10 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар консерти тантанавии ходимони фарҳангу санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони «Шоми дӯстӣ», ки дар Кохи Борбад баргузор шуд, иштирок намуданд.

Макони баргузории чорабинии фарҳангӣ — толори Кохи Борбад бо иштироки Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз самимияту дидори мардумони ба ҳам дӯсти ду кишвари ҳамсоя фазои тозаи идона дошт.

Чорабинии мазкур, ки  бо суханронии Сарони давлатҳо оғоз гардид, пур аз ҳарфҳои ихлос ва дӯстиву муҳаббати ҳамсоягӣ буд. Борҳо таъкид карда шуд, ки муносибатҳои дӯстии мардумони мо аз қаъри таърих реша мегирад ва он бояд бо талошу ташаббусҳои муштараки халқҳо то абад поянда бимонад.

Бояд зикр намуд, ки баргузории консерти рангину пурмуҳтавои устодони санъати Тоҷикистону Ӯзбекистон намунаи беҳтарини ҳамкории фарҳангӣ, тараннумкунандаи дӯстии мардумони тоҷику ӯзбек, ифодаи ҳусни баланди ният ва умеди қавӣ ба идомаи анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамсоягӣ, хешу таборӣ ва рушду густариши ҳамкории гуногунҷанба ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар буданд.

Ҳар нафаре, ки чорабинии баланди фарҳангиро тамошо намудааст, ба хубӣ дармеёбад, ки то чӣ ҳад фарҳангу, ҳунар ва оҳангу навои мо ҳамсони якдигаранд. Дарвоқеъ ин шабоҳат сохтаи дасти таърихи ҳамзистии садсолаҳо ва муносибати реша дар умқи таърихдоштаи мардуми тоҷику ӯзбек мебошад.

Садсолаҳои охир халқҳои тоҷику ӯзбек дар ҳавзаҳои ягонаи сиёсӣ, ҷуғрофиву фарҳангӣ умр ба сар мебурданд ва ин омил низ дар ба ҳам омадани сарнавишту шеваи зиндагии ду миллат бе таъсир намондааст. Месазад, ки ин арзиши баланд ва мероси бойи ҳамдигариро бо муносибатҳои дӯстона ҳазорсолаҳои баъд ҳифзу густариш дод.

Ин “шоми дӯстӣ” дар сарнавишти халқҳои тоҷику ӯзбек давраи нав, давраи бунёди хонаи дӯстиву рафоқат аст ва он барои ҳарду халқ пайғому паёме аз пешомади хушбинона ва муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоягии нек, ҳамкории мутақобилан судманд, ҳамзистии осоишта медиҳад.

Таърих гувоҳ аст, ки ҳанӯз дар аввалин суханрониҳои худ сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 28 сентябри соли 1993 дар иҷлосияи ХVIII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин изҳор намуда буданд: «Барои мо тоҷикон муносибати дӯстона, мустаҳкам ва тулонӣ бо Ӯзбекистон ҳам тақозои таърихӣ ва ҳам ниёзи мардумист». Дар партави тавсеаи дӯстии ду кишвар ин тақозо ва ин ниёзи пешбининамудаи Пешвои миллат  ба хубӣ эҳсос ва дар сатҳи шоиста бароварда мешавад. Умед аст, ки хатти комилан нави ҳамсоягиву дӯстии ду давлат асрҳои аср ҷовидона хоҳад монд.

 

Муродов Муҳаммад,
мутахассиси Раёсати таҳлил
ва ояндабинии сиёсати хориҷии
МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед