Ваҳдати миллӣ имкон дод, ки мо рӯзҳои сангини ҷанги шаҳрвандиро паси сар намуда, бо дарки баланди ватаншиносӣ ва ҳисси ватандӯстӣ кишвари азизи худро ба роҳи сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми ҳамдигар равона созем. Дар тӯли ин солҳо мо тавонистем дар ин самт ба дастовардҳои бисёр назаррас ноил гардем.

Вақте мо дар бораи мафҳуми “Ваҳдати миллӣ” сухан мегӯем, онро на ҳамчун як ҳодисаи алоҳидаи сиёсӣ, балки ҳамчун як зарурати ҳаётӣ дар назар дорем, зеро дар ин марҳалаи мураккаби таърихӣ ва дар ин муҳити пурошӯби минтақавӣ таҳкими ваҳдати миллӣ ва муътадил нигоҳ доштани фазои сиёсию идеологии ҷомеа барои давлатдории тоҷикон аҳамияти сарнавиштсоз дорад.

Вобаста ба баррасии мафҳуми “Ваҳдати миллӣ”, инъикоси ин мафҳум ҳамчун дастоварди миллӣ дар марҳалаи нави давлатдорӣ ва таҳаввули минбаъдаи он бояд ба чанд нукта таваҷҷуҳ намоем:

Ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои муҳими давлатдории навини халқи тоҷик ба ҳисоб меравад, зеро дар натиҷаи мо тавонистем, ки миллати тоҷик ва давлатдории миллиро аз вартаи нобудшавӣ наҷот диҳем. Маҳз Ваҳдати миллӣ ҳамчун заминаи асосии давлатдорӣ ва рушди сохтори давлатии мо дар марҳилаҳои баъдӣ баромад намуд.

Яке аз муҳимтарин масъалаҳое, ки имрӯз миёни олимон ва коршиносон матраҳ аст, зарурати омӯзиши васеъ ва сазовори ташаккул, татбиқ ва натиҷаҳои ин таҷрибаи нодири таъмини Ваҳдати миллӣ мебошад. Дар ин бора бояд гуфт, ки ин таҷрибаи тоҷикон то имрӯз аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳони эътироф гашта, сиёсатмадорон, таърихнигорон ва муҳаққиқони кишварҳои гуногун дар боби он бо забонҳои гуногун мақолаю асарҳои ҷиддӣ навиштаанд. Дар айни замон, ин таҷрибаи нодир ҳанӯз ба таври шоиста ва бунёдӣ омӯхта нашуда, ҳамчун як назарияи илмӣ ҷамъбаст нагашта, ба илм, ба методология ва ба дониши қобили таълим ва интиқол табдил дода нашудааст. Дар ҳоле, ки анҷоми чунин кор барои муаррифӣ ва бақои ин таҷрибаи нодир бисёр зарурист. Ин амал бояд бо истифода аз методҳои илмӣ таҳлилу арзёбии таърихӣ, равонӣ, фалсафӣ ва сиёсӣ анҷом дода шавад.

“Ваҳдати миллӣ” дар шинохти воқеии кишвар ҷойгоҳи махсус дорад. Барои тақвияти Ваҳдати миллӣ дар шароити имрӯза метавон баъзе иқдомҳои ҷамъиятӣ ва давлатиро татбиқ намуд, ки дар ин самт бисёр муфид арзёбӣ мегарданд. Дар айни замон, бояд бо мақсади таҳкими амалии Ваҳдати миллӣ рушди туризми дохилӣ низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дода шавад. Бояд барномаҳое рехта шаванд, ки дар чорчӯби он қишрҳои гуногуни аҳолӣ, хусусан, ҷавонон, аз минтақаҳои гуногуни мамлакат дидан намоянд, бо мавзеъҳои нодири табиӣ ва бо ҳаёту фаъолияти мардуми кишвари худ аз наздик шинос шаванд. Ҳоло аз тамоми ҷаҳон сайёҳон барои дидани Бадахшону Саразм, Искандаркӯлу Камаров ва Сарихосор меоянд, вале аксари кулли аҳолии худи Тоҷикистон ҳанӯз ин ҷойҳоро надидааст ва дар бораи он тасаввури амалӣ надорад. Хушбахтона, имрӯз барои татбиқи ин пешниҳод заминаҳои мусоид мавҷуданд. Ҳоло дар саросари кишвар роҳҳо сохта шуда, робитаи байни вилояту минтақаҳои мамлакат дар тамоми фаслҳои сол имконпазир мебошад, вале агар имрӯз масалан, дар минтақаи Рашт аз мардум пурсида шавад, ки чанд дарсади онҳо вилояти Суѓдро дидаанд, ё агар дар вилояти Суѓд аз мардум пурсем, ки чанд дарсади онҳо Бадахшонро дидаанд, ҳатман хоҳем дид, ки ҳамдигаршиносӣ ва кишваршиносии мардуми мо ҳанӯз заиф аст, фоизи омезиши миллии мо ҳанӯз паст аст.

Рушди туризми дохилӣ метавонад тасаввуроти ѓайривоқеии мардуми минтақаҳои кишвар дар бораи ҳамдигарро аз байн бурда, Ваҳдати миллиро ба сатҳи табиӣ ва инсонӣ барорад, ки он устувортарин шакли ваҳдат аст. Он ватаншиносии моро аз сатҳи китобию телевизионӣ ба сатҳи амалӣ ва вуҷудӣ мебардорад. Ин сатҳи дигари ватандӯстӣ, балки авҷи ватандорист.

Мафҳуми “Ваҳдати миллӣ” бояд бознигарӣ шавад. Имрӯз давлат ва миллати куҳанбунёди мо ба марҳалаи нави рушди давлатӣ қадам мегузорад. Дар ин самт моро зарур аст, ки худи мафҳуми «Ваҳдати миллӣ»-ро дар тафаккури зеҳнии худ бознигарӣ намуда, онро ба ѓояи нави созанда ва муттаҳидкунандаи тамоми қишрҳои гуногуни ҷомеаи тоҷикистонӣ мубаддал гардонем.

Дар замони таҳаввулёбии равандҳои геополитикии ҷаҳонӣ, ноустувории амнияти минтақавӣ ва боло рафтани таҳдиду хатарҳои хусусияти идеологӣ дошта, маҳз ѓояи Ваҳдати миллӣ метавонад ҳамчун омили баланд бардоштани худшиносии миллӣ миёни ҷавонони мо баромад намояд.

Воқеан, устувории Ваҳдати миллӣ буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар кӯтоҳтарин муддат ба чунин дастовардҳои назарраси иқтисодию иҷтимоӣ бирасад. Маҳз сиёсати сулҳофарини Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки кившари фарҳангбунёду арзишмеҳвари мо бо қадамҳои устувор ба марҳалаи нави рушди давлатдории миллӣ ворид гардад. Вобаста ба ин, ҳифзи Ваҳдати миллӣ ва таҳаввули он ба арзиши ҷамъиятӣ вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди ин сарзамин дониста мешавад.

Б.Холиқов,

сардори Раёсати таҳлил

ва ояндабинии сиёсати хориҷии

МТС-и назди Президенти ҶТ

Чоп кунед