Дар самти сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи тандурустӣ ва дар заминаи он нигоҳ доштани солимии аҳолӣ яке аз самтҳои муҳим ба шумор рафта, давлату ҳукумат ба солимии аҳолӣ чун арзиши баланди иҷтимоию иқтисодӣ муносибат менамояд ва онро ҳадафи асосии сиёсати иҷтимоӣ мешуморад. Аз ин рӯ, ҳифз ва таҳким бахшидани соҳаи мазкур ҳамчун яке аз афзалиятҳо ва ҳадафҳои асосии сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.

Сиёсати давлат дар соҳаи тандурустӣ ба таъмин намудани ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоии ҷомеа бо кӯмакҳои тиббии дастрас ва босифат, баланд бардоштани фарҳанги санитарӣ ва гузаронидани тарзи ҳаёти солим равона гардидааст. Барои ноил гардидан ба чунин мақсадҳои стратегии худ, аз қабили паст гардидани сатҳи беморӣ, фавт ва баланд бардоштани дарозумрӣ, давлату ҳукумат диққати махсус зоҳир намуда, дар ин самт тадбирҳои муфиди дорои ҷанбаи тиббӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ амалӣ мегарданд.

Вобаста ба ин, мутахассисон низ қайд менамоянд, ки дар шароити муосир сатҳи солимии аҳолӣ яке аз омилҳои муҳими таъмини рушди иқтисодиёт ва таъмини амнияти кишвар ҳисобида мешавад.

Барои нигоҳ доштани солимии аҳолӣ олимону мутахассисон якчанд омилҳоеро муайян намудаанд, ки бевосита таъсири худро мерасонанд. Аз ҷумла:

  • Омилҳои генетикӣ, ки эҳтимолияти гирифторшавӣ ба бемориҳои аз насл ба насл гузарандаро ба миён меорад. Омилҳои генетикӣ яке аз сабабҳои бемориҳои ирсӣ мебошанд, ки аз волидайн, яъне аз насл ба насл мегузарад. Ин ҳолат аксар дар издивоҷи байни хешовандон дида мешавад. Яке аз сабабҳои асосии носолим таваллуд шудани кӯдакон низ маҳз ҳамин мебошад. Дар ин раванд никоҳи хешутаборӣ яке аз сабабҳои асосие мебошад, ки дар натиҷаи он кӯдак бо нуқс ва бо бемориҳои ирсӣ таваллуд мешавад. Илова бар ин, дар оилаҳое, ки никоҳи хешутаборӣ доранд фавти кӯдакон ё мурда таваллуд шудани онҳо нисбат ба кӯдаконе, ки дар дигар оилаҳо таваллуд меёбанд, зиёдтар ба назар мерасанд.
  • Омили дигар аз муҳити зист, яъне шароити номусоиди иқлимию табиӣ, дигар гардидани вазъи экологӣ ва шароити пасти зиндагӣ вобаста мебошад. Дар ин самт бояд қайд намуд, ки муносибати байни одамон ва табиат ин рушди тамаддун мебошад. Инсонҳо ҳамавақт барои қонеъ гардонидани талаботҳои худ аз боигариҳои табиат – ҷангал, нефт, метал, ангишт, замин ва ғайраҳоистифода менамоянд. Барои худро аз офатҳои табиӣ нигоҳ доштан бо сохтани каналу ҷӯйборҳо, обанборҳо, платинаҳо ва ғайра ба худ муҳити муносиб месозанд. Барои рушди иқтисодиёташон ҳаргуна заводу фабрикаҳои истеҳсолӣ месозанд, ки партовҳои ғализи он ҳаворо ифлос менамояд. Дар натиҷаи ифлос гардидани муҳити атроф, вайрон гардидани қабати замин, беҳосил гардидани хок, аз байн рафтани наботот ва ҳайвонот, вайрон гардидани обу ҳаво ва ифлосу кам гардидани об, бахусус оби нушокӣ низ ба солимии аҳолӣ таъсири манфӣ расонида, боиси паст гардидани дарозумрӣ мегардад. Ба ақидаи коршиносон дар замони муосир қариб 85% бемориҳое, ки одамон ба он дучор мегарданд, бо муҳити номусоид алоқаманд буда, сабабгори он худи онҳо мебошанд. Дар замони муосир аз сабаби паст гардидани вазъи солимии аҳолии як қатор кишварҳо, намуди нави бемориҳо пайдо гардида истодаанд, ки муайян намудани сабаби онҳо хеле мушкил аст. Табобат намудани ин гуна бемориҳо душвориҳои зиёдеро ба миён меорад. Аз ин рӯ, ҳоло масъалаи “Саломатии инсон ва муҳити зист” хеле шадид мебошад.
  • Омили дигар вобаста аз нигоҳ доштани тандурустии ҷомеа аз ҷониби сохторҳои соҳаҳои тандурустӣ буда, аз сабаби набудани назорати доимии тиббӣ доир ба солимии аҳолӣ, сатҳи пасти кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, сатҳи пасти хизматрасониҳои тиббӣ сар мезанад. Таҷриба нишон медиҳад, ки аз рӯзе, ки илми тиб ба миён омадааст он ба саломатӣ ва пешгирии бемориҳо равона гардидааст, аммо бо рушди тамаддун ва паҳн гардидани ҳаргуна бемориҳо соҳаи тиб бештар ба табобат рӯ овардааст. Дар ин самт бояд соҳаи рушди нигаҳдории тандурустии ҷомеаро вусъат дод.
  • Ниҳоят омили аз ҳама муҳим дар самти нигоҳ доштани солимии аҳолӣ, дар маҷмуъ солимии миллат ин тарзи ҳаёти солим ба ҳисоб меравад, ки он, пеш аз ҳама, аз худи ҳар як шахс вобаста мебошад. Дар ин самт набудани тарзи оқилонаи зиндагӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷиҳати рӯҳию равонӣ носолим будани шахс, истеъмоли ғизои нодуруст ва дигар одатҳои бади шахс боис гардида, сабаби сар задани ҳар гуна бемориҳо, паст гардидани дарозумрии инсон ва фавти аҳолӣ мегардад.

Дар шароити муосир истеъмоли дурусти ғизо омили асосии ташаккули тарзи ҳаёти солим ба ҳисоб меравад. Зеро ҳамагуна фаъолияти инсон аз моддаҳои ғизоӣ ва микроэлементҳое, ки тавассути маҳсулоти ғизоӣ ба организм ворид мегардад, вобаста мебошад. Тавассути маҳсулоти ғизоӣ, ки баъди истеъмоли он ва табодули моддаҳои зарурӣ ба организми мо моддаҳои фоидаовар, обу минералҳо, ворид гадида, неруи ҷисмонии моро нигоҳ медорад ва барои ташаккулёбии ҷисмонию ақлонии мо мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки бештар ба маҳсулотҳои ғизоии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва фоидаовар таваҷҷуҳ намоем.

Вобаста ба ин, ҳанӯз дар давраҳои қадим одамон истеъмоли дурусти ғизоро дарк намуда, файласуфи Юнони қадим Суқрот қайд менамояд, ки “Аз ҳар гуна ғизо ва нушокӣ, ки ҳисси гуруснагӣ ва ташнагиро бедор месозад худро нигоҳ дор. Мо на барои истеъмол кардан зиндагӣ мекунем, балки барои зиндагӣ кардан истеъмол мекунем”. Ин ақида имрӯз дар замони мо низ хеле муҳим мебошад. Зеро истеъмоли ғизои дуруст дар давоми ҳаёти мо ҳамчун элементи асосии нигоҳ доштани солимии насли оянда ва нигоҳ доштани дарозумрӣ ба ҳисоб меравад.

Мутаассифона, таҷриба нишон медиҳад, ки дар замони муосир ба истеъмоли дурусти ғизо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намегардад. Аз ин рӯ, яке аз масъалаҳои муҳим имрӯз дар байни ҷомеа, дар самти нигоҳ доштани солимии аҳолӣ вуҷуд дорад, ин масъалаи истеъмоли ғизо мебошад, ки сар задани бемориҳои гуногун аз қабили фарбеҳӣ, диабети қанд, фишорбаландӣ, бемориҳои гуногуни меъдаю рӯда, инкишофи сусти ҷисмонӣ ва ғайраҳо аз он вобаста аст. Аммо аҳолии мо хеле зиёд ба маҳсулоти тезтайёру синтетикии нимтайёр ва бо ҳаргуна маводи хушбуйкунанда тайёркардашуда одат кардаанд, ки ин албатта барои солим нигоҳ доштани насли оянда нигаронкунанда мебошад.

Ин аст, ки  имрӯз нарасидани микроэлементҳо дар ғизо дар байни занҳои синну соли репродуктивӣ ва кӯдакони то синни 5 сола мушоҳида мегардад, ки аз сабаби норасоии оҳан ба бемории камхунӣ дучор мешаванд. Ҳамзамон, баъзан дар байни кӯдакони то синни 5 сола инкишофи қад дида намешавад ва ба синну солашон мувофиқат намекунад. Сабаби асосии инкишоф наёфтани қади онҳо аз нарасидани ғизоҳои зарурӣ мебошад. Дар баробари ин, кӯдаконе ҳастанд, ки вазнашон ба синну соли худ мувофиқ нест, ки ин ҳам аз нарасидани ғизои солим мебошад. Ҳамаи ин дар оянда метавонад ба солимии миллат ва таъмини амнияти тандурустии ҷомеа таъсир расонад.

Вобаста ба ин, тадқиқоти сотсиологие, ки соли 2023 дар байни 220 нафар кормандони вазорату идораҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар мавзуи “Ғизои солим ва солимии аҳолӣ” гузаронида шуд, нишон дод, ки мусоҳибони дар тадқиқот фарогирифташуда бо роҳҳои гуногун солимии худро нигоҳ медоранд. Аз ҷумла, аз шумораи умумии онҳо ҳамагӣ 36,4% истеъмоли ғизои дурустро риоя менамоянд. Ҳамзамон, 31,1% ба тарбияи ҷисмонӣ машғул мешаванд, 14,2% кӯшиш мекунанд, ки ба одатҳои бад аз қабили сигоркашӣ, носкашӣ, майнӯшӣ ва ғайра даст назананд, 12 % доимо ба назорати табибон мераванд ва ҳамагӣ 6,1% барои баланд бардоштани иммунитети худ маводи доруворӣ ё витаминҳои гуногунро истифода мебаранд.

Ҳамзамон, вобаста ба сифати он ғизое, ки мусоҳибони мо дар давоми рӯз истеъмол менамоянд, ақидаҳои гуногун дошта, 66,8% сифати онро миёна баҳогузорӣ намуданд. Ба андешаи 27,2%-и мусоҳибон бисёр хуб ва ба ақидаи 5,9% сифати маҳсулоти истеъмолмекардаашон ғайриқаноатбахш арзёбӣ гардид.

Қайд кардан бамаврид аст, ки яке аз сабабҳои сар задани бемориҳои гуногун, ки бо истеъмоли ғизо алоқаманд аст, ин сари вақт истеъмол накардани хӯрок мебошад. Дар ин самт мутахассисон тавсия медиҳанд, ки ҳар як шахс ба хотири нигоҳ доштани солимии худ бояд саривақт хӯрокҳоро тибқи меъёри таъиншуда истеъмол намоянд. Тадқиқот нишон дод, ки аксарияти мусоҳибон, яъне 36,4% аз сабаби надоштани вақт ғизои худро саривақт истеъмол карда наметавонанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз истеъмолкунадагон дар нуқтаҳои хӯроки умум ва тезтайёр, бахусус дар шаҳрҷойҳо, хеле зиёд мебошанд. Вобаста ба истеъмоли ғизо дар нуқтаҳои хӯроки умум ва тезтайёр аз мусоҳибон пурсида шуд, ки “Дар нуқтаҳои хӯроки умум ва тезтайёр бештар кадом намуди ғизоро истеъмол мекунед?”, дар посух 42,5% қайд намуданд, ки дар нуқтаҳои хӯроки умум ва тезтайёр – хӯрокҳои якум (шӯрбо, рассолник ва ғайра), 27,4% – хӯрокҳои дуюм (ош, кабоб ва ғайра) ва 7,2% шириниҳоро истеъмол мекунанд.

Ҳамзамон, аксарият дар вақти пурсиш қайд намуданд, ки ҳангоми истеъмоли ғизо дар нуқтаҳои хӯроки умум ва тезтайёр, пеш аз ҳама, ба сифат ва таъму маззаи ғизо таваҷҷуҳ менамоянд. Вобаста ба ин, ба мусоҳибон чунин саволгузорӣ карда шуд: “Шумо дар нуқтаҳои хӯроки умум ва тезтайёр ҳангоми истеъмоли ғизо бештар ба чӣ таваҷҷуҳ мекунед?”, дар посух 37,2%-и мусоҳибон ҳангоми истеъмоли ғизо дар нуқтаҳои хӯроки умум ва тезтайёр ба сифат ва таъму маззаи ғизо таваҷҷуҳ намуда, 23,6% ба организм фоидаовар будани онро нигоҳ мекунанд. Дар баробари ин, нафарони зиёд, яъне 22% бештар ба дастрас будани нархи ғизо, 6,5% аз рӯйи одати ҳаррӯзаашон, 6,2% ба намуди зоҳирии ғизо, 5,4% ба тезтайёр будани он ва ҳамагӣ 1,9% аз рӯйи реклама ба ғизо таваҷҷуҳ менамоянд.

Дар маҷмуъ, аз натиҷаи тадқиқот ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки имрӯз аксарияти узви ҷомеаи мо, бо вуҷуди он, ки пайомадҳои манфии истеъмоли нодурусти ғизо, бахусус истеъмоли ғизоҳои тезтайёр дар нуқтаҳои хӯроки умумро медонанд, боз аз он истифода мебаранд. Ҳамзамон, тибқи меъёр истеъмоли саривақтии ғизоро риоя намекунанд, ки боиси паст гардидани фаъолияти ҷисмонию равонӣ гардида, метавонад шахсро ба ҳар гуна бемориҳо дучор намояд.

Ҳамин тариқ, солимии инсон аз чор омили асосӣ иборат мебошад, ки аз ҳама бештар аз шароит ва тарзи ҳаёти солим, пеш аз ҳама, аз ғизое, ки ҳамарӯза истеъмол менамоем, вобаста аст. Барои он ки солимӣ дар сатҳи баланд нигоҳ дошта шавад, ҳар як шахс, пеш аз ҳама, тарзи дурусти истеъмоли ғизоро интихоб намояд. Зеро инсон қариб ҳамаи моддаҳои ба организм заруриро маҳз тавассути обу хӯрок мегирад. Таркиби маҳсулоти ғизоӣ ва хусусиятҳои он ба саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, қобилияти меҳнат, ҳолати равонӣ, дар умум, ба сифат ва давомнокии ҳаёт бевосита таъсир мерасонанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ғизои дурустро калиди тарзи ҳаёти солим ҳисобида, барои нигоҳ доштани солимии худ тибқи тавсияҳои мутахассисон истеъмоли ғизои дурустро ба роҳ монем.

НАЗИРОВА М.Н.
номзади илмҳои сотсиологӣ,
муовини сардори Раёсати
таҳлили масъалаҳои иҷтимоии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед