Соли 2013 дар низоми муносибатҳои байнидавлатии Ҷумҳурии мардумии Чин бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳифаи нав оғоз гардид. Зеро, дар ин марҳала таърихӣ дар ҳамкории кишварҳо рӯйдодҳои муҳим ва сарнавиштсоз ба амал омал омаданд, ки ба сатҳи муносибатҳои кишварҳо сифати нав бахшид. Маҳз баъд аз ба сари қудрат омадани «насли панҷуми роҳбарони Чин» ва интихоб гардидани Си Ҷинпин ба сифати Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин (14 марти соли 2013) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон миёни роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ аввалин шуда, даъватнома ҷиҳати анҷоми сафар ба Ҷумҳурии Мардумии Чинро қабул намуданд. Дар ин замина 20 майи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари давлатӣ ба Чин сафар намуданд. Дар рафти ин сафар “Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба истиқрори муносибатҳои шарикии стратегӣ” ба имзо расид.
Дар доираи эъломияи муштарак таъкид гардид, ки “Шарикии стратегӣ, ки ба таъмини амнияти муштарак, эҳтироми мутақобила, баробарӣ, эътимод, муқовимат ба хатару чолишҳои ҷаҳонӣ, таҳкими суботи минтақавӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар арсаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва башардӯстӣ, ҷиҳати рушди дарозмуддат ва ҳамаҷонибаи муносибатҳо байни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи устувор мегузорад, нигаронида шудааст.”
Дар рафти сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Пекин, Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин бо ишора ба заминаи мустаҳками қарордодию ҳуқуқӣ ва ҳусни боварию эътимоди дуҷониба мавқеи кишварҳои худро дар муносибат ба ҳамдигар изҳор намуданд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки: “Муносибот бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалияти тағйирнопазир дошта, муносиботи ҳасанаи ду кишвари ҳамсоя ба наздикии мавқеъҳо доир ба ҳамаи масоили минтақавию ҷаҳонӣ ва мувофиқати устувори қавлу амали Чин дар рушди ҳамкории гуногунҷанба бо Тоҷикистон такя мекунанд”.
Инчунин, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин таъкид намуданд, ки “Ҷумҳурии Мардумии Чин минбаъд низ аз рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон ва таҳкими асосҳои истиқлоли давлатии ин кишвари дӯсту ҳамсоя дастгирӣ хоҳад кард”.
Қайд намудан ба маврид аст, ки таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ муҳимтарин шарти пешбурди дипломатия дар замони муосир ва самти афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Аз ин рӯ, таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Халқии Чин аз муҳимтарин вазифаҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти Осиё ба шумор меравад. Ин муносибатҳо бо ирода ва талошҳои ду ҷониб то ба сатҳи шарокати стратегӣ расидаанд ва заминаи мусоидро барои тавсеаи рӯзафзуни ҳамкориҳои гуногунҷанбаи сиёсию амниятӣ, ҳарбию техникӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангӣ фароҳам овардаанд.
Агар ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Чин дар қаринаи шарикии стратегӣ суҳбат намоем, бояд таъкид намуд, ки анҷоми сафарҳои роҳбарони олии кишварҳо дар солҳои 2013, ки таъкид гардид, сафар ва иштироки роҳбарони давлатҳо дар ҳамоишҳои байналмилалӣ, чӣ дар шакли ҳузурӣ ва чӣ маҷозии анҷомшуда дар солҳои 2014, 2015, 2017, 2018, 2019, 2020, 2021 ва 2022 бевосита ба таҳкими муносибати кишварҳо таъсири бузург расонид.
Муҳимияти ин марҳала дар он аст, ки минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҳолати бисёр мураккаби геополитикӣ қарор гирифта, кишварҳои минтақа ва атрофи он ва ё дар маҷмуъ, тамоми башарият ба буҳронҳои шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ рӯ ба рӯ гардида, вале, маҳз бо ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва иҷрои уҳдадориҳои байнидавлатӣ ва байналхалқӣ онро паси сар намуданд.
Бо расидан ба сатҳи шарики стратегӣ кишварҳо пайваста талош намуданд то ҳамкориҳои гуногунҷанбаи худро рушд диҳанд ва яке аз омили асосие, ки ба таҳкими муносибатҳои Тоҷикистон ва Чин таъсири ҷиддӣ расонид, анҷоми аввалин сафари Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли 2014 мебошад, ба ҳисоб меравад.
Дар рафти мулоқот Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин масоили вобаста ба ҳамшарикии стратегии ду кишвари ҳамсоя дар бахшҳои сиёсат, амнияти минтақавӣ, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, маориф, илму техника ва фарҳангро, ки самтҳои афзалиятноки ҳамкории кишварҳо ба ҳисоб мераванд, баррасӣ намуданд. Вобаста ба масоили болозикр пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ин аз рушди бесобиқаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории бисёрҷанбаи ду кишвари ҳамсоя гувоҳӣ дода, дар ҷараёни татбиқи онҳо беш аз 6 миллиард доллари амрикоӣ сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон ворид мешавад. Миёни санадҳои баимзорасида, ки аксари он ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмию техникӣ ва фановарӣ таълуқ дошт, қабули “Эъломияи муштарак оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории шарокати стратегӣ” ва “Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2015-2020”, инчунин Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкории иқтисодиву техникӣ (грант ба маблағи 300 млн.юани хитоӣ) намунаи хуби ҳусни ҳамсоягии ду кишвари ҳамсоя ва сатҳи боварию эътимод маънидод гардиданд.
