Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини арҷманд!

Бори дигар мардуми сарбаланди Тоҷикистон ва сокинони шарафманди вилояти Суғдро ба ифтихори ҷашни муқаддаси ниёгонамон – Наврӯз, иди саиди Фитр ва баъди азнавсозӣ ифтитоҳ гардидани ёдгории таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд», ки туҳфаи арзандаи наврӯзӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон ва меҳмонони кишварамон мебошад, самимона табрик мегӯям.

Аз сарчашмаҳои таърихӣ ба ҳама маълум аст, ки миллати тамаддунсози тоҷик дар масъалаҳои меъмориву ободкорӣ ва шаҳрсозиву шаҳрдорӣ собиқаи беш аз шашҳазорсола дошта, дар таърихи тамаддун ва фарҳанги башарӣ нақши мондагор гузоштааст.

Истиқлолу озодӣ барои мо имконият фароҳам овард, ки барои эҳё намудану муаррифӣ кардани таърихи бою рангини миллати бостонии худ иқдомоти шоистаро амалӣ намоем, анъанаҳои неки аҷдодиро идома дода, ба аҳли башар исбот созем, ки мо миллати тамаддунсозу соҳибфарҳанг, шаҳрдору шаҳрсоз, соҳибдевону соҳибқалам, соҳибкитобу соҳибмаърифат ва ҳамеша созандаву бунёдкор будем ва имрӯз низ ҳастем.

Мо арзишҳои деринаи таърихӣ, суннату анъанаҳо ва расму ойинҳои неки миллиамонро эҳё карда, онҳоро ба хотири баланд бардоштани худогоҳиву худшиносии мардуми куҳанбунёдамон рушд дода истодаем.

Ҳукумати мамлакат ба масъалаи эҳё кардану ҳифз намудан, нигаҳдорӣ ва тарғиби мероси таърихиву фарҳангӣ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир мекунад.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар кишварамон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор ва даҳҳо ҷашну чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ доир карда шуданд.

Азнавсозии Қалъаи Муғ, шаҳраки Саразм, осорхонаи Панҷакенти бостонӣ, осорхонаи академик Бобоҷон Ғафуров, баргузории ҷашни шоири маъруфи тоҷик – Камоли Хуҷандӣ ва даҳҳо иқдому чорабиниҳои дигар дар вилояти Суғд аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ, нашри силсилакитоби «Ахтарони адаб», ба ҳар як оилаи кишвар дастрас гардонидани китоби «Тоҷикон»–и Бобоҷон Ғафуров, бунёди даҳҳо театр, қасрҳои фарҳанг, китобхонаҳо ва боғҳои фарҳангу фароғат аз дастовардҳои даврони истиқлоли давлатӣ дар соҳаи фарҳанги миллӣ ба шумор мераванд.

Ҳоло онҳо барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳисси миллӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ ва зебоидӯстиву забоипарастии мардуми мамлакат, бахусус, наврасону ҷавонон хизмат карда истодаанд.

Арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги ниёгон ва дар ин замина барқарор сохтану обод нигоҳ доштани мавзеъҳои таърихии Ватани азизамон яке аз суннатҳои арзишманди мардуми тоҷик, бахусус, аз ҷумлаи хусусиятҳои неки ҷашни наврузӣ мебошад.

Тоҷикистон ҳанӯз соли 1993 ба узвияти ЮНЕСКО – яке аз сохторҳои бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг пазируфта шуд.

Минбаъд мо барои муаррифии иншооти таърихиву фарҳангии миллати тоҷик талошҳои зиёд ба харҷ додем.

Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид мақоми байналмилалӣ гирифтани Соли нави аҷдодии мо – Наврӯз ва аз тарафи ЮНЕСКО ҳамчун мероси фарҳанги башарӣ эътироф гардидани «Шашмақом», чакан, атласу адрас ва дигар осору арзишҳои тоҷикон имрӯз мояи ифтихори ҳар яки мо мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки танҳо дар соли 2023 мо тавонистем 12 иншооти таърихиву фарҳангии тоҷиконро ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид созем.

Ба хотири муаррифии ҳарчи бештари таъриху фарҳанги миллӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таъриху тамаддуни тоҷикон, тармиму барқарорсозӣ ва муҳофизати ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, рушди сайёҳии таърихиву фарҳангӣ ва ҳимояи арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ мо чанд рӯз қабл дар назди Ҳукумати мамлакат сохтори алоҳидаи давлатӣ – Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангиро таъсис додем.

Дустони азиз!

Дар машварати ҷамъбастии лоиҳаи «Дастгирии ёдгориҳои Шоҳроҳи абрешим», ки соли 2019 доир гардида буд, 6 ёдгории таърихиву фарҳангии вилояти Суғд, аз ҷумла Қалъаи Хуҷанд барои силсилаҷоизаи «Ёдгориҳои Осиёи Марказӣ дар Шоҳроҳи абрешим: гузаргоҳи Фарғона – Сирдарё» ба Феҳристи пешакии мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО номнавис гардид.

Азнавсозии Маҷмааи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд», ки имрӯз ифтитоҳ гардид, идомаи ташаббусҳои фарҳангпарваронаи Ҳукумати мамлакат мебошад.

Қалъаи Хуҷанд яке аз калонтарин қалъаҳои дорои таърихи дерина ба ҳисоб рафта, қисми боқимондаи он дар маркази шаҳри имрӯзаи Хуҷанд, дар соҳили чапи Сирдарё ҷой гирифтааст.

Ин қалъа дар асрҳои ҳафтуми пеш аз мелод бунёд гардида, то асри нуздаҳум вуҷуд дошт.

Дар натиҷаи ҳафриёти бостоншиносӣ аз Қалъаи Хуҷанд бозёфтҳои нодири давраҳои пурифтихори таърихи халқи тоҷик – Ҳахоманишиён, Селевкиён, Юнону Бохтар, Ҳайтолиён, Сомониён ва монанди инҳо ба даст омадаанд.

Қалъаи Хуҷанд дар баъзе сарчашмаҳо бо номи Александрияи Эсхата низ ёд шуда, муборизаи қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик бар зидди аҷнабиён маҳз аз ҳамин қалъа шурӯъ гардидааст.

Ташкили экспедитсияи археологӣ ва гузаронидани ҳафриёт дар мавсими саҳроии солҳои 2019 – 2020 дар Қалъаи Хуҷанд ба бостоншиносон имконият дод, ки осори аз давраҳои гуногун маҳфузмондаро пайдо намоянд ва қалъа ба яке аз мавзеъҳои таърихиву сайёҳӣ табдил дода шавад.

Соли 2024 барои гузаронидани корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва омӯзиши археологии Қалъаи Хуҷанд маблағҳои зарурӣ ҷудо гардида, ҳоло корҳои кофтуковӣ идома доранд.

Борҳо таъкид кардаам ва бо истифода аз фурсати муносиб, бори дигар хотирнишон менамоям, ки дар замони муосир, махсусан, дар шароите, ки бархӯрди тамаддунҳо ва арзишҳои гуногуни фарҳангӣ торафт шиддат гирифта истодааст, танҳо тавассути амиқ омӯхтани таърих ва тарғибу ташвиқи мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ба таъсири харобиовари равандҳои ҷаҳонишавӣ истодагарӣ кардан имконпазир мебошад.

Воқеан, таърихи бостониву пурифтихори халқи тоҷик ва мероси гаронбаҳои моддиву маънавии гузаштагон, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ бузургтарин мактаби худшиносӣ барои ҳар як фарди ҷомеа, махсусан, наврасону ҷавонон аст.

Имрӯз дар кишвари мо зиёда аз се ҳазор ёдгории таърихӣ мавҷуд аст, ки ҳар кадоми он таваҷҷуҳи олимони маъруфи ватаниву хориҷӣ ва сайёҳону меҳмононро ба худ ҷалб менамояд.

Дар ин раванд, ба истифода додани Маҷмааи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» яке аз рӯйдодҳои муҳимми фарҳангии кишварамон дар оғози соли нави аҷдодӣ мебошад.

Бо истифода аз иштироки роҳбарону фаъолон ва соҳибкорони бонангу номуси вилоят дар чорабинии имрӯза, мехоҳам як масъаларо таъкид намоям.

Ҳамаи шумо аз вазъи ниҳоят мураккабу печидаи ҷаҳони муосир хуб огоҳ ҳастед.

Дар шароити имрӯза мо бояд ҳарчи бештар кор кунем, заҳмат кашем, созем, Ватанамонро боз ҳам обод гардонем, истеҳсоли маҳсулотро афзоиш диҳем, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд намоем, барои ҳамдиёронамон ҷойҳои корӣ муҳайё кунем ва шиддати муҳоҷирати меҳнатиро то тавонем коҳиш диҳем.

Барои ин дар вилоят ҳамаи шароиту имкониятҳо, алалхусус, дар самти коркарди маҳсулот, рушди ҳунармандиву косибӣ – атласу адрасбофӣ, қолинбофӣ, заргариву кандакорӣ ва дигар ҳунарҳои дастӣ мавҷуданд.

Ман дирӯз дар машварати корӣ бо роҳбарон ва фаъолони вилоят хотирнишон намудам, ки имсол барои кишварамон боз як соли хотирмони таърихӣ – 30-солагии қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон мебошад.

Мо бояд ин санаи таърихиро бо дастовардҳои сазовор дар ҳамаи соҳаҳо истиқбол намоем.

Ҳамчунин, мо бояд ҳар рӯзро барои вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон – 35-солагии истиқлоли давлатӣ самаранок истифода барем.

Бовар дорам, ки мардуми заҳматқарини вилояти Суғд чун ҳарвақта аз уҳдаи ин корҳо ба хубӣ ва бо сарбаландӣ мебароянд.

Бори дигар ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон, сокинони сарбаланду заҳматқарини вилояти Суғд, шаҳри бостонии Хуҷанд ва шумо – ҳозирини арҷмандро ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, иди саиди Фитр ва ифтитоҳи як гӯшаи нави таърихиву фарҳангӣ сидқан табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саодати рӯзгор, зиндагии пурбаракат ва иқболи баланд орзу менамоям!

Саломату сарбаланд бошед!

president.tj

Чоп кунед