Номзадҳо ба мансаби Президент дар барномаҳои пешазинтихоботии худ нигоҳи худро дар бораи ояндаи кишвар инъикос мекунанд.  Дар барномаи пешпзинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми соҳаҳои фаъолияти давлат, аз ҷумла сиёсати иқтисодӣ, маориф, илм, шуғл, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ѓайра ҷой гирифтааст.

Сиёсати хориҷӣ яке аз базшҳои муҳимми барнома мебошад. Таҳлил ва омўзиши барномаи зерин нишон медиҳад, ки бахши сиёсати хориҷии он дар дурнамо нуктаҳои зеринро фаро мегирад:

         Якум, ҳамкориҳои дуҷониба. Дар барнома ба равобити дуҷониба бо кишварҳои хориҷ афзалияти зиёд дода мешавад. Имрӯз, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аксари кишварҳои ҷаҳон дар соҳаҳои гуногун ҳамкориро ба роҳ мондааст.  Тақвият ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ бо давлатҳои дӯст дар барномаи пешазинтихоботӣ, фаҳмиши дурандешона ва дарқи амиқи дурнамои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои дигар мебошад.

         Дуюм, ҳамкории бисёрҷониба.  Ҳамкории бисёрҷониба ҳамкории дастаҷамъиро дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ инъикос мекунанд.  Ҳамкорӣ дар сатҳи Осиёи Марказӣ самти муҳим ва афзалиятноки барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҲХДТ нишон дода шудааст. Бояд зикр намуд, ки кишварҳои минтақа таърихи муштарак, аз нигоҳи фарҳангӣ ва маънавии бо ҳам шабеҳ доранд.  Инкишофи минбаъдаи муносибатҳо ва равандҳои ҳамгироӣ дар минтақа на танҳо ба манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки ба суди дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ низ ҷавобгӯ шуморида мешавад.

         Сеюм, ҳамкорӣ дар чаҳорчўбаи созмонҳои байналмилалӣ.  Созмонҳои байналмилалӣ дар муносибатҳои кунунии геополитикӣ ва байналмилалӣ нақши муҳим доранд.  Ҳамчун самти калидии сиёсати хориҷӣ ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, дар рӯзномаи барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҲХДТ нигоҳи хосса зоҳир карда мешавад.  Бояд қайд намуд, ки созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун як платформаи ҳалли мусолиматомез ва созишкоронаи чолишҳо ва таҳдидҳои глобалӣ, инчунин коҳиши шиддат миёни кишварҳо хидмат мекунанд. Тоҷикистон бо зиёда аз 50 созмони фаромиллӣ ҳамкориҳоро ба роҳ монда, минбаъд низ онро тақвият хоҳад бахшад

         Чорум, ҳамкориҳои иқтисодӣ.  Воқеияти иқтисодии ҷаҳонӣ ва бозори ҷаҳонӣ зарурати ҳамгироӣ ва ҳамкории наздики иқтисодиро тақозо менамояд. Иқтисодиёти муваффақро бидуни робитаҳои васеи тиҷоратӣ бо дигар давлатҳо тасаввур кардан ғайриимкон аст.  Аз ин сабаб, дарҷ ёфтани зарурати ҳамкориҳои иқтисодӣ бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон бо истифода аз воситаҳо ва усулҳои муосири дипломатияи иқтисодӣ дар Барномаи пешазинтихоботӣ аҳаммияти онро на танҳо дар сиёсати хориҷӣ, балки дар фаъолияти иқтисодии хориҷӣ низ афзоиш медиҳад.

         Панҷум, дипломатияи иттилоотӣ.  Дар ҷаҳони муосир, пешрафти технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ аҳаммияти бузург дорад.  Истифодаи воситаҳо ва усулҳои дипломатияи иттилоотӣ барои рушди ҳамкорӣ бо дигар давлатҳо, инчунин, ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ бо мақсади ҷалби сармоя ва таҳкими амнияти иттилоотӣ тақозои замон мебошад. Тибқи барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҲХДТ Тоҷикистон имкониятҳои рушди дипломатияи иттилоотии худро дар дурнамои оянда боз ҳам густариш хоҳад дод.

         Шашум, сиёсати “дарҳои боз”. Мувофиқи барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҲХДТ тақвияти сиёсати “дарҳои боз” тайи ҳафт соли оянда метавон дар рушди ҳамкориҳоро бо ҳамаи кишварҳои узви СММ ва дигар созмонҳову ташкилотҳо ва кишварҳои дунё дар асоси баробарӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар ва эҳтироми манфиатҳои муштарак мусоидат кунад. Тайи ин солҳо бо шарофати сиёсати «дарҳои боз» ва ҷалби кишварҳои гуногун ба ҳамкории судманд дар кишвар лоиҳаҳои зиёде дар соҳаҳои саноат, энергетика, коммуникатсия амалӣ хоҳанд шуд, ки барои рушди устувори давлати мо заминаҳои мустаҳкам мегузорад.

         Ҳафтум, ҳамкориҳо дар соҳаи амният. Дар барнома зикр мегардад, ки тақвияти ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон барои муқовимат бо таҳдидҳо ва хатарҳои муосир, аз қабили терроризм ва экстремизм, ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъсири манфии пандемия ҷавобгӯйи манфиатҳои кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мебошад.

         Ҳаштум, дипломатияи фарҳангӣ ва башардӯстона. Барнома ҷанбаъҳои фарҳангии сиёсати хориҷиро низ дар бар мегирад, зеро равобити фарҳангию башардӯстона унсури ҷудонашавандаи ҳамкории давлатҳо дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба шуморида шуда, омили муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, ҳамчун кишвари дорои фарҳангу тамаддуни қадима мебошанд.

         Нуҳум, ҳимоя намудани ҳуқуқу манфиатҳо, шаъну шараф ва эътибори шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар. Зикр гардидани нуқтаи мазкур дар барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалии Раҳмон ғамхориро нисбати шахрвандон дар хориҷи кишвар нишон медиҳад.

Дар ниҳоят, метавон гуфт, ки бахши сиёсати хориҷии барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба талаботи замон ва тамоми манфиатҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ буда, инчунин, маҷмўи тамоюлҳои муосири муносибатҳои байналмилалиро фаро мегирад.

Сино Исмоилов,

мутахассиси пешбари Раёсати

таҳлил ва ояндабинии сиёсати

хориҷии МТС–и назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед