Муҳтарам бунёдгарони неругоҳи барқи обии «Роғун»!
Ҳозирини гиромӣ!

Аз шиносоии охирини мо бо ҷараёни корҳои сохтмони неругоҳи барқи обии «Роғун» ва вохӯрӣ бо шумо як сол сипарӣ гардид.

Мо дар ҷараёни сафари кории худ бори дигар бо вазъи корҳо аз наздик шинос шудем ва мушоҳида кардем, ки бо заҳмати содиқонаи шумо – бунёдгарони иншооти муҳимми аср дар аксари қитъаҳои сохтмон корҳо хеле пеш рафтаанд.

Бинобар ин, ба ҳамаи шумо барои заҳмати шабонарӯзӣ ба хотири пешрафти имрӯзу фардои Тоҷикистон ва расидан ба истиқлоли энергетикии кишвари азизамон сипосу миннатдорӣ баён менамоям.

Ҳамчунин, ба ҳамкорони хориҷиамон – ширкатҳое, ки дар паҳлуи мову шумо заҳмат мекашанд, изҳори сипос мекунам.

Қобили зикр аст, ки аз оғози фаъолияти ду агрегати аввалини неругоҳ, ки бо фишори пасти обанбори тозабунёд кор мекунанд, то имрӯз, аллакай, зиёда аз 6,4 миллиард киловатт – соат неруи барқ ба маблағи беш аз 1,5 миллиард сомонӣ истеҳсол ва ба низоми ягонаи энергетикии мамлакат интиқол дода шудааст.

Дар робита ба ин, бори дигар хотиррасон менамоям, ки барои таъмин намудани рушди муназзаму устувори иқтисоди миллӣ, қонеъ гардонидани талаботи рӯз ба рӯз афзояндаи соҳаҳои истеҳсолӣ ва аҳолии кишвар ба неруи барқ афзоиш додани истеҳсоли неруи барқ аз ҷумлаи заруратҳои аввалиндараҷа ва ҳатто ҳаётӣ ба ҳисоб меравад.

Иқтисоди миллии мо ҳар сол дар сатҳи на кам аз 7 фоиз рушд ёфта истодааст, ки боиси афзоиши талаботи солона ба неруи барқ дар ҳаҷми ду – дуюним фоиз мегардад.

Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки ба масъалаи истифодаи самаранок ва ҳарчи бештари захираҳои энергетикии кишварамон диққати аввалиндараҷа ва доимӣ диҳем.

Маҳз ба ҳамин хотир мо неругоҳи «Роғун»-ро сохтмони аср эълон кардаем.

Бо бунёди ин неругоҳи бузург мо натанҳо мушкилоти нарасидани барқро барои аҳолӣ ҳаллу фасл менамоем, балки ба хотири рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардонидани вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ, хусусан, маорифу тандурустӣ заминаи устувор фароҳам меоварем.

Бинобар ин, такроран таъкид менамоям, ки суръат бахшидан ба ҷараёни корҳои сохтмони неругоҳи «Роғун», дар муҳлатҳои муқарраргардида ва бо риояи стандартҳои байналмилалӣ ба анҷом расонидани марҳалаҳои баланд бардоштани сатҳи сарбанд ва ба истифода додани агрегатҳои навбатӣ бисёр муҳим ва зарур мебошад.

Ҳозирини гиромӣ!

Барои корҳои барқарорсозӣ ва сохтмону васлгарии неругоҳи барқи обии «Роғун» дар зарфи солҳои 2008 – 2022, яъне аз оғози корҳои барқарорсозиву сохтмон аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 35 миллиард сомонӣ маблағ равона карда шудааст.

Танҳо соли 2022 барои идомаи сохтмони неругоҳ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ 2,6 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардида буд, вале Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ҷалби маблағҳои иловагӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои дохилӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, бо ин мақсад, дар маҷмӯъ, 4 миллиард сомонӣ равона намуд.

Аз оғози соли ҷорӣ барои пардохти корҳои сохтмону васлгарӣ дар иншоот, корҳои лоиҳакашиву таҳқиқотӣ ва ҷустуҷӯӣ, хариди таҷҳизот, молу масолеҳи сохтмон ва хизматрасониҳо аз ҳисоби буҷет 2,6 миллиард сомонӣ, аз ҳисоби фурӯши барқи истеҳсолкардаи неругоҳи «Роғун» 427 миллион сомонӣ, дар маҷмӯъ, зиёда аз 3 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

Яъне нақшаи солона 2,5 миллиард сомонӣ буд, вале то имрӯз беш аз 3 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ гардид.

Имрӯз дар иншооти неругоҳ 14 ҳазору 164 нафар коргарон ва кормандони муҳандисиву техникӣ фаъолият доранд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳазору 600 нафар зиёд мебошад.

Вале шумораи зикршуда барои бомарому босуръат идома дадани корҳои сохтмон ҳоло ҳам кифоя нест ва зарур аст, ки дар ин самт тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Шумораи мошину механизмҳое, ки дар сохтмон истифода мешаванд, ҳар сол аз ҳисоби хариди мошину механизмҳои пуриқтидори муосир зиёд гардида, ҳоло ба 3443 расонида шудааст.

Бояд гуфт, ки корҳои сохтмони неругоҳ ба лотҳои алоҳида тақсим шудаанд, ки бо ҳамдигар вобастагии мустақим дошта, қафомонӣ дар яке аз онҳо боиси қафомонии корҳо дар дигар самтҳо мегардад.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки фармоишгар – Ҷамъияти саҳҳомии «Неругоҳи барқи обии «Роғун» якҷо бо намояндаи фармоишгар – Консорсиуми «Трактебел»-и Фаронса ва «Электроконсалт»-и Итолиё ҷараёни корҳоро дар иншооти дахлдор ҳамоҳанг намоянд.

Дар бунёди сарбанд, ки яке аз иншооти муҳимми неругоҳ мебошад, то имрӯз аз ҷониби Ширкати «Вибилд»-и Итолиё аз 80 миллион метри мукааби пешбинишуда дар қисматҳои болову поёни сарбанди асосӣ 19 миллион метри мукааб сангу шағал ё 24 фоиз рехта ва шибба карда шудааст.

Тибқи лоиҳа танҳо дар минтақаи ядрои сарбанд корҳои тоза намудан ва мустаҳкамсозиву бехатаргардонии соҳилҳои чапу рости паҳлуи кӯҳҳо иҷро гардида, корҳои заминӣ дар ҳаҷми беш аз 2,7 миллион метри мукааб ба анҷом расонида шудаанд.

Инчунин, то имрӯз ба таҳкурсии ядрои сарбанд аз 268 ҳазор метри мукааби пешбинишуда 240 ҳазор метри мукааб бетони пуркунанда ва шиббашаванда ё 90 фоиз рехта шудааст.

Ҳамзамон бо ин, дар таҳкурсии ядрои сарбанд барои корҳои сементатсияи мустаҳкамкунанда аз 3014 чоҳи пешбинишуда 2615 чоҳ ё 87 фоиз пармакорӣ ва сементатсия гардидааст.

Бо вуҷуди ин, Ширкати «Вибилд»-ро зарур аст, ки ҷиҳати таъмин намудани бехатарии иншоот бо истифода аз боду ҳавои мусоид корҳои бетони шиббашаванда ва сементатсияи мустаҳкамкунандаи таҳкурсии ядрои сарбандро ҳарчи зудтар ба анҷом расонида, то сатҳи 1110 метр баланд бардоштани сарбандро дар муҳлати муайянгардида таъмин намояд.

Илова бар ин, Ширкати «Вибилд» бояд корҳоро бо реҷаи шабонарӯзӣ ташкил карда, шумораи мошину механизмҳои истифодашавандаро бамаротиб зиёд намояд ва дар як шабонарӯз на камтар аз 70 – 80 ҳазор метри мукааб мавод хобонад.

Барои сари вақт захира намудани ҳаҷми зарурии маводи сарбанд бояд тадбирҳои амалӣ андешида, дар ин самт бо иқтидори пурра истифода намудани хатти конвейерӣ ва ташкили самараноки истифодаи роҳҳои боркашӣ таъмин карда шавад.

Дар муҳлати муайянгардида ба истифода додани нақби сохтмонии қабати 4-ум хеле муҳим мебошад, зеро истифодаи он барои таъмини бехатарии иншоот ҳангоми то нуқтаи 1100 метр расонидани сатҳи об дар мавсими селоб ҳатмист.

Дар ин самт зарур аст, ки аз ҷониби ширкати «Тоҷикгидроэлектромонтаж» – пудратчии ЛОТ-и 3 чораҳои таъхирнопазир андешида шаванд.

Инчунин, Ширкати «Тоҷикгидроэлектромонтаж» бояд корҳоро дар нақбҳои нақлиётии 23, 39 ва қисмати баромадгоҳи нақбҳои обпарто дар муҳлатҳои муқарраргардида ба анҷом расонад.

Корҳои марбут ба ЛОТ-и 4, аз ҷумла хокбардорӣ ва мустаҳкамкунӣ дар мавзеи обқабулкунакҳои асосӣ, пошидани маҳлули бетонӣ ва гузоштани анкерҳои махсус аз тарафи ширкатҳои дар ин самт фаъолияткунанда, инчунин, корҳои нақбканӣ ва мустаҳкамкунӣ дар нақбҳои обрасони амудӣ аз тарафи Заводи таҷрибавии механикии шаҳри Норак бояд вусъат дода шаванд.

Сохтмончиёни муҳтарам!

Дар сатҳи байналмилалӣ ташкил ва таъмин намудани назорати техникиву технологӣ дар иншооти «Роғун», ки аз маҷмааи иншооти зеризаминӣ ва баландтарин сарбанди гидротехникии дунё иборат аст, зарур ва ҳатмӣ мебошад.

Бо ин мақсад то ба имрӯз дар 51 қитъаи сохтмон 3365 асбоби санҷишу ченкунӣ васлу насб карда шудааст.

Бори дигар бо тамоми қатъият хотиррасон ва таъкид менамоям, ки чун «Роғун» барои садсолаҳо ва барои мардуми Тоҷикистону минтақа бунёд карда мешавад, муҳимтар аз ҳама, ба сифати баланди корҳои сохтмону васлгарӣ аҳаммияти аввалиндараҷа додан зарур аст.

Зарур ва ҳатмист, ки барои истифода дар иншооти неругоҳ маводу масолеҳи аълосифати муосир ва таҷҳизоти ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ истифода карда шавад.

Бо ин мақсад, аз имконияту таҷҳизот ва асбобҳои нодири Озмоишгоҳи марказии сохтмон самаранок истифода карда шавад.

Ҳамчунин, таъкид менамоям, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоид дар ҳамаи қитъаҳои бунёди иншооти тақдирсози мардуми Тоҷикистон корҳо бояд суръати бештар бахшида шаванд.

Ҳамватанони азиз!

Дар давоми ёздаҳ соли охир бо мақсади кӯчонидани аҳолӣ аз минтақаи зериобшавандаи неругоҳи барқи обии «Роғун» 3211 оила бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин гардида, қариб 15 000 нафар одамон кӯчонида шуданд ва ҳоло дар манзилҳои нави доимӣ истиқомат доранд.

Нақшаи кӯчонидани деҳаҳои боқимондаи минтақаи зериобшаванда тибқи ҷадвали пур намудани обанбори неругоҳ идома дорад.

Бо мақсади дар маҳаллаҳои нави зист фароҳам овардани шароити мусоид иншооти зарурии инфрасохторӣ ва дар навбати аввал, мактабҳо, марказҳои саломатӣ, хатҳои оби нӯшокӣ, барқ ва роҳҳо бунёд гардидаанд.

Аз ҷумла тайи солҳои 2011 – 2022 ва шаш моҳи соли ҷорӣ дар маҳаллаҳои нави зисти муҳоҷирон 119 иншооти инфросохторӣ – 9 мактаб бо зиёда аз 7000 ҷойи нишаст, 8 бунгоҳи тиббӣ бо 200 кат, 45 километр хатти оби нӯшокӣ, 103 километр хатти интиқоли барқ, 124 километр роҳу роҳрав, боғи фарҳангу фароғат, варзишгоҳ бо 5000 ҷойи нишаст ва иншооти дигар ба маблағи умумии 450 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Дар ин давра барои омода намудани минтақаи зериобшавандаи неругоҳи «Роғун», дар маҷмӯъ, 784 миллион сомонӣ аз худ гардидааст.

Дар натиҷаи корҳои амалигардида тибқи нақшаи чорабиниҳои кӯчонидани аҳолӣ аз минтақаи зериобшаванда имрӯз маркази ноҳияи Нуробод ба як шаҳри воқеан замонавӣ табдил ёфтааст.

Вобаста ба татбиқи марҳалаи навбатии корҳои сохтмон, хусусан, марҳалаи то сатҳи 1185 метр аз сатҳи баҳр бардоштани сарбанд ва пур кардани обанбори неругоҳ нақшаи кӯчонидани аҳолӣ барои солҳои 2021 – 2025 бомаром амалӣ гардида истодааст.

Ҳамчунин, тибқи дастури дар мулоқоти қаблӣ додашуда дар доираи лоиҳаи бунёди роҳи «Роғун – Обигарм – Нуробод» корҳо оид ба сохтмони 11 километр роҳи мошингард мутобиқ ба талабот ва меъёрҳои байналмилалӣ аз шаҳри Роғун то Обигарм босуръат идома доранд.

Ҳозирини гиромӣ!

Бо дарназардошти аҳаммияти стратегӣ доштани неругоҳи «Роғун» ва сарфи назар аз таъсири манфиии вазъи ҷаҳони имрӯза ба иқтисодиёти кишвар, Ҳукумати мамлакат дар се соли охир барои идомаи сохтмони иншоот тадбирҳои зарурӣ андешида, афзоиши маблағгузориро ҷиҳати суръат бахшидани корҳо таъмин намуда истодааст.

Илова ба маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ, мо ҳоло бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва дигар шарикони рушд ҷиҳати ҷалби маблағҳои иловагӣ тадбирҳои амалии мушаххас андешида истодаем.

Аз соли 2020 сар карда, ҳамкориҳо бо Бонки Умумиҷаҳонӣ ва дигар шарикони рушд ҷиҳати ҷалби маблағгузорӣ барои ба итмом расонидани сохтмони неругоҳ ба роҳ монда шудаанд.

Яъне ҳоло музокирот бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ҷиҳати маблағгузории иншооти «Роғун» идома дорад.

Дар ин самт зарур аст, ки Вазорати молия якҷо бо Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ ва вазорату идораҳои дахлдор корбариро бо ниҳодҳои молиявӣ ва бонкҳои маблағгузор тақвият бахшида, ҷиҳати ҳарчи зудтар дастрас намудани маблағҳои пешбинигардида чораҷӯӣ намоянд.

Сохтмончиёни муҳтарам!

Ҳозирини гиромӣ!

Барои дар муҳлатҳои тасдиқшуда анҷом додани корҳои сохтмони неругоҳ ва ба истифода супоридани агрегатҳои навбатӣ зарур аст, ки:

1. Пеш аз ҳама, Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳҳомии «Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои дар муҳлатҳои муқарраргардида ба истифода супоридани иқтидорҳои навбатии неругоҳ тадбирҳои зарурӣ андешад.

2. Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сохтмон ва ба истифодадиҳии иқтидорҳои неругоҳи барқи обии «Роғун» иҷрои ҳатмии корҳоро тибқи ҷадвал дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монад ва масъалаи ҳамоҳангсозии онҳоро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад.

3. Ҷамъияти саҳҳомии «Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар ҳамкорӣ бо пудратчиёни ЛОТ-ҳои 2, 3 ва 4 иҷрои корҳоро вобаста ба баланд бардоштани сарбанд то сатҳи 1110 метр ва дар муҳлатҳои муайянгардида ба истифода додани нақби сохтмонии қабати 4-ум таъмин намояд.

4. Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳҳомии «Неругоҳи барқи обии «Роғун», Вазорати молия ва дигар вазорату идораҳои дахлдори мамлакат ҷиҳати таъминоти молиявии ҷадвали корҳои тасдиқшуда тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

5. Вазорати молия бо истифода аз ҳамаи манбаъҳо ва имкониятҳо барои пардохти саривақтии маблағи корҳои баанҷомрасида ва харидории масолеҳи сохтмон, таҷҳизот ва сӯзишворӣ чораҳои саривақтӣ андешад.

6. Намояндаи фармоишгар назорати сифати корҳои сохтмонро тақвият бахшида, барои сари вақт арзёбӣ кардани лоиҳаҳои пешниҳодшаванда чораҷӯӣ намояд.

7. Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ ҷиҳати ҳамоҳангсозии корҳо бо Комиссия оид ба гузаронидани озмунҳои байналмилалӣ барои сохтмони иншооти неругоҳи «Роғун», вазорату идораҳои дахлдор, ширкатҳои машваратӣ, гурӯҳи коршиносон, Бонки Умумиҷаҳонӣ ва дигар шарикони рушд тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намояд.

8. Вазорати молия ва Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ якҷо бо дигар вазорату идораҳои марбута ҳамкориро бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва дигар шарикони маблағгузор густариш бахшида, ҷиҳати маблағгузории саривақтии корҳои сохтмони «Роғун» чораҷӯӣ намоянд.

9. Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи неругоҳи барқи обии «Роғун» якҷо бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои интиқолдиҳанда ва қабулкунандаи муҳоҷирон кӯчонидани аҳолиро аз минтақаи зериобшаванда дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.

Дар ин раванд, зарур аст, ки ҷиҳати бо кор таъмин намудани шахсони кӯчонидашуда, ташкили курсҳои касбомӯзӣ барои онҳо, инчунин, ба хоҷагӣ ва оилаҳои кӯчонидашуда ҷудо намудани қитъаҳои замин барои ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ чораҷӯӣ карда шавад.

10. Хадамоти алоқа якҷо бо Ҷамъияти «Тоҷиктелеком» ва дигар ташкилотҳои дахлдор аз минтақаи зериобшаванда кӯчонидани хатти алоқаи махсуси нуриву нахиро дар муҳлатҳои муайянгардида таъмин намояд.

11. Вазорати нақлиёт, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани лоиҳаи «Бунёди роҳи автомобилгарди Роғун – Обигарм – Нуробод»-ро бо дарназардошти баланд гардидани сатҳи оби обанбори неругоҳ таъмин созанд.

12. Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ барои пешгирӣ кардани ҳолатҳои садама дар иншоот ва таъмин намудани бехатарии кормандони сохтмони неругоҳ чорабиниҳои иловагиро роҳандозӣ намуда, назоратро дар ин самт тақвият бахшад.

13. Вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва аҳолии мамлакатро зарур аст, ки ҷиҳати истифодаи сарфакорона ва самараноки неруи барқ, хусусан, дар мавсими тирамоҳу зимистон бо истифодаи таҷҳизоту технологияҳои каммасрафи барқӣ дар корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва манзилҳои истиқоматӣ чораҳои иловагӣ андешанд.

14. Вазорати фарҳанг, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагон ва дигар иттифоқҳои эҷодӣ корҳои амалиро доир ба ташкили вохӯриҳо, чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ, инъикоси фаъолияти коргарону мутахассисони неругоҳи «Роғун» ва эҷоди асарҳои адабӣ оид ба фаъолияти бунёдкорони ин иншооти бузурги аср густариш диҳанд.

15. Роҳбарони Ҷамъияти саҳҳомии «Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун доир ба омодагӣ ба зимистон, аз ҷумла захираи масолеҳи сохтмон ва ба мавсими тирамоҳу зимистон омода кардани муассисаҳои иҷтимоӣ ва аҳолӣ чораҳои саривақтӣ андешанд.

Муҳтарам сохтмончиёни неругоҳи «Роғун»!

Баъд аз шиносоии муфассал бо ҷараёни воқеии корҳо ва натиҷаи фаъолияти шабонарӯзии шумо дар давоми як соли сипаришуда мехоҳам бо қаноатмандӣ иброз дорам, ки  шумо – бунёдкорони «Роғун» дар ин майдони набард ва арсаи нангу номуси миллӣ бо ҷасорату матонат ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ заҳмат кашида истодаед.

Ба ҳамаи шумо муроҷиат карда, хотиррасон менамоям, ки барои татбиқи ҳадафҳои минбаъда ҳар яки мо бояд масъулияти аз имрӯза бештар дошта бошем, аз шароиту имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода барем, корро дар ин иншооти тақдирсози халқи тоҷик тавре роҳандозӣ намоем, ки расидан ба истиқлоли комили энергетикии мамлакатро наздиктар созем.

Итминони комил дорам, ки мову шумо дар ояндаи наздик кишвари азизи хешро боз ҳам ободу пешрафта мегардонем ва талошу заҳмати ватандӯстонаи ҳар яки шумо дар китоби таърихи давлатдории навини Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад.

Ба ҳамаи шумо саломатӣ ва барори кор орзу менамоям!

khovar.tj

Чоп кунед