Солҳои зиёд аст, ки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо дахолати қувваҳои берунӣ дар иҳотаи ҷанги таҳмилии дохилӣ қарор дорад. Ин ҳолатро ҳамчун кишвари қалби  Осиё будан ва мавқеи стратегӣ доштани он ба вуҷуд овардааст. Мавқеи геосиёсӣ ва геоиқтисодии Афғонистон ин қувваҳоро ором нагузошта, ба он водор намудааст, ки  бо таъсиргузорӣ манфиатҳои хешро амалӣ намоянд. Рушд ва ё ноамнӣ дар ин сарзамин ба ҳеҷ як кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ бетаъсир намемонад, зеро  кишварҳои минтақаи мазкур бо он хати марзӣ доранду, доир ба вазъи он набояд бетарафиро пеша намоянд. Мардуми афғон то имрӯз шоҳиди даргириҳои дохилӣ, вазъи бесарусомонӣ, мавриди ҳамлаҳои бераҳмонаи  гурӯҳҳои террористӣ, ки аз ҷониби қувваҳои сиёсии манфиатдор дастгирӣ ёфта истодаанд, қарор дорад. Тӯли 42 сол аст, ки низоми осоиштагӣ ва парчами сулҳу субот дар фазои ин кишвар ҷавлон намезанад. Мардуми шарифи Афғонистон яке аз азияткашидатарин халқҳои сайёраи замин ба ҳисоб рафта, зери азобу шиканҷа ва дар фазои ноором умр ба сар бурда истодаанд.

Доир ба талафоти ҷонӣ ва ҳиҷрати маҷбурӣ аз оғози ҷангу нооромиҳо дар ин кишвар метавон рақамҳои ҳангуфтро рӯйи коғаз овард. “Риа новости “-и Федератсияи Россия гузориш медиҳад, ки тайи 10 соли охир дар хоки ин кишвар беш 100 ҳазор мавриди куштор ва захмӣ шудани шаҳрвандони ғайринизомӣ ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи омори созмони байналмилалии ҳуқуқи инсон Human Right Watch танҳо соли 2018 бар аз сари даргириҳои дохилӣ аз ҷониби гурӯҳҳои радикаливу террористии дохилӣ даҳ ҳазор сокини осоиштаи ғайринизомӣ ҷони хешро аз даст додаанд. Ба гуфтаи ин ниҳоди сатҳи байналмилалӣ аз 3 нафари кушта шуда, як нафари онро кӯдакон ташкил медиҳанд. Имрӯз кудакони ин кишвар зери сояи ҷанг, қатлу куштор, ҷудо аз мактабу таълим ба воя мерасанд, ки оянда ва фардои зиндагии онҳо норавшан боқи мемонад. Қисме аз кӯдакон дар зери равияҳои ифротию террористӣ ва радикалӣ таълим гирифта истодаанд, ки ҳамчун хатари таҳдидомезе ба амнияти минтақа ва ҷаҳон дониста мешавад. Соли 2018 дар ин кишвар интихоботи парламентӣ доир гардид,  ки дар ҷараёни баргузории он ҳудуди 400 нафар аҳолии осоишта тариқи ҳамлаву таркишҳои террористӣ ҳалок шуданд. Давоми ин сол чордаҳ рӯзноманигор ҷони худро аз даст додаанд, ки ёздаҳ нафари онҳо аз ҷониби террористон ба қатл расонида шуд. Метавон қайд намуд, ки ин кишвар барои рӯзноманигорони хоҳ дохилӣ ва хоҳ берунӣ яке аз кишварҳои хатарноктарин ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, дар пайи ин нооромиҳо садҳо нафар занону духтарони афғон мавриди хушунатҳои хонаводагӣ қарор гирифтанд.

Дар соли 2019 низ шумораи қурбониёни ҷанги таҳмилӣ шуда, ки тайи 42 сол хоки ин кишварро тарк намекунад, нисбат ба солҳои қабли афзоянда ба назар мерасад. Тибқи гузориши Миссияи кумаки Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон, дар нӯҳ моҳи соли 2019 8200 нафар аҳолии осоишта аз сабаби хушунатҳои дохилӣ ба ҳалокат расидаанд. Афзоиши шадиди шумораи фавтидагон дар арафа ва ҷараёни интихоботи президентии моҳи сентябр мушоҳида шудааст. Ниҳоди мазкур меафзояд, ки шумораи фавт ва ҳамлаҳои террористӣ дар Афғонистон нисбат ба солҳои қаблӣ 40 дарсад афзун гардидааст.

Бояд тазаккур, ки дуру дароз давомёбии ҷанг дар ин кишвар ба вазъи некуаҳволии мардуми афғон таъсири ҷиддӣ расонида, шароити зиндагии сокинонро ба сахтӣ рӯ ба рӯ намудааст. Инҷо саволе ба миён меояд, ки омили асосии мувоҷеҳшавӣ ба ин вазъият дар чӣ аст? Метавон қайд намуд, ки омили асосии ин ҳама қашшоқиву бесарусомонӣ, даргириҳои дохилӣ ва ҳамлаҳои ноадолатонаву бераҳмонаи гурӯҳҳои хунхори террористӣ мебошанд. Таърих шаҳодати онро медиҳад, ки ҷанг ҳамеша бенизомӣ ва қашшоқиро ба бор меорад. Ин ҷо омили асосӣ низоъ ва ҳамлаву таркишҳои гурӯҳҳои тундрави террористӣ ва пайравони аввому аз таълимоти инсонӣ дур афтодаи онҳост, ки ҳамарӯза инсонҳои бегуноҳ ва ҳамватану ҳамхуни хешро ба қатл мерасонанд.  Мусаллам аст, ки рушд ва инкишофи  ҳама самтҳои ҷомеа аз низоми амниятӣ сарчашма мегирад, аммо ин хушунатҳои дохилӣ ҳамарӯза сафи родмардони ин миллатро ба марги маҷбурӣ мувоҷеҳ менамоянд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки мушкилоти имрӯзаи миллати афғон на танҳо мушкилоти дохилии он ба ҳисоб меравад. Имрӯз мебояд, ки кулли мардуми минтақа ва сайёра доир ба бартараф намудани мушкилоти мавҷудаи Афғонистон саҳмгузор бошанд. Алалхусус қувваҳои аҷнабии таъсиргузор, ки дар низоъ ва бенизомии ин кишвар манфиатдоранд сиёсати духурагии хешро канора гузошта, барои расидан ба истиқрори сулҳу субот дар ин кишвар монеа эҷод нанамоянд. Кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро мебояд баҳри анҷоми буҳрони тӯлонии сиёсиву иқтисодии ин кишвари азияткашида  роҳҳои муносиберо ҷустуҷӯй намоянд. Ба таври ошкоро метавон гуфт, ки дар оромӣ ва истиқрори сулҳи Афғонистон нақши қувваҳои таъсиргузори берунӣ калидӣ ба шумор меравад. То замоне, ки ин қудратҳо бозиҳои пасипардагии хешро сомон набахшанд, истиқрори сулҳ ва анҷоми буҳрони қашшоқии мардуми азияткашидаи Афғонистон тайи солҳои охир зери суол мемонад.

Боиси хушнудист, ки Ҷуҳурии Тоҷикиситон имрӯз яке аз субъектҳои фаъоли арсаи байналмилалӣ доир ба ҳалли масъалаҳои минтақавию ҷаҳонӣ ташаббусҳои созанда ва некбинонаеро пешниҳод намуда, саҳми худро дар ҳалли масъалаҳои ба ҳаёти инсоният хатарзо гузошта истодааст. Доир ба ҳалли қазияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас ба ҳисоб меравад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама суханронии сатҳи байналмилаливу минтақавӣ аз вазъи нооромии ин кишвари ҳамсоя изҳори нигаронӣ намуда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозо менамоянд, ки ҳарчи бештар ин ҷанги таҳмилӣ хотима дода шуда, низоми амниятӣ дар ин кишвар таъмин гардад. Оромӣ дар кишвари ба мо ҳамсояву бародар, ҳамфарҳангу ҳамтамаддун, ки решаҳои таърихии ногусастанӣ дорад ҳамчун боду ҳаво барои кишвари мо ва минтақа зарур аст.

Бояд қайд намуд, ки пешвоёни миллати афғон аз қабили устод Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд  дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон баҳри истиқрори сулҳ ва барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ кумакҳои беназир намудаанд. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ қисме аз сокинони назди марзии мо ба хоки ин кишвари ҳамсоя паноҳ бурданд, ки аз ҷониби шаҳрвандони ин кишвар дастгирӣ ва паноҳгоҳи муваққатӣ дарёф намуданд. Миллати тоҷик ҳеҷгоҳ кӯмакҳои инсонпарваронаи миллати афғонро фаромӯш насохта, ҳамеша омода аст ба ин кишвар кӯмак намояд. Мавқеи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оромӣ, амният ва суботи сиёсии ин кишвар яке аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии кишвари мо ба ҳисоб меравад. “Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳи пойдор дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳукумати Афғонистонро дар ҳалли ҳамаҷонибаи қазияи кишвар ва эҳёи иқтисодии он дар марҳалаи гузариш ба Афғонистони худкифо пуштибонӣ мекунад ва тавсеаи ҳамкориҳои гуногунсоҳаи мутақобилан судмандро бо ин кишвари дӯсту ҳамсоя бар мабнои муштаракоти таърихӣ, забонӣ ва фарҳангии миёни ду халқ аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии худ мешуморад”.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдорӣ ва омодагии хешро дар таҳкими сулҳ ва хотимаи ҷанги  ин кишвар изҳор менамояд. Тоҷикистон бо Афғонистон дар доираи як қатор созишномаҳои ба ҳарду ҷониб судманд фаъолияти назаррас дошта, то имрӯз муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамкориҳои сиёсӣ аз қабили мубориза бо терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва муҳоҷирати ғайриқонуниро хуб ба роҳ мондааст, ки нишондиҳандаҳои назаррасеро касб намудааст. Ғайр аз ин миёни ду кишвар ҳамкориҳои тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ хуб ба роҳ монда шудааст, ки баҳри боло бурдани вазъи некуаҳволӣ ва тақвияти дӯстии ҳарду ҷониб мусоидат намуда истодаанд.

Соли 2001 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олии кишвар вобаста ба вазъи Афғонистон ва роҳи ҳал надоштани ин ҷанги таҳмилиро тавассути нерӯи низомӣ чунин баён дошта буданд: “Ман борҳо аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ва дигар анҷуманҳои бонуфузи байналмилалӣ иброз доштам ва ҳоло бори дигар ҳамчун Роҳбари давлате, ки ҷанги шаҳрвандиро паси сар карда, таҷрибаи талх дорад, таъкид менамоям, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад”.

Дар Паёми навбатии хеш низ, ки санаи 26 январ ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи кишвари ҳамсоя чунин изҳори назар намуданд: “Мусаллам аст, ки амнияту суботи минтақаи мо, қабл аз ҳама, бо вазъи Афғонистон вобастагӣ дорад ва идомаи минбаъдаи муноқишаву низоъ дар Афғонистон метавонад ҳам барои ин кишвар ва ҳам барои минтақа оқибатҳои манфии дарозмуддатро ба бор орад. Авзои нооромии ин кишвари дӯсту ҳамсоя тайи чил соли охир исбот месозад, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва фақат воситаву фишангҳои сиёсиву дипломатӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ метавонанд калиди ҳалли масоили печидаи он бошанд. Ба ин манзур, мо аз ҳама гуна иқдомоти созандаи роҳандозӣ намудани раванди музокироти сулҳ дар Афғонистон истиқбол менамоем ва умед дорем, ки талошҳои ҷонибҳои алоқаманд дар ин ҷода натиҷаҳои мусбат ба бор хоҳанд овард. Зимнан, мо боз ҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат намуда, даъват ба амал меорем, ки доир ба масъалаи истиқрори сулҳу оромӣ дар сарзамини азиятдидаи Афғонистон бо масъулияти том мавқеъгирӣ намояд”.

Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 ҳамраисии “Қалби Осиё – Раванди Истамбул”-ро, ки мавзӯи меҳвариаш таъмини амнияти минтақа ва истиқрори сулҳ дар Афғонистон аст ба зиммаи хеш гирифта, давоми соли ҳамраисиаш бинобар вазъи пандемия якчанд нишасти маҷозии кормандони раванди мазкурро доир ба ваъи минтақа ва истиқрори сулҳ дар Афғонистон баргузор намуд. Ҳамраисӣ дар ин раванд, ки мақсади аслиаш таъмини амнияти минтақа ва истиқрори сулҳ дар хоки Афғонистон мебошад, исботкунандаи он аст, ки Тоҷикистон дар истиқрори сулҳ дар ин кишвар мавқеи хосаеро касб намудааст. Нишасти ҷамъбастиву ҳамраисии Тоҷикистон ва доиршавии нуҳумин конфронси вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои он таҳти унвони “Тақвияти ҳамраъйӣ барои сулҳ ва рушд” дар Афғонистон, ки санаи 30 марти соли 2021 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷаноби Муҳаммад Ашраф Ғанӣ доир гардид, шаҳри Душанберо на танҳо як шаҳри фарҳангӣ, балки меҳвари асосӣ дар таҳкими амнияти минтақа ва ҷаҳон эътироф намуда, дар интиҳои конфронс баҳри боз ҳам пурзӯр намудани муборизаҳои муштарак ва истиқрори сулҳ дар ин кишвар Эъломияи муштарак қабул гардид.  Дар рафти конфронси мазкур муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди истиқрори сулҳ дар Тоҷикистонро изҳор намуда, қайд намуданд, ки истифода аз таҷрибаи сулҳи мо метавонад ба истиқрори сулҳ дар ин кишвар мусоидат намояд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар қайд намуданд, ки “Ҳамкори бо Афғонистон дар феҳристи авлавиятҳои сиёсати хориҷии кишвари мо қарор дорад. Мо калиди ҳалли мушкилоти имрӯзаи Афғонистонро дар истифодаи васеи воситаҳои дипломативу сиёсӣ ва андешидани чораҳои муассир ҷиҳати таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар мебинем.

Хулоса, истиқрори сулҳ ва  низоми амниятӣ дар хоки Афғонистон орзу ва омоли ҳамешагии шаҳрвандони кишвари мо мебошад. Кишвари мо ҳамеша ва дар ҳама ҷабҳа ҷонибдор ва саҳгузори барқарор намудани амну оромӣ дар Афғонистон аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри истиқрори сулҳ ва музокирот ҳамеша ҳозир буда, омода аст ҳама шароити мавҷуда ва лозимиро муҳайё намояд.

Шодбахт Сабуров,

мутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии

сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед