Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали Истиқлоли давлатӣ доир ба ҷавонон сиёсати созандаро амалӣ менамояд ва барои рушди маънавии онҳо шароити мусоидро фароҳам меорад. Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ қайд кардаанд: “Ҷавонон дар пешрафтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи афзалиятнок доранд”.
Сиёсати ҷавононро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон ҳамчун маҷмуи барномаҳо, стратегияҳо, амалҳо ва санадҳои ҳуқуқии аз тарафи давлат таҳияшудае, ки ба қонеъ гардонидани талабот ва манфиатҳои ҷавонон, фаъолияти иҷтимоии онҳо, таъмини имкониятҳои баробар ва ҳифзи ҳуқуқ дар соҳаҳои таҳсилот, шуғл, саломатӣ, иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ, инчунин, фароҳам овардани шароит барои инкишофи онҳо арзёбӣ намуд.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонони то синни 30-сола 70 дарсади аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” аз 23 декабри соли 2021, № 1830, ҷавонон ҳамчун гурӯҳи иҷтимоӣ-демографӣ, ки шахсони аз 14 то 30 соларо фаро мегиранд, муайян карда шудаанд.
Қайд кардан зарур аст, ки мисли дигар кишварҳои ИДМ ва ҷаҳон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад, ки сиёсати давлатӣ доир ба ҷавононро амалӣ месозад. Қонуни асосии танзимкунандаи кори иҷтимоии давлат бо ҷавонон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» мебошад. Масалан, дар Ҷумҳурии Озарбойҷон, Қонун «Дар бораи сиёсати ҷавонон» 9 апрели соли 2002 қабул шуда буд. Дар Ҷумҳурии Қазоқистон Қонун “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” 7 июли соли 2004 қабул шудааст. Дар Туркманистон бошад, Қонун “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” 1 октябри соли 1993 қабул шуда буд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” 13 марти соли 1992 қабул шудааст, ки нисбат ба дигар кишварҳои ИДМ нахустин ба шумор меравад.
Қайд кардан зарур аст, ки сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои зерин амалӣ карда мешавад:
– эҳтироми ҳуқуқи ҷавонон ва таъмини онҳо;
-мусоидат ба фаъолияти иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, ташаккули маблағҳои дастгирии соҳибкории ҷавонон;
– дастгирии давлатии оилаҳои ҷавон;
– дастгирии ҷавонони махсусан лаёқатманд;
– расонидани кумаки моддию молиявӣ ба ҷавонон ва хизматрасонии иҷтимоии онҳо;
– мусоидат ба ҳалли проблемаҳои манзил ва беҳтар намудани шароити зиндагии ҷавонон;
– тарбияи ҷавонон;
– кафолати таҳсили ройгони ҷавонон дар муассисаҳои давлатии таҳсилоти умумии миёна, касбӣ ва олӣ;
– кафолати таъмини шахсони бе падару модар ва бо кор таъмин намудани онҳо;
– таъмини кафолатҳои ҳуқуқҳои ҷавонон ба меҳнат, интихоби касб ва ҳифзи иҷтимоӣ;
– мусоидат ба ҳамкории байналмилалӣ байни ҷавонон;
-дастгирии фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон;
-ташкили истироҳати ҷавонон.
Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд: “Имрӯз ҷавонони мо такягоҳи ҳақиқӣ, умед ва ифтихори ҷомеа ва давлати тоҷикон ба ҳисоб мераванд”.
Роҳбарияти кишвар ташаббусҳои ҷавононро дастгирӣ мекунад, аз ин рӯ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо барномаҳо доир ба сиёсати ҷавонон амалӣ шудаанд, аз ҷумла, “Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон”, “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ”, “Барномаи рушди саломатии ҷавонон”, “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 ва 2016-2018” ва ғайра.
Ҳоло, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030” амалӣ мешавад. Дар охири соли 2022 Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тасмим гирифта буданд, ки олимон, нависандагон, рӯзноманигорон ва мутахассисони ҷавонро дастгирӣ намоянд. Дар робита ба ин, барои ҷавонони то сисола барои ихтироот ва асарҳои арзишмандашон ҷиҳати дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо мукофоти пулӣ муқаррар карда шудааст, ки ин дастгирӣ идома дорад.
Дар баробари ин, метавон ташаббусҳои муассири давлатро доир ба рушди соҳаи сиёсати ҷавонон мисол овард. Масалан, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати кишвар ба рушди варзиш миёни ҷавонон диққати ҷиддӣ медиҳад. Аз ҷумла, мактабу марказҳои махсуси варзишӣ таъсис дода шудаанд, ки ба кӯдакону наврасон имконият фароҳам меоранд, ки ба навъҳои гуногуни варзиш машғул шаванд.
Тибқи маълумоти омории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, айни ҳол 10 ҳазору 768 иншооти варзишӣ новобаста аз шакли моликияташон ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 126 варзишгоҳ, 7579 майдончаи варзишӣ, 2214 толори варзишӣ, 94 ҳавзи шиноварӣ, 84 маҷмааву марказҳои солимгардонӣ ва 771 иншооти махсуси варзишӣ, аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ мавҷуд мебошанд, ки айни ҳол фаъолияти пурсамар доранд. Ин аст, ки бо тадбирандешиҳо рӯз то рӯзи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва ба истифода додани иншооти варзишӣ дар қаламрави кишвар босуръат идома дорад.
Имрӯзҳо ширкати фаъоли ҷавонони мо ва пирӯзии онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, бешубҳа, ба болоравии обрӯйи кишварамон мусоидат менамояд. Танҳо соли 2023 варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 343 медал, аз ҷумла 108 тилло, 76 нуқра ва 159 биринҷӣ ба даст оварданд, ки нисбат ба соли 2022-юм 226 медал зиёд мебошад.
Бояд гуфт, ки ғайр аз ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбияи ҷавонон диққати махсус медиҳад. Бо мақсади дастгирии духтарону писарони деҳот соли 1997 бо дастури Пешвои миллат барои таҳсил дар мактабҳои олии Тоҷикистон квотаи президентӣ муқаррар карда шуд. Дар даврони Истиқлоли давлатӣ мактабҳои олии касбии кишварро аз рӯйи квотаи президентӣ 1100 нафар духтарон аз навоҳии дурдасти кӯҳистон хатм карданд. Дар ин давра мактабҳои олии касбию техникиро 222 хазор нафар духтарон хатм намуда, ҳоло дар ин донишкадаҳо боз 100 ҳазор нафар духтарон таҳсил мекунанд.
Бояд тазаккур дод, ки соли 2008 дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази барномаҳои байналмилалӣ таъсис дода шуд. Бо мақсади тайёр намудани мутахассисони сатҳи байналмилалӣ соли 2009 бо супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин Марказ стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» таъсис дода шуд. Таъсиси стипендияи мазкур барои таҳсил дар хориҷи кишвар ҷиҳати таъмини иқтисоди миллӣ бо кадрҳои нодир ва таҳсили беш аз 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯйи тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии хориҷи мамлакат аз ҷумлаи дастгириҳо ва ташаббусҳои Пешвои миллат дар замони муосир ба шумор меравад. Дар натиҷа, ҳоло дар 33 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз 21 кишвари хориҷӣ 16 500 нафар донишҷӯён таҳсил доранд.
Дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар заминаи ҳамкории байналмилалӣ миёни Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ 123 созишномаи ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаи маориф, илм ва техника ва 83 созишномаи ҳамкории байниидоравӣ ба тасвиб расидаанд, ки дар асоси ин санадҳо ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии 33 кишвари хориҷӣ ҷавонони соҳибистеъдоди мо аз рӯйи ихтисосҳои барои иқтисоди миллӣ зарурӣ таҳсил карда истодаанд.
Дар доираи татбиқи сиёсати ҷавонон ва таҳким бахшидани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва дониши онҳо ҳамасола дар ҷумҳурӣ озмунҳои гуногун баргузор мегардад. Аз ҷумла, баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон– Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат” дар Тоҷикистон ҳамасола баргузор мешаванд, ки барои ошкор кардани ҷавонони лаёқатманд, бедор намудани таваҷҷуҳи ҷавонон ба адабиёту фарҳанги миллиии худ, инчунин, оммавӣ гардонидани илму дониш нигаронида шудааст.
Дар ин самт фароҳам овардани шароити мусоидтарин барои рушди ҳамкории ҷавонон ҳамчун омили нигоҳдорӣ ва таҳкими муносибатҳои дӯстона 25 ноябри соли 2005 Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ Созишномаи давлатҳои узви ИДМ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи кор бо ҷавононро қабул кард, ки ба он намояндагони Федератсияи Русия ва ҷумҳуриҳои Беларус, Арманистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Қазокистон, Қиргизистон имзо гузоштанд. Аз ҷумла, Ҳукуматҳои Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон ҳамасола барои таҳсили ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳояшон квота ҷудо мекунанд. Масалан, дар соли 2023 беш аз 28 ҳазор нафар донишҷуёни тоҷик дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекарданд. Дар ҷумҳурии Узбекистон дар соли таҳсили 2022-2023 шумораи умумии донишҷӯёни тоҷик ба 269 нафар ва дар Ҷумҳурии Қазоқистон бошад ба 332 нафар расид.
Қобили зикр аст, ки Ҳукумати мамлакат дар раванди татбиқи сиёсати иҷтимоӣ ба масъалаи ислоҳоти соҳаи маориф ва ба стандарту барномаҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани он диққати ҷиддӣ медиҳад.
Аз гуфтаҳои боло хулосае бармеояд, ки имрӯз барои ташаккули худшиносии миллӣ ва тарбияи ҳисси ватандӯстии ҷавонон дар ҷумҳурӣ шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Тадбирҳое, ки дар ин самт аз ҷониби сохторҳои гуногуни давлатӣ, бахусус, дар самти маориф андешида мешаванд, бешубҳа, барои татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тарбияи ҷавонон ва таъмини рушди устувори кишвар мусоидат хоҳанд кард.
Султонбегим Абдуллоева,
сармутахассиси Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон