Рӯзи 14 ноябри соли 2023 Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегӣ д.и.с., профессор Муҳаммадзода П.А. дар ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон – меъмори давлати навини тоҷикон”, ки бо ташаббуси Раиси Раёсати КВД БССТ “Саноатсодиротбонк” Бобозода Ҳокимшоҳ баргузор гардид, иштирок карда, ба ҳайси баромадкунандаи асосӣ барои кормандони бонки мазкур оид ба ба аҳамияти Рӯзи Президент ва хизматҳои таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд.
Баъзе аз нуқтаҳои асосии баромади Парвиз Муҳаммадзода оид ба нақш ва мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ироа менамоем, ки зимни суханронии худ, аз ҷумла чунин баён дошт:
Интихоб гаштани муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Президенти кишвар дар оғози солҳои 90-ум ин санҷиши мардонагӣ, ҷасурӣ, масъулиятшиносӣ ва ватандўстию нотарсӣ буд, ки ҳокимияти сиёсии фалаҷгаштаро барқарор, муносибатҳои бенизоми иҷтимоиро муътадил ва сулҳу амниятро пойдор карда тавонистанд. Ҳамзамон ин дарки масъулиятнокӣ ва амали худташаккулдиҳии шахсиятест, ки тўли солҳои соҳибистиқлолӣ худро пурра ба ҳимояи ягонагии давлат ва ташкили ҳувияти миллӣ дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ бахшидааст.
Пешвои муаззами мо, марди таҳаммулпазир, сарвари шуҷои корзор, созандаю бунёдкор, ояндабину тозакор ва илмпарвару фарҳангсолор аст, ки ҳамеша мисли парастуи сулҳ муждаи оромию озодиро танинандоз менамояд, ки ин ҳама далели заковати худододии ӯ мебошад. Дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат ба бепарастону камбизоатон, беморону маъюбон, хислатҳои бузургӣ, дурандешӣ ва ҳамдардии ӯ ба ниёзмандони кишварамон мебошад, ки эътирофу эътимоди ӯро дар байни мардум меафзояд ва ин боиси ифтихори ҷавонон ва тоҷикони дунё гардидааст.
Президени кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун поягузори сулҳ ва меъмори ваҳдат дар таърихи навини давлатдории тоҷикон хизматҳоеро ба анҷом расонида тавонистаанд, ки ормонҳои ҳазорсолаи тоҷикистониён ва тоҷикони дунё буданд.
Агар мо ба тамоми хизматҳо ва дастовардҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои Тоҷикистон ва кулли миллати тоҷик назар афканем ва онҳоро таҳлилу баҳогузорӣ намоем, пас ба мо маълум мегардад, ки Президенти маҳбуби мо шоистаи эътирофу эҳтироми хосса ва қадршиносии махсус мебошанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – ифодагари истиқлолияти сиёсӣ, кафили таъмини волоияти қонун ва роҳбаладу ҳимоятгари манфиатҳои ҳаётан муҳими кишвар мебошад, ки эҳтирому эътирофи ӯ шаъну шараф ва саодати миллист.
Сарварию идоранамоии беназири давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу суботи фарогир ва ваҳдату ягонагии мардуми кишвар, ки маҳз ба иродаи қавӣ, масъулиятшиносӣ, салоҳиятнокиву фаъолияти пурсамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рӯзи 16 ноябр ҳамчун рӯзи Президент пазируфта шудааст.
Муайян гардидани Рӯзи Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин шоистаи садоқату эътироф ва истиқболи неки ҳамагон буда, барои арҷгузорӣ ба мақому мартаба, меҳнати ҳалол ва маҳбубияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни кулл мардуми кишвар аст.
Маҳз маҳорати идоракунӣ, шуҷоатмандӣ, далерӣ, қотеият дар қабули қарорҳои сиёсӣ ва хиради сиёсию адолати иҷтимоии сарвари давлати тоҷикон боис гардид, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натанҳо дар дохили кишвар, балки дар сатҳи байналмилалӣ шуҳрату эътибор пайдо намояд
Илова бар ин, бояд қайд намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар феҳристи шахсиятҳои варзидаи олам мақоми шоиста доранд. Чеҳраи сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Сарвари сиёсии муваффақ эътироф намуда, гуфтан мумкин аст, ки Президенти Тоҷикистон дар баробари хизматҳои шоён ба миллату давлати навини тоҷикон боз танзимгари ташаббусҳои нави ҷаҳонӣ низ мебошанд.
Қобили зикр аст, ки суханрониҳои Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минбарҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамеша бо пешниҳоду ташаббусҳои асосноку созанда, пеш аз ҳама ба таъмини амният ва рушди муштараки устувор, таҳкими ҳамкорӣ ва робитаи байни давлатҳо, инчунин баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии халкҳои минтақа равона гардидаанд.
Метавон гуфт, ки ҳама талошҳо ва ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири сулуҳу амният, рушди устувор ва ояндаи дурахшони минтақа нигаронида шуда, Президентҳои кишварҳои ҷаҳон ба ин фаъолиятҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода, ӯро эҳтиром ва эътирофи хосса менамоянд.
Воқеан ҳам эҳтирому эътирофи Сарвари сиёсии давлати мо дар сатҳи ҷаҳонӣ – ин эҳтирому эътирофи миллату давлат ва соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз мебошад.
Хулоса метавон гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари сиёсии муваффақ, сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ, кафили ҳифзи манфиатҳои миллию минтақавӣ ва обрӯю эътибори миллати тоҷик дар арсаи минтақа ва ҷаҳон мебошанд.