Дар ҷаҳони муосир ҳифзи саломатии мардум ба яке аз соҳаҳои муҳимми ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоии миллӣ табдил ёфта, талабот ба тандурустӣ дар маҷмӯи эҳтиёҷоти инсон ҷои махсусро ишғол мекунад. Саломатӣ, бешубҳа соҳаи ҳаётан муҳим маҳсуб шуда, аз арзишмандтарин сармояҳои инсониест, ки ҳаёти ӯ аз он вобастагӣ дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ 26 декабри соли 2019 таъкид намуданд, ки: “Барои ҳар як давлат солимии аҳли ҷомеа зарур мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд халқамонро солим нигоҳ дорем ва барои тандурустии он тамоми шароитро фароҳам оварем”. Аз ин рӯ, соҳаи тандурустӣ ҳамчун ҷузъи сиёсати иҷтимоӣ бо фароҳам овардани шароити мусоид зимни амалӣ намудани муносибатҳои оқилона ва таъмини адолатнокӣ дар ҷомеа ба вазъи солимии ҳамаи қишрҳои ҷомеа таъсири муайян мерасонад.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон кишвари азизи мо зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи пешрафти иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст. Дар тӯли солҳои истиқлолият, Сарвари давлат дар қатори дигар соҳаҳои иҷтимоӣ соҳаи тандурустиро низ самти афзалиятнок шуморида, онро яке аз омилҳои муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат номидааст. Чунончи, дар солҳои вазнини ибтидои истиқлолият тамоми фикру андешаи ӯ, дар баробари таъминсозии сулҳу оромии кишвар, боз ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва дастгирии соҳаҳои мухталифи он, ки барои ҷомеа ва давлат муҳим маҳсуб мешуданд, банд буд.
Бояд гуфт, ки маҳз бо таваҷҷуҳи махсуси Сарвари миллат ба соҳаи тандурустӣ ва маҳз бо шарофати вохӯриҳову суҳбатҳои ошкорои ӯ бо кормандони соҳаи тандурустӣ, имрӯзҳо тибби муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи рушд қадам гузошта истодааст, ки ин суханрониҳои пурмуҳтавои сарвари давлат бори дигар ғамхорӣ, чораҷӯйӣ аз муаммоҳо, фикру нақшаҳои пурсамар ва дурандешонаи он касро нисбат ба халқи тоҷик нишон медиҳанд: “Ҳадафи стратегии давлату Ҳукумат дар соҳаи тандурустӣ бо роҳи ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим таъмин намудани солимии аҳолӣ, беҳтар гардонидани нишондиҳандаҳои дарозумрии инсон, паст намудани сатҳи беморӣ, маъюбӣ, фавти модару кӯдак, пешгирӣ кардани бемориҳои гуногуни сироятӣ, баланд бардоштани сифати кумаки тиббиву санитарӣ, назорати бехатарии маводи доруворӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳа мебошад” (Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва кормандони соҳаи тандурустӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил, шаҳри Душанбе, 01 сентябри соли 2018).
Таҳлилҳо собит месозанд, ки тайёр намудани мутахассисони соҳаи тиб ва таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо мутахассисони баландихтисос самти муҳимми сиёсати иҷтимоии кишвар маҳсуб мешавад. Дар солҳои аввали истиқлолият қисми зиёди мутахассисони соҳаи тиб, ки мансубияти миллии гуногун доштанд, бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла вобаста ба авзои сиёсии кишвар ба дигар кишварҳо фирор карданд, ки ин боиси кам гардидани кадрҳои тиббӣ ва халалдор гардидани сифати хизматрасонии тиббӣ дар мамлакат гардид.
Шумораи табибон оид ба ҳамаи ихтисосҳо ва кормандони миёнаи тиб, тайёр намудани кадрҳои тиббӣ дар маҷмӯъ нишондиҳандаҳои асосии соҳаи тандурустӣ маҳсуб мешаванд, ки воқеъияти вазъи рушди соҳаро метавонанд инъикос намоянд. Барои ҳосил намудани таассурот оид ба соҳаи мазкур дар поён ҷадвалҳо ва диаграммаҳо оварда шудаанд, ки вазъи таъминоти кадриро дар давраи солҳои 1991 то 2018 инъикос менамоянд.
Ҷадвали 1
Шумораи табибони ҳамаи ихтисосҳо дар минтақаҳои ҷумҳурӣ
Чунончи, аз натиҷагирии ҷадвали 1 бармеояд, айни замон дар ҷумҳурӣ шумораи умумии табибон оид ба ҳамаи ихтисосҳо 19085 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 7450 нафарро занҳо ташкил медиҳанд. Афзоиши шумораи табибон нисбат ба соли 2017 қариб дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ мушоҳида карда мешавад, ки он дар вилояти Хатлон ба 3,3 фоиз ё 120 нафар, дар шаҳри Душанбе ба 2,8 фоиз ё 189 нафар, дар вилояти Суғд ба 2,3 фоиз ё 118 нафар, дар ВМКБ ба 1,8 фоиз ё 9 нафар рост омадааст. Дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ бошад, баръакси ин раванд мушоҳида карда мешавад, ки тибқи он ба 2,5 фоиз ё 67 нафар табиб нисбат ба соли 2017 кам шудааст.
Бояд гуфт, ки шумораи умумии табибон дар ҳамаи самтҳои ихтисосҳо нисбат ба солҳои пешин майли зиёдшавиро дорад. Масалан, агар қиёсан ба соли 1995 нигарем афзоиш 1,5 баробар ё ба 6520 нафар, нисбат ба соли 2005 ба 43,8 фоиз ё 5817 нафар, нисбат ба соли 2015 ба 7,2 фоиз ё 1288 нафар ва нисбат ба соли 2017 ба 2,0 фоиз ё 369 нафарро ташкил мекунад.
Диаграммаи 1
Шумораи табибон оид ба ҳамаи ихтисосҳо аз рӯйи ҷинс
Ҷадвали 2
Шумораи кормандони миёнаи тиббӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ
Аз рақамҳои дар ҷадвали 2 овардашуда бармеояд, ки шумораи умумии кормандони миёнаи тиббӣ дар соли 2018 ҳамагӣ 53991 нафарро ташкил менамояд, ки 45331 нафари онҳоро занҳо ташкил медиҳанд. Ҳамчунин, ин рақамҳо собит месозанд, ки қариб дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ шумораи кормандони миёнаи тиббӣ нисбат ба соли 2017 рӯ ба афзудан дорад. Масалан, тибқи ин нишондод дар вилояти Хатлон ба 6,3 фоиз ё 1064 нафар, дар вилояти Суғд ба 4,4 фоиз ё 734 нафар, дар шаҳри Душанбе ба 4,3 фоиз ё 347 нафар ва дар ВМКБ ба 3,1 фоиз ё 61 нафар рост омадааст. Дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ бошад, баръакс, ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2017 ба 0,04 фоиз ё 3 нафар корманди миёнаи тиббӣ коҳиш ёфтааст.
Нишондиҳандаи мазкур нисбат ба солҳои пешин ба таври мунтазам рушд ёфта истодааст, ки дар муқоиса бо солҳои 1995, 2005, 2015 ва 2017 зиёдшавӣ мутаносибан ба 48,9 фоиз ё 17719 нафар, 1,5 баробар ё ба 25114 нафар, ба 17,3 фоиз ё 7954 нафар ва 4,3 фоиз ё 2203 нафар рост омадааст.
Диаграммаи 2
Шумораи кормандони миёнаи тиббӣ дар ҷумҳурӣ
(ҳаз. нафар)
Аз натиҷагирии диаграммаҳои 1 ва 2 бармеояд, ки дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ теъдоди умумии табибон оид ба ҳамаи самтҳои ихтисосҳо ва кормандони миёнаи тиб коҳиш ёфтааст. Аммо баъд аз 10 солаи аввали соҳибистиқлолӣ нишондиҳандаи зерин рӯ ба афзоиш ниҳода, дар 10 солаи дуюм аллакай дар сатҳи афзоиши назаррас қарор гирифта, он то кунун ба таври мунтазам сол то сол афзоиш ёфта истодааст.
“Масъалаи тайёр кардани кадрҳои соҳаи тандурустӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумат ба ҳисоб меравад” – иброз намуданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва кормандони соҳаи тандурустӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил, ки санаи 1 сентябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд.
Дар воқеъ, тӯли солҳои Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду инкишофи соҳаи маориф ва илм, сатҳу сифати дониши хонандагону донишҷӯён дар ҳама зинаҳои таҳсилот, сифати тайёр кардани кадрҳои баландихтисосу унвондор таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад. Барои бартараф намудани норасоии кадрҳои соҳаи тандурустӣ низ аз тарафи давлату ҳукумат чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Бо ин мақсад айни замон дар ҷумҳурӣ барои тайёр намудани мутахассисони касбии соҳаи тиб 3 адад муассисаи таълимии тиббии касбии олӣ якҷоя бо назардошти факултаи тиббию фарматсевтии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намуда истодааст. Муассисаҳои тиббии таҳсилоти миёнаи касбӣ бошад 25 ададро ташкил медиҳанд, ки дар ҷадвалҳои 3 ва 4 маълумотҳои зерин ба таври мушаххас пешниҳод шудаанд.
Ҷадвали 3
Муассисаҳои таҳсилоти олии касбии тиббӣ
(дар аввали соли таҳсил)
Мавриди зикр аст, ки 1-уми сентябри соли 2016 дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аввалин маротиба дуюмин муассисаи олии касбии тиббӣ ба фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмӣ ва муолиҷавӣ оғоз намуд, ки дар самти ҳарчи бештар тайёр намудани мутахассисони олии касбии тиббӣ нақши муҳим мебозад. Чунончи, дар асоси маълумотҳои ҷадвали 3 мушоҳида намудан мумкин аст, ки солҳои охир нишондиҳандаҳои аз қабили шумора, қабул ва хатми донишҷӯён нисбат ба солҳои пешин афзуда истодааст. Масалан, дар аввали соли таҳсили 2018/2019 шумораи умумии донишҷӯён ҳамагӣ 12526 нафарро бо назардошти донишҷӯёни Факултаи тиббию фарматсевтии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташкил намуд, ки он нисбат ба солҳои таҳсили 1995/1996 – 2,8 баробар ё ба 8022 нафар, 2005/2006 – 2,8 баробар ё ба 7984 нафар, 2015/2016 – ба 26,5 фоиз ё 2621 нафар ва 2017/2018 – ба 4,5 фоиз ё 541 нафар донишҷӯ зиёд шудааст.
Дар ҷадвали 3 нишондиҳандаҳои қабул ва хатми донишҷӯён ҷолиби диққат мебошад. Чунончи, аз рӯйи маълумотҳои овардашуда дидан мумкин аст, ки дар аввали соли таҳсили 2018/2019 шумораи умумии қалбули довталабон ҳамагӣ 2136 нафарро ташкил намудааст, ки нисбат ба соли таҳсили 2017/2018 ба 6,1 фоиз ё 139 нафар довталаб кам мебошад, вале нисбат ба солҳои таҳсили 1995/1996, 2005/2006, 2015/2016 бошад, баръакс чанд маротиба афзудааст, ки мутаносибан 3,3 баробар (1489 нафар), 2,5 баробар (1265 нафар) ва ба 37,4 фоиз (581 нафар) зиёдшавиро ташкил намудааст.
Дар аввали соли таҳсили 2018/2019 шумораи умумии хатми мутахассисони омодашуда ҳамагӣ 2026 нафарро ташкил намудааст, ки нисбат ба солҳои таҳсили 1995/1996 – 2,5 баробар (1205 нафар), 2005/2006 – 3,7 баробар (1474 нафар), 2015/2016 – 1,6 баробар (725 нафар) ва 2017/2018 – ба 4,8 фоиз (92 нафар) зиёд шудааст.
Ҷадвали 4
Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ
Бояд гуфт, ки дар самти рушди соҳаи тандурустӣ нақши кормандони миёнаи тиб низ аҳамияти хосса дорад. Чунки дар ҳар давру замон табобати самараноки беморон дар беморхонаҳо бевосита аз фаъолияти дуҷониба – табибони касбӣ ва кормандони миёнаи тиб вобастагии калон дорад.
Аз натиҷагирии ҷадвали 4 мушоҳида кардан мумкин аст, ки ҳамаи нишондиҳандаҳои тайёр намудани кадрҳои миёнаи тиббӣ дар ҷараёни даҳсолаи сеюми соҳибистиқлолии давлат нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ чанд маротиба афзудааст.
Чунончи, шумораи умумии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ дар аввали соли таҳсили 2018/2019 ҳамагӣ 25 ададро ташкил намуда, он нисбат ба солҳои таҳсили 1995/1996 ва 2005/2006 мутаносибан 2,3 баробар ё ба 14 адад, 1,9 баробар ё ба 12 адад ва нисбат ба солҳои таҳсили 2015/2016 ва 2017/2018 ба 8,7 фоиз ё 2 адад муассиса афзудааст.
Шумораи умумии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ дар аввали соли таҳсили 2018/2019 ҳамагӣ 44887 нафарро ташкил намуда, он нисбат ба солҳои таҳсили 1995/1996 – 5,8 баробар ё ба 37190 нафар, 2005/2006 – 3,7 баробар ё ба 32695 нафар, 2015/2016 – ба 29,6 фоиз ё 10241 нафар ва 2017/2018 – ба 12,0 фоиз ё 4792 нафар афзудааст.
Дар баробари зиёд шудани миқдори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ афзоши босуръати нишондиҳандаҳои қабул ва хатми донишҷӯён низ ба чашм мерасад. Чунончи, шумораи умумии қабули донишҷӯён дар аввали соли таҳсили 2018/2019 ҳамагӣ 15054 нафарро ташкил намуда, он нисбат ба солҳои таҳсили 1995/1996 – 6,2 баробар (12633 нафар), 2005/2006 – 3,8 баробар (11057 нафар), 2015/2016 – ба 39,6 фоиз (4268 нафар) ва 2017/2018 – ба 16,0 фоиз (2078 нафар) афзудааст.
Шумораи умумии хатми мутахассисони миёнаи касбии тиббӣ дар аввали соли таҳсили 2018/2019 ҳамагӣ 10885 нафарро ташкил намуда, он нисбат ба солҳои таҳсили 1995/1996 – 2,8 баробар (6953 нафар), 2005/2006 – 4,1 баробар (8262 нафар), 2015/2016 – 1,6 баробар (3998 нафар) ва 2017/2018 – ба 9,1 фоиз (905 нафар) афзудааст.
Таҳлилҳо дар самти тайёр намудани кадрҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ барои омодасозии мутахассисони тиббии ҳам миёна ва ҳам олии касбӣ шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуда истодааст, ки боиси ҷалби ҷавонон ба соҳаи тиб мегардад. Аммо, мутаассифона, таҳлилҳо ва мушоҳидаҳо собит месозанд, ки солҳои охир сатҳи дониши теъдоди муайяни хатмкунандагони муассисаҳои таълимии тиббӣ аз талаботи имрӯза ва сатҳи стандартҳои муқарраршуда паст меистанд. Ҳатто чунин ҳодисае ҷой дорад, ки табиби дандон дар ҷойи муолиҷаи дандони осебёфта дандони сафеди солимро бо решааш кандааст ва ин гуна мисолҳо зиёданд. Аз бесаводию бетаҷрибагии бархе табибони ҷавон, баъзе беморон ҳангоми зарурӣ ба табибон муроҷиат накарда, худсарона дар такя ба тавсияҳои барномаҳои интернетӣ ё дигар усулҳо худро муолиҷа мекунанд.
Бояд зикр намуд, паст будани сатҳи касбияти мутахассисони соҳаи тиб сабабҳо ва омилҳои мухталиф дошта, таҳлили ҳамаҷонибаро мехоҳад. Аммо, ба андешаи мо яке аз сабабҳои сатҳи пасти мутахассисони ҷавон дар он аст, ки солҳои охир дар раванди таҳсил сатҳи дарсазхудкунии донишҷӯён аз тариқи тест муайян карда мешавад. Чунин тарзи супоридани имтиҳонҳо барои донишҷӯён хеле осон ва қуллай буда, интихоб намудани як ҷавоб аз чанд ҷавоби пешниҳодшуда ягон душворие намеорад. Усули анъанавии супоридани имтиҳонҳо дар мактабҳои олӣ, ки донишҷӯй бо мутолиа ва омӯзиши адабиёти зарурӣ ба имтиҳон омода шуда, ба андешаронӣ ва суханронии мантиқӣ фикрашро баён мекард, дар муқоиса бо шакли муосири имтиҳонсупорӣ аз тариқи тест афзалият дорад. Илова бар ин, дар натиҷаи беадолатона гирифтани холҳои баланди донишҷӯёни беистеъдод дар имтиҳонҳои тестӣ ба завқ ва майлу хоҳиши донишҷӯёни боистеъдод таъсири манфӣ расонда, ба бетафовутии ин қишри донишҷӯён нисбат ба натиҷаҳои имтиҳонҳо мусоидат мекунад.
Мушкилоти дигаре, ки айни замон ба сатҳи хизматрасонии тибби ватанӣ таъсири манфӣ мерасонад, ин аз даст додани кадрҳои касбии ботаҷрибаи ин соҳа мебошад, ки бо сабабҳои гуногун ҷумҳуриро тарк мекунанд. Бояд ёдовар шуд, ки масъалаи “фирори мағзҳо”, яъне аз кишварҳо рафтани неруҳои ақлонӣ раванди ҷаҳонӣ буда, танҳо хоси Тоҷикистон нест. Вале, дар шароити имрӯзаи ҷумҳурии мо раванди мазкур таҳлил ва муносибати ҷиддиро тақозо мекунад. Хусусан, дар самти тандурустӣ таъсири манфии ин зуҳурот бараъло эҳсос карда мешавад. Айни ҳол тамоми муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз нарасидани мутахассисони ботаҷриба танқисӣ мекашанд.
Тавре ки аз таҳлилҳо бармеояд, рӯзгори мураккаб ва навмедона дар зодгоҳ боиси ба мамлакатҳои бегона кӯч бастани мутахассисони варзида, хусусан насли ҷавон мегардад. Набудани шароити мусоиди кор ва маоши арзанда олимону мутахассисонро маҷбур месозад, ки ҷою макони мувофиқтарро интихоб намоянд. Мутахассисони варзидаро бошад, кишварҳои рушдёфта харидорӣ карда, бо шароити хуби корӣ ва маоши мувофиқ таъмин менамоянд.
Чунончи, айни ҳол теъдоди зиёди табибони тоҷик дар кишварҳои рушёфта фаъолият мекунанду фикри ба ватан баргаштанро надоранд. Қайд кардан ҷоиз аст, ки теъдоди зиёди донишҷӯёни тоҷик, ки хоҳиши дар хориҷа таҳсил кардан доранд, ҳамасола меафзояд, вале тақдири минбаъдаи онҳо номуайян мемонад. Албатта, шароити мусоиди таҳсил ва зиндагию меҳнат дар кишварҳои пешрафта онҳоро ба худ ҷалб мекунад ва ин сохторҳои дахлдори давлатӣ ва аҳли ҷомеаи Тоҷикистонро водор месозад, ки барои аз даст надодани ҷавонони боистеъдод ва ҳимояи “мағзҳо”-и миллат тадбирҳои саривақтӣ андешида шавад (Ниг.: Қурбонов А.Ш. “Амнияти зеҳнӣ ва истиқлолияти давлатӣ (таҳлили иҷтимоӣ – сиёсӣ)”/МТС назди Президенти ҶТ. – Душанбе “Ирфон”, 2016. – С.40)
Ф.И. Худойдодова,
муовини сардори Раёсати
таҳлили масъалаҳои иҷтимоии
МТС назди Президенти ҶТ