(Дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимон дини кишвар 09.03.2023)
Вазъи ҷаҳони муосир сол то сол мураккаб, печида ва ноустувор гардида, рақобатҳои геополитикӣ, геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ байни абарқудратон барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва аз худ кардани манбаъҳои сузишворӣ ва ашёи хом, танишҳо ва бархурдҳои низомӣ шиддати бештар пайдо карда истодаанд. Инчунин, равандҳои бархӯрди тамаддунӣ, муқобилгузории арзишӣ байни миллатҳо торафт авҷ мегиранд. Дар ин замина, ташкилотҳои террористӣ – экстремистӣ ҳамчун васила барои ба ҳадаф расидани кишварҳои манфиатдор хизмат мекунанд. Яъне баъзе кишварҳо барои пиёда кардани манфиатҳои миллии худ аз гурӯҳҳои ниёбатӣ ва ташкилотҳои террористӣ – экстремистӣ истифода карда истодаанд. Чунин раванд мавқеи ташкилотҳои даҳшатафкан ва ифротиро дар сатҳи минтақавиву байналмилалӣ устувор намуда, иқтидори онҳоро дар самти ташкил намудани бесуботиҳо дар ин ва ё он гӯшаву канори олам бештар менамояд.
Мавриди зикр аст, ки дар чанд соли охир тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ шиддат гирифта, мардумро аз дидгоҳи эътиқодӣ дар ҷабҳаҳои мухталиф қарор дода истодаанд. Ҳамзамон, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, яроқнокшавии бошитоб дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон вазъи ҷаҳониро ноором гардонидааст. Албатта дар ин ҷо дасти манфиатҷӯёни байналмилалӣ ва сиёсати дугонаи баъзе кишварҳои абарқудрат ҷой дорад. Зеро бидуни ҳимоя ва кӯмакҳои кишварҳои манфиатдор як гурӯҳи кучак ба ҳеҷ коре қодир буда наметавонад. Вале ҳимояи молӣ ва дастрас намудани аслиҳаҳои пешрафта ва замонавӣ барои ташкилотҳои террористӣ – экстремистӣ ба онҳо имконият фароҳам овардааст, ки дар дилхоҳ кишвар амалҳои даҳшатафканиро ба вуҷуд биёранд.
Қобили зикр аст, ки терроризми байналмилалӣ имрӯз таҳдиди мустақим ба кишварҳо эҷод намуда, субот ва амнияти давлатҳои алоҳидаро ба чолиш кашида истодааст. Фаъолшавии ташкилотҳои террористӣ – экстремистӣ дар минтақаҳои алоҳидаи ҷаҳон, ки дар он дасти манфиатҷӯёни байналмилалӣ ҷой дорад, нигаронии ҷомеаи ҷаҳониро бештар мекунад. Яъне ҷуғрофиёи амалҳои террористӣ васеъ шуда истодаанд ва терроризми байналмилалӣ омили таъсиррасонӣ ва тарсонидани кишварҳои рӯ ба рушд гардидааст. Чунин раванд боис мегардад, ки майлу рағбат ва таваҷҷуҳи ҷавонон ба ташкилотҳои болозикр бештар гардад. Инчунин, таблиғоти густурдаи идеологияи ифротӣ ва амалҳои террористӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷавонони сустирода ва камсавод таъсири мустақим мерасонад. Аз ин рӯ, пайвастани ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои террористӣ – экстремистӣ нигаронии мардум ва кишварро бештар мекунад.
Вобаста ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар нигаронии худро аз шомилшавии ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои террористӣ – экстремистӣ чунин изҳор доштанд: “Омӯзиш ва таҳлили масъала нишон медиҳад, ки барои сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷик омили ифротшавии ҷомеа ва пайвастани шаҳрвандон ба созмонҳои террористии хусусияти динидошта дар шароити кунунӣ низ ҳамчун таҳдиди ҷиддӣ боқӣ мемонад ва дар сурати пешгирӣ нагардидани ин раванд оқибати ногувор хоҳад дошт”.
Бидуни шак, шомилшавии ҷавони тоҷик ба ҳаракатҳои тундрав ва ифротӣ ба номи миллат иснод меорад ва ба эътибори давлати тоҷик зарба мезанад. Масалан, дар чанд ҳамлаҳои интиҳорӣ, ки дар кишварҳои гуногун ба амал бароварда шуданд, дар он ҷо номи ҷавонони тоҷикистонӣ садо дод, ки боиси таасуфи зиёд буда, чунин падидаҳо имиҷи кишварро дар арсаи байналмилалӣ коҳиш медиҳад.
Бояд зикр кард, ки дар раванди шиддат гирифтани зиддиятҳо ва мубориза барои ақлҳо, мафкурасозӣ яке аз паҳлуҳои муҳимм ба ҳисоб меравад. Зеро бидуни мафкурасозӣ ҷомеа осебпазир буда, ҳамагуна идеологияи ифротӣ ва бегона бидуни мушкил дар байни мардум рахна мекунад ва суботи ҷомеаро халалдор месозад. Вобаста ба ин, роҳбари давлат намояндагони ҷомеа ва ходимони динро вазифадор намуданд, ки миёни мардум фаҳмондадиҳӣ намоянд ва муҳтавои дини Исломро ба омма дуруст шарҳ диҳанд. Аз ҷумла, Президенти кишвар бори дигар ёдовар шуданд, ки поягузори яке аз мазҳабҳо дар олами ислом тоҷик аст, яъне Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит ё имоми Аъзам, ки мо низ пайравӣ мазҳаби Ҳанафӣ мебошем ва дар дунё ҳамчун мазҳаби таҳаммулпазир шинохта шудааст. Зикр бояд кард, ки қариб 60 фоизи мусалмонони ҷаҳон пайравӣ аз мазҳаби мазкурро мекунанд. Зеро ақлгароӣ ва таҳаммулгароӣ дар мазҳаби Ҳанафӣ мақоми хос дорад, ки ба ҳамагуна давру замон мутобиқат менамояд ва инсон дар меҳварият он қарор дорад.
Аз ин рӯ, тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ба нафъи ҷомеа буда, таблиғи он монеаи ҷиддӣ дар роҳи паҳншавии идеологияи ифротгароии динӣ мегардад. Ҳамзамон, дар ҷаҳони муосир мафкурасозӣ – идеологӣ то рафт ранги тоза мегирад ва муборизаҳои идеологӣ дар авлавияти кишварҳо қарор гирифтааст. Дар ҳолати пешгирӣ накардан, тафакури бегона ва ифротӣ дар рукнҳои муҳими ҷомеа шоха давонда, боиси он мегардад, ки бегонапарастӣ ва бегонашавӣ ба фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад.
Ҷаҳонгир Маҳмадзоир,
сармутахассиси раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати хориҷии МТС-и
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон