Дар олами муосир таҳдиду хатарҳое, ки дар қарнҳои пешин башарият дар шакли ҷангҳои мусаллаҳонаи ҷаҳонӣ тасаввур мекард ва аз сар мегузаронд, ҳамакнун дар шаклҳои дигари нисбатан мураккаб мебинад. Ҳоло ҷангҳои мусаллаҳонаи миёни давлатҳои мушаххасро терроризму ифротгароӣ барин падидаҳои ниҳоят хатарзо  иваз кардаанд, ки аз кадом сарчашма ибтидо гирифтан ва аз кадом гурӯҳи давлатҳо маблағгузорӣ шуданашро муайян намудан хеле мушкил шудааст. Ин падидаҳо дар минтақаҳои ҷудогона зуҳур карда, барои на фақат як ё ду мамлакат, балки барои кулли кишварҳое зиён мерасонанд, ки сиёсати мустақил ва низоми хоссаи пешрафти худро доранд.

Ҳамин тавр, ифротгароӣ яке аз падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад, ки дар ибтидои асри 21 хислати ҷаҳонӣ касб карда, барои кулли сайёра хатари умумиинсониро ба бор овардааст. Ифротгароӣ падидаи мураккаби сиёсию иҷтимоӣ буда, он дар ҳар давру замон ва ҳар навъи давлату сохтори иҷтимоӣ вобаста ба таҳдиду хатарҳои он хусусияти гуногун дорад. Ҳарчанд то ҳанӯз як таърифи мукаммал ва меъёрҳои ягона дар сатҳи қонунгузории байналмилалӣ ва дар адабиёти  сиёсатшиносӣ андар шинохти ифротгароӣ вуҷуд надорад, аммо як нуктаи муҳим ин аст, ки ҳадафи ҳар гуна гурӯҳ ё ташкилоти ифротгароӣ бо роҳи зӯроварӣ ва ғайриқонунӣ бесубот намудани ҷомеа ва сарнагун кардани ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Заминаҳо ва омилҳои бавуҷудоии ифротгароӣ гуногун буда, гоҳо онҳо аз дохили як кишвари муайян зуҳур мекунанд ва гоҳо барои рушди онҳо аз хориҷа ва созмонҳои махсус дастгирии молиявӣ пайдо мекунанд. Ифротгароӣ вобаста аз хусусиёташ навъҳо ва шеваҳои гуногунро дорост, вале дар робита ба кишварҳои Шарқи Наздику Миёна ифротгароии динӣ ва мазҳабӣ бештар ривоҷ ёфта ва густарда шудааст.

Дар баробари ин, ба ҳама возеҳ аст, ки замони мо замони зуҳури фаъоли неруҳои тахрибкор, замони таблиғ ва паҳн намудани ғояҳои тундгароӣ, густариши хатарҳои экстремизму терроризм, ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ, коҳиши маънавиёти ҷомеаҳо ва падидаҳои дигари номатлуб низ мебошад. Ифротгароии динӣ дар аксар мамолики Шарқи мусалмонӣ васеъ густариш ёфтааст, ки он дар  аксари мавридҳо  ҳамчун василаи фишор ба низомҳои давлатдорӣ ва татбиқи манфиатҳои давлатҳои абарқудрат дар ин манотиқ ба кор бурда мешавад.

Бояд дар назар дошт, ки заминаҳои асосии ифротгароӣ бесаводӣ ва таассубу ҷаҳолат аст. Нодонӣ ҳамеша дар пайи худ ақибмондагиву хурофотро ба дунбол дорад. Вобаста ба ин, ки ҳассосияти динӣ дар ҷомеаҳои аксаран бошандагонаш мусалмон хеле баланд аст, ҳамин вижагиро қудратҳои ҷаҳонӣ барои пиёда намудани манфиатҳои геополитикиашон  мавриди истифода қарор медиҳанд ва доимо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ин омилро ҳамеша ба навъу шакли мухталиф ба манфиати кишварҳои худ истифода намоянд.

Пас аз воқеаҳои моҳи сентябри соли 2001 дар ИМА муддате чунин ба назар мерасид, ки ҳамаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар муқобили ифротгароиву терроризм муносибати якрангу якнаво дорад, вале пас аз гузашти вақт воқеият нишон дод, ки манфиатҳои геополитикии қудратҳо муҳимтаранд ва ин ихтилофҳои лафзиву назариро дар шинохти ифротгароиву терроризм ба бор овард.

Яке аз масоили печида ва мушкил дар муносибатҳои байналмилалӣ ҷой доштани стандартҳои дугона дар масоили иқтисодию сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Ҳарчанд истифодаи стандарти дугона аз ҷониби кишварҳо дар мақомҳои расмии байналмилалӣ эътироф нагардад ҳам, вале шеваҳои коргирӣ вобаста аз авзои минтақаҳои мухталифи ҷаҳон бозгӯяндаи ҷой доштани он дар муносибатҳои байналмилалӣ мебошад. Барои дарки возеҳтари масъала сараввал бояд мафҳуми стандарти дугонаро таъриф дод ва вижагиҳои онро муқаррар намуд.

Стандарти дугона мафҳумест, ки дар сиёсат, рӯзноманигорӣ,  умури иҷтимоии муосир истифода шуда, баёнгари он аст, ки чӣ гуна ду масъалаи ҳамсон, ду вазъияти якхелаи сиёсӣ ё иқтисодӣ аз ҷониби кишварҳои абарқудрат бо ду тарз баҳогузорӣ мешавад. Масъалаи ифротгароӣ ва терроризм низ масъалаи духӯраест, ки дар сиёсати абарқудратҳо истифода мешавад.

Масалан, ҳарчанд аз замони расидан ба ваҳдати миллӣ ва ризоияти ҷомеа 23 сол дар Тоҷикистон сипарӣ шуда бошад ҳам, аммо ҳанӯз ҳам гурӯҳҳое, ки тамоюли ифротгароӣ доранд ва оромишу суботи давлати моро намехоҳанд, кам намешаванд. Яке аз масъалаҳои доғи рӯз ин ворид шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои тундраву ифротгаро ба ҳисоб меравад.

Вобаста ба ин, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил”, ки 16-17 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе доир гардид, чунин қайд намуданд:

“Муқовимат ба таҳдидҳои амниятӣ низ муттаҳидии давлатҳоро тақозо намуда, ба ҳеҷ ваҷҳ истифода аз сиёсати “меъёрҳои дугона”-ро  намепазирад, зеро чунин муносибат боиси тавсеаи доираи таҳдиду хатарҳои амниятӣ дар шаклу усулҳои ғайримаъмулӣ мегардад”.

Сабаби ҳамаи ақибмондагӣ ва ҷаҳолат таассубу нодонӣ будааст. Дар замони муосир, ки илму техника ба суръати кайҳонӣ пеш меравад, ҷавонони моро зарур аст, ки пойбанди расму оинҳои хурофотӣ набошанд ва кӯшиш намоянд, ки то ҳамқадами замон бошанд ва бо таваҷҷуҳ ба дастовардҳои илмию техникии муосир ҷаҳонбинии хешро такмил диҳанд. Дар шароити феълӣ моро зарур аст, ки масъалаи омӯзишро дар ҷои аввал гузошта, имкониятҳои зеҳнӣ ва иқтидори ахлоқии илму фарҳанги кишварро барои боло бурдани маънавиёти ҷомеа истифода намоем. Дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон имрӯз мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию беҳдоштиро танҳо дар асос ва заминаи илм ҳал мекунанд.

Дар вазъияти феълӣ табақаи зиёии кишвар, ки аслан рисолати пешбурди ҷомеа бар дӯши эшон аст, бояд худро дар канор нагирифта, якҷоя бо ниҳодҳои давлатӣ барои даври худ гирд овардани мардум, бунёди ҷомеаи пешрафта ва озоди шаҳрвандӣ кӯшиш кунанд, он гоҳ давлат қодир мегардад, ки худро аз таъсири андешаҳои ҷаҳолатситез ва таассуби динӣ ҳифз кунад, вагарна идомаи чунин раванд метавонад бесуботиву ноамниро ба натиҷа биёрад.

Замони  мо замони ниҳоят мураккаб ва печидаи таърихи башарӣ, замони таҳаввулоти бунёдии созмонҳои иҷтимоӣ, замони рушди бесобиқаи илму фановарӣ, иттилоот ва дар маҷмӯъ, хурӯҷи бесобиқаи неруҳои эҷодии инсон, замони имконоти азими такомули фарҳангӣ ва ахлоқиву  маънавӣ, равобит ва ҳамкории густардаи халқҳою кишварҳо ва тамаддунҳои ҷаҳонӣ ба шумор меравад.

Ҳамин тариқ, ба ҳамагон маълум аст, ки замони мо замони зуҳури фаъоли неруҳои тахрибкор, замони таблиғ ва паҳн намудани ғояҳои тундгароӣ, густариши хатарҳои экстремизму терроризм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, коҳиши маънавии ҷомеа ва  падидаҳои дигари номатлуб низ мебошад.

Суръати густариши онҳо ба ҳаддест, ки имрӯз хатари фарсоиши ҷиддии арзишҳоии бунёдии сирати инсон, ахлоқ, фарҳангу маънавиёт, масъулияти фардӣ ва иҷтимоӣ торафт аёнтар мегардад.

Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки истиқлолияти миллӣ ва ҷомеаи худро аз чунин паёмадҳои манфӣ эмин нигоҳ дорем.

                                                          Исроил Файзов,

коршиноси масоили амнияти

минтақавии МТС-и назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед