Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти сарҳади тӯлонӣ ба масъалаи ҳалли ҳарчи зудтари низои ҳарбӣ-сиёсӣ дар Афғонистон диққати махсус зоҳир менамояд.  Дар баробари чораҳои сиёсӣ ва дипломатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Афғонистон ёрии иқтисодӣ ва башардӯстонаро дареғ намедорад. Ҳамзамон шаҳрвандони Афғонистон дар донишгоҳҳои Тоҷикистон соҳиби маълумоти олӣ гардида, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвари худ саҳми арзанда мегузоранд.

Мутаассифона, ҷангҳои омехта (гибридӣ) ва прокси-ҷангҳо миёни абарқудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ рушди устувори Афғонистонро зери суол бурдаанд.

Ҳодисаҳои охир дар Афғонистон ба вазъи низомию сиёсии кишварҳои ҳамсоя, бахусус минтақаи Осиёи Марказӣ таъсири манфии худро расонида истодаанд.  Хуруҷи нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ ва иваз шудани қудрати сиёсӣ дар Афғонистон вазъи  амниятиро дар кишварҳои ҳамсоя хеле нигаронкунанда  намудааст. Чунонки Пешвои миллат дар Паёми худ аз 21 декабри соли 2021 таъкид намуданд: “Дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаби минтақа ва ҷаҳон дар назди мо вазифаҳои бағоят мубрами амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, муҳоҷирати ғайрирасмӣ қарор доранд, ки вобаста ба ҳодисаҳои Афғонистони ҳамсоя торафт шиддат гирифта истодаанд”.

Мавриди зикр аст, ки  зиёда аз 46 фоизи аҳолии Афғонистрон тоҷикон ташкил дода, поймол кардани ҳуқуқу озодии онҳо ба манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгу набуда, кишвари мо дар ин вазъият бетараф буда наметавонад.

Вобаста ба эътирофи Толибон* ҳамчун ҳукумати расмии Афғонистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо қайд намуданд, ки тоҷикон ва дигар миллатҳо бояд дар ҳукумати фарогир мавқеи сазоворро ишғол намоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин мавқеи худ, яъне зарурати эҳтироми халқу миллатҳои дигари Афғонистон ва ҳуқуқу озодиҳои асосии онҳо, устувор аст. Вобаста ба ин вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти хабарӣ 2 феврали соли 2022 қайд намуд: “Мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Толибон* тағйир наёфтааст. Тоҷикистон ҷонибдори зарурати таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон бо иштироки тамоми қавмҳо мебошад. Толибон бояд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ иҷрои уҳдадории худро  оид ба  ба эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар амалия нишон диҳанд”.

Бояд таъкид кард, ки пешгӯии минбаъдаи раванди низомию сиёсӣ дар Афғонистон ниҳоят мушкил аст. Ин ба норавшании роҳ ва дигаргунсозии минбаъдаи равандҳои зикршудаи дохилии сиёсӣ, этникию иҷтимоӣ ва дигар равандҳои ҳаёти ҷомеаи осоиштаи Афғонистон вобаста аст.

Бо назардошти ҳассосияти масъалаи мазкур, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи ҷаҳониро аз минбарҳои сатҳи баланд  ҳамеша ҳушдор медиҳанд, ки  бояд дар марҳалаи кунунӣ ба муколамаи сулҳомези байни афғонҳо мусоидат намуда, ба расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон таваҷҷӯҳи хосса  зоҳир намоем.

Ин масъала дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ рӯзи 21 декабри соли 2021 низ дарҷ гардида, яке аз супоришҳои махсуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар мебошад.

Ҳамин тариқ, Пешвои муаззами миллат, ки худ таҷрибаи бузурги ҳалли буҳронҳои сиёсии дохилидавлатиро доранд, ба масъалаи таъмини мардуми осоиштаи Афғонистон бо маводҳои ниёзи аввал, инчунин барқ, ки асоси пешрафти иқтисодиву иҷтимоии халқ ба ҳисоб меравад, диққати махсус зоҳир менамоянд. Маҳз сиёсати хирадмандона ва инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки кишвари мо интиқоли барқро ба мардуми Афғонистон қатъ накарда, дар баробари ин инфрасохтори логистикии худро ҷиҳати расонидани ёрии башардӯстона аз ҷониби кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ пешниҳод намуд.

Маҳмадсаидзода Абубакр
мутахассиси пешбари Раёсати омӯзиши
масъалаҳои амнияти минтақавии
МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


* Толибон – ташкилоти террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигар

Чоп кунед