02.12.2023, Аморати Муттаҳидаи Арабӣ

Муҳтарам иштирокдорони ҳамоиш,
Хонумҳо ва ҷанобон!

Пеш аз ҳама, шуморо дар ин чорабинӣ хайрамақдам мегӯям.

Обшавии пиряхҳо яке аз нишондиҳандаҳои асосии арзёбии таъсири тағйирёбии иқлим ба манбаъҳои захираҳои об мебошад.

Нишасти имрӯзаи мо ҳамоиши дуюми сатҳи баланд аст, ки пас аз қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад.

Мехоҳам қайд намоям, ки мутобиқи ин қатънома 21 март ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” эълон гардида, “Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо” таъсис дода шуд.

Иҷлосияи нахустин оид ба ин қатънома зери унвони “Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи Конфронси оби Созмони Милал баргузор гардида буд.

Ҳадаф аз баргузории чорабинии имрӯза, пеш аз ҳама, муттаҳид сохтани талошҳои ҷонибҳои гуногуни дахлдор барои натиҷабахш ва комёб гардонидани ин ташаббус мебошад.

Мавриди зикр аст, ки Қатъномаи Созмони Милал аҳаммияти пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ эътироф намуда, вобастагии мутақобилаи ҳолати пиряхҳо ва иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устуворро ифода мекунад.

Ин санад ҳамзамон таъсири гармшавии глобалиро заминаи қоҳиши густурдаи криосфера дониста, коста шудани устувории муҳитзистиро дар минтақаҳои баландкӯҳ натиҷаи ин раванд маънидод кардааст.

Яке аз натиҷаҳои манфии ин раванд, ин коҳиши манбаъҳои об ва мутаносибан кам гардидани миқдори об дар дарёву кӯлҳо мебошад.

Пайомадҳои манфии ин омилҳо на танҳо ба муҳити зист, балки ба сатҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо низ таъсиргузор хоҳанд буд.

Кишвари мо соли 2025 Конфронси байналмилалии сатҳи баландро дар мавзӯи ҳифзи пиряхҳо мизбонӣ хоҳад кард.

Мо барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ва мундариҷавӣ баргузор гардидани ин чорабинии муҳими байналмилалӣ пайгирона талош хоҳем кард.

Дӯстони гиромӣ!

Мувофиқи пешгӯиҳои коршиносон то соли 2050 тақрибан 30 фоизи аҳолии сайёра эҳтиёҷоти худро ба об қонеъ карда наметавонад.

Манбаъҳои оби тозаи минтақаи мо, ки асосан аз пиряхҳо ва захираҳои барфӣ маншаъ мегиранд, маҳз таҳти таъсири тағйир ёфтани иқлим коҳиш ёфта истодаанд.

Тибқи гузориши Панели байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлим дар бораи уқёнусҳо ва криосфера (соли 2019) то охири садсолаи равон сеяки пиряхҳои ҷаҳон метавонанд аз байн раванд.

Айни замон бинобар тағйирёбии иқлим ва баланд шудани ҳарорати ҳаво дар Осиёи Марказӣ масоҳати пиряхҳо босуръат коҳиш меёбад.

Таъкиди ин гуфтаҳоро мо дар мисоли Тоҷикистон мебинем.

Аз 13 ҳазор пиряхи Тоҷикистон дар чанд даҳсолаи охир зиёда аз як ҳазораш об шуда, боиси афзоиши бесобиқаи офатҳои табиӣ дар кишвар гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки 60 фоизи обҳои Осиёи Марказӣ аз пиряхҳо ва захираҳои барфии Тоҷикистон маншаъ мегиранд.

Аз ин лиҳоз, пешниҳод менамоем, ки бо мақсади арзёбии дақиқи таъсири тағйирёбии иқлим ба ҳолати пиряхҳои минтақа омузиши ҳамаҷониба ва мониторинги онҳо ба роҳ монда шавад.

Ба ин мақсад ҳамзамон зарур медонем, ки имконияти таъсиси Маркази минтақавии мониторинг ва омузиши пиряхҳо дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирад.

Дӯстони гиромӣ!

Бинобар моҳияти пиряхҳо барои ҳифзи муҳити зист ва масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар ҳама минтақаҳои ҷаҳон обшавии онҳо барои тамоми мардуми дунё боиси нигаронист.

Имрӯз дар баробари обшавии пиряхҳои минтақаҳои кӯҳӣ ин раванд дар Арктика ва Антарктида низ ба чашм мерасад, ки боиси ташвиши ҷиддӣ аст.

Дар натиҷаи ин раванд баландшавии сатҳи оби уқёнус мушоҳида мегардад, ки ба некуаҳволии садҳо миллион сокинони Замин таҳдид менамояд.

Дар ин замина зарур мешуморем, ки масъалаи ҳифзи пиряхҳо дар рӯзномаи саммитҳои калон ва дигар чорабиниҳои байналмилалӣ аз мавзуъҳои доимӣ ва меҳварӣ бошанд.

Инчунин лозим мешуморем, ки талошҳои муштарак, аз ҷумла ҷиҳати татбиқи ҳадафҳо дар чаҳорчӯби уҳдадориҳои иқлимӣ, ки ба пешгирӣ кардани гармшавии ҳарорати ҳаво равона шудаанд ба роҳ монда шаванд.

Баргузор намудани Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба пиряхҳо дар соли 2025 дар ш.Душанбе заминаи муҳимеро барои татбиқи ҳадафҳои лозима ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи байналмилалӣ фароҳам месозад.

Мо боварӣ дорем, ки дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла ниҳодҳои он Ташкилоти ҷаҳонии обуҳавошиносӣ, ЮНЕСКО, институтҳои молиявии байналмилалӣ ва дигар шарикон Конфронси мазкурро дар сатҳи баланд баргузор хоҳем намуд.

Итминони комил дорам, ки талошҳои якҷояи мо дар ин самт самараи дилхоҳ хоҳанд дод.

Ба ҳамаамон дар роҳи расидан ба ин ҳадаф барори кор хоста, ба ҳамкории судманд дар ин ҷода даъват менамоям.

Барои таваҷҷуҳатон сипосгузорам!

khovar.tj

Чоп кунед