Ватандӯстӣ ҳамчун падидаи ҳаёти ҷамъиятӣ моҳият ва ҳусусиятҳои инкишофёбандаи худро доро мебошад. Дар таърихи ҳар як давлату миллат марҳилаҳое ҳастанд, ки дар он рӯҳияи ватандӯстӣ ва ватанпарварии шаҳрвандон тақвият меёбанд. Барои мисол ба даст овардани истиқлоли сиёсиву давлатӣ дар таърихи муосири кишвар барои ҳар як шаҳрванди солимфикру равшанфикри Тоҷикистон дастоварди беназир буд. Соҳибистиқлолӣ тавонист, ки рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллиро тақвият диҳад. Мардуми шарифи Тоҷикистон боз як бори дигар имкон пайдо намуданд, ки дар бораи кишвари худ, таърих ва фарҳанги он таҷдиди назар намоянд. Дар ин раванд корҳои бузурге ба анҷом расонда шуд.
Пас ватандӯстӣ чист? Муҳаққиқон нисбати ин падида фикрҳои гуногунро матраҳ месозанд. Варианти аврупоии вожаи «ватандӯстӣ» – «патриотизм» «patris», калимаи юнонӣ буда, ба маънои «ҳамшаҳр» ва «ватан» далолат мекунад. «Ватандӯстӣ» ё «патриотизм» ҳамчун вожаи илмии илмҳои иҷтимоӣ, аз он ҷумла ҷомеашиносӣ, илми ахлоқ (этика) ва сиёсатшиносӣ мебошад. Пас ҳамчун истилоҳи илмӣ, ватандӯстӣ принсипи ахлоқӣ, сиёсӣ ва дар навбати худ он ҳиссиёти иҷтимоӣ мебошад, ки мазмун ва моҳияти он меҳру муҳаббат ба Ватан, нияти холисона ва мунсифона доштан барои пешрафт ва гулшукуфии Ватан, манфиатҳои ҷамъиятиро аз манфиатҳои шахсӣ боло гузоштан, ба даъвати Ватан тайёру омода будан ва ғайра мебошад.
Пас, маълум аст, ки ватандӯстӣ ин муҳаббат ба Ватан мебошад. Дар маҷмӯъ, ҳамин дӯстдорӣ ва муҳаббат ба кишвар, ба Ватан як маҷмӯи тасаввуротҳо, ақидаҳое мебошад, ки дар худ номи «шуури ватандӯсти»-ро гирифтааст. Яъне ватандӯстӣ ин раванди маърифатӣ аст, ки аз ҷанбаҳои гуногун иборат мебошад. Шуури ватандӯстӣ яке аз ҷанбаҳои асосӣ ва муҳимми тарбияи ватандӯстӣ мебошад.
Агар мо даврони соҳибистиқлолиро дар кишвар вобаста ба ин масъала баррасӣ намоем, пас корҳое, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ва дигар ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ ба анҷом расидаанд, бевосита дар самти тақвияти шуури ватандӯстии шаҳрвандон равона гардидаанд. Барои мисол чунин иқдомҳо баргузории озмунҳои маърифатии ҷумҳуриявӣ, таваҷҷуҳи хосса намудан ба омӯзиши фарҳанг ва таърихи миллат, гиромидошти шахсиятҳои маъруфи илмиву адабӣ ва сиёсӣ, назари амиқ намудан ба расму оинҳои миллӣ ва аз ҷониби ЮНЕСКО эътироф гардидани онҳо, қабул гардидани пешниҳодҳои Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ дар СММ, баланд гардидани имиҷи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари ташаббускор ва тарафдори сулҳу амният ва ғайра мебошанд. Ҳамаи ин иқдомҳо дар фазои ҷамъиятии кишвар муҳим буда, барои тақвияти шуури ватандӯстӣ созгор аст.
Дар ин ҷо зарур аст, ки мо моҳияти шуури ватандӯстиро дарк намоем. Имрӯз шуури ватандӯстӣ ҷузъи муҳимми ҳаёти маънавии ҷомеаи муосири мо ба шумор меравад. Дар ҳаёти ҷамъиятии мо ин масъала боз ҳам аҳамият ва мубрамият пайдо намуда истодааст. Пеш аз ҳама, дар паёмҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳуҷҷати раҳнамоикунанда мебошанд, ибораҳои «истеҳсоли ватанӣ», «корхонаҳои ватанӣ», «гиёҳҳои шифобахш ва аз лиҳози экологӣ тозаи ватанӣ», «ашёи хоми ватанӣ», «соҳибкорони ватандӯст», «ширкатҳои сайёҳии ватанӣ», «ободии Ватан», «пешрафти Ватан», «Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи созандаи Ватан» ва ғайра истифода гардидаанд, ки бевосита барои тарбияи ватандӯстӣ ва тақвияти шуури ватандӯстӣ мусоидат менамояд. Ҳар яке аз ин ибораҳо моро барои арҷ гузоштан, эҳтиром намудан, муқаддас доштан ва ҳифз намудани Ватан бо ҳама боигариҳову сарватҳояш раҳнамун мекунад. Шиори машҳури «Тоҷикистон ба пеш», ки аввалин бор аз ҷониби Пешвои муаззами миллат матраҳ гардида буд, имрӯз шиори маъмул ва дӯстдоштаи ҳар як шаҳрванди мамлакат гардидааст. Ин шиор орзӯ ва ормонест, ки аз лиҳози ҳиссиву маънавӣ барои ноил гардидани Тоҷикистон ба як кишвари пешрафта, ҳар як шаҳрванди равшанфикру бономус умед мебандад.
Маҳз қувваи пешбаранда ва такондиҳандаи шуури ватандӯстӣ ҷавонон мебошанд. Аҳамияти бевосита додан ба тарбияи ватандӯстӣ низ, ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Президенти кишвар борҳо дар суханрониҳояшон нисбати қишри фаъоли ҷомеа – ҷавонон изҳори бовариву эътимод намудаанд. Чуноне дар Паёми имсола низ қайд гардидааст: «Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд».
Ҷавонон, ки қишри фаъоли ҷомеа мебошанд, ҳамеша дар зери таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Қабул гардидани барномаҳо барои дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ тарбия намудани ҷавонон низ саривақтӣ аст. Дар Паёми имсола низ қайд гардид, ки барои ҳамин: «Мо имсол «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027»-ро қабул намудем».
Шуури ватандӯстӣ ҷанбаи муҳимми ҳар як низоми иҷтимоӣ ба шумор меравад. Албатта таҳким бахшидани шуури ватандӯстӣ дар шароити иҷтимоӣ-иқтисодии муосир низ корҳои зиёдеро талаб мекунад. Мазмун ва моҳияти ватандӯстӣ ва сатҳи шуури он пеш аз ҳама ба вазъи маънавию ахлоқии ҷомеа, решаҳои таърихии он вобастагии зич дорад.
Шуури ватандӯстӣ аз хусусиятҳои гуногун иборат аст, ки асоситарини онҳо муҳаббат ба Ватан, муносибати шахс ба таърихи кишвар ва хотираи таърихӣ, муносибат ба фарҳанг, расму оинҳои мардуми худ, дӯст доштани марзу буми диёр ва тайёр будан ба ҳифзи он ва ғайра.
Ҳамин тавр, чуноне қайд намудем, шуури ватандӯстӣ ҷузъи шуури ҷамъиятӣ мебошад, ки дарбаргирандани ҷанбаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, таърихӣ, ва ахлоқӣ мебошад. Моро зарур аст, ки барои тақвияти шуури ватандӯстии шаҳрвандон махсусан насли наврас ва ҷавон кӯшиш намоем. Имрӯз мо бояд тарбияи ватандӯстиро аз дӯстдорӣ ва ҳифзи ҳар як ваҷаб марзу буми Ватан, масъулият дар таҳсил ва фаъолияти меҳнатии худ, масъулият дар тарбияи фарзандон, тозагии гирду атроф ва ободии диёрии азиз, алоқаманд намоем.
Нусратулло Зокирзода,
номзади илмҳои фалсафа, сармутахассиси
Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти
минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон