Масъалаи тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он мушкилоте мебошанд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардааст. Дар тамоми кишварҳои ҷаҳон таъсири гармшавии бесобиқи иқлим, тағйирёбии ҳарорати ҳаво, суръат ва самти ҳаракати шамол, миқдори зиёди боришот, обшавии пиряхҳо, биёбоншавӣ, радиатсияи офтоб, зиёдшавии газҳои гулхонаӣ, хушксолӣ, муҳоҷирати ҳайвонот аз нуқтаҳои гарм ба сард ва баръакси он, аз байн рафтани ҳайвоноту наботот,  аз меъёр зиёдшавии оби дарёҳо ва хушк шудани чашмаҳо ва амсоли инҳо ба назар мерасад.

Дар робита ба ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар масъалаи обу иқлим дар байни кишварҳои минтақа ва ҷаҳон эътироф гашта, пайваста аз минбарҳои созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ ҷиҳати пешгирӣ намудани паёмадҳои мазкур, ки ба манфиати башарият нигаронида шудааст, пешниҳодҳои мушаххас медиҳад. Муҳиммияти масоили глобалии тағйирёбии иқлимро ҳанӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои 90-уми асри гузашта доир ба масъалаҳои обу иқлим аз созмонҳои ҷаҳонӣ мардумро ҳушдор дода буданд. Аз ҷумла дар Паёмашон, санаи 15-уми апрели соли 2009 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки “…дар шароити имрӯзаи норасоии об дар минтақа, оқибатҳои хушксоливу камобӣ ва таъсири тағйирёбии иқлим ба манбаи асосии захираҳои обии Осиёи Марказӣ – пиряхҳои Бадахшон зарур аст, ки принсипҳои нави идоракунии захираҳои об дар асоси механизмҳои идоракунии ҳавзавӣ ва ҳамгироишуда омӯхта, имконияти ҷорӣ намудани онҳо баррасӣ карда шавад”. Доир ба ин суханҳои санҷидашудаи Пешвои миллат қайд кардан зарур аст, ки маҳз ҳамон ҳушдорҳои пайвастаашон буд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ дарк мекунанд, ки хатарҳои тағйирёбии иқлим на танҳо ба як минтақа ва ё мамлакат, балки фарогири сартосариро касб намуда, барои ҳалли мушкилоти мазкур талош меварзанд.

Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зери сиёсати “дарҳои кушода” кӯшиш менамояд, ки дар масъалаҳои глобалӣ, аз ҷумла, тағйирёбии иқлим ташаббускор бошад ва барои пешгирӣ намудани оқибатҳои ногувори иқлими сайёра ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати дар якҷоягӣ фаъолият намуданашон даъват намояд. Вобаста ба масъалаи мазкур аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар форумҳо ва конфронсҳои сатҳи баланди байналмилалӣ роҷеъ ба ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим борҳо ташаббусҳо ва пешниҳодҳои ҷолибу пазируфтанӣ садо додаанд, ки бештарашон мавриди эътироф ва амал қарор гирифтаанд.

Қайд кардан зарур аст, тайи ду даҳсолаи охир Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбариву сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист бо панҷ ташаббуси бузурги хеш дар раванди обу иқлим дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон мавқеи густурдаро касб намояд. Пеш аз ҳама, бояд гуфт, ки ин иқдомҳо бар он нигаронида шудаанд, ки кишварҳои ҷаҳон бояд дар масоили пешгирии хатарҳои тағйирёбии иқлим ба таври дастаҷамъона ва муштарак расидагӣ кунанд. Бинобар ин, ташаббусҳои Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ба монанди: Соли байналмилалии Оби тоза, 2003; Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015; соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013; Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028; эълон намудани соли 2025-ум “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо далели ин гуфтаҳо мебошанд.

Барои коҳиш додани хатарҳои экологӣ, аз ҷумла паст кардани шиддати нобутшавии пиряхҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи санадҳои мукаммалеро рӯйи кор оварда, ҷиҳати пешгирии оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлим дар минтақа ва ҷаҳон равона гардидаанд. Аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия”, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия”, “Барномаи стандартикунонӣ дар соҳаи энергетика ва самаранокии энергия барои солҳои 2010-2012” ва “Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037” ва ба ин монанд санадҳое ҳастанд, ки таъмини рушди устувор ва ҷиҳати барқарор кардани сармояи табиӣ мусоидат мекунанд.

Тибқи “Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037” имкониятҳои ташаккули иқтисоди “сабз” дар самти экологӣ бар он нигаронида шудааст, ки дар ҳолати истифодаи нодурусти манбаъҳои маъдании барқарорнашаванда метавонад, ба иқлим таъсири манфӣ расонида, боиси маҳдудияти захираҳои табиӣ барои наслҳои оянда гардад. Бинобар ин, ташаккули иқтисоди “сабз”, пеш аз ҳама, дорои хусусиятҳои нигоҳ доштани сармояи табиӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои экологӣ ва коҳиш додани ихроҷи газҳои карбон (CO2) мебошад.

Имрӯзҳо мушкилоти дигаре, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, хушкшавии баҳри Арал буда, ҳанӯз масъалаи мазкур соли 2003 дар Форуми байналмиллалии Душанбе доир ба Соли байналмиллалии “оби тоза”, 2003 мавриди муҳокима қарор гирифта, намояндагони кишварҳои ҷаҳон оқибати ногувор доштани хушкшавии баҳри Аралро дар кулли сайёраи Замин алоқаманд донистанд. Баҳри Арал на танҳо мушкилоти минтақаи Осиёи Марказӣ дониста мешавад, балки нестшавии он ба тамоми сайёра таъсири манфӣ хоҳад дошт. Тибқи баҳодиҳии мутахассисон хушкшавии баҳри Арал ба он оварда расондааст, ки миллионҳо тонна чангу намакҳои қаъри баҳри хушкшуда ба масофаҳои дур ба таври шамолу тӯфонҳо ба тамоми кишварҳои ҷаҳон паҳн мешавад ва дар натиҷа қисмате аз ин намакҳо ба пиряхҳои қаторкӯҳҳои Помиру ТянШон нишаста, шиддати обшавии онҳо мегардад. Дар робита ба ин мавзуъ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин хатарҳо эмин набуда, даҳсолаҳои охир шумораи умумии пиряхҳои Тоҷикистон, ки 13 ҳазорро ташкил дода, манбаи 60 дарсади обҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд, ба андозаи зиёда аз як ҳазор кам гардидааст, ки ин яке аз хатарҳои ҷиддӣ барои минтақа ва ҷаҳон хоҳад буд. Бо дарназардошти масъалаи мазкур, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки “…шароити мураккаби кӯҳсор дар байни қитъаи Авруосиё Тоҷикистонро нисбат ба тағйироти вусъатёбандаи иқлим ба кишвари аз ҳама зиёд осебпазир табдил медиҳад”.

Бояд қайд кард, ки солҳои охир ба далели зиёд хориҷ гардидани газҳои гулхонаӣ ба атмосфера боиси вайрон шудани қабати озон гашта, ҷомеаи ҷаҳонӣ гармшавии босуръати иқлимро мушоҳида карда истодаанд. Олимони соҳа гармшавии бесобиқаи иқлимро дар натиҷаи инқилоби саноатӣ рабт медиҳанд, зеро дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон торафт бештар сохтани заводу корхонаҳои саноатӣ мушоҳида мегардад, ки бо сӯзондани маҳсулоти нафтӣ, ангишт ва ғайраҳо гази карбонро ба атмосфера хориҷ мекунанд.

Имрӯзҳо мушоҳида мегардад, ки дар бештари кишварҳои минтақа ва ҷаҳон камшавии обҳои зеризаминӣ, коҳиш ёфтани боронҳо, афзоиши ҳар гуна бемориҳо, ба монанди бемориҳои қалб, қанд, нафастангӣ ва амсоли инҳо зиёд бемориҳое ҳастанд, ки дар натиҷаи ҳавои номусоид авҷ гирифта, метавонанд ҳатто ба марг оварда расонад. Ҳамзамон, гармии шадиди сайёра, ки ба обшавии пиряхҳо оварда мерасонад ва дар натиҷаи якбора аз меъёр зиёд гаштани сатҳи дарёҳо ба назар расида, боиси ҳар гуна фалокатҳои табии мегардад, беҳосил шудани заминҳо ва ғайра ба чашм мерасанд, ки ба рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварҳо зарбаи ҷонкоҳ мезанад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун узви ҷудонашавандаи ҷомеи ҷаҳонӣ аз оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлим дар канор буда наметавонад. Бинобар ин, бо дарназардошти вазъи камборишию хушкии имсола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмин намудани яхобмонии саривақтӣ, ниҳолшинонӣ ва иҷрои дигар корҳои мавсимӣ ба масъулини сохторҳои дахлдори соҳа дастур супоришҳои мушаххас доданд.

Бо дарназардошти камбориш омадани фасли тирамоҳу зимистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештаре аз дарахтони мевадиҳанда дар ҳоли бедоршавӣ қарор дошта, сабзида истодаанд. Барои тадбирҳои саривақтӣ андешидан ҷиҳати пешгирии чунин раванд, ки боиси талаф ёфтани меваю сабзавот ва дигар зироатҳои кишоварзӣ мегардад, пеш аз ҳама, яхобмонии боғу токзорҳо, ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба доир ба корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолии кишвар мувофиқи мақсад мебошад. Имрӯзҳо дар бисёре аз минтақаҳои ҷумҳурӣ ташкил намудани гурӯҳҳои доимамалкунанда ҷиҳати пешгирӣ намудани омилҳо манфии ба фаровонҳосилӣ таъсиркунанда фаъолият карда истодаанд. Дар сурати наандешидани тадбирҳои мушаххас ҷиҳати пешгирии омилҳои ба табиат нигаронидашуда, метавонад ба дурнамои рушди соҳаи кишоварзӣ ва ба таъмини амнияти озуқаворӣ таъсири манфӣ расонад. Бинобар ин, тамоми деҳқонону зироаткоронро зарур аст, ки фурсати муносибро ғанимат шуморида, ба коршиносону мутахассисони таҷрибадор ҳамкориҳои доимиро ба роҳ монанд, зеро таъмини амнияти озуқаворӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда метавонад ҷиҳати ғанӣ гардонидани буҷаи ҳар як хонавода ва дар рушди иқтисоди миллӣ саҳмгузор бошад.

Ҳамин тавр, коҳиш додани хатарҳои тағйирёбии иқлим аз фаъолияти пурмаҳсули ҳар як нафар вобаста буда, бунёди боғу ҷангалзорҳо ва сабзгардонии муҳити зист барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ замина мегузорад. Воқеан ҳам, татбиқи ҳадафҳои дар боло зикргардида, диди нек ва фаъолияти дастаҷамъиро тақозо намуда, ба таҳкими тарзи ҳаёти солим таъсиргузор аст.

Ҷамшед Солиҳов,
муовини сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои
рушди соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед