24.09.2024, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Муҳтарам ҷаноби Раис,

Ҳозирини гиромӣ,

Дар оғози сухан ҷаноби Филемон Янгро ба муносибати интихоб шуданашон ба ҳайси Раиси Иҷлоси 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид табрик мегӯям.

Ҳамчунин, ба ҷаноби Деннис Фрэнсис барои фаъолияти самарабахш дар мақоми Раиси Иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милал арзи сипос менамоям.

Ҳозирини гиромӣ,

Имрӯз ҷаҳон дар шароити хеле ҳассосу мураккаб қарор дорад.

Равандҳои пуртазоди геосиёсӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, шиддат гирифтани “ҷанги сард”, низоъҳои мусаллаҳона, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар хатару таҳдидҳои глобалӣ, бешубҳа, оқибатҳои манфии дарозмуддат хоҳанд дошт.

Дар ин зимина, муттаҳидсозии талошҳои муштараки ҷомеаи байналмилалӣ ба мақсади ҳифзи амнияту субот ва таъмини рушди устувор беш аз ҳар вақти дигар зарур мебошад.

Мусаллам аст, ки имконияти таъмини сулҳи пойдору ҳаёти осоиштаи инсоният ва пешрафти кишварҳо пеш аз ҳама дар асоси созишу ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созанда фароҳам мегардад.

Моро зарур аст, ки ба мақсади дастрасӣ ба ин ҳадафҳо ва хотима бахшидан ба ҳамаи ҷангу низоъҳо ва амалисозии ҳадафҳои сулҳҷӯёна муттаҳид шавем.

Ҳоло фурсате фаро расидааст, ки барои тақвияти нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра чораҳои муассир андешем.

Дар робита ба ин, пешниҳод менамоям, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милал “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад.

Чунонки борҳо изҳор доштам, Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳалли ҳамаи муноқишаву низоъҳо танҳо бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ мебошад.

Ҳамзамон бо ин, мехоҳам таъкид намоям, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пуштибонии доимии худро аз татбиқи Рӯзномаи 2030 ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор идома медиҳад.

Қобили зикр аст, ки муҳтавои асосии Рӯзномаи мазкур дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 низ инъикос ёфтааст ва ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои он талошҳои пайваста ба харҷ дода мешаванд.

Дар баробари ин, якчанд мушкилоте мавҷуданд, ки барои маблағгузории саривақтӣ ҷиҳати рушди устувор монеа эҷод мекунанд.

Нооромиҳои амниятӣ, буҳронҳои иқтисодию молиявӣ, гармшавии бесобиқа бар асари тағйирёбии иқлим ва талафоти гуногунии биологӣ, инчунин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ аз ҷумлаи чунин мушкилот мебошанд.

Дар эъломияи сиёсие, ки чанде пеш аз ҷониби Маҷмаи Умумӣ қабул гардид, кишварҳои узв эътироф карданд, ки “расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор дар хатар аст”.

Тибқи ҳисоботи Дабири кулли Созмони Милал, ҷомеаи ҷаҳонӣ то соли 2030 фақат ба 17 фоизи Ҳадафҳои рушди устувор ноил шуда метавонад.

Мо шоҳид ҳастем, ки дар бисёр кишварҳои рӯ ба тараққӣ натиҷаҳои дар чаҳорчӯби Ҳадафҳои рушди устувор ҳосилгардида, аз даст мераванд.

Вобаста ба ин, моро зарур аст, ки талошҳои худро ба хотири татбиқи саривақтии Рӯзномаи 2030 фаъолтар карда, ба масъалаи маблағгузории рушди устувор аҳаммияти махсус диҳем.

Мо, ҳамчунин, Конфронси чоруми байналмилалӣ оид ба маблағгузории рушдро, ки баргузории он, тибқи қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, моҳи июли соли 2025 дар Испания дар назар аст, барои дарёфти роҳҳои рафъи монеаҳо дар самти маблағгузории рушд муҳим медонем.

Зарур аст, ки фаъолияти низоми байналмилалии молиявӣ ва иқтисодӣ ба эҳтиёҷоти кишварҳои рӯ ба тараққӣ ҷавобгӯ бошад, то тавонад ба вокуниши саривақтии кишварҳои узв ба таҳдиду хатарҳои муосир мусоидат намояд.

Дар ин росто, мо идомаи маблағгузории институтҳои байналмилалии молиявӣ, бахусус тавассути Ассосиатсияи байналмилалии рушдро ба кишварҳои ниёзманд ба мақсади татбиқи ҳадафу барномаҳои пешбинишуда муҳим мешуморем.

Технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор заминаи муносиб ба шумор мераванд.

Тоҷикистон тавассути қабули стратегия ва дигар санадҳои консептуалӣ ҷиҳати марҳала ба марҳала гузаштан ба низоми рақамикунонӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Вобаста ба ин пешниҳод дорам, ки Маҷмаи Умумӣ дар иҷлоси навбатӣ оид ба нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳамсозии имкониятҳои нав барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва суръатбахшӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ қатъномаи махсус қабул намояд.

Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Иҷлоси кунунии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардидани “Саммити оянда”-ро муҳим арзёбӣ мекунад.

Санади байнидавлатии “Паймон ба хотири оянда”, ки дар ҷараёни Саммит қабул гардид, дар ҷодаи таъмини сулҳу амният ва рушди устувор нақши калидӣ дорад ва мо аз омодагии ҷомеаи ҷаҳонӣ барои татбиқи он истиқбол менамоем.

Ин Паймон дар шароите қабул гардид, ки миллионҳо нафар мардуми осоишта дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ба хавфу хатарҳои амниятӣ дучор гардидаанд.

Мо бар ин назарем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар рӯ ба рӯи таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ, киберҷиноятҳо, гардиши ғайриқонунии аслиҳа ва маводи мухаддир, инчунин, дигар зуҳуроти ҷинояткории фаромарзӣ бояд амалҳои муштарак ва муассирро анҷом диҳад.

Дар баробари ин, солҳои охир афзоиши афкори исломситезӣ, инчунин, падидаи истифода аз “сиёсати духӯра” дар муносибатҳои байналмилалӣ боиси нигаронӣ гардидааст.

Кишвари мо дар ҳамкорӣ бо Созмони Милал ва ниҳодҳои дахлдори он, инчунин, дигар шарикон, ҷиҳати муқовимат ба хавфу хатарҳои амниятӣ пайваста иқдомҳои муштаракро роҳандозӣ мекунад.

Ба ин мақсад Тоҷикистон ва Давлати Кувайт дар ҳамкорӣ бо Дафтари зидитеррористии Созмони Милал моҳи ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Ал-Кувайт Конфронси навбатиро дар доираи “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм” баргузор менамоянд.

Бовар дорем, ки ин чорабинӣ масъалаҳои пойдории амнияту суботи фарогирро дар меҳвари худ қарор дода, ба идомаи муколамаи васеъ ва боэътимод, инчунин табодули таҷрибаву афкори созанда дар ин ҷода мусоидат хоҳад кард.

Ҳозирини гиромӣ,

Дар робита ба масоили амниятӣ, мехоҳам таъкид намоям, ки буҳрони Фаластин ҳамоно боиси нигаронии амиқи кишвари мо мебошад.

Вазъи фоҷеабори имрӯза дар он минтақа бори дигар собит месозад, ки қазияи Фаластин роҳи ҳалли низомӣ надорад.

Тоҷикистон бар он назар аст, ки ҳалли ниҳоӣ ва воқеии ин қазия танҳо тавассути иҷрои қарорҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба таъсиси Давлати мустақили Фаластин дар асоси марзҳои соли 1967 имконпазир мебошад.

Умед дорем, ки ҷонибҳои даргир барои оташбас ва роҳандозии музокироти сулҳ иқдом карда, ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати эҳёи суботи пойдор дар Фаластин тадбирҳои муассир хоҳад андешид.

Ҳамчунин, мо ҷонибдори истиқрори сулҳу суботи пойдор ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар Афғонистони ҳамсоя ҳастем.

Ба ин мақсад Тоҷикистон ҳамеша омодаи мусоидат дар масири эҳё ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти осоишта дар Афғонистон мебошад.

Дар баробари ин, аз ҷомеаи байналмилалӣ боз ҳам даъват менамоям, ки бо мақсади пешгирӣ аз буҳрони башарӣ кумакҳои хешро ба мардуми азияткашидаи Афғонистон, аз ҷумла ба минтақаҳое, ки дар пайи офатҳои табиӣ зарар дидаанд, дареғ надоранд.

Ҳозирини гиромӣ,

Аз баргузории Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид — 2023 зиёда аз як сол сипарӣ гардид.

Дар асоси маълумоти ниҳодҳои марбутаи Созмони Милал, пешрафт дар соҳаи об ва беҳдошт, бо вуҷуди беҳбудиҳои алоҳида, ҳанӯз қонеъкунанда нест.

Бинобар ин, Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор ҷиҳати татбиқи уҳдадориҳое, ки аз натиҷаи Конфронси оби соли 2023 дар “Рӯзномаи амали об” бармеояд, бо ҳама тарафҳои манфиатдор ҳамкории фаъол дорад.

Иҷрои муваффақонаи ин ва дигар ӯҳдадориҳо ва ҳадафу вазифаҳои марбут ба об аз шарикии муассири бисёрҷониба, ки равишҳои ҳамгироӣ ва силсилавиро таъмин мекунанд, вобаста хоҳад буд.

Дар робита ба ин, истифодаи платформаи “Раванди оби Душанбе”-ро барои пайгирии натиҷаҳои Конфронси оби Созмони Милал муҳим медонем.

Бовар дорем, ки “Раванди оби Душанбе” ба сифати майдони муколамаи васеи ҷонибҳои манфиатдор барои омодагии ҳамаҷониба ба баргузории Конфронси оби Созмони Милал дар соли 2028 дар Душанбе нақши муҳим хоҳад бозид.

Ҳозирини гиромӣ,

Дар пасманзари пайомадҳои тағйирёбии иқлим ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки дар ҷараёни истифодаи захираҳои табиӣ ва фаъолияти бемайлони соҳаҳои мухталифи ҳаёти инсон, аз ибтикорҳои дастаҷамъона кор бигирад.

Солҳои охир офатҳои табиӣ дар баробари хушксолиҳои пайдарпай ба соҳаҳои кишоварзӣ, муҳити зист ва дар маҷмӯъ ба иқтисодиёти кишварҳои рӯ ба тараққӣ хисороти зиёд ворид менамоянд.

Тоҷикистон низ, ки 93 фоизи қаламраваш кӯҳсор мебошад, бинобар мунтазам рух додани офатҳои табиӣ аз тағйирёбии иқлим осебпазир аст.

Офатҳои табиӣ ҳамасола ба иқтисодиёти Тоҷикистон ба маблағи садҳо миллион доллари амрикоӣ зарар расонида, мутаассифона дар бисёр мавридҳо боиси талафоти зиёди ҷонӣ низ мегарданд.

Тағйирёбии иқлим боиси обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши ҳаҷми оби дарёҳо дар манотиқи гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ гардида истодааст.

Ин раванд ба бахшҳои воқеии иқтисоди миллӣ, аз қабили энергетика, саноат ва кишоварзӣ таъсири манфӣ мерасонад.

То имрӯз аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон, ки сарчашмаи асосии оби ошомиданӣ дар минтақа мебошад, зиёда аз як ҳазораш пурра об шуда, суръати обшавии онҳо рӯ ба афзоиш аст.

Ин дар ҳолест, ки боришот ва пиряхҳои Тоҷикистон то 60 фоизи манбаи ташаккулёбии захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд.

Зимнан бо ташаббуси Тоҷикистон, аз ҷониби Созмони Милал эълон гардидани соли 2025, ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” барои рушди ҳамкории тарафҳои манфиатдор заминаи муносибро фароҳам меорад.

Тибқи қарори мазкури Маҷмаи Умумӣ, ҳамчунин, 21 март ҳамасола ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” муқаррар гардида, таҳти сарпарастии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид “Фонди мақсаднок оид ба ҳифзи пиряхҳо” таъсис ёфтааст.

Дар ин замина соли оянда дар шаҳри Душанбе Конфронси аввалини сатҳи баланд оид ба масъалаи пиряхҳо баргузор мегардад.

Бо истифода аз фурсат, аз кишварҳо ва созмонҳои шарик даъват менамоем, то дар кори ин Конфронс ба таври фаъол ширкат варзанд ва саҳм бигиранд.

Мо бар он назарем, ки ин ҳамоиши муҳими байналмилалӣ, ки дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ва Созмони ҷаҳонии метеорологӣ доир мегардад, ҷиҳати арзёбии мушкилоти глобалии пиряхҳо ва дарёфти роҳҳои мушаххаси ҳалли онҳо нақши муассир хоҳад бозид.

Ҳамзамон бо ин, мо аз ҳамаи шарикон даъват ба амал меоварем, ки саҳми молиявии худро дар “Фонди байналмилалии мақсаднок оид ба ҳифзи пиряхҳо” фаъолона гузоранд.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон дар идомаи пешбурди рӯзномаи ҳифзи пиряхҳо якҷо бо Фаронса ташаббуси навбатиро оид ба эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун Даҳсолаи амал барои илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ) пешниҳод кард.

Кишвари мо бар асоси ӯҳдадориҳои байналмилалии худ, аз ҷумла бар пояи муқаррароти Созишномаи Париж Стратегияи миллиро оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим то соли 2030 қабул намудааст.

Мусаллам аст, ки яке аз роҳҳои ҳалли муваффақонаи мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим рушди “иқтисоди сабз” мебошад, ки дар навбати худ зарурати рушди “энергияи сабз”-ро ба миён меоварад.

Бо дарназардошти ин воқеият, кишвари мо Стратегияи рушди “иқтисоди сабз”-ро барои солҳои 2023-2037 қабул ва мавриди татбиқ қарор додааст.

Ҳоло мо 98 фоизи нерӯи барқро аз ҳисоби захираҳои гидроэнергетикии кишвар истеҳсол мекунем ва аз рӯи ҳиссаи тавлиди “энергияи сабз” аз манбаъҳои таҷдидшаванда дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамоем.

Ҳадаф аз татбиқи нақшаҳои мо дар ин самт то соли 2037 ба “кишвари сабз” табдил додани Тоҷикистон мебошад.

Имрӯз барои ҷомеаи ҷаҳонӣ дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои рӯзмарраи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва паст кардани шиддати таъсири манфии он яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад.

Умед дорем, ки давлатҳои пешрафта, Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои тахассусии он, ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ ва дигар сохторҳои бисёрҷонибаи байналмилалӣ ва минтақавӣ ба ин масъалаҳои мубрам минбаъд низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир хоҳанд кард.

Мо бовар дорем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад тавассути густариш додани муколамаи боэътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созанда ба татбиқи усулу ҳадафҳои умумии худ ноил гардад.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.

khovar.tj

Чоп кунед