ҳадафҳои зикршуда мусоидат намояд.

Ҳамин тариқ, таҳкими давлати дунявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиш, сохтор, ҷаҳонбинӣ ва заминаҳои амалишавии ба худ хос дошта, бо назардошти масоили давлати миллӣ, амнияти миллӣ, суботи сиёсӣ ва дурнамои мавҷудияти давлатдории миллии тоҷикон амалӣ гардида истодааст.

Дар маҷмӯъ, ҳар фарди ватандӯст, бонангу номус ва ватанпарастро зарур аст, ки нақши худро дар тақкими арзишҳои дунявият ва пешгирии таҳдидҳои монеаафкан дар масири эъмори давлати дунявӣ гузошта, амнияти миллии кишвар, суботи сиёсии ҷомеа ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолро чун гавҳараки чашм қадр намояд.

khovar.tj

Чоп кунед