Афсарону сарбозони муҳтарам!

Меҳмонони гиромӣ!

Масъалаҳои таъмини амнияти миллӣ, ҳифзи сулҳу субот, тамомияти арзии кишвар зери таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти давлат қарор доранд.

Маҳз ба шарофати таъмини амнияти миллӣ Тоҷикистон тавонист ба раванди таҳаввулоти бунёдӣ ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ворид гардад.

Дар радифи дигар сохторҳои низомӣ нақши Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар барқарорсозии сулҳу субот ва ҳифзи сарҳади давлатӣ муҳим арзёбӣ гардида, муҳайё сохтани шароити моддиву техникӣ ва иҷтимоиву маишӣ барои хизматчиёни он дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Дар доираи омодагӣ ба 35-солагии истиқлоли давлатӣ боз як иншооти наву замонавӣ – Маркази таълимии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамчун самараи истиқлоли кишварамон ба истифода дода шуд.

Соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин дастоварди таърихи муосири тоҷикон ба ҳисоб рафта, ин рӯйдоди сарнавиштсоз омили эҳёи фарҳангу тамаддун, арзишҳои миллӣ ва комёбиҳои азим ба шумор меравад.

Махсусан таъкид карданиам, ки 6-уми ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсияи нав яке аз аввалин қадамҳои тақдирсози кишвари мо дар роҳи ислоҳоти сиёсӣ ва таҳкими истиқлоли давлатӣ гардид.

Конститутсияи нав Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сифати давлати мустақил, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ намуд.

Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари дар ҳалли масоили умдаи глобалӣ ташаббускор мешиносанд.

Таърихи навини кишвар баёнгари он аст, ки роҳи дар муддати беш аз 30 сол сипаринамудаи мо ҳамвор ва бехатар набуд.

Барои расидан ба дастовардҳои имрӯза халқи мо мушкилоти сахту сангинро паси сар кард.

Ба ҳамагон маълум аст, ки Тоҷикистон дар соли 1991 баробари эълон кардани истиқлоли давлатӣ ба вартаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд.

Ин фоҷиаи миллӣ ба беназмиву беҳокимиятӣ боис гардид.

Дар он замон ҳизбу ҳаракатҳои алоҳидаи навтаъсис фирефтаи мафкура ва ҳадафҳои харобкоронаи душманони дохиливу хориҷӣ шуда, ба мақсади ғасби ҳокимият алангаи ҷанги бародаркушро шиддат доданд.

Дар натиҷаи он беш аз 150 ҳазор нафар ҳамватанони мо кушта шуда, як миллион нафар гуреза ва сарсону саргардон гардид.

Ба иқтисодиёти Тоҷикистон даҳҳо миллиард доллар зарар расонида шуд.

Бо вуҷуди вазъи ниҳоят мураккаби ҷамъиятиву сиёсӣ, мо дар якҷоягӣ бо мардуми шарифи кишвар ва сохторҳои низомӣ тавонистем, ки якпорчагиву тамомияти арзии давлат ва соҳибистиқлолии комили кишвари азизамонро ҳифз карда, сохти конститутсионӣ ва сулҳу оромиро дар қаламрави мамлакат барқарор намоем.

Махсус таъкид менамоям, ки нақши кормандони мақомоти амнияти миллӣ, аз ҷумла афсарону сарбозони воҳиди «Алфа» дар барқарорсозии суботи сиёсии мамлакат бузург мебошад.

Низомиёни ин ниҳод дар ҷараёни имтиҳону озмоишҳои вазнин матонату далерӣ ва шуҷоату мардонагӣ нишон дода, борҳо собит карданд, ки ба ҳимояи истиқлолу озодии Тоҷикистон қодир мебошанд.

Ҳозирини арҷманд!

Имрӯз инсоният дар марҳалаи ниҳоят ҳассосу хатарноке қарор дорад, ки таърихи муосир дар ёд надорад.

Рақобатҳои шадиди геополитикӣ ҳалли масъалаҳои рӯзмарраи рӯзномаи ҷаҳониро мураккаб гардонидаанд.

Ҳамзамон бо ин, густариши бесобиқаи фаъолияти гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ имрӯзҳо низоми амнияти байналмилалиро ба таври ҷиддӣ халалдор кардааст.

Афзоиши қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ инсониятро дар рӯбарӯи мушкилоти зиёд қарор додаанд.

Дар чунин шароити мураккаб ва хатарзо таъмин намудани бехатарии шахс, ҷомеа, давлат ва ҳифзи сохти конститутсионии мамлакат, ки манфиати ҳаётан муҳимми Тоҷикистон мебошад, вазифаи аввалиндараҷаи мақомоти амнияти миллӣ ба шумор меравад.

Мо аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолии давлатамон эълон доштем, ки Тоҷикистон дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ шарики табиии ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ва омодаи ҳамкорӣ бо онҳо мебошад.

Тоҷикистон ҳама гуна амалҳои хатарзо, аз ҷумла терроризму тундгароӣ ва дигар зуҳуроти зӯровариро қатъиян маҳкум менамояд.

Сиёсати мо дар ин самт бар он асос ёфтааст, ки террорист ватан, миллат, дин ва нажод надорад.

Мо бояд заминаи мубориза бо омилҳои ба терроризму ифротгароӣ мусоидаткунандаро тақвият диҳем.

Боз ҳам хотирнишон месозам, ки мо сохторҳои низомии кишвар, аз ҷумла Қувваҳои Мусаллаҳро дар марҳалаи ниҳоят ҳассосу мураккаби кишвар ва дар ҷойи холӣ таъсис додем.

Дар замони соҳибистиқлолӣ бо саъйу кӯшиши роҳбарияти олии давлат ҷиҳати бо мутахассисони касбӣ таъмин намудани Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар дохил ва хориҷи мамлакат ҳудуди 30 ҳазор мутахассис омода карда шуд.

Ба ҳолати имрӯза беш аз 80 фоизи низомиёни Артиши миллӣ хатмкардагони донишкадаҳо ва академияҳои ҳарбӣ, яъне мутаххассисони касбӣ мебошанд.

Дастгирии иҷтимоии афсарону сарбозон ва ғамхорӣ ба онҳо пайваста дар мадди назари Ҳукумати кишвар қарор дорад.

Танҳо соли ҷорӣ маоши вазифавии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 40 фоиз зиёд карда шуд.

Вазъияти мураккаб ва пешгӯинашавандаи ҷаҳон тақозо дорад, ки кормандони мақомоти амнияти миллӣ боз ҳам бештар ҳушёриву зиракӣ нишон дода, рисолати миллии худро дар сатҳи баланд иҷро намоянд.

Вақте ки сухан дар бораи фаъолияти мақомоти амнияти Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ ва раванди азнавсозӣ дар онҳо меравад, ҳатман аз воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористии «Алфа» бояд ёдовар шуд.

Воҳиди мазкур дар мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои замони муосир нақши муҳим дорад.

Бинобар авҷ гирифтани фаъолияти тахрибкоронаи душманон бар зидди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 90-ум,     25-уми апрели соли 1994 дар шароити ниҳоят вазнин ва мураккаби вазъи дохилӣ воҳиди «Алфа» таъсис дода шуд.

«Алфа» аз рӯзҳои аввали ташкилёбӣ ҳамчун сохтори муназзаму муҷаҳҳаз дар хатти пеши мубориза бо терроризм қарор дорад.

Ҳайати шахсии ин воҳид дар амалиётҳои махсуси ҷангӣ ҷиҳати озод намудани гаравгонон ва безарар гардонидани гурӯҳҳои террористӣ иштирок намуда, мардонагиву далерӣ ва қаҳрамонӣ нишон доданд.

Шасту чор нафари онҳо дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва таъмини сулҳу субот ҷони худро аз даст доданд.

Барои нишон додани матонату корнамоӣ ва диловариву далерӣ дар амалиётҳои ҷангӣ зиёда аз 100 нафар бо мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Дар давоми сӣ сол воҳиди «Алфа» аз гурӯҳи хурд ба сохтори муназзами ҷангии зиддитеррористӣ ва дорои силоҳу таҷҳизоти замонавӣ табдил ёфт.

Имрӯз он иқтидори кофии мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳоро дорад ва такягоҳи боэътимоди халқу давлат ба ҳисоб меравад.

Ҳукумати мамлакат, бо дарназардошти нақши ин сохтори муҳим дар таъмини амнияти давлат, ба таҳкими заминаи моддиву техникӣ, бунёду азнавсозӣ ва таҷҳизонидани инфрасохтори он бо технологияҳои муосир пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамояд.

Дар натиҷа шароити хизмат ва зиндагии ҳайати шахсии воҳид рӯз ба рӯз беҳтар шуда истодааст.

Имрӯз зиёда аз 70 нафар кормандони воҳиди «Алфа» дар шаҳри Душанбе бо манзили истиқоматӣ таъмин мебошанд.

Ҳамчунин, иншооти марбут ба воҳиди мазкур дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ пурра азнавсозӣ гардида, соли 2017 иншооти замонавӣ бо тамоми шароит барои ҳайати шахсии «Алфа» дар вилояти Суғд ба истифода дода шуд.

Ҳоло дар шаҳри Душанбе сохтмони бинои навбатӣ барои кормандони «Алфа» идома дорад.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар 410 оилаи хизматчиёни ҳарбии воҳиди «Алфа» бо манзили истиқоматӣ ва қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шудаанд.

Афсарону сарбозони муҳтарам!

Сохтмони иншооти маркази таълимӣ, ки имрӯз мавриди истифода қарор гирифт, соли 2021 дар масоҳати қариб 5 гектар оғоз гардида, дар он 17 бино ва 15 иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла бинои ҳамлаварӣ, синфхонаҳо, хобгоҳ, толори варзишӣ, ошхона, маҷлисгоҳ ва дигар биноҳои ёрирасон сохта шудааст.

Дар дохили маркази таълимӣ барои баргузор кардани машқҳои тактикӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Бояд гуфт, ки пойгоҳи мазкур, пеш аз ҳама, боргоҳи маърифат, дониш, такмили тахассус ва баланд бардоштани сатҳи касбият ба шумор меравад.

Дар он ҷиҳати аз худ кардани тактикаи ҷангӣ ва обутоби ҷисму равони сарбозони «Алфа» дар шароити кӯҳистон тамоми имкониятҳои муосир фароҳам оварда шудаанд.

Ҳозирини муҳтарам!

Вазъи имрӯзаи ҷаҳон зудтағйирёбанда ва ниҳоят ҳассос боқӣ мемонад.

Дар чунин ҳолат Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллиро лозим аст, ки барои боз ҳам беҳтар намудани шароити зиндагиву хизмат, омода намудани кадрҳои ҷавон ва таъмини ҷузъу томҳо бо техникаву таҷҳизоти махсус мунтазам чораҷӯӣ карда, ба баланд бардоштани сатҳи касбияти сарбозон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд.

Таҳдиду хатарҳои рӯзафзуни замони муосир моро водор менамоянд, ки корҳои тарбиявиро дар байни ҳайати шахсӣ, бахусус, кадрҳои ҷавон тақвият дода, онҳоро ба ҳимояи марзу буми Ватан омода созем.

Дар ин зимн бояд ба масъалаҳои тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани ҳувият ва худшиносии миллӣ, пос доштани арзишҳои дунявӣ ва рақобатпазир гардонидани ҷузъу томҳои низомӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шавад.

Инчунин, махсус таъкид менамоям, ки ҳар як хизматчии ҳарбӣ, аз ҷумла афсарону сарбозони «Алфа» ойинномаҳои ҳарбӣ, қонуният ва тартиботи ҳуқуқиро дақиқан риоя карда, интизоми ҳарбиро дар ҳама ҳолат нигоҳ доранд.

Дар шароити бисёр мураккабу печидаи замони муосир масъулияти тамоми мақомоти низомӣ, аз ҷумла воҳиди таъиноти махсуси «Алфа» бамаротиб меафзояд.

Сарбозони ин сохторро лозим аст, ки сатҳи донишу малакаи касбии худро мунтазам баланд бардошта, зираку ҳушёр бошанд ва омодагии ҷангии худро такмил диҳанд.

Низомиёни далеру матиниродаи «Алфа» бояд хуб дарк намоянд, ки хизмати содиқона ба Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон рисолат ва масъулияти бузурги миллӣ ба ҳисоб меравад.

Бовар дорам, ки афсарону сарбозони бонангу номуси воҳиди «Алфа» минбаъд низ бо садоқат ба савганди ҳарбӣ ва фидокорӣ ба Ватан дар сафи пеши мубориза бо терроризм қарор дошта, сулҳу суботро дар кишвар ҳимоя мекунанд.

Бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори сисолагии қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ифтитоҳи маркази таълимии навбунёд табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломатӣ, рӯҳи матин ва иродаи қавӣ орзу менамоям.

Ҳамеша саломату сарбаланд ва комёб бошед, ҳомиёни Ватан ва фарзандони содиқи Тоҷикистон!

Чоп кунед