Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори сисолагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон ва ба муносибати ифтитоҳи варзишгоҳи замонавӣ, ки туҳфаи Ҳукумати мамлакат ба сокинони ватандӯсти ноҳияи Айнӣ ва махсусан, наврасону ҷавонон мебошад, самимона табрик мегӯям.

Ба хонадони ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ, иқболи нек ва файзу баракат орзу менамоям.

Боиси хушнудист, ки имрӯз бо саъю талоши мардуми сарбаланди тоҷик дар тамоми қаламрави Ватани азизамон ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни бузурги миллиамон корҳои созандау бунёдгарона босуръат идома доранд, ки дар ин раванд сокинони заҳматдӯсти ноҳияи Айнӣ низ саҳми арзишманди худро гузошта истодаанд.

Аз субҳи имрӯз дар маркази ноҳияи Айнӣ ва деҳоти он боз якчанд иншооти дигар, аз ҷумла коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, ду муассисаи таълимӣ барои ду ҳазор нафар хонанда, мактаб – интернат ва хобгоҳи замонавӣ барои 300 хонанда, майдонҳои Парчам ва Нишони давлатӣ, инчунин, коргоҳҳои истеҳсолӣ ба истифода дода шуданд.

Боиси қаноатмандист, ки дар иншооти навбунёди имрӯза барои садҳо нафар сокинони ноҳия ҷойи корӣ фароҳам оварда шудааст.

Ҳамаи ин созандагиву ободиҳо, албатта, ба баланд гардидани шароити зиндагии аҳолӣ ва симои зебои замонавӣ гирифтани маркази ноҳия ва деҳоти он мусоидат менамоянд.

Дар асоси нақшаи тасдиқшудаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни 30 – солагии истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди ноҳия то имрӯз дар 469 иншооту биноҳо корҳои сохтмону таҷдид ба итмом расидаанд, ки 94 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки қисми асосии иншооти ҷашнӣ аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ бунёд гардидааст.

Бовар дорам, ки қисми боқимондаи ободкориҳо то ҷашни сисолагии истиқлол бо сифати баланд ба анҷом расонида мешавад.

Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон мунтазам ғамхорӣ зоҳир карда, аз ҷумла барои ноҳияи Айнӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо зиёда аз 4,1 миллиард сомонӣ маблағ равона намудааст.

Дар ин давра дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 20 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои гуногун ба маблағи 2,3 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 5 лоиҳаи дигар идома дорад.

Сокинони ноҳия хуб дар ёд доранд, ки ҳамагӣ 14 – 15 сол пеш робитаи водии Зарафшон, аз ҷумла ноҳияи Айнӣ дар фасли тирамоҳу зимистон ва аввали баҳор, яъне 7 – 8 моҳ бо пойтахти мамлакат ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд қатъ мегардид ва мардуми ноҳия амалан дар муҳосира мемонданд.

Дар фасли тобистон низ рафтуомади мардуми ноҳия ва вилоят ба пойтахт бо роҳи пешина мушкилоти зиёд дошт.

Аксари шумо фоҷиаҳои зиёди қитъаи Шодмондараро, фикр мекунам, ки фаромӯш накардаед.

Бо дарназардошти чунин вазъи тоқатфарсо Ҳукумати мамлакат, бо вуҷуди имкониятҳои бисёр маҳдуди иқтисодӣ моҳи майи соли 1999 ба бунёди нақби «Уштур», ки ҳоло «Истиқлол» ном дорад, оғоз кард.

Қабл аз оғози корҳои бунёди нақб, ки дар даврони гузашта онро аз имкон берун мешумориданд, ман дар яке аз суханрониҳои худ эълон карда будам, ки агар барои сохтмон имконияти молиявии кофӣ пайдо накунем, нақбро бо нохун ҳам бошад, меканем.

Имрӯз ноҳияи Айнӣ ва водии Зарафшон тавассути нақби «Истиқлол» бо пойтахт, қисми марказӣ ва ҷанубии кишвар ва аз тариқи нақби «Шаҳристон» бо дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва кишварҳои ҳамсоя тамоми фаслҳои сол робитаи шабонарӯзӣ дорад.

Ҳоло тавассути шоҳроҳи «Душанбе – Чаноқ», ки 83 километри он аз ҳудуди ноҳия мегузарад, рафтуомади аҳолии ноҳия ва интиқоли молу маҳсулот ба дигар манотиқи мамлакат хеле осону бехатар ва бо вақти кам таъмин мебошад.

Роҳи «Айнӣ – Панҷакент» низ, ки тибқи меъёрҳои байналмилалӣ сохта, чанд сол қабл ба истифода дода шуд, робитаи ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва шаҳри Панҷакентро ба чандин самт, аз ҷумла бо кишвари дӯсти Ӯзбекистон таъмин карда истодааст.

Ҳамчунин, баъди бунёди хатти интиқоли барқи баландшиддати «Ҷануб – Шимол» ва зеристгоҳи пуриқтидори барқӣ дар ноҳия мушкилоти бо барқ таъмин намудани шаҳру ноҳияҳои водии Зарафшон, аз ҷумла ноҳияи Айнӣ пурра ҳаллу фасл гардид.

Илова ба лоиҳаҳои бузурги сармоягузории давлатӣ бо мақсади таъмин намудани тараққиёти ноҳияи Айнӣ дар доираи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии он барои солҳои 2016 – 2020-ум 175 лоиҳа ба маблағи умумии 205 миллион сомонӣ (97 фоиз) иҷро шуда, дар барномаи навбатӣ барои солҳои 2021 – 2025 татбиқи боз 80 лоиҳа ба маблағи 365 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Вобаста ба ин, хотирнишон месозам, ки рушди минбаъдаи соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия, бо шуғл таъмин шудани аҳолӣ ва зиёд гардидани манбаъҳои нави даромади аҳолӣ ва буҷет аз татбиқи самараноки барномаҳои қабулшуда вобаста мебошад.

Соҳаи саноат дар ноҳия яке аз соҳаҳои афзалиятнок буда, тавассути рушди ин соҳа муҳайё намудани ҷойи корӣ барои ҳазорҳо нафар сокинон ва дар ин замина хеле беҳтар гардонидани некӯаҳволии мардум имкониятҳои фаровон мавҷуданд.

Ҳоло дар ноҳия 11 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар 5 моҳи соли 2021 ба 717 миллион сомонӣ баробар шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 фоиз зиёд мебошад.

Бо истифода аз мавҷудияти конҳои гуногуни металлҳои ранга ва қиматбаҳо, инчунин, ангишт дар ҳудуди ноҳия солҳои охир барои истихроҷ ва коркарди онҳо як қатор корхонаҳои нави саноатӣ бунёд карда шудаанд.

Дар натиҷаи дастгириву ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла тавассути бунёди корхонаҳои бузурги саноатӣ ҳоло ноҳияи Айнӣ ба яке аз марказҳои муҳимми саноатии кишвар табдил ёфта, аз қатори ноҳияҳои субвенсионӣ хориҷ шудааст ва ба буҷети давлат ҳисса мегузорад.

Вобаста ба ин, бори дигар хотиррасон месозам, ки дар ноҳия илова ба корхонаҳои калони саноатӣ ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии коргоҳу корхонаҳои амалкунанда ва таъсиси корхонаҳои нави саноати маъдан, хӯрокворӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ имкониятҳои зиёд вуҷуд доранд.

Бо дарназардошти вазъи таъминот бо озуқа дар ҷаҳон ва мушкилиҳо дар ин самт, аз ҷумла болоравии нархҳо истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва захира намудани озуқаворӣ барои ҳар як оила масъалаи муҳим буда, аз роҳбарону масъулин, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва ҳамаи онҳое, ки дар ихтиёри худ қитъаи замин доранд, муносибати ҷиддиро тақозо менамояд.

Ҳукумати мамлакат вобаста ба рушди соҳаи маориф дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, аз ҷумла ноҳияи Айнӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, сатҳи донишомӯзӣ ва таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои баландихтисоси маҳаллӣ ҳамаи чораҳои заруриро меандешад.

Бо ин мақсад дар зарфи солҳои 1997 – 2021-ум 429 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, аз ҷумла 189 нафар духтарон бо квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохил шудаанд.

Тайи солҳои 1991 – 2020 дар ноҳия ба маблағи 87 миллион сомонӣ 27 муассисаи нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ барои 12 ҳазор хонанда бунёд гардида, тибқи нақша соли ҷорӣ сохтмони боз 3 муассисаи таълимӣ барои зиёда аз 1100 нафар хонанда ба маблағи 23 миллион сомонӣ оғоз шудааст.

Тавре ки дар боло гуфта шуд, имрӯз боз ду мактаби навбунёд, бинои мактаб – интернат ва хобгоҳ ба истифода дода мешавад, ки барои сохтмони онҳо аз ҳисоби буҷет 27 миллион сомонӣ сарф гардидааст.

Ҳамдиёрони азиз!

Ҳоло мову шумо дар давраи омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30 – солагии истиқлоли давлатии Ватани маҳбубамон қарор дорем.

Ҳамаи мо вазифадорем, ки барои дар сатҳи баланди омодагӣ ва бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани ин ҷашни бузурги миллӣ саъю талош намоем.

Дар ин раванд, ҳар яки мо бояд бо дарназардошти вазъи ноороми ҷаҳон ҳамеша ҳушёру зирак ва барои ҳимояи манфиатҳои миллату давлатамон омода бошем, суннатҳои неки миллиамон, аз ҷумла сарфаю сариштакориро риоя намоем, фарзандонамонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ тарбия кунем.

Бовар дорам, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Айнӣ анъанаҳои неки аҷдодиамонро идома бахшида, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ минбаъд низ барои рушду тараққиёти Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон саҳми босазои хешро дареғ намедоранд.

Ҳамаи шуморо бори дигар ба ифтихори ҷашни сисолагии истиқлолу озодии кишварамон табрик гуфта, барои амалӣ гардидани ҳадафу ормонҳои нек ба кулли сокинони ватандӯсту сарбаланд ва заҳматқарини ноҳияи Айнӣ барору муваффақият ва хонаи ободу рӯзгори пурфайз орзу менамоям.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!

khovar.tj

Чоп кунед