“Солимии аҳолӣ, хусусан солимии модару кӯдак дар маркази таваҷҷуҳи доимии давлату ҳукумати Тоҷикистон мебошад, зеро аз модари солим кӯдаки солим таваллуд меёбад, ки ояндаи генофонди миллат мебошад”.

                                                           ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Воқеан дуруст аст, ки зани солим ин сутуни асосии насли солими миллат мебошад. Яъне зани солим фарзанди солимро ба дунё меорад ва фарзанди солим ин ояндаи давлат мебошад. 
Яке аз омилҳои асосие, ки сатҳи саломатии занро муайян месозад, ин вазъи солимии репродуктивӣ мебошад. Истилоҳи “солимии репродуктивӣ” бо илми демографӣ, ки бо омӯзиши фавт ва таваллуд дар ҷомеа сарукор дорад, алоқаманд аст. Ҳамзамон, солимии репродуктивӣ – ин ҳолати беҳбуди комили ҷисмонӣ, рӯҳӣ ва иҷтимоиест вобаста ба ҳамаи масъалаҳое, ки ба системаи репродуктивӣ ва фаъолияту ҷараёни он алоқаманданд. Солимии репродуктивӣ ба саломатии инсон дар синну соли баъди репродуктивӣ низ, чи барои занон ва чи барои мардон, мусоидат менамояд. Системаи репродуктивӣ – маҷмӯи узвҳое мебошанд, ки фаъолияти онҳо ба таъмини ҷараёни репродуктивӣ равона карда шудааст (узвҳои ҷинсӣ, мағзи сар, узвҳои ғадудӣ). Синну соли репродуктивӣ – синну соли (15–49 солагӣ) қобилияти фарзандтаваллуднамоӣ муайян шудааст.
Ҷиҳати дастгирии занон дар солимии репродуктивӣ ҳар давлатро зарур аст, барои онҳо тамоми шароитҳоро фароҳам оварад ва хизматрасонии тиббиро дар ин самт таъмин созад. Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон дар ин самт низ дастовардҳои намоён ба чашм мерасанд. Ҳанӯз соли 2002 бо дастури Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ” қабул гардид. Дар татбиқи қонуни мазкур бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ризоияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ санаи 15 октябри соли 2010 ҶДММ «Маркази тиббии НАСЛ» ҳамчун муассисаи махсусгардонидашудаи кумаки тиббӣ дар соҳаи ташкил ва расонидани хизматрасониҳои технологияи репродуктивӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. 
Моҳи марти соли 2012 аввалин барномаҳои ЭКО ва ЭКО – ИКСИ, яъне берун аз раҳми модар дар шароити лабораторӣ бордоркунӣ ва ба даст овардани ҷанини инсон ба роҳ монда шуд. Хушбахтона, нахустин кӯдак тариқи ин барнома санаи 26 феврали соли 2013 ба дунё омад. Ҳамин тариқ, ҳамасола дар кишварамон даҳҳо оилаҳо бо истифода аз ин технология соҳиби фарзанд мешаванд.
Хусусиятҳои муосири ин марказ дар он аст, ки дар он тамоми ҳуҷраҳои муосир барои қабул ва машварату муоинаи ниёзмандон, системаи замонавии бахшҳои амалиётҳои ҷарроҳии маъмулӣ ва эндовидеоҷарроҳӣ, назорат ва табобатӣ интенсивии беморон, бахшҳои кӯмакрасони озмоишгоҳӣ, хизматрасониҳои физиотерапевт ва махсусан, бахши амалиётҳои озмоишгоҳии эмбриологӣ, кишт ва нигоҳубини ҳуҷайраҳо ва ҷанинҳо, ҷавобгӯи тамоми меъёрҳои тибби муосир, муҳайё карда шудааст.
Самаранокии татбиқи барномаҳои ЭКО дар соли сипаригардида, ки бештар аз 47 фоизро ташкил додааст, аз он далолат мекунад, ки мутахассисони марказ малакаи зарурии касбӣ дар ин самт доранд ва дастрасии онҳо ба таҷҳизоти замонавӣ ва инчунин шароити муносиби корӣ имконият медиҳад, ки ниёзмандон қаноатманд бошанд.
Ғайр аз ин, дар давраи солҳои 2011–2020 бо дастгирии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр иншоотҳои тиббии замонавии дигар дар минтақаҳои зиёди кишварамон бунёд шудаанд, ки дар ин асос ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфтаанд ва дар татбиқи ҳадафҳои асосии сиёсати роҳбарияти давлат ва ҳукумат дар самти бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ ва бо ин роҳ беҳтар кардани вазъи иҷтимоию иқтисодии зиндагии мардум кумак мерасонад. Ин аст, ки санаи 18 августи соли 2020 дар вохурӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ  Роҳбари давлат чунин қайд намуданд: “Агар дар кишвар то соли 1991 ҳамагӣ 2862 муассисаи тандурустӣ фаъолият дошта бошад, пас дар замони соҳибистиқлолӣ ин шумора қариб ду баробар афзуда, соли 2020 ба 4369 расидааст, яъне 1507 муассиса зиёд шудааст. Агар дар давраи солҳои 1991 то 2005 дар мамлакат ҳамагӣ 187 муассисаи тандурустӣ бунёд шуда бошад, пас аз соли 2006 то шаш моҳи аввали соли 2020-ум 1071 муассисаи нави соҳа сохта, ба истифода дода шудааст. Танҳо соли 2019 дар мамлакат 154 муассисаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба истифода дода шуда, дар ду соли охир 320 номгӯй таҷҳизоти тиббӣ, фармасевтӣ ва технологияҳои навтарин барои истеҳсоли доруворӣ ба маблағи қариб як миллиард сомонӣ ва барои муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳо 150 воситаи нақлиёти санитариву махсусгардонидашуда харидорӣ карда шудааст.”
Бунёд ва мавриди истифодадиҳии иншоотҳои замонавии тиббӣ барои занҳои тоҷик ва умуман, аҳолӣ шароитҳои мусоидро ҷиҳати дастрасии хизматрасонии тиббӣ фароҳам овард. Ин аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ нишондиҳандаи умумии фавт қариб ду баробар, аз ҷумла фавти кӯдакони синни то панҷсола 3,2 баробар кам шудааст, ки ин натиҷаи хубест дар рушди хизматрасонии соҳаи тиб. Бояд гуфт, ки имрӯз занҳои тоҷик аз дастрасии хизматрасонии тибби муосир куллан таъмин буда, худи онҳо низ дар низоми хизматрасонии тиббӣ ҳамчун зан табиб фаъолона ширкат меварзанд. 
Мувофиқи ҳисоботҳои оморӣ имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ аз 19 268 нафар табибони ҳамаи ихтисосҳо 32,2 фоиз ё 7 551 нафарро занҳо ташкил медиҳанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2011 ба 23,1 фоиз ё 1 416 нафар зан табиб афзудааст. Инчунин, дар охири соли 2019 аз шумораи 55 584 нафар кормандони миёнаи тиб 5 645 нафари онҳо момодояҳо ва 43 664 нафар ҳамшираҳои шафқат мебошанд (Диаграммаи 1).
Ба ҳисоби 10 ҳазор занҳои 15–49 сола имрӯз дар ҷумҳурӣ 7,9 фоизи занҳо бо табибони акушер гинекологҳо, 23,5 фоиз бо момодояҳо ва 15,4 фоиз бо катҳои барои ҳомиладорон ва таваллудкунандаҳо таъмин мебошанд. Занҳое, ки аз воситаҳои контратсептивӣ истифода мебаранд дар соли 2019 ҳамагӣ 944 507 нафарро ташкил медиҳанд, ки нисбат ба соли 2011 ба 73,8 фоиз ё 401 066 нафар зан афзудааст.
Санаи 7 марти соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш ба муносибати Рӯзи модар қайд намудан, ки “Занону бонувони мо ҳамчун табибу ҳамшираи шафқат барои саломатии аҳли ҷомеа заҳмат кашида, беморонро шифо мебахшанд ва як қисми онҳо ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ машғул шуда, дар рушди илми тиб ҳиссаи худро гузошта истодаанд. Бо вуҷуди ин, бонувони табибро зарур аст, ки нозукиҳои соҳаро боз ҳам беҳтар аз худ намоянд, барои солимии ҷомеа бештар кӯшиш кунанд ва ба сокинони мамлакат содиқона, бо дониши баланди касбӣ ва муоширати хуб хизмат расонанд. Зеро барои давлат миллати солим даркор аст ва саломатии мардум боигарии давлат мебошад.”
Мутаасифона, қайд кардан зарур аст, ки ба солимии зан ва кӯдак як чанд омилҳо метавонанд зарар оваранд. Яке аз чунин омилҳои ногувор ин густариши бемории вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) байни заноне, ки ҳамсари онҳо муҳоҷир аст, мебошад. Яъне, имрӯз муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз сабабҳои аввалиндараҷа дар паҳншавии ин беморӣ ба шумор меравад. Бештари занҳои тоҷик аз шавҳарҳои худ, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ бар гаштаанд, ба ин беморӣ сироят ёфтаанд. Ҳамзамон, чунонки имрӯз занҳо аз ҳама бештар ба хизматрасониҳои кошонаҳои ҳусн ниёз доранд, занҳои сироятёфта метавонанд дар онҷо нафаҳмида ин бемориро ба дигар занҳои ташрифёфта паҳн намоянд ва ҳамин гуна занҷираи сироятёбӣ давра ба давра зиёд мегардад. 
ВНМО — ин бемории сироятӣ буда, фаъолияти масунияти одамро суст мегардонад ва шахс зуд–зуд ба дигар бемориҳои сироятии шабеҳ гирифтор мешавад. Дар ҳолати саривақт аз ташхис нагузаштан ва ба табобати зиддиретровирусӣ фаро гирифта нашудан, шахси сироятёфта ба бемории пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ–СПИД) гирифтор мешавад. 
Бемории ВНМО, на танҳо яке аз мушкилоти Тоҷикистон аст, ин беморӣ дар тамоми ҷаҳон ҳамчун мушкилоти ташвишовар ба шумор меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1991 ҳодисаи аввалини сирояти ВНМО ба қайд гирифта шуд ва ҳанӯз дар ҳамон сол барои вусъат бахшидани кӯшишҳо дар самти пешгирии густариши ин сироят Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО таъсис дода шуд, ки баъдан дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зерсохторҳои он низ таъсис ёфтаанд. 
Дар ҷаҳон исбот шудааст, ки агар зани мубталои ВНМО ҳангоми ҳомиладории худ саривақт доруҳои зидиретровирусиро истеъмол накунад, пас хатари сирояти ВНМО аз модар ба кӯдак 30–40 фоизро ташкил медиҳад. Дар ҳолате, ки агар зани ҳомила аз чорабиниҳои пешгирикунанда фаро гирифта шуда бошад, пас ин хатар 2 фоизро ташкил медиҳад, зеро исбот шудааст, ки танҳо 2 фоиз кӯдакон дорои хатари сирояти ВНМО мебошанд.
Қайд кардан зарур аст, ки бо ташаббуси Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати тандурустӣ тамоми шароитҳо барои дастрасии фарогирии табобати пешгирикунанда барои занони ҳомила фароҳам оварда шудаанд. Чунончӣ, ҳамасола занони ҳомиладор саривақт ба ташхиси ройгони ВНМО фаро гирифта мешаванд ва ҳамаи он занони ҳомилае, ки бо сирояти ВНМО дарёфт мешаванд ба пуррагӣ бо чорабиниҳои пешгирикунанда таъмин карда мешаванд, яъне аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ беш аз 400 000 тестҳои ташхисӣ барои муоинаи занони ҳомила ва шахсони никоҳшаванда харидорӣ мешавад ва кӯдакони аз модарони сироятёфтаи ВНМО таваллудшуда бо шири сунъӣ таъмин карда мешаванд. 
Тибқи маълумоти оморӣ, ки дар ҷадвали 1 оварда шудааст, бармеояд, ки дар соли 2019 шумораи занҳои ҳомиладори сироятёфтагони ВНМО 51 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбати соли 2018 ба 33,8 фоиз кам ва нисбати соли 2011 баръакс ба 13,3 фоиз зиёд мебошад. Инчунин, аз рӯйи ҷадвал мушоҳида намудан мумкин аст, ки дар соли 2019 аз шумораи умумии сироятёфтагон дар вилояти Хатлон – 31,4 фоиз, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ – 25,5 фоиз, вилояти Суғд – 23,5 фоиз, шаҳри Душанбе – 15,7 фоиз ва дар вилояти мухтори куҳистони Бадахшон – 3,9 фоизро ташкил медиҳанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар соли 2016 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пурзӯр намудани фаъолият баҳри барҳам додани эпидемияи ВНМО то соли 2030 як ҳуҷҷати муҳим — Стратегияи Барномаи муштараки Созмони Милали Муттаҳид оид ба пешгирии ВНМО барои солҳои 2016–2021 –ро қабул намуд, ки он ба яке аз бахшҳои муҳим дар чаҳорчӯбаи расидан ба Ҳадафҳои рушди босубот бахшида шудааст. Ҳадафи асосии ин ҳуҷҷат дастоварди 90/90/90 мебошад, ки онро чунин маънидод мекнанд: 
— 90 фоиз сироятёфтагон то соли 2020 нисбати бемории худ огоҳӣ доранд;
— 90 фоиз сироятёфтагон, ки нисбати бемории худ огоҳӣ доранд, табобати зиддиретровирусӣ мегиранд;
— дар 90 фоиз сироятёфтагоне, ки табобати зиддиретровирусӣ мегиранд, пастшавии сарбории вирусӣ ба мушоҳида мерасад.
Ҳамзамон, дар соли 2017 маҳз бо ташаббуси Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ба танзимдарорӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии ҷаҳонӣ “Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017–2020” тасдиқ карда шуд, ки яке аз ҳуҷҷатҳои асосӣ дар самти пешгирӣ ва табобати бемории мазкур дар Тоҷикистон мебошад. 
Тоҷикистон дар муқовимат ба эпидемияи ВНМО бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба, хусусан Ҳукумати Федератсияи Россия ва Нақшаи фавқулодаи Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба мубориза бар зидди паҳншавии ВНМО ва бисёрҷониба (агентиҳо ва муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳид — Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, Барномаи муштараки Созмони Милали Муттаҳид оид ба вируси норасоии масунияти одам (бемории пайдошудаи норасоии масуният), Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, Хазинаи Глобалӣ, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид, Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ва ғайра) фаъолона ҳамкорӣ намуда истода, дар фаъолияти хеш дар ин самт, ҳамаи ҳуҷҷатҳои муҳимми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Мутаҳид, аз ҷумла эъломия оид ба пайравии фаъолият нисбати мубориза бар зидди ВНМО ва БПНМ аз соли 2001 ва эъломияи сиёсӣ оид ба ВНМО ва БПНМ таҳти шиори «Беҳтар намудани фаъолиятҳо баҳри нобуд сохтани ВНМО ва БПНМ» аз соли 2011–ро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд (Иқтибос аз нашрияи “Фараж” – манбаи электронӣ https://faraj.tj/tandurusty/tabobatu-peshgirii-sathi-jahonii-vnmo-dar-tojikiston/).
 18 августи соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ чунин қайд намуданд: “Дар доираи ислоҳоти соҳа баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ мебошад. Дар ин самт то имрӯз дар кишвар 12 барномаи миллӣ, аз ҷумла доир ба мубориза бар зидди бемориҳои сил, диабети қанд, саратон, дил, вируси норасоии масунияти одам, вараҷа, нашъамандӣ, рушди донории хун ва дигар бахшҳо татбиқ шуда истодаанд, ки ҳадафи асосии онҳо паст намудани сатҳи гирифторшавӣ ба бемориҳо ва беҳтар кардани солимии аҳолӣ мебошад.” 
Таҳлилҳо собит месозанд, ки то давраи соҳибистиқлолӣ дар кишвар марказҳои махсусгардонидашуда оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО вуҷуд надоштанд. Чунки ин беморӣ дар Тоҷикистони мо умуман вуҷуд надошт. Дар 29 соли истиқлол панҷ барномаи миллӣ оид ба мубориза бар зидди ин беморӣ таҳия ва қабул гардида, ҳоло лоиҳаи нави “Барномаи миллӣ барои солҳои 2021-2025” дар баррасӣ қарор дорад. Дар доираи татбиқи барномаҳои қабулгардида шумораи марказу ташхисгоҳҳои замонавӣ афзоиш ёфта, фарогирии аҳолӣ ба ташхиси вируси норасоии масунияти одам сол ба сол беҳтар гардид ва ин нишондиҳанда соли 2020 нисбат ба соли 2010 қариб шаш баробар зиёд шуд.
Таҳлили вазъи сирояти ВНМО нишон медиҳад, ки он тамоюли зиёдшавӣ дошта, ба ҳолати 1-уми июли соли 2020 дар кишвар расман 12666 нафар шахсони бо ин вирус сироятёфта ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то ба имрӯз 3455 нафар фавтидааст”.  
Хулоса, имрӯз ҷиҳати таҳкими амнияти иҷтимоию сиёсӣ барои дастгирии вазъи солимии занон ва умуман аҳолӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муваффақияти зиёде ба даст оварда шудаанд ва дар солҳои минбаъда низ нақшаҳову чорабиниҳои мухталиф баҳри ҳифзи миллат ва ояндаи дурахшон ба назар гирифта шудаанд. Масалан, мутобиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар гардонидани солимии ҷомеа ба соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ афзалият дода, дар ҳафт соли оянда амалӣ намудани ҳадафҳои зерин пешбинӣ мегарданд: 
   - амалигардонии барномаҳои афзалиятноки тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ барои давраи то соли 2030;
  - тадриҷан зиёд намудани маблағгузории соҳаҳои тандурустӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ;
  - ворид намудани технологияҳои нави ташхису табобат дар муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва беҳтар сохтани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат;
  - бо дарназардошти дастовардҳои илми муосир, технологияҳои ҳозиразамон ва сарватҳои табии кишвар тараққӣ додани соҳаи дорусозӣ;
  - амалӣ намудани тадбирҳои иловагӣ доир ба ҳифзи иҷтимоии ятимон, кӯдакони маъюб ва бесаробон.

Бешубҳа амалӣ гардидани тадбирҳои пешбинишуда барои давра ба давра амалӣ гардидани сиёсати созанда дар соҳаи тандурустӣ, хусусан солимии занҳо мусоидат хоҳад кард.

Фарзона Худойдодова ,

муовини сардори Раёсати

таҳлили масъалаҳои иҷтимоии

Маркази тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед