Чанд рӯз мешавад, ки тариқи шабакаҳои телевизионии кишвар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” оид ба фаъолияти ғайриинсонӣ ва достони ғайриахлоқии аъзоёни ташкилоти террористию экстремистии собиқ ҳизби наҳзати ислом намоиш дода мешавад, ки ҳар порчаи он пур аз фаҳшу фасод, қатлу ғорат, террори шахситҳои сиёсӣ, илмию фарҳанги тоҷик, одамрабоию шиканҷаи инсонӣ, ҷосусӣ ва хиёнаткории хаёлпарастони мазҳабӣ, дигар ҷиноятҳои вазнин ва даҳшати солҳои сахти миллати тоҷик дида мешавад, ки сабабгори аслиаш аъзоёни ташкилоти террористию эктремистии собиқ ҳизби наҳзати ислом мебошанд. Илова бар ин, дар навори мазкур аъзоёни маҳкумшуда ва ё маҳбусии гуруҳи мазкур як як кирдорҳои содиркардаву амалкарди худ ва дигар аъзоёни онро бо далелҳои қотеъона иқрор намуда, сиру асрор ва фармонҳои роҳбарияти ташкилоти террористию эктремистии собиқ ҳизби наҳзати ислом ва кирдорҳои ҳаммаслакони худро дар бесуботиҳои солҳои 90-уми кишвар ва идомаи кӯшишҳои дубораи онҳо дар ин шабу рӯз дар Тоҷикистонро ифшо карданд.
Яке аз нуқтаи муҳимми филми “Хиёнат”, ки диққати тамошобинро ба худ бештар ҷалб намуд, намоиш ва ифшо намудани амалҳои ғайрибашарӣ ва ғайришариятии ташкилоти террористию экстремистии собиқ ҳизби наҳзати ислом, инчунин, таҳлили муқоисавии амалҳои зиддибашарии ташкилоти террористию экстремистии собиқ ҳизби наҳзати ислом бо “ДОИШ” ва дигар созмонҳои террористиву экстремистии байналмилалӣ мебошад. Ба ҳамагон аён гардид, ки амалҳои ташкилоти террористию эктремистии собиқ ҳизби наҳзати ислом аз дигар ташкилотҳои террористию экстремистии байналмилалӣ ҳеҷ камбудӣ ва фарқияте надошта, монандиву алоқамандии зич дида мешавад. Маълум мешавад, ки амалҳои террористии онҳо аз ташкилотҳои дигари террористии байналмилалӣ бадтар ва пурваҳшатанд. Таҳлили ҳамокриҳои ташкилоти террористию экстремистии собиқ ҳизби наҳзати ислом нишон медиҳад, ки он ҷузъи ҷудонашвандаи ташкилотҳои байналмилалии террористӣ ба шумор рафта, мақсадашон бесуботии давлат аст.
Ҳар нафари солимақл аз тамошои ин филм ба хулосае меояд, ки ба амалҳои кардаи ташкилоти террористию экстремистии собиқ ҳизби наҳзати ислом ҳеҷ ақли инсон намегирад. Масалан, ба он навъи бемориҳое, ки мардум дар солҳои 90-ум дар манотиқи Кӯлоб бо сабаби наҳзатиён мубтало гардида буданд, аз коронавируси имрӯза даҳшатноктар буда, ҳазорон нафар бо сабаби ин беморӣ ҷони худро аз даст доданд. Ё ин ки маҳбус намудани одамони бегуноҳ дар бочкаҳои калони оҳанин ва сангсор намудани онҳо, оташ задани одамон ва дигар амалҳои сангин ва ҷиноятҳои махсусан вазнине, ки дар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” возеҳу равшан нишон дода шуданд, мардуми кишвар бори дигар аз амалҳои ғайриинсонӣ ва манфуронаи аъзоёни ташкилоти террористию экстремистии собиқ ҳизби наҳзати ислом маълумоти васеъ ва дақиқро дарёфт намуданд.
Бояд қайд намуд, ки дар филми мазкур маълумоти пурраи шарҳи ҳолӣ, кирдорҳои ҷиноятӣ, одамфиребӣ, ҳилаву найранги гургонаи онҳо ба мардум, амалҳои ғайриинсонӣ ва ғайриахлоқии роҳбарият ва ҳар як аъзои ТТЭ собиқ ҲНИ намоиш дода шуда, чеҳраи аслии онҳоро мардум тоҷик шинохтанд, ки онҳо кистанд ва чи хиёнате нобахшидани дар ҳаққи миллати худ кардаанду ва боз дар пайи бесубот кардани Тоҷикистонанд.
Яке аз чеҳраҳои разил ва манфуре, ки дар филми “Хиёнат” дар бораи шахсияти ӯ маълумот дода шуд, ин Садриддини Мухаммадиқболи сияҳиқбол аст, ки волидайн барои ин мунофиқ ҳеҷ арзише надоштааст. Вақте ки волидайн барои ӯ ҳеҷ арзиш надошта бошад, пас ватану миллат низ барои ӯ заррае арзиш надоранд. Бинобар ин, ӯ хиёнаткориро идома дода, дар таълифи маводҳои бардурӯғ, иғвоангез ва ғайривоқеӣ нисбати Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсиятҳои шинохтаи тоҷик машғул мебошад. Ин Иқболчаи бадбахт аз ҳолати бемории коронавирус ва ҳар мусибати дигаре, ки дар Тоҷикистон рӯй медиҳад, хурсандӣ мекунанд ва ин фурсатро ба манфиати худ ва хоҷагони хориҷиашон истифода бурда, туҳмату сафсатаҳои зиёдеро иштишор менамояд. Вобаста ба ҳамкории он нафароне, ки аз дохили Тоҷикистон ба Муҳаммадиқбол оид ба ин ё он шахс маълумот пешниҳод мекунанд, бештар барои манфиати худ ва баднома кардани як тоҷики дигар мебошад. Дар ин бора дар филми “Хиёнат” ба мардум хеле возеҳу равшан маълумот дода шуд, ки ҳар як нафаре, ки ба аъзоёни ташкилоти террористию эктремистии собиқ ҳизби наҳзати ислом маълумот ирсол мекунад, муфовиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад. Он нафароне ки то ин дам оид ба ин ё он нафар ба аъзоёни ташкилоти террористию эктремистии собиқ ҳизби наҳзати ислом маълумот доданду хурсандӣ карданд, он рӯз дур нест, ки оқибат боли онҳо мешиканаду хати парвози онҳо қатъ гардида, дар якҷоягӣ бо Муҳаммадиқболи беиқбол аз болидан мемонанд.
Яъне тавассути тамошои филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” ба ҳамагон муяссар гардид, ки ба амалҳои хунин ва чеҳраи аслӣ, яъне “гургон дар пӯсти гусфандон”-ро бо ин ҳама корҳои зиште, ки ба сари миллат тоҷик дар солҳои 90-ум оварданд ва имрӯзҳо низ кӯшиши бесубот намудани вазъияти кишварро доранд, шиносоии амиқ пайдо намоянд, ки онҳо кистанд ва чи мақсадҳои нопокро барои миллати худ доранд?
Дар филми мазкур дида мешавад, ки аъзоёни маҳбусии ташкилоти террористию эктремистии собиқ ҳизби наҳзати ислом аллакай аз кардашон пушаймонӣ мекунанд ва дигаронро тавсия медиҳанд, ки фирефтаи дурӯғпардозиҳо, ваъдаҳои хушку холӣ ва найрангҳои аҳримании роҳбарияти ташкилоти террористии мазкур нагарданд. Илова бар ин, аъзоёни маҳбусии ин ташкилоти террористӣ аз кирдорҳои ғайрибашарии худ ва хиёнати кардашон сахт пушаймонӣ мекунад ва худро қурбонии дасти гургони ташкилоти террористию экстремистии собиқ ҳизби наҳзати ислом меҳисобанд.
Мардуми тоҷик баъди тамошои қисмате аз филм, ки корҳои ғайрибашарии аъзоёни террористию эктремистии собиқ ҳизби наҳзати исломро ифшо кард, аллакай хулосагирӣ намуданд ва дарк карданд, ки маҳз сади роҳи тамоми пешравиҳои иқтисодию иҷтимоии кишвари мо то ба имрӯз аз таъсири бесуботиҳои ТТЭ собиқ ҲНИ ва ҷинояткориҳо аъзоёни он дар Тоҷикистон шуданд.
Хулоса, филми мустанади “Хиёнат” барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ибратомeз буда, аз чунин хиёнаткориҳо ва амалҳои нангин барои худ бояд хулоса бароранд. Шахсоне, ки оромиву осоиштагии давлату миллатро халалдор менамоянд, ҳатман рӯзе дар назди миллат ҷавоб медиҳанд. Аз филми мустанади “Хиёнат” мардум чеҳраи аслии ин хиёнаткорони миллатро ҳамчун шахсони туҳматкору манфур, хиёнатпешаву ватанфӯруш баррасӣ менамояд. Чунин силсиланамоишҳои телевизионӣ бори дигар мардуми шарифи Тоҷикистонро хушдор менамояд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар муқобили чунин хиёнаткорони миллат сухани худро дошта бошанд.
Далер Ҷасурзода,
коршиноси масоили сиёсӣ