Дар таъмини рушди босуботи фаъолияти соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ, омилҳои зиёде метавонанд таъсиргузор бошанд, аммо асоси онро дастрасӣ ба захираҳои қарзӣ-молиявӣ, бахусус қарзҳои имтиёзнок, ташкил медиҳад. Аз таҳлилҳо мушоҳида мегардад, ки ҳар қадаре, ки соҳибкор ба воситаҳои қарзӣ-молиявӣ дастрасии бетар дошта бошад, ҳамон андоза кафолати рушди минбаъдаи ин бахши муҳимми иқтисодиёт таъмин хоҳад гашт. Илова бар ин, агар ҳолати молиявии корхона дар ин ё он соҳа хуб бошад, он гоҳ корхонаи мазкур дар назди муассисаи дигар, вобаста ба ҷалби сармоя, дастрасӣ ба қарзҳои бонкӣ, интихоби таъминкунандагон, истифодаи хатҳои нави технологӣ ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисос афзалияти бештару хубтар дорад.
Аз ин нуқтаи назар хулоса намудан мумкин аст, ки дар шароити кунунӣ дарёфти қарз, бахусус тавассути фаъолияти муназзами бахши молия ва бонкдорӣ, яке аз шартҳои асосӣ ва муҳимми рушди бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ мансуб меёбад.
Бо дарназардошти нақши муҳим доштани рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ дар ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ҳукумати кишвар, бахусус Пешвои миллат, ҳамчун Раиси Шурои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ доимо дар ҷустуҷӯйи роҳҳои самараноки беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ мебошад. Доир ба ин масъала Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳои худ бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ иброз доштанд, ки ислоҳотро дар самти беҳтар намудани фазои соҳибкроию сармоягузорӣ минбаъд низ, яъне то вақте ки бахши хусусӣ, соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва истеҳсолкунандагони ватанӣ дар сатҳи байналмилалӣ қобили рақобат ва фазои сармоягузории кишвар аз рӯйи ҳамаи нишондиҳандаҳо мусоид гардад, идома медиҳад.
Ҳамин аст, ки солҳои охир дар натиҷаи мусоид гардидани шароити пешниҳоди гарав ба бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд, инчунин, такмил ёфтани қонунгузории кишвар бо мақсади васеъ намудани дастрасии бахши хусусӣ ба воситаҳои қарзии низоми бонкӣ ва аз байн бурдани мухолифати байни санадҳои қонунгузорӣ доир ба масъалаҳои гарав ва муфлисшавӣ ҳаҷми қарзгузориҳои низоми бонкӣ мунтазам тамоюли зиёдшавӣ дошта, соли 2023-ум 18,5 миллиард сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2022-ум 31,1 фоиз зиёд мебошад. Аммо ин рақам ҳанӯз ҳам қонеъкунанда нест, зеро талабот ба маблағҳои қарз аз ҷониби соҳибкорон зиёд буда, ҳатто низоми бонкии кишвар онро пурра қонеъ гардонида наметавонад. Илова бар ин, нишондиҳандаи мазкур барои расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла саноатикунонии босуръат ҳоло ҳам нокифоя мебошанд.
Бинобар ин, масъалаи таъмини саривақтии талаботи иқтисодиёт ба қарздиҳӣ, бахусус тавассути рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ, ҳамеша дар меҳвари фаъолияти низоми бонкии кишвар қарор дошта, дар ин самт пайваста чораҳои мушаххас андешида мешаванд. Чунки ҳар қадар, ки ҳаҷми қарздиҳӣ, бахусус қарзҳои арзон ба субъектҳои соҳибкорӣ ва аҳолӣ зиёд шавад, ҳамон андоза, суръати рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ беҳтару баланд хоҳад шуд.
Бо ин мақсад Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама суханрониҳои худ, аз ҷумла дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ, ҷаласаҳои Шурои машваратӣ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ дар кишвар ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ, бартараф кардани монеаҳои маъмурию сунъӣ дар ин самт, инчунин, дарёфти манбаъҳои иловагии маблағгузорӣ ва дар ин замина зиёд намудани пешниҳоди ҳаҷми қарзҳои дарозмуддат ба соҳибкорон, бахусус соҳибкорони ҷавон, ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас ироа менамояд.
Дар натиҷаи андешидани чораҳои мушаххас ва тақвият бахшидани ҳамкориҳои судманди молиявию иқтисодӣ, аз ҷумла бо шарикони стратегии кишвар ҷиҳати дарёфти манбаъҳои иловагии захираҳои қарзӣ-молиявӣ ва дар ин замина зиёд кардани ҳаҷми пешниҳоди қарзҳо ба соҳибкорон моҳи ноябри солӣ 2023-ум миёни Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Бонки давлатии рушди Чин ба маблағи 100 миллион юан ё беш аз 13,8 миллион доллари ИМА созишномаи қарзӣ ба имзо расонида шуд. Ҳадфи асосии имзои созишномаи мазкур, пеш аз ҳама, пешниҳоди қарзҳои хурду миёна ба рушди соҳибкории хурду миёна, бахусус, соҳибкороне, ки бевосита ба ворид намудани техникаву таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ ва молу маҳсулоти ивазкунандаи воридот, инчунин, соҳибкороне, ки ба воридоти молу маҳсулот аз Ҷумҳурии Мардумии Чин машғуланд, ба ҳисоб меравад.
Зикр кардан бамаврид аст, ки то кунун тавассути ҳамкориҳои судманд миёни Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Бонки давлатии рушди Чин дар заминаи 74 лоиҳаи гуногун бо фарогирии 36 шаҳру ноҳияи кишвар дар ҳаҷми беш аз 81,5 миллион доллари ИМА маблағ равона гардидааст. Аз ҳаҷми умумии маблағи ҷудогардида 35 дарсад ба рушди соҳаи кишоварзӣ, соҳаи саноат 46 дарсад ва 19 дарсад ба дастгирии рушди соҳибкории хурду миёна рост меояд.
Ҳамкориҳои судманди КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Бонки давлатии рушди Чин аз соли 2008-ум инҷониб дар доираи Иттиҳоди байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхай ба роҳ монда шуда, дар ин замина миёни ҳар ду муассисаҳои бонкӣ 10 Созишнома, аз ҷумла 9 созишномаи қарзӣ ба маблағи 81,5 миллион доллари ИМА, як созишнома доир ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва як ёддошти тафоҳум вобаста ба бозомӯзӣ намудани кормандони Амонатбонк, ба имзо расидааст.
Ҳамин тавр, аз факту рақамҳои баёнгардида хулоса мегардад, ки сохтору ниҳодҳои молиявии кишвар, ҳамеша ҷиҳати дарёфти манбаҳои иловагии захираҳои қарзӣ-молиявӣ ва дар ин замина мунтазам афзоиш додани ҳаҷми пешниҳоди қарзҳо, бахусус, қарзҳои дарозмуддату имтиёзнок, ба рушди соҳибкории хурду миёна пайваста дар талош мебошад.
Дар маҷмуъ, факту далелҳои мазкур, агар аз як тараф баёнгари ҳамкориҳои судманди Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Бонки давлатии рушди Чин ҳамчун шарики боэътимоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд, аз ҷониби дигар, далели возеҳу равшани он аст, ки сохтору ниҳодҳои молиявии кишвар ҳамеша ҷиҳати дарёфти манбаҳои иловагии захираҳои қарзӣ-молиявӣ ва дар ин замина, мунтазам афзоиш додани ҳаҷми пешниҳоди қарзҳо, бахусус, қарзҳои дарозмуддату имтиёзнок, ба рушди соҳибкории хурду миёна саъю кушиш ба харҷ медиҳанд.
Ҳамин тавр, ба андешаи мо, ҳаҷми маблағи қарзии дар доираи созишномаи мазкур пешбинӣ гардида имкон медиҳад, ки дар соли ҷорӣ соҳибкорони хурду миёна, бахусус соҳибкрони дар соҳаҳои афзалиятнок фаъолиякунанда, ба қарзҳои имтиёзнок дастрасӣ пайдо намуда, дар самти ноил гардидан ба мақсаду ҳадафҳои стратегии кишвар ва ҳаллу фасли дигар масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат ҳиссаи бештар гузоранд.
Наҷмуддинов М.С.,
мутахасиси пешбари Раёсати таҳлили
масъалаҳои соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