Дар баробари пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ ва дастёбӣ ба Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардида, тайи чандин сол ба низоми минбаъдаи сохти давлатдории кишвар хисороти калон овард. Таҷрибаи ҷанги шаҳрвандӣ бори дигар собит сохт, ки маҳз хурофотпарастиву ифротгароӣ ва нодонии шаҳрвандон омили асосии он гардида буд. Масалан, таърих гувоҳ аст, ки давлати бузурги Сомониён маҳз чунин ақидаву бетарафиҳо боиси ба коми нобудӣ рафтани давлати тоҷикон гардида буд.

Бо хушнудӣ гуфта метавонем, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо азму талошҳо ва ташаббусу ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 ҳазор масҷид, Донишкадаи исломӣ, кумита ва маркази исломшиносӣ фаъолият намуда истодаанд.  Дар ин давра беш аз 250 ҳазор нафар ҳоҷиён, бештар аз 400 ҳазор нафар ҳаҷи умракардагон ва ҳазорҳо нафар ходимони дин, дастпарварони муассисаҳои таҳсилоти динии хориҷиву ватанӣ дар фазои озоду истиқлоли кишвар тарбия ёфта фаъолият менамоянд. Дар муқоиса ба замони Иттиҳоди Шуравӣ бошад ҳамагӣ дар кишвар 34 масҷид, аз ҷумла 17 масҷиди ҷомеъ, 15 калисо ва 2 куништ фаъолият менамуд.

Дар ин масир, бо иқдомҳои роҳбарияти олии кишвар як қатор санадҳои ҳуқуқӣ ба тавсиб расонида шудаанд. Аз ҷумла, «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», «Дар бораи муқовимат ба терроризм», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Консепсияи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин, стратегияҳои миллӣ оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 – 2020 ва 2021 – 2025 қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд.

Баргузории мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат вобаста ба вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва давлатҳои миллӣ бениҳоят рӯзмара буда, дар воқеъ коҳиш додани хароҷотҳои зиёдатӣ ва мақсаднок истифода бурдани воситаҳои пулӣ метавонад дар расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар заминагузор бошад. Воқеан ҳам, ҳадафҳои стратегии кишвар бо ҷалби маблағгузориҳо амалӣ гашта, барои коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар ва таъмини рушди иқтисоди миллӣ нақши калидӣ дорад.

Бо вуҷуди рушди бемайлони илму техника, кашфиётҳои таърихиву илмӣ, коинотшиносӣ, истеҳсоли техникаву техналогияи муосиртарин ва тақвият бахшидани тафаккури илмӣ-истеҳсолӣ, мутаасифона ҳануз гуруҳҳои муайяне ҳастанд, ки бо тафаккуру шуури шахшуда пойбанди низоми зинаҳои ибтидоии рушди ҷомеа боқӣ мондаанд. Боиси таассуф аст, ки онҳо монеи некбиниву некандешӣ ва рушди мафкурасозии худ гардида, ниҳоят ба осонӣ қурбонии ҳар гуна амалҳои ғайриинсонӣ ва ғайридинӣ аз ҷониби гуруҳҳои манфиатҷуй мегарданд. Дар ин раванд, амалҳои мазкур дар пайи худ боиси қурбон сохтани чандин ҷавонону шаҳрвандони ноогоҳ гардида, барои рушди дилхоҳ кишвар, аз ҷумла барои суботи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол хатарзо боқӣ мемонад.

Дар  ин хусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат бисёр бомаврид таъкид доштанд: «Хурофот хатарест, ки ба имрӯзу ояндаи Тоҷикистон ва минтақа таҳдиди ҷиддӣ дорад»

Дар робита ба ин матлаб, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон қайд доштанд: «…Танҳо соли 2023-юм 63 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар маросими ҳаҷ ва умраро адо кардаанд ва маблағи ба ҳисоби миёна харҷнамудаи онҳо ба беш аз 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ баробар шудааст. Маблағи барои ҳаҷ сарфкардаи шаҳрвандони мо дар замони соҳибистиқлолӣ қариб 12 миллиард сомониро ташкил додааст, ки дар шароити имрӯза, яъне дар замоне, ки дар аксари кишварҳои ҷаҳон раванди манфии пастравии иқтисодиёт мушоҳида мегардад ва дар қариб 80 кишвари дунё мардум аз нарасидани ғизо ва гуруснагӣ азият мекашанд, барои кишвари мо маблағи хеле калон ба ҳисоб меравад».

Бояд гуфт, ки ҳамаи он маблағҳое, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби шаҳрвандон барои адои ҳаҷ ва умра сарф гардидаанд, бо қурби имруза 1.2 млн доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд, ки ин миқдор маблағ давра ба давра метавонанд дар  татбиқи ҳадафҳои страетгии кишвар ҳиссагузор бошад. Ҳол он ки бо ҷорӣ намудани имтиёзу сабукиҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои соҳибкорони хурду миёна ва ҷалби бештари сармоягузориҳои дохилию берунӣ  ҷиҳати паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва ба ин васила фароҳам овардани ҷойҳои корӣ, таъмини зиндагии шоиста имрузҳо афзалияти бештар дорад. Зарур аст, ки аз имтиёзҳои ҷорӣ ва дастгириҳои мунтазами ҳукумати ҷумҳурӣ мақсаднок бо ҷалби маблағҳои дохилӣ истифода намоем. Тавре, ки Сарвари давлат барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои давлат ҷалби маблағҳои дохилиро ҳамчун сармояи худӣ зарур мешуморан

Зеро сарчашмаҳои маблағгузориҳое, ки аз дохили кишвар барои амалӣ намудани ҳадафҳои мазкур амалӣ мегарданд афзалияти бештар доранд.

Лозим ба ёдоварист, ки тибқи сарчашмаҳои маблағгузории Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҳаҷми дурнамои воситаҳо барои 15 соли муқараргардида, беш аз 118,1 млрд доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки ба бахши хусусӣ 54,7 млрд доллари ИМА ё 46,3 дарсад, маблағҳои буҷетӣ 56,1 млрд долари ИМА ё 47,5 дарсад ва саҳми шарикони рушд бошад 7,3 млрд доллари ИМА ё 6,2 дарсад рост меояд.

Ногуфта намонад, ки пайваста хурофоту бегонапарастӣ ва зиёдаравиҳои аҳолии кишвар ба рушди иқтисоди миллӣ ва хонаводаҳо бе таъсир нахоҳад монд, зеро омилҳои дар боло овардашуда, бояд бо ҳадафҳои олии кишвар мутобиқ бошанд. Дар ин росто, масъалаҳои таъмини амнияти иқтисодӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ҳануз ҳам яке аз масъалаҳои ҳалталаб барои ҳукумати кишвар боқӣ мондаанд.

Ҳамин тавр, баланд бардоштани тафаккури ҷомеа ва боло бурдани низоми мафкурасозии шаҳрвандон яке аз омилҳои асосии коҳиш додани хурофоту бегонапарастӣ буда, ба фароҳам овардани шароити мусоид ва зиндагӣ шоистаи аҳолӣ ва суботи сиёсии кишвар мусоидат хоҳад намуд.

Ҷамшед Солиҳов,
муовини сардори Раёсати тадқиқоти
масъалаҳои рушди соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед