Ҳамватанонои азиз!
Муҳтарам роҳбарону фаъолон ва намояндагони мардуми ноҳияи Фархор!
Имрӯзҳо тамоми мардуми шарифи кишвар, аз ҷумла сокинони заҳматдӯсти ноҳияи Фархор таҳти таассуроти ҷашни бузурги 30 – солагии истиқлоли давлатӣ, ки барои халқи куҳанбунёди тоҷик воқеан як санаи таърихӣ мебошад, қарор доранд.
Бо истифода аз фурсати муносиб, тамоми сокинони меҳмоннавози ноҳияи Фархор ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро бори дигар ба ифтихори ин ҷашни муқаддаси миллӣ самимона табрик мегӯям.
Бо қаноатмандӣ иброз менамоям, ки сокинони заҳматқарин ва бонангу номуси ноҳия ба шарофати озодиву соҳибихтиёрии давлати худ дар ҷодаи обод намудани диёри хеш ва таҳкими дастовардҳои истиқлол бо қадамҳои устувор пеш мераванд.
Таассуроте, ки мо имрӯз аз ҷараёни корҳои созандагиву ободкорӣ, фаъолияти коргоҳу хоҷагиҳои ноҳия бардоштем, баёнгари он аст, ки мардуми ноҳия ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ва тақвияти иқтидори иқтисодии кишвар содиқона саъю талош карда истодаанд.
Сокинони ноҳия, аз ҷумла соҳибкорони ватандӯст ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 30 – солагии истиқлоли давлатӣ тибқи нақшаи корҳои ободониву созандагӣ 470 иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ ва хизматрасониро бунёд карда, ба истифода додаанд ва мо низ имрӯз дар маросими ифтитоҳи чанде аз ин иншооти навбунёд ширкат кардем.
Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ барои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва таъмин намудани рушди ноҳияи Фархор бо истифода аз захираву имкониятҳои мавҷуда ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намуд ва ин равандро идома дода истодааст.
Дар ин давра, барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 1,4 миллиард сомонӣ равона гардидааст.
Барои дастгирии буҷети маҳаллӣ ва маблағгузории соҳаҳои алоҳидаи ноҳия аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ беш аз 500 миллион сомонӣ маблағ ҷудо шудааст, ки 260 миллион сомонии он ба се соли охир рост меояд.
Ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо дар ноҳия дар даврони соҳибистиқлолӣ беш аз 605 миллион сомониро ташкил додааст, ки 142 миллион сомонии он сармояи мустақими хориҷӣ мебошад.
То ин муддат дар ноҳия 24 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи зиёда аз 320 миллион сомонӣ амалӣ шуда, ҳоло татбиқи боз 9 лоиҳаи дигар идома дорад ва маблағи дар доираи онҳо то имрӯз азхудшуда беш аз 110 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар ноҳия ба бунёду муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ, рушди инфрасохтори иҷтимоӣ, дастгирии соҳаи кишоварзӣ, обтаъминкуниву обёрӣ ва дигар самтҳо амалӣ гардидаанд, ки ҳадафи асосӣ аз татбиқи онҳо баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми ноҳия ва деҳоти он мебошад.
Илова ба лоиҳаҳои зикршудаи сармоягузории давлатӣ дар доираи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия барои солҳои 2016 – 2020 боз 120 лоиҳа ба маблағи 250 миллион сомонӣ амалӣ гардидааст.
Дар Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021 – 2025 иҷрои 198 лоиҳа ба маблағи беш аз 570 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст ва зарур аст, ки ҷиҳати самараноку босифат татбиқ гардидани ин барнома аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва бахши хусусӣ беҳтар ба роҳ монда шавад.
Зеро иҷрои саривақтӣ ва босифати барномаи мазкур, пеш аз ҳама, ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани некӯаҳволии мардум мусоидат мекунад.
Қобили зикр аст, ки дар давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба аҳолӣ ва соҳибкорони ноҳия дар ҳаҷми қариб як миллиард сомонӣ қарз пешниҳод карда шудааст.
Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани рушди соҳибкорӣ то имрӯз тамоми заминаҳои зарурии ҳуқуқиро фароҳам оварда, хусусан, солҳои охир бо мақсади дастгирии соҳибкорон як силсила имтиёзу сабукиҳоро пешниҳод кардааст.
Натиҷаи ҳамин дастгириву ғамхориҳост, ки шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар ноҳияи Фархор сол ба сол афзоиш ёфта, ҳоло ба 2335 расидааст.
Соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия 170 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2000-ум 3,6 баробар афзудааст.
Ин нишондиҳанда дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ба 80 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 24 фоиз зиёд мебошад.
Вобаста ба ин, таъкид менамоям, ки мавҷудияти захираҳои фаровони ашёи хом дар ҳудуди ноҳия ва афзоиши рӯзафзуни талабот ба маҳсулоти ниёзи мардум, аз ҷумла маводи ғизоӣ роҳбарону масъулон ва соҳибкоронро водор месозад, ки бунёди коргоҳу корхонаҳои навро барои истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла маҳсулоти саноати сабук ва хӯроквориро вусъат дода, бо ҳамин роҳ барои ҳамдиёрони худ ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳанд.
Ҳамчунин, хотирнишон месозам, ки ноҳия дар самти коркарди нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулот аз он имкониятҳои зиёд дорад.
Тибқи маълумоти оморӣ солҳои охир истеҳсоли нахи пахта мунтазам афзоиш ёфта истодааст.
Ба соҳибкорони ноҳия зарур аст, ки бо истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда ва ворид намудани технологияҳои муосир истеҳсоли маҳсулоти нассоҷиро васеъ ба роҳ монанд, зеро талаботи бозори дохиливу хориҷӣ ба маҳсулоти нассоҷӣ хеле зиёд мебошад.
Ноҳияи Фархор яке аз калонтарин минтақаҳои аграрии кишвар буда, соҳаи кишоварзӣ дар самти пешбурди иқтисодиёти ноҳия ва таъмин намудани некӯаҳволии сокинони он нақши муҳим дорад.
Бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ва заҳмати пурмаҳсули сокинони ноҳия соҳаи кишоварзӣ бомаром тараққӣ карда, майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ, боғҳо ва саршумори чорво хеле зиёд гардида, истеҳсоли маҳсулот, аз ҷумла ғалладонагиҳо, картошка, сабзавот, полезӣ, мева, гӯшту шир, асал ва дигар намудҳои маҳсулот хеле афзоиш ёфтааст.
Дар натиҷа соли 2020 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ қариб ба 1 миллиард сомонӣ баробар гардида, нисбат ба соли 1991-ум 5 баробар афзоиш ёфтааст ва ҳиссаи ноҳия дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии вилоят 6 фоизро ташкил додааст.
Тибқи маълумоти оморӣ дар замони соҳибистиқлолӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия истеҳсоли ғалладонагиҳо 6,6 баробар, картошка 5,3, полезӣ 10, мева 25, гӯшт 4,5, шир 3, тухм ва асал 5 баробарӣ зиёд гардидааст.
Дар ин давра дар ноҳия чорводорӣ низ бамаротиб рушд ёфта, нисбат ба соли 1991 саршумори чорвои калон 2,3 баробар, чорвои хурд 1,8 баробар ва саршумори паранда 7,3 баробар зиёд гардидааст.
Дар солҳои бисёр душвори 90-ум бо фармонҳои Роҳбари давлат 900 гектар замин ҳамчун заминҳои президентӣ ва минбаъд боз 2140 гектар замин ҳамчун қитъаҳои наздиҳавлигӣ барои ноил шудан ба дастовардҳои зикршуда, таъсис ёфтани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи даромади аҳолӣ ва ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли худӣ мусоидат намудааст.
Дар ҷараёни сафари кории мо имрӯз дар қатори якчанд иншооти навбунёд ва қасри бошукӯҳу муосири фарҳанг ду муассисаи замонавии таълимӣ, ки дар онҳо беҳтарин шароити таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст, барои 2620 ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Умуман, дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди ноҳияи Фархор 39 муассисаи нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ барои қариб 18 ҳазор нафар хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.
Бо истифода аз шароити фароҳамгардида устодону омӯзгорон, падару модарон, фаъолон ва аҳли зиё бояд ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълим, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳисси ифтихори миллӣ, омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар, инчунин, эҳтирому риояи қонунияту тартибот тарбия кардани наврасону ҷавонон эътибори бисёр ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Бо истифода аз фурсат боз як нуктаи муҳимми дигарро хотирнишон месозам.
Ноҳияи Фархор аз ҷумлаи мавзеъҳои сарҳадии Тоҷикистон мебошад.
Вазъияти кишвари ҳамсояи мо Афғонистон ба ҳамаи шумо маълум аст.
Тибқи таҳлилу пешгӯиҳо вазъи ин кишвар минбаъд низ мураккабу печида мегардад.
Дар чунин шароит Ҳукумати мамлакат тамоми тадбирҳои заруриро барои тақвияти ҳифзи сарҳади давлатӣ андешида истодааст.
Дар ин кори муҳим ҳар як сокини ноҳия низ бояд саҳм гузорад, яъне ҳамеша ҳушёру зирак бошад ва бо сохторҳои низомиву мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти ҳимояи марзи давлатӣ ҳамкорӣ намояд.
Итминони комил дорам, ки мардуми сарбаланду заҳматқарини ноҳияи Фархор бо фаъолияти созандаи хеш барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон, ҳифзи сулҳу суботи кишварамон ва таҳкими ваҳдати миллиамон минбаъд низ саҳми арзанда мегузоранд.
Дар охир тамоми мардуми ноҳия ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷмандро бори дигар ба ифтихори сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон самимона табрик гуфта, барои заҳмати содиқона ва истиқболи самимонаатон изҳори сипос менамоям.
Ба хонадони ҳар як сокини ноҳия тансиҳативу хушбахтӣ, иқболи нек ва рӯзгори пурфайз орзу дорам.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!