14.04.2022, шаҳри Панҷакент
Ҳамватанони азиз!
Кулли сокинони вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳри Панҷакенти бостонӣ ва ҳар яки шумо – ҳозирини арҷмандро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик гуфта, ба шумо барои заҳмати созандаву ватандӯстона ва истиқболи гарму самимиатон изҳори сипос менамоям.
Мардумони ориёинажод, аз ҷумла тоҷикон ҳанӯз аз давраҳои хеле қадим ҷашни соли нави аҷдодии худ, яъне Наврӯзро бо тозаву обод кардани манзили истиқоматӣ, муҳити зист, омодагӣ ба кишти баҳорӣ ва корҳои созандагиву бунёдкорӣ истиқбол мегирифтанд.
Махсусан, дар Саразми бостонӣ, ки яке аз оғозгоҳҳои таърихи халқи куҳанбунёди тоҷик ва маркази ташаккули маданияти шаҳрсозӣ, ҳунармандӣ ва кишоварзии тоҷикон ба шумор меравад, тибқи бозёфтҳои бостоншиносон ва таҳқиқоти муаррихон анъанаҳои зикршудаи наврӯзӣ ҷойгоҳи хосса доштаанд.
Чунонки мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи шумо – ширкаткунандагони чорабинии идонаи имрӯза дар хотир доред, қариб ду сол пеш – 12-уми сентябри соли 2020 мо дар асоси қарори ЮНЕСКО дар шаҳри Панҷакент 5500 – солагии Саразми бостониро, ки аз ҷониби бостоншиносону муаррихони маъруфи ҷаҳон эътироф ва тасдиқ гардидааст, бо ифтихор аз таърихи қадима ва тамаддуни деринаи миллати тоҷик таҷлил намудем.
Мардуми заҳматқарини шаҳри бостонии Панҷакент, ки зодгоҳи бунёдгузори шеъру адаби тоҷику форс – Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва яке аз марказҳои илму адаб ва донишу маърифати тоҷикон мебошад, аз тамаддуни деринаи миллати куҳанбунёдамон ойини неки созандагиро мерос гирифта, бо рӯҳияи баланди ватандорӣ ворисону посдорони анъанаву суннатҳои дар Саразми бостонӣ ташаккулёфта, арзишҳои миллӣ ва расму ойинҳои наврӯзӣ будани худро пайваста дар амал собит менамоянд.
Панҷакент дар баробари ин, ки яке аз мавзеъҳои бостонии кишварамон мебошад, бо имкониятҳои бузурги истеҳсолии худ яке аз шаҳрҳои бузурги саноатии мамлакат ба ҳисоб рафта, дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми назаррас дорад.
Табиат, иқлим, захираҳои фаровони об ва замини ҳосилхез, яъне имкониятҳои зиёди шаҳри Панҷакент барои рушди бахшҳои асосии кишоварзӣ, аз ҷумла боғдорӣ, растанипарварӣ, картошкапарварӣ, чорводорӣ ва ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ хеле мусоид мебошанд.
Тибқи таҳлилу мушоҳидаҳо вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳр сол ба сол беҳтар гардида, дар аксари соҳаҳо пешравиҳо ба назар мерасанд.
Дар ҳудуди Панҷакент 328 кони сарватҳои зеризаминӣ, аз ҷумла захираҳои зиёди металлҳои қимматбаҳо ва сангҳои ороишӣ кашф гардидаанд, ки барои рушди мамлакат ва шаҳр аҳаммияти калони иқтисодӣ доранд.
Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба роҳ мондани истихроҷу коркарди захираву имкониятҳои зикршуда тамоми тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд ва ин раванд дар оянда низ идома дода мешавад.
Тайи замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ дар шаҳри Панҷакент беш аз 80 корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ бунёд карда шудаанд, ки барои ғанӣ гардидани буҷети маҳаллӣ, бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи даромади мардум саҳми калон гузошта истодаанд.
Бо вуҷуди пешравиҳои зикршуда, зарур аст, ки бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо доир ба рушди боз ҳам бештари саноат, тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи саноат, тавассути ворид кардани технологияҳои муосир афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва пеш аз ҳама, молу маҳсулоти содиротӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Бо мақсади рушди соҳаи кишоварзӣ, ки омили асосии таъминкунандаи яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои босифат, манбаи таъмин намудани корхонаҳои коркард бо ашёи хом, афзоиш додани ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ ва муҳимтар аз ҳама, заминаи ташкили ҷойҳои нави корӣ ба ҳисоб меравад, солҳои охир як силсила тадбирҳои мушаххасу судманд андешида шудаанд.
Бояд гуфт, ки дар доираи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Панҷакент барои солҳои 2021 – 2025 татбиқи 118 лоиҳа ба маблағи 1 миллиарду 860 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Ҳоло дар шаҳри Панҷакент аз ҷониби Ҳукумати мамлакат 8 лоиҳаи сармоягузорӣ дар бахшҳои тақвияти таҳсилот, обтаъминкунӣ, тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ, беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим амалӣ гардида истодааст.
Илова бар ин, бо ташаббуси соҳибкорони бонангу номус дар шаҳри Панҷакент ҳар сол даҳҳо иншооту биноҳои таъиноти гуногун, аз ҷумла коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ ба истифода дода мешаванд, ки ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии сокинони шаҳр ва деҳоти он мусоидат мекунанд.
Сокинони шаҳри бостонии Панҷакент ба истиқболи ҷашни бузурги сисолагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон 447 иншооту биноҳои таъиноти гуногунро сохта, ба истифода супоридаанд.
Барои чунин заҳмати ватандӯстона ба мардуми сарбаланди шаҳри Панҷакент, соҳибкорони бонангу номус ва шахсони саховатпеша сипосу миннатдорӣ баён менамоям.
Чунонки дида мешавад, қомат афрохтани садҳо иншооти иҷтимоӣ, аз қабили мактабу кӯдакистонҳо, муассисаҳои тиббӣ, инчунин, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ки натиҷаи заҳмати аҳлонаи мардум мебошанд, боиси хеле ободу пешрафта гардидани шаҳри бостонии Панҷакент ва беҳтар шудани шароити зиндагии сокинони шаҳр ва деҳоти он гардидаанд.
Қобили зикр аст, ки ҳоло раванди бунёди иншооти нави истеҳсоливу иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва фарҳангӣ бомаром идома дорад.
Бовар дорам, ки чунин амалҳои созанда дар оянда вусъати бештар касб мекунанд ва то 35 – солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаҳри Панҷакент бо бунёди садҳо иншооти нав боз ҳам ободу зебо гардида, дар он барои сокинон ва сайёҳону меҳмонон шароити муосири зиндагӣ ва истироҳату фароғат фароҳам оварда мешавад.
Ҳамдиёрони азиз!
Имрӯзҳо, ки бо фарорасии фасли баҳор дар кишвари биҳиштосои мо мавсими киштукор ва дигар корҳои кишоварзӣ, инчунин, ободонии манзилу маҳалҳои зист ва кӯчаву хиёбонҳо вусъат гирифта истодааст, ба кулли сокинони шаҳри Панҷакент, бахусус, деҳқонону кишоварзони соҳибтаҷриба, аз ҷумла роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкорон ва ҳамаи онҳое, ки дар ихтиёри худ як порча замини корам доранд, муроҷиат менамоям, ки истифодаи оқилонаву самарабахши обу заминро таъмин намоянд.
Зеро вазъияти ниҳоят ноустувори сиёсиву иқтисодии ҷаҳон аз ҳар яки мо талаб мекунад, ки ба масъалаи рушди кишварамон ва таъмин намудани сатҳи шоистаи зиндагии мардумамон нигоҳи дурбинона дошта бошем.
Илова ба мушкилоти зиёди амниятие, ки имрӯзҳо сокинони сайёра бо онҳо рӯ ба рӯ омадаанд, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он, аз қабили хушксолӣ, камобӣ ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ вазъи мавҷударо боз ҳам печидатар мегардонад.
Дар чунин давраи ҳассоси ҷаҳони муосир мо бояд аз тамоми имкониятҳо, аз ҷумла оби фаровон ва заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ самараноку оқилона истифода бурда, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол кунем, дар ҳар як оила захираи дусолаи озуқавориро таъмин намоем ва нагузорем, ки мардумамон аз лиҳози таъминот бо маводи ғизоӣ, махсусан, дар мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода танқисиву муҳтоҷӣ кашанд.
Дар ин раванд, зарур аст, ки ба масъалаи аз худ кардану обёрӣ намудани заминҳои нав эътибори аввалиндараҷа дода шавад.
Зеро шаҳри Панҷакент дар саргаҳи об қарор дорад ва дар ҳудуди он захираҳои зиёди заминҳои азхуднашуда мавҷуданд.
Мо бояд таҷрибаву сабақи зиндагии гузаштагони хирадмандамонро дар бобати расидан ба қадру манзалати замин ҳамеша дар ёд дошта бошем.
Ҳамватанони азизи мо аз вазъияти бисёр нобасомони дунёи муосир хуб огоҳ ҳастанд.
Имрӯз ҷомеаи башарӣ дар яке аз солҳои вазнинтарину аз ҳар лиҳоз душвортарини таърихи худ қарор дорад.
Вобаста ба ин, такроран таъкид месозам, ки бар асари низоъҳои сиёсиву иқтисодӣ, таҳримҳои молиявӣ, инчунин, идома ёфтани пандемияи КОВИД – 19, мушкилоти глобалии гармшавии иқлим ва пайомадҳои манфии он дастрасии аҳолии сайёра ба маводи ғизоӣ торафт мушкил гардида, нархи тамоми навъҳои молу маҳсулот ва дар навбати аввал маҳсулоти озуқаворӣ қариб дар саросари ҷаҳон ба таври бесобиқа боло рафта истодааст.
Бо истифода аз фурсат, бори дигар ба мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат карда, ҳамаи онҳоро даъват менамоям, ки дар шароити ниҳоят мураккаби ҷаҳони имрӯза мо бояд аҳлона кор кунем, содиқонаву софдилона заҳмат кашем ва аз тамоми имкониятҳое, ки табиат барои мо муҳайё кардааст, яъне оби фаровон, замини ҳосилхез ва боду ҳавои мусоид самараноку оқилона истифода барем.
Сарвати муҳимтарини мо – мардуми заҳматқарину бонангу номус ва деҳқонони асилу соҳибтаҷриба мебошанд.
Бинобар ин, мо набояд аз шароиту вазъияти имрӯза ба тарсу ҳарос ва воҳимаву таҳлука афтем, зеро мардуми мо давраҳои аз ин ҳам сахту сангин – ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва ду соли паҳншавии бемории хатарноки КОВИД – 19-ро бо сабру таҳаммул ва заҳмати аҳлона паси сар карданд.
Мо бояд минбаъд низ сарҷамъу муттаҳид бошем, дар лаҳзаҳои вазнин ҳамдигарро дастгирӣ намоем, хусусан, ба ятимону маъюбон, камбизоатҳову муҳтоҷон ва беморону оилаҳои бесаробон дасти мадад дароз кунем ва дар тамоми ҷанбаҳои зиндагиву рӯзгор сарфаю сариштакор бошем.
Дӯстони арҷманд!
Дар таърихи халқи мо Панҷакент ҳамчун яке аз шаҳрҳои қадимӣ мақому манзалат ва ҷойгоҳи баланд дорад.
Он на танҳо яке аз шаҳрҳои асосии саноативу кишоварзии мамлакат, балки аз ҷумлаи мавзеъҳои бостонӣ ва як гӯшаи зебоманзари Тоҷикистони азизамон буда, бо мардуми заҳматкашу ҳунарманд ва соҳибмаърифату меҳмондӯст, инчунин, табиати зебо, меваҳои шаҳдрез, меъмории ба худ хос ва ёдгориҳои нодири таърихии худ шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст.
Хусусан, табиати зебои Панҷакент имкониятҳои зиёди сайёҳӣ дошта, бо оби мусаффои дарёи Зарафшон ва кӯлу чашмасорҳои худ барои рушди сайёҳии дохилӣ ва хориҷӣ хеле мусоиду мувофиқ мебошанд.
Бинобар ин, зарур аст, ки ба истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои мавҷудаи шаҳр, рушди ҳунармандӣ, аз ҷумла ҳунарҳои мардумӣ ва косибӣ, аз қабили наққошӣ, кандакорӣ, кулолгарӣ, дӯзандагӣ ва соҳаи сайёҳӣ, бахусус, сайёҳии экологӣ, табобативу солимгардонӣ, таърихӣ ва этнографию фарҳангӣ, инчунин, таъсиси инфрасохтори соҳа ва истифодаи воситаҳои муассири муаррифии мавзеъҳои таърихиву сайёҳӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад.
Фаромӯш набояд кард, ки Панҷакент ҳамчун яке аз шаҳрҳои бонуфузи минтақаи Осиёи Марказӣ ҳанӯз дар асрҳои 5 – 8-и милодӣ дар ривоҷи Шоҳроҳи бузурги абрешим нақши намоён дошта, дар таҳкими муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва иҷтимоиву фарҳангии халқҳои ҳамҷавор саҳми назаррас гузоштааст.
Бори дигар хотирнишон месозам, ки шаҳри Панҷакент ҳамчун яке аз марказҳои тамаддуну фарҳанг ва илму маърифати халқамон ва зодгоҳи асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс, султони шоирони Аҷам – устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ воқеан мояи ифтихору сарфарозии мо – тоҷикон мебошад.
Бо эътимоди комил иброз менамоям, ки мардуми бонангу номуси ин шаҳри бостонӣ бо заҳмати созанда ва иқдомоти бунёдкорона диёри худро дар ояндаи наздик ба яке аз гӯшаҳои ободу пешрафтаи кишвар ва макони зебои сайру саёҳат табдил медиҳанд.
Ҳамчунин, бовар дорам, ки сокинони ин диёри бостонӣ суннату анъанаҳои неки миллиамонро минбаъд низ идома бахшида, дар бунёди коргоҳу корхонаҳои муосири истеҳсолӣ, аз ҷумла дар самти саноати сабук ва хӯрокворӣ, рушди ҳунармандӣ ва косибӣ, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ, афзоиш додани содироти маҳсулот, инчунин, вусъат бахшидани эҳсонкорӣ ва дастгирии ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоату муҳтоҷон, хусусан, дар моҳи шарифи Рамазон саҳми арзишманди ватандӯстона мегузоранд.
Дар ин амали хайр ба ҳамаи сокинони ватандӯсту заҳматқарини Панҷакенти бостонӣ барори кор ва муваффақият орзу менамоям.
Бори дигар ҳамаи сокинони ватандӯсти вилояти Суғд ва шаҳри бостонии Панҷакентро бо фарорасии Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи байналмилалӣ, ки бо қадамҳои пурфайзаш ба сарзамини хуршедиамон муждаи баҳору хуррамӣ овардааст, самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо тандурустӣ, саодати рӯзгор ва иқболи нек орзу менамоям.
Доим саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!