Бояд қайд намуд, ки сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Амрико барои иштирок ва суханроӣ дар 78 – уми ҷаласаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ва нишасти сарони кишварҳои “Осиёи Марказӣ ва Амрико” инчунин дидору мулоқотҳои пурсамар, на танҳо дар рушд ва густариши муносибатҳои Тоҷикистон ва Амрико такони ҷиддӣ бахшид, балки обрую эътибори ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистонро боз ҳам боло бурд.
Бо таваҷҷуҳ ба густариш ва тавсеаи ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо кишварҳои дуру наздик ва фаъол гаштани қолаби дипломатии “С5+1” атрофи минтақаи Осиёи Марказӣ имрӯзҳо мо шоҳиди аввалин нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико будем. Ин худ шаҳодат аз он аст, ки имрӯз нақш ва ҷойгоҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи байналмилалӣ хеле боло гардида, аҳамияти минтақа дучанд шуда истодааст. Бо дарназардошти мушкилот ва чолишҳои зиёде, ки имрӯз дар минтақа ва ҷаҳон аст, нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико фурсати хубе барои роҳбарони минтақа ва Амрико аст, то масъалаҳои марбут ба амнияти минтақа, тағйирёбии иқлим, тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҷалби бештари сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахши энергетика ва энергияи сабз ҳаллу фасл карда шавад.
Ин нишаст тибқи баёнияи Мушовири амнияти миллии Амрико Ҷак Саливан бар зидди ҳеҷ кишваре равона нашудааст, танҳо ба хотири тақвияти ҳамкориҳои гуногунҷанба ва бисёрҷанба миёни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Шурӯъ аз соли 2015 нишасту вохӯриҳои вазирони корҳои хориҷӣ дар қолаби Осиёи Марказӣ ва Амрико “С5+1” баргузор мегардад, ки дар густариш ва тақвияти муносибатҳо байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико нақши назарас дорад. Дар шароити тағйирёбандаи ҷаҳони муосир ва бархурдӣ манфиатҳои қудратҳои ҷаҳонӣ, ҳамчунин печидатар шудани вазъият дар кишвари ҳамсояи мо – Афғонистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамкории наздики кишварҳои минтақа Осиёи Марказӣ ва шарикони рушд аз ҷумла Иёлоти Муттаҳидаи Амрико талош мекунад то дар пайдо намудани роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда муваффақ гардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши созандае дар қолаби Осиёи Марказӣ ва Амрико дорад ва ҳамеша ҷонибдори густариши муносибатҳо дар тамоми заминаҳо бо ин кишавар аст. Зимни суҳбати худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико бар зарурати истифодаи самараноки гидроэнергетикии Тоҷикистон, истеҳсоли неруи сабз, ташабуссҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти масоили глобалӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим ва таъсири он, обшавии пиряхҳо ва дигар мушкилоти ҷомеаи ҷаҳониро зарур шумурданд.
Ҳамчунин, аз мавқеи устувору тағйирнопазири Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва рушду тавсеаи ҳамкорӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, ҷонибдории Тоҷикистонро аз қабули эъломияи нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико изҳор доштанд. Аз руи натиҷаи кори Вохӯрии сарони давлатҳои қолаби «Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» Эъломияи сарони давлатҳо қабул гардид, ки дар он масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва самтҳои асосии ҳамкорӣ байни давлатҳои ин ҳамоиш дарҷ шудаанд.
Бояд зикр намуд, ки муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико давра ба давра рушд ёфта, баъд аз вохӯрии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Амрико Ҷо Байден вориди марҳилаи нави ҳамкориҳои судманд барои ҳар ду тараф мешаванд. Мо имруз шоҳиди рушди чашмгири муносибатҳои Тоҷикистону Амрико дар бахшҳои гунонгун аз ҷумла иқтисодӣ, сармоягузорӣ, тандурустию иҷтимоӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахши энергетика ба хусус энергияи сабз, амниятӣ ва тақвияти ҳифз ва ҳимояи сарҳадӣ давлатӣ, таъмини аҳолии кишвар бо маводи ғизоии хушсифат, кишоварзӣ ва гуманитарӣ ҳастем.
Намояндагони ИМА аҳамияти фароҳам овардани фазои мусоид барои сармоягузории бахши хусусии ИМА тавассути эҷоди як пойгоҳи тиҷорат барои бахши хусусиро, ки қолаби дипломатии “C5+1” -ро мукаммал хоҳад кард, баррасӣ намуданд. Дар ин замина таъкид шуд, ки USAID дар моҳи октябр Конфронси вазирони “C5+1” оид ба робитаҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказиро даъват мекунад, то иқдомоти мушаххасеро, ки ба рушди фарогир ва устувори иқтисодӣ мусоидат мекунанд, баррасӣ намояд.
Тибқи маълумоти мавҷуда Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 32 сол боз бо Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад ва барои барномаҳои рушду кӯмак ба соҳаи амният, рушди иқтисодӣ, тандурустӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва маориф, Тоҷикистонро дастгирӣ мекунанд, ки ба ин мақсад 1,8 миллиард долларро харҷ намудааст.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз соли 1992 то инҷониб танҳо дар бахши амниятии кишвар ба маблағи 330 миллион доллар кумак расонидааст. Ин кумак аз дарҳои омӯзишӣ, таҷҳизот ва инфрасохтор иборат аст. Дар чаҳорчӯби ин кӯмакҳо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба артиши Тоҷикистон 400 адад мошини зиреҳпӯш ҷудо карда буд, ки арзиши онҳо 11,9 миллион долларро ташкил медиҳад. Иёлоти Муттаҳида ҳамчунин беш аз 10,000 сарбоз ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро оид ба тактикаи муассир барои вокуниш ба таҳдидҳои террористӣ, мубориза бо қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир ва ташкили иқтидори амалиёти махсус барои мубориза бо таҳдидҳои гуногун омӯзонид.
Қаблан ҳукумати ИМА сохтмони Маркази таълимии баталиёни сулҳҷуёнаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойгоҳи Шамсӣ дастгирӣ намуда, машқгоҳи саҳроии Магобро барои Қушунҳои зудамалӣ Вазорати мудофиа ба маблағи 1,5 миллион доллар ИМА бунёд намуд.
Бо таваҷҷуҳ ба имконот ва зарфиятҳои бузурги иқтисодию сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаҳои мухталиф даҳҳо ширкатҳои бузургӣ амрикоӣ қарор аст ҳафтаи оянда дар форуми байналмилалии сармоягузорӣ, ки рузҳои 28-29 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, иштироки фаъолона дошта бошанд.
Хулоса метавон гуфт, ки нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико дар шароити нави муносибатҳои байналмилалӣ ба ҳамкориҳои миёни ин кишварҳо такони ҷиддӣ бахшида, тавсеа меёбанд.
Қутбидинов Неъматулло
муовини сардори Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати хориҷии МТС – и назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон