Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,

Хонумҳо ва ҷанобон!

Дар оғоз мехоҳам бори дигар ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср бародари арҷманди худ, Ҷаноби Олӣ Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арабии Мисри дӯст самимона изҳори миннатдорӣ намоям.

Имрӯз мо бо Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср гуфтушунидҳои хосса ва васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҷонибҳо доштем.

Дар ҷараёни музокироти имрӯза мо ба мувофиқаҳои арзишманд ва муҳим расидем.

Дар фарҷоми музокирот як қатор санадҳои ҳамкориро, ки заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи моро такмил медиҳанд, ба имзо расонидем.

Мо аз натиҷаҳои сафари худ ба Мисри дӯст қаноатманд ҳастем.

Ҳозирини гиромӣ!

Зимни суҳбати хосса ва музокироти васеъ мо масъалаҳои муҳимми муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Мисрро мавриди баррасӣ қарор дода, дар ин раванд, ҳамкориҳои созанда ва судмандро ба манфиатҳои дарозмуддати ду кишвар созгор донистем.

Изҳори итминон намудем, ки мувофиқаҳои имрӯз бадастомада барои ба сатҳи сифатан нав баровардани робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва гуманитариву фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам хоҳанд овард.

Мо нақши робитаҳои байнипарламентиро дар роҳи густариши ҳамкории фарогири дуҷониба муҳим арзёбӣ намуда, ташкил ва тақвияти фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентиро дар ин раванд боаҳаммият шуморидем.

Мо тавсеаи бештари ҳамкориро дар соҳаҳои саноату сармоягузорӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, истихроҷу коркарди маъдан, сайёҳӣ, инчунин, фаъолият дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ муҳим арзёбӣ кардем.

Дар баробари таъкиди нақши  созандаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Миср оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ ҳамчун василаи самарабахши баррасии маҷмӯи масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба ва муайян намудани самтҳои нави ояндадори робитаҳо миёни ду кишвар аз фаъолиятҳои бештар муназзами ҷаласаҳои минбаъдаи он ҷонибдорӣ намудем.

Таъкид кардем, ки баргузории Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Миср ва таъсиси Шӯрои соҳибкорони ду кишвар барои густаришу тавсеаи ҳамкорӣ дар самтҳои мазкур  нақши муҳим хоҳад дошт.

Ду ҷониб дар робита ба зарурати афзоиши ҳаҷми муомилоти тиҷоратӣ бо истифодаи имконоту фурсатҳои мавҷуда ҳамназар буданд.

Ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, тандурустӣ, дорусозӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар ин ҷода аз самтҳои ояндадори муносибатҳои миёни ду кишвар дониста шуд.

Ҷонибҳо алоқамандии худро ба тавсеаи ҳамкорӣ миёни минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистону Миср аз тариқи табодули таҷриба дар самти бунёд, идора ва густариши фаъолияти ин минтақаҳо ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди онҳо изҳор карданд.

Мо, бо таъкид ба зарурати рушди ҳамкории фарҳангӣ миёни Тоҷикистону Миср дар заминаи арзишҳои муштараки таърихӣ ва фарҳангӣ, дар робита ба баргузории рӯзҳои фарҳанг дар кишварҳои якдигар, таҷлили муштараки ҷашнҳои бузургони адаб ва фарҳанги гузашта, роҳандозии робитаҳо ва табодули таҷриба байни муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ ба мувофиқа расидем.

Ҷонибҳо алоқамандии худро барои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ  бо истифода аз таҷриба ва имконоти мавҷудаи байни ду кишвар изҳор намуданд.

Ҳамзамон бо ин, мо оид ба маҷмӯи масъалаҳои мубрами дорои хусуссияти минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор анҷом додем.

Ду ҷониб бо ёдоварӣ аз мавқеи ҳамсон ё ба ҳам наздики худ дар масъалаҳои муҳимми минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҷонибдории худро аз идомаи муносибатҳои шарикӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ бо дарназардошти манфиатҳои муштарак иброз намуданд.

Тоҷикистон ва Миср барои ҳамкории барои ҷонибҳо судманд дар масоили марбут ба амнияти минтақавӣ, мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ва дар дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи ҳамдигар омодагии худро эълон доштанд.

Густариши минбаъдаи ҳамкорӣ ҷиҳати мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, қочоқи силоҳ ва маводди мухаддир, киберҷиноятҳо,  ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар хатарҳо, ки ба амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ таҳдид мекунанд, зарур дониста шуд.

Дар робита ба масъалаҳои амниятӣ  атрофи роҳҳои ҳарчӣ зудтар поён ёфтани низоъҳо дар кишварҳои Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ ва инчунин, Афғонистон табодули афкори муфассал сурат гирифт.

Масъалаҳои глобалии вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим мавриди таваҷҷуҳи хоси ҷонибҳо қарор доштанд.

Дар ин зимн мо мушкилоти обшавии  босуръати пиряхҳои Тоҷикистонро, ки 60 фоизи захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, таъкид карда, аз ҷониби Мисрӣ барои дастгирии ташаббусҳои ҷаҳонии мо дар соҳаи обу иқлим изҳори сипос намудем.

Ҳамзамон бо ин, ибтикороти ҷониби Мисрро оид ба пешгирии гармшавии иқлим иқдоми муҳим арзёбӣ карда, ҷонибдории худро аз рӯзномаи Саммити тағйирёбии иқлим, ки соли равон дар Миср баргузор мегардад, изҳор намудем.

Мо самараи боздиди расмии худро аз сарзамини бостонии Миср умедбахш медонем ва итминон дорем, ки татбиқи аҳду паймони ҳосилшуда оғози накӯи марҳалаи нави муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди ду кишвар хоҳад гардид.

Ман аз Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср муҳтарам Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ даъват ба амал овардам, ки дар замони барояшон муносиб аз Тоҷикистон боздид ба амал оваранд.

Бори дигар ба Шумо, Ҷаноби Президент ва дар симои Шумо ба мардуми шарифи Миср барои пазироӣ ва меҳмоннавозии  гарму самимӣ изҳори сипос менамоям.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.

prezident.tj

Чоп кунед