“Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор дода, асосҳои ҳуқуқии рушду такомули минбаъдаи чунин муносибатҳоро фароҳам меорад ”.
Эмомалӣ Раҳмон
Бояд зикр намуд, ки Конститутсия яке аз санади муҳимми ҳуқуқии кишвар ба ҳисоб рафта, танзимкунандаи сиёсати дохилию хориҷии давлат мансуб меёбад. Зеро санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки сиёсати дохилию хориҷии кишварро муайян мекунанд, маҳз дар асоси талаботи Конститутсия ташаккул ва рушд меёбанд. Конститутсия сананди олии ҳуқуқиест, ки дар он ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа дарҷ гардидааст. Баъд аз пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ ва бо эълони соҳибихтиёрӣ дар назди кишварҳои Осиёи Марказӣ як қатор вазифаҳои мураккаб ба миён омаданд, аз ҷумла: таҳкими истиқлол, таъмини суботи сиёсӣ, амнияти миллӣ ва албатта, масъалаи муайян кардани хусусияти давлатдории нав, ки моҳияти он бояд мувофиқи ҳамаи унсурҳои сохти давлатӣ ба нишонаҳои давлати мустақил ва демократӣ бошад.
Конститутсия дар ҳақиқат, шиносномаи давлат, санади тақдирсоз ва муайянкунандаи сарнавишти ҳар як халқу миллат мебошад. Дар ҳар як модда ва банди он дар алоҳидагӣ усулҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеа ва заминаҳои пешрафти низоми мақомоти давлатии муосир, шакли сохтори ҳокимият, таъмини кафолати амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешии сиёсию мафкуравӣ, бисёрҳизбӣ, озодии эътиқоди динӣ, озодии баён, матбуот ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум равона гардидаанд.
Дар давоми сӣ соли охир ба конститутсияҳои қабулшудаи ҳамаи кишварҳои минтақа якчанд тағйиру иловаҳо вобаста ба зарурати мутобиқ гардонидани қонуни асосӣ ба воқеиятҳои нави сиёсӣ ва иқтисодии давлатҳо ворид карда шуданд. Ҳамин тариқ, таҳия ва қабули конститутсияҳои нав вазифаи муҳимтарин ва аввалиндараҷаи давраи гузариш гардида буд. Таърихи таҳаввул ва қабули конститутсияҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо дарназардошти манфиатҳои миллии ҳар як кишвар гуногун мебошад. Аз ин хотир, муҳимтарин нуктаҳои онро метавон чунин арзёбӣ намуд.
Ҷумҳурии Қазоқистон. Конститутсияи Ҷумҳурии Қазоқистон аввалин маротиба 28 январи соли 1993 дар сессияи нуҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Қазоқистон, даъвати XII қабул карда шуд. Баъдан 30 августи соли 1995 ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ Конститутсияи нав қабул карда шуд, ки ба он 6 маротиба тағйиру иловаҳо солҳои 1998, 2007, 2011, 2017, 2019 ва 2022 ворид кардаанд. Пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа тақозо менамояд, ки қонунҳои танзимкунанда бояд ба инкишофи ақлу хиради инсонӣ, рафти тараққиёти ҷомеа мутобиқат намуда, дар ин раванд асосҳои конститутсионӣ низ пайваста такмил ёбанд. Тағйироте, ки дар тули ин солҳо ба Конститутсия ворид гаштаанд, муҳимтаринашон инҳоянд:
Соли 1998 дар маҷмуъ ба 19 моддаи Конститутсияи Ҷумҳурии Қазоқистон тағйиру иловаҳо ворид гардида, ба муҳлат ва ваколатҳои Президент, вакилони Сенат ва Маҷлис алоқаманд буда, маҳдудияти синну соли болоӣ барои хизматчии давлатӣ, ки қаблан пешбинӣ гардида буд, бардошта шуд. Инчунин, тағйиру иловаҳои соли 1998 ба муҳлату ваколатҳои Президент ва вакилони халқ, ки маҳдудияти синну соли Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон на камтар аз 40 сол буд, ба 35 сол тағйир дода шуд. Муҳлати ваколати Президент аз 5 то 7 сол зиёд карда шуд. Илова бар ин, бо ислоҳоти соли 1998 пешбинӣ карда шуд, ки 10 вакили Маҷлис дар асоси рӯйхати ҳизбӣ аз рӯйи системаи намояндагии мутаносиб интихоб карда мешаванд.
Таҳаввулоти конститутсионии Ҷумҳурии Қазоқистон дар соли 2007 бо гузариш ба системаи интихоботии мутаносиб, тақвияти мақоми парлумон тавассути ҷорӣ намудани меъёр дар бораи тасдиқи таъйиноти Сарвазир аз ҷониби аксари аъзои парлумон. Инчунин, дар тағйироти соли 2007 мафҳуми “Президенти аввал” ҷорӣ карда шуд ва барои интихоби як шахс ба мансаби Президент зиёда аз ду маротиба пай дар пай маҳдудият ворид карда шуд, вале ин ба “Президенти аввал” дахл надошт.
Моҳи феврали соли 2011 ба Конститутсия тағйирот ворид карда шуд, ки ба муқаррар намудани асосҳои конститутсионии таъйин ва баргузории интихоботи ғайринавбатии Президенти кишвар равона карда шуда буд. Дар ин тағйирот Нурсултон Назарбоев унвони “Елбаси” (Падари миллат)-ро ба даст овард, ки ба ӯ ҳуқуқ дод, ки бидуни маҳдудият ба мақоми Президентӣ интихоб шавад.
Тағйиру иловаҳои соли 2017 хеле зиёд буда, онҳо бобҳои Президент, Парлумон, Ҳукумат, Шурои конститутсионӣ, суд ва худидоракунии маҳаллиро дар бар гирифта буданд.
Тағйироти муҳимми соли 2019 масъалаи ивази номи пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон буд. Мувофиқи тағйироте, ки ба Конститутсия 23 марти соли 2019 ворид карданд, пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон шаҳри Нурсултон (пештара Остона) мебошад.
Бояд гуфт, ки муҳимтарин тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсия соли 2022 ворид гаштаанд, ин: 1) манъ кардани ҳукми қатл; 2) гирифтани вазъи нақши муҳим ва имтиёзҳои “Президенти аввал”; 3) аз нав ташкил додани Суди конститутсионӣ, ки аз соли 1995 фаъолият намекард, ба ҳисоб мераванд.
Ҷумҳурии Қирғизистон. Конститутсияи Ҷумҳурии Қирғизистон 5 майи соли 1993 қабул шуда, ба он 11 маротиба солҳои 1994, 1996, 1998, 2001, 2003, 2006, 2007, 2010, 2016, 2020 ва 2021 тағйиру иловаҳо ворид кардаанд.
Дар давраи роҳбарии Аскар Акаев Конститутсияи Ҷумҳурии Қирғизистон панҷ маротиба ба манфиати тақвияти ваколатҳои Президент баррасӣ карда шуд ва инчунин, ба меъёрҳои дигар дар солҳои 1994, 1996, 1998, 2001 ва 2003, ки аз ҷониби “Маҷлиси Конститутсионӣ” таъсис дода шудааст, тағйирот ворид карда шуд.
Аз ҷумла тибқи тағйиру иловаҳои соли 2007 парлумон ҳизбӣ шуд ва як шахс наметавонист ду маротиба пай дар пай ба мақоми Президентӣ интихоб шавад.
Конститутсияи соли 2010 шакли идоракунии кишварро аз Президентӣ ба парлумонӣ тағйир дода, салоҳиятҳои Президентро маҳдуд мекард. Тибқи Конститутсияи нав, Президент ба муҳлати шаш сол интихоб шуда, наметавонад дубора интихоб шавад.
Соли 2016 бо тариқи раъйпурсӣ ба Қонуни Асосӣ ислоҳот ворид карда шуд, ки тибқи он салоҳиятҳои Президент маҳдуд карда шуда, баръакс, салоҳиятҳои роҳбари Ҳукумат васеъ карда шуд.
Конститутсияи соли 2020 салоҳиятҳои Президентро тақвият дода, меъёри як шахс метавонад ду маротиба ба мансаби Президентӣ интихоб карда шавад ба матни Конститутсия ҳамроҳ намуд. Ҳамчунин, дар натиҷаи тағйирот Президент сохтор ва ҳайати вазиронро муайян мекард.
Дар асоси таҳлилу омӯзиши маълумот баъд аз ворид намудани тағйиру иловаҳо дар соли 2021 Конститутсияи Ҷумҳурии Қирғизистон ба шакли пештарааш, аниқтараш ба шакле, ки соли 1993 қабул шуда буд, хеле шабоҳат дорад. Тағйиротҳои муҳимме, ки соли 2021 ба он ворид гаштаанд, аз инҳо иборатанд:
- Ташкили ниҳоди Халқии Қурултой (анҷумани умумихалқӣ буда, барои ҳалли масъалаҳои муҳимми давлатӣ қарор қабул мекунад.);
- Зиёд кардани ваколатҳои Президент ва ба уҳдаи ӯ гузоштани ташкил ва кору фаъолияти Ҳукумат;
- Кам кардани шумораи вакилон ва ваколати онҳо.
Ҷумҳурии Тоҷикистон. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шудааст. Давоми сӣ сол ба он 3 маротиба 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.
Яке аз тағйиру иловаҳое, ки 26 сентябри соли 1999 мутобиқи шартҳои “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ” ба Конститутсия ворид гардиданд, воситаи муҳимми ризоят, созиш, ваҳдат ва суботи ҷомеа гаштанд. Дар асоси тағйиру иловаҳо дар кишвар парлумон иборат аз ду Маҷлис Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ташкил карда шуд. Инчунин принсипи таҷзияи ҳокимият ба се шохаи асосӣ: қонунгузор, иҷроия ва судӣ ба роҳ монда шуд.
Тағйироте, ки 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд инҳоянд:
- Тибқи тағйиру иловаҳо, аз ном ва матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаи “Сарқонун”, ки дар қавсайн буд, гирифта шуд, барои он ки худи мафҳуми “Конститутсия” вожаи умумиэътирофшудаи байналмилалӣ буда, ба ҳама фаҳмо мебошад;
- Ба ғайр аз, ин ба моддаи 1-и Конститутсия, қисми 2, илова шудани шакли идораи Тоҷикистон мебошад. Мувофиқи он шакли идораи Тоҷикистон Президентӣ аст. Ин зербоб воқеияти сиёсии Тоҷикистонро, ки Ҷумҳурии Президентӣ мебошад ва Президент дар низоми мақомоти олии давлатӣ нақши асосиро дорад, ифода карда, мазмуни Конститутсияро пурра гардонид;
- Дигар ин, ки дар қисми шашуми моддаи 8-и Конститутсия дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин, маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ карда шуд;
Зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳои баъдӣ ба Конститутсия, ки сурат гирифта буд, пеш аз ҳама, ба танзими тараққиёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва таҳкими кафолатҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд вобастагӣ доштанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барпо кардани давлатдории навини тоҷикон ва расидан ба ваҳдати миллӣ нақши ҳалкунанда бозидааст. Ин санади таърихӣ ва сарнавиштсоз барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории навини тоҷикон, ноил гардидан ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, дастовардҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташаккули озодонаи шахс заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ фароҳам овард. Конститутсия ҳамчун сарчашмаи қонунҳо асоси низоми нави қонунгузории кишвар гардида, ки дар заминаи он низоми ҳуқуқию қонунгузории нави давлати Тоҷикистон ташаккул ёфт.
Туркманистон. Конститутсияи Туркманистон соли 1992 қабул шуда, ба он 8 маротиба солҳои 1995, 1999, 2003, 2006, 2008, 2016, 2020 ва 2023 тағйирот ворид кардаанд.
Соли 1995 дар робита ба Эълони бетарафии доимии Туркманистон ба Конститутсия дар асоси Қатъномаи Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид, ки 12 декабри соли 1995 қабул шудааст, ислоҳи дахлдор ворид карда шуд. Дар ҷараёни ислоҳоти конститутсионии навбатӣ, соли 2016, дар бахши дуюми “Ҳуқуқ, озодиҳо ва уҳдадориҳои инсон ва шаҳрванд” тағйирот ворид карда шуд, инчунин, бахши нав, VII “Иқтисод ва системаи молиявӣ-кредитӣ” пайдо шуд. Ҳаҷми Конститутсияи нав 142 моддаро ташкил дод.
Ҷумҳурии Узбекистон. Конститутсияи Ҷумҳурии Узбекистон соли 1992 қабул шуда, ба он 4 маротиба солҳои 2009, 2016, 2017 ва 2023 тағйирот ворид кардаанд. Тибқи маълумот 60 дарсади Конститутсия нав шудааст. Тағйироти охирине, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Узбекистон ворид кардаанд, хеле зиёд буда, муҳимтаринашон инҳоянд:
- Дар асоси ин тағйирот, Президенти кишвар на ба муҳлати 5, балки барои 7 сол интихоб гардида, аз салоҳиятҳои нав, аз ҷумла, ҳаққи пешбарии номзадҳо ба мақоми нахуствазирро хоҳад дошт (моддаи 90);
- Манъи ҳукми қатл дар Узбекистон (моддаи 24);
- Аз матни Конститутсия бардоштани муқаррарот оид ба соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Мухтори Қароқалпокистон (моддаи 70)
Хулоса, таҳаввули конститутсионии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дорои хусусиятҳои хосси худ буда, метавон гуфт, ки онҳо ба равандҳои замони муосир, бахусус ба равандҳои глобалӣ то андозае мутобиқу ҷавобгӯ карда шудаанд. Тағйиру иловаҳои воридшуда, масъалаҳои муҳимми низоми давлатдорӣ, таҳкими Истиқлоли давлатӣ, таъмини суботи сиёсӣ ва амнияти миллӣ, инчунин, рушд ва инкишофи ҷомеаро дар бар гирифта, барои пешрафти давлату миллатҳо шароити мусоидро фароҳам оварда истодаанд.
Дар маҷмуъ, кишварҳои Осиёи Марказӣ мутобиқ ба тадбиқи барномаҳои тарҳрезигардидаи рушди иқтисодию иҷтимоии худ босуръат рушд карда истодаанд. Бо боварии том гуфтан мумкин аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар татбиқи давлатдории ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ талошҳои зиёде намуда истодаанд.
Эмомализода Қосимҷон Сироҷиддин,
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии
масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон