Муҳтарам доктор Муҳаммад Усмон ал-Хошт!
Устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни гиромӣ!
Ҳозирини муҳтарам!
Сараввал, ба Шӯрои илмиву таълимии Донишгоҳи Қоҳира барои сарфароз гардонидани ин ҷониб ба унвони “Доктори фахрӣ” самимона изҳори сипос менамоям.
Пазироии унвони баланди ин боргоҳи илму маърифат барои ман мояи ифтихору сарфарозист.
Донишгоҳи Қоҳира дар сафи пеши муассисаҳои таълимӣ ва таҳқиқотии Миср қарор дошта, дар ҷодаи омода намудани мутахассисони баландихтисосу олимони варзида нақши арзишманд дорад.
Ин муассисаи таҳсилоти олӣ, дар баробари фаъолияти доманадори таълимиву таҳқиқотӣ, дар таъсис додани дигар муассисаҳои таҳсилоти оливу марказҳои илмии Миср ва рушди низоми муосири илму маорифи кишвар саҳми арзанда дорад.
Дар фаъолияти он усулҳои бунёдии мактабҳои классикӣ бо тамоюлҳои навгонии донишгоҳҳои таҳсилоти олии замони муосир ба ҳам тавъам гардидаанд.
Ҳамин аст, ки Донишгоҳи Қоҳира натанҳо дар Миср, балки дар минтақа ва ҷаҳон шуҳрати зиёд пайдо кардааст.
Ин маҷмааи бошукӯҳи илму маориф, барҳақ, метавонад бо донишҷӯёни сершумори худ, ки шахсиятҳои маъруфу соҳибэҳтироми Миср ва кишварҳои дигар мебошанд, аз ҷумла бо се нафар хатмкардагони он, ки сазовори ҷоизаи ҷаҳонии Нобел шудаанд, ифтихор намояд.
Дӯстони азиз!
Тоҷикистон ва Миср ду давлати соҳибтамаддун, дорои таърихи бостонӣ ва фарҳанги ғанӣ мебошанд.
Дар ин замина робитаҳои дӯстонаи мардумони мо анъанаҳои ғановатманди таърихӣ доранд.
Аз замонҳои хеле қадим сарзамини тоҷикон дар чорсӯи “Шоҳроҳи абрешим” қарор дошт ва “Роҳи лоҷувард” аз кӯҳҳои осмонбӯси Тоҷикистон оғоз мегардид.
Таҳқиқоти бостоншиносон собит менамоянд, ки лоҷуварди бадахшӣ ва дигар сангҳои қиматбаҳову ороишӣ аз ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон ба Форсу Бобул ва Мисру Юнони бостонӣ интиқол меёфтанд.
Ин гуфтаҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки робитаҳои тиҷоратии гузаштагони мо дорои таърихи чандинҳазорсола мебошанд ва бар мост, ки онҳоро бо мазмуну муҳтавои нав ғанӣ гардонем.
Ба ин манзур, мо метавонем дар заминаи анъанаҳои шуҳратманди гузаштагонамон ва бо такя ба дастовардҳои илмиву техникии муосир робитаҳои ҳамкории барои ҳарду ҷониб судмандро роҳандозӣ намоем ва густариш бахшем.
Дӯстони гиромӣ!
Гузаштагони бузурги миллати тоҷик ва минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҷаҳониён осори гаронбаҳои илмӣ боқӣ гузоштаанд.
Дар ин робита сазовор аст, ки аз номи Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Абунасри Форобӣ, Муҳаммади Хоразмӣ ва бисёри дигарон ёдовар шавем.
Дар улуми исломӣ низ саҳми ниёгони бузурги мо, аз ҷумла Имом Абуҳанифа, Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ ниёзе ба тавсифу муаррифӣ надорад.
Баъзе бузургони мо дар гузашта тайи садсолаҳои гуногун ба сарзамини Миср омада, солҳои зиёд дар ин ҷо кору зиндагӣ кардаанд ва асарҳо таълиф намудаанд.
Шоир ва ҳакими бузурги тоҷик Носири Хусрав, ки дар асри ёздаҳ зиндагӣ кардааст, дар “Сафарнома”-и худ аз мардуми Миср хеле васф намуда, аз ҷумла доир ба маҳорати баланди боғдорӣ ва зироаткории онҳо чунин гуфтааст:
«.. агар касе хоҳад, ки дар Миср боғе созад, дар ҳар фасли сол битавонад сохт. … эшон дарахтҳо дар тағораҳо сабзонда, … ва ҳар вақт, ки хоҳанд, бикананд ва бар замин шинонанд ва ба тавре ки дарахт худ хабардор набошад”.
Бо ин ёдоварӣ аз робитаҳои судбахши гузаштагонамон мехоҳам аҳаммияти таҳкиму тавсеаи робитаҳои илмиву маърифатӣ байни Тоҷикистону Мисрро таъкид намоям.
Маълум аст, ки робитаҳои илмиву маърифатӣ ба инкишофи дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо мусоидати ҳамаҷониба менамоянд.
Аз ин нигоҳ, дониш ва илм дар садаи бисту як мазмуну мундариҷаи хос пайдо намуда, ба неруи пешбарандаи ҳар як ҷомеа табдил ёфтааст.
Ин фикр, алалхусус дар замони мо, ки давраи ҷаҳонишавӣ, рушди бесобиқаи фанниву технологӣ ва таҳаввулоти амиқи иҷтимоиву иқтисодист, маънии амиқе касб мекунад.
Дар чунин шароит олимону муҳаққиқон ва мутахассисони соҳаҳои мухталифи илму маърифатро зарур аст, ки ҷиҳати дар ҷомеаи ҷаҳонӣ коҳиш додани тазодҳои замони муосир ва ба ҳам наздик сохтани мардумони он кӯшишҳои пайваста ба харҷ диҳанд.
Омӯзиши муштараки осори бостоншиносону адабиётшиносони тоҷику мисрӣ, ҷустуҷӯ ва таҳқиқи дастхатҳои нодири муаррихон, олимон ва адибони тоҷику араб барои рушди минбаъдаи ҳамкории кишварҳоямон дар арсаи гуманитарӣ хеле муҳим мебошад.
Мо, ҳамчунин, аз дастовардҳои намоёни мисриён дар соҳаҳои мухталифи илм, бахусус бостоншиносӣ, маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва бисёр самтҳои дигар бохабарем.
Аз ин хотир, ҳамкории олимони тоҷику мисрӣ ҷиҳати омӯзиш ва таҳқиқи масъалаҳои вобаста ба пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои мо ба мақсад мувофиқ мебошад.
Дӯстони арҷманд!
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ҳамчун тарғибгари сулҳу осоиш ва ҳалли мусолиматомези ҳамаи низоъҳо бо таҷрибаи беназири сулҳофарии худ дар ҷаҳон шинохта шудааст.
Кишвари мо солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба душвориҳо ва мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ шуд.
Солҳои навадуми асри гузашта Тоҷикистон бо фитнаву дасисаи нерӯҳои ифротгарои дохилӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо ба гирдоби мухолифати шадиди сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд.
Мухолифати мусаллаҳона, ки қариб панҷ сол, то соли 1998 идома ёфт, боиси хисороти бузурги моливу ҷонӣ гардид.
Ҷанги таҳмилии дохилӣ ҷони зиёда аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандро рабуда, ба маблағи зиёда аз даҳ миллиард доллари амрикоӣ ба иқтисоди кишвар хисороти моддӣ расонид.
Зиёда аз як миллион нафар сокинони осоиштаи кишвар гуреза шуданд.
Аркони давлатдорӣ ва сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, дар кишвар беқонунӣ ва беҳокимиятӣ ҳукмфармо шуд.
Гурӯҳҳои сершумори мусаллаҳи ғайриқонунӣ бо истифода аз усулҳои тундгароёнаи зӯроварӣ, куштор, гаравгонгирӣ ва таҳдиду тарсонидан хатари парокандашавии миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷиконро ба миён оварданд.
Он замон мо тамоми ҳодисаҳои фоҷеабореро, ки имрӯз дар Сурия, Ироқ, Яман, Афғонистон ва дигар “марказҳои даргир”-и ҷаҳон рух медиҳанд, аз сар гузаронидем.
(11 “А”). Аз ин рӯ, барои ман аз рӯзҳои аввали фаъолиятам ҳамчун Сарвари давлат масоили ҳарчи зудтар хомӯш кардани оташи ҷанг, оғози раванди сулҳ, баргардонидани гурезаҳо ба Ватан ва ба эътидол овардани вазъ дар кишвар рисолати муҳимтарин буданд.
Бо ҷаҳду кӯшишҳои зиёд, алалхусус, ба шарофати ақлу хирад ва маърифати олии мардуми шарифи Тоҷикистон, ки саъю талоши Ҳукуматро дар роҳи эҷоди сулҳ сидқан ҷонибдорӣ мекарданд, ба мо муяссар шуд, ки тамомияти арзии кишварро ҳифз намуда, ба суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ноил гардем.
Дар ин замина мо имкон пайдо кардем, ки марҳалаи барқарорсозии баъдиҷангиро дар як муҳлати начандон тӯлонӣ паси сар карда, иқтисоди кишварро ба шоҳроҳи рушди устувор барорем.
Тайи давраи сипаришуда мо дар ҷодаи татбиқи ҳадафҳои стратегии худ – таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ тадбирҳои муассир андешида, суръати афзоиши солонаи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ба ҳисоби миёна дар сатҳи ҳафт фоиз таъмин намудем.
Имрӯзҳо Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба ҳадафи чорӯми стратегии худ – саноатикунонии босуръати кишвар кӯшиш ба харҷ дода истодааст ва дар ин самт бо шарикони байналмилалии худ ҳамкорӣ дорад.
Кишвари мо дар тӯли 30 соли соҳибистиқлолии хеш тавонист бо кишварҳои минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба барқарор намуда, мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам гардонад.
Тайи давраи начандон тӯлонии таърихи муосири хеш Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва бо аксари давлатҳои олам равобиту ҳамкории хубу судбахшро ба роҳ монд.
Имрӯз Тоҷикистон бо 180 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ дошта, узви комилҳуқуқ ва фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, даҳҳо созмонҳои бонуфузи глобаливу минтақавӣ, ҳамчунин, сохторҳои байналмилалии молиявӣ мебошад ва бо 110 кишвар робитаҳои судманди иқтисодӣ дорад.
Мо аз минбари созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ пайваста ташаббусу ибтикорҳои созандаи худро ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷаҳону минтақа, аз ҷумла дар масъалаҳои вобаста ба об, тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи силоҳ ва маводди мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, ба самъи ҷаҳониён мерасонем.
Махсусан, силсилаи ташаббусҳои Тоҷикистон дар робита ба ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон боиси ба гунаи хос муаррифӣ шудани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид.
Иқдоми чоруми Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 имрӯз дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ амалӣ мегардад.
Масъалаи тағйирёбии глобалии иқлим ва зарурати талошҳои муштарак барои рафъи оқибатҳои он ҳамчун мушкилоти ҷиддии замони муосир мавриди таваҷҷуҳи хоси кишвари мо қарор гирифтааст.
Дар ин робита, мо аз ташаббусҳои кишвари ба мо дӯсти Миср дар масоили пешгирӣ аз гармшавии иқлим, аз ҷумла рӯзномаи Ҳамоиши тағирёбии иқлим, ки моҳи ноябри соли равон дар шаҳри Шарм-уш-Шайх баргузор мегардад, пуштибонӣ менамоем.
Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламрави онро кӯҳсор ташкил медиҳад, аз таъсири манфии оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар канор намондааст. То имрӯз аз 14 ҳазор пиряхҳои мо як ҳазораш комилан нобуд шудааст.
Вобаста ба ин, Тоҷикистон ҷиҳати эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, мушаххас намудани Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо иқдом намуда, дар ин самт якҷо бо шарикони байналмилалии худ саъй дорад.
Кишвари мо 98 фоизи нерӯи барқро аз манбаъҳои барқароршавандаи “энергияи сабз”, яъне асосан бо истифода аз захираҳои об истеҳсол карда, аз рӯи ин нишондиҳанда шашум кишвари пешсафи сайёра мебошад. Ҳамзамон, Тоҷикистон аз ҳисоби сатҳи пасти партобҳои газҳои гулхонаӣ дар ҷаҳон ҷойи намоёнро ишғол намуда, ихтиёран ӯҳдадор шудааст, ки ҳаҷми онҳоро дар сатҳи солҳои навадуми асри гузашта нигоҳ дорад.
Як нуктаи дигар низ қобили зикр аст, ки истеҳсол ва истифодаи “энергияи сабз”, бо дарназардошти иқтидорҳои бузурги гидроэнергетикии мо, баробари захираҳои фаровони оби ошомиданӣ ва намаки ошӣ, аз ҷумлаи афзалиятҳои рақобатнокии иқтисоди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯзҳо тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ пешорӯи хатару таҳдидҳои бесобиқаи амниятӣ қарор дорад.
Миллионҳо одамон дар гӯшаҳои гуногуни дунё ба таҳдиди ҷангу даргириҳо рӯ ба рӯ шуда, терроризму ифротгароӣ ҳамчун падидаҳои харобиовар боиси пайомадҳои ногувори сиёсиву иҷтимоӣ ва ахлоқӣ гардидаанд.
Фаъолияти созмонҳои террористӣ ва ифротгаро дар миқёси ҷаҳонӣ хислати фаромарзӣ касб намуда, ҳудуди қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст.
Дар ҳоли ҳозир терроризми байналмилалӣ ва ифрогароӣ пояҳои амнияти байналмилалиро заиф сохта, сабабгори ноустувории вазъ дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон гардидаанд.
Минтақаи Осиёи Марказӣ низ аз таҳдиду хатарҳои глобалӣ дар канор намондааст ва Тоҷикистон ба ҳукми мавқеи ҷуғрофии худ дар ҷабҳаи аввали мубориза алайҳи хатарҳои зикршуда қарор дорад.
Дар чунин шароит таъмини амнияти миллӣ ва суботи минтақа яке аз авлавиятҳои ҳатмии мо мебошад.
Амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама, бо вазъи Афғонистон, таъмини сулҳу субот дар ин кишвари ба мо ҳамсояи наздик ва эҷоди шароити мусоид барои рушди осоиштаи он иртиботи ногусастанӣ дорад.
Вазъияти Афғонистон, мутаассифона, ҳамоно пуртазоду печида боқӣ монда, тамоюли ташаннуҷи минбаъдаро дорад.
Ва ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон бо Афғонистон як ҳазору чорсад километр сарҳад дорад.
Тавсеа ёфтани фаъолияти гурӯҳҳои мухталифи террористӣ, ифротӣ ва тундгаро дар қаламрави Афғонистон боиси афзоиши хатарҳои амниятӣ дар минтақа гардидааст.
Дар ростои амниятӣ, бо дарназардошти умумияти ҳадафу вазифаҳои дар назди мо қарордошта, густариши ҳамкорӣ ва табодули маълумоту таҷриба байни Тоҷикистону Миср дар мубориза бо терроризму экстремизм ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, ки ҳарду кишвар дар муносибат ба онҳо мавқеи яксон доранд, бисёр муҳим мебошад.
Мо бояд кишварҳои худ ва ҷаҳони исломро бо иродаи муштарак аз хатари терроризму ифротгароӣ эмин нигоҳ дорем ва роҳ надиҳем, ки номи поки дини ислом доғдор гардад.
Ҳамзамон бо ин, аз ибтикори муҳимми Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Ҷаноби Олӣ Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ нисбат ба “гуфтугӯи динӣ” истиқбол менамоем.
Дар ин маврид саҳми Азҳари Шариф ба сифати манораи исломи муътадил, мубориза бо ифротгароии динӣ ва тарғиби асли муҳаббату меҳрубонӣ дар умури диндорӣ аҳаммияти фаровон касб менамояд.
Ҳозирини муҳтарам!
Тоҷикистон бо истифода аз сиёсати “дарҳои кушода” робитаҳои худро бо давлатҳои минтақаҳои мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла бо кишварҳои ҷаҳони араб таҳкиму густариш медиҳад.
Мо басо қаноатмандем, ки имрӯз Ҷумҳурии Арабии Миср дар қатори шарикони дӯсту хайрхоҳ ва боэътимоди Тоҷикистон қарор дорад.
Густариши муносибатҳои дуҷониба бо Миср аз самтҳои муҳимми сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор рафта, бомаром рушду тақвият ёфта истодаанд.
Соли оянда мо 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни кишварҳоямонро таҷлил мекунем.
Итминон дорам, ки ин санаи муборакро дар таърихи муосири муносибатҳои кишварҳоямон бо дастовардҳои тоза истиқбол хоҳем кард.
Чанд лаҳза пеш, мо бо Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Арабии Миср, Ҷаноби Олӣ Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ, атрофи ҳолати кунуниву дурнамои ҳамкориҳои кишварҳоямон музокироти пурмуҳтаво доир намуда, уфуқҳои нави рушди онҳоро муайян намудем.
Дар изҳороти муштарак, ки аз рӯи натиҷаҳои музокирот қабул гардид, мо азми қавии худро ҷиҳати пешбурди минбаъдаи муносибатҳои ҳамкории кишварҳоямон таъкид намудем.
Бовар дорам, ки татбиқи пайгиронаи мувофиқаҳои зимни сафари кунунӣ бадастомада робитаҳои дӯстона ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Мисрро бо мазмуну муҳтавои нав ғанӣ гардонида, ба онҳо такони тоза хоҳад бахшид.
Аз ин нигоҳ, натиҷаҳои музокироти сатҳи олии доиргардидаро мо ҳамчун рӯйдоди марҳилавӣ дар муносибатҳои кишварҳоямон арзёбӣ менамоем.
Дар фарҷоми сухан бо камоли хушнудӣ мехоҳам бори дигар барои сарфароз гардониданам бо унвони доктори фахрии Донишгоҳи муътабари Қоҳира миннатдории худро баён намоям.
Ба устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи Қоҳира дар таҳсил ва фаъолияти илмиву амалиашон комёбиҳо ва дастовардҳои беназир орзу менамоям.
Ҳамеша сарбаланду пирӯз бошед, дӯстони азиз!
Ташаккур!