Ҳангоми сафар Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин агрегати дуюми навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанберо ба кор дароварда, ба сохтмони навбати дуюми ин иншооти азими энергетикӣ ва ҳам бунёди қисмати тоҷикистонии лӯлаи чоруми гази Осиёи Марказӣ-Чин расман оғоз бахшиданд. Зиёда аз он, бо фаъол гардидани агрегати дуюм иқтидори барқии Маркази барқу гармидиҳӣ ба 100 мегаватт баробар шуд. Зимни корандозии навбати дуюм, ки иқтидораш, тибқи лоиҳа 300 мегаватт аст, иқтидори пурраи барқии ин иншоот ба 400 мегаватт баробар хоҳад шуд.
Ҳангоми сафари Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Душанбе 13 сентябри соли 2014 сарварони ду давлат- Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин ҳамроҳ ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварда, дар маросими бошукӯҳи оғози сохтмони қисмати тоҷикистонии лӯлаи чоруми гази Осиёи Марказӣ-Чин иштирок намуданд. Бояд иброз намуд, ки дарозии хатти гази мазку дар ҳудуди Тоҷикистон 400 км буда, дар сохтмони он беш аз 3 миллиарду 200 миллион доллари амрикоӣ харҷ мешавад. Таъкид гардид, ки дар ҷараёни сохтмони ин иншооти азим, ки 3 сол идома меёбад, беш аз 3 ҳазор нафар бо кор таъмин мешаванд ва аксари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд буд. Иброз гардид, ки дар 47 мавзеи масири сохтмон ба дарозии умумии 76 км нақбҳо канда мешаванд, ки 24-тоаш аз зери об мегузарад.
Дар рафти мулоқоти сатҳи олӣ изҳор гардид, ки ҳаҷми солонаи гардиши мол миёни ду кишвар аз 2 миллиард доллари амрикоӣ гузаштааст ва умед аст, ки тайи 5 соли оянда ин нишондиҳанда аз 3 миллиард доллари амрикоӣ афзун мешавад.
Миёни санаҳои муҳим дар таҳкими ҳамкории кишварҳо сафари ҷавобии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Чин, ки аз санаи 31 август то 3 сентябри соли 2015 давом ёфта буд, ба ҳисоб меравад. Дар рафти сафар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин сурат гирифта Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки: “Барои Тоҷикистон Чин иттифоқчии боэътимод ва шарики иқтисодӣ, дӯст ва ҳамсояи нек боқӣ мемонад ва мо барои таъмиқу тавсеаи ҳамкорӣ бо Чин дар ҳама ҷанбаҳо, ҳам дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби дигар ташкилоту созмонҳои бонуфуз дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи ҳамсон дорем”.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин низ изҳор намуданд, ки “Ҳукумати Чин минбаъд низ барои пешрафти Тоҷикистони ҳамсоя саъю талош меварзад ва кӯшиш ба харҷ медиҳад то бунёди камарбанди иқтисодии Шоҳроҳи Абрешим бо татбиқи 3 ҳадафи стратегии Тоҷикистон ва барои навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Қароқурум ва роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд”.
Ҳодисаи дигари муҳим дар рушди ҳамкории кишварҳо, анҷоми сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Ҳамоиши IX сарони давлатҳои узви БРИКС аз санаи 30 август то 5 сентябри соли 2017 ба Ҷумҳурии Мардумии Чин буд. Дар рафти сафари мазкур 1 сентябри соли 2017 дар шаҳри Пекин вохӯрии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати омӯзгорон ва донишҷуёни Донишгоҳи Синхуа ва ҳайати донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои олии таълимии Чин таҳсил доранд баргузор гардид. Таъкид гардид, ки наздики 3000 нафар донишҷуёни тоҷик дар донишгоҳҳои Чин таҳсил менамоянд, ки он нишонаи олии ҳамкорӣ дар ин самт мебошад.
Инчунин, ба ифтихори сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ва бинобар имзои Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Синхуа, ректори Донишгоҳ иқдом кард, ки минбаъд дар марҳалаи якум барои таҳсили донишҷуёни тоҷик дар Донишгоҳи Синхуа 10 квота ва дар марҳалаи дуюм 50 квота ҷудо мегардад. Дар натиҷа ба Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми арзанда дар рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Чин ва таҳкими ҳамкории илмӣ бо унвони “Профессори фахрӣ” -и соҳаи иқтисод сарфароз гардонида шуд. Ҳангоми суханронӣ дар Донишгоҳи Синхуа Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таҳкими ҳамкории кишварҳо дар соҳаи маориф таъкид намуданд, ки: “ Мо ба тавсеаи робитаҳоямон бо Чин дар соҳаи маориф, таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамоем ва ҳамкориҳоямонро дар ин арса яке аз самтҳои муҳими маҷмӯи муносибатҳои ду кишвар медонем. Агар соли 1994 аввалин ду донишҷӯйи Тоҷикистон барои омӯхтани забон вориди Чин гардида бошанд, ҳоло дар 112 донишгоҳи кишвар қариб 3 ҳазор ҷавонони мо бо таҳсил фаро гирифта шудаанд.”
Қайд намудан ба маврид аст, ки аз 25 то 29 апрели соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ва иштирок дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалӣ “Як камарбанд, як роҳ” ба Чин сафар намуданд. Дар рафти сафари мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқот анҷом дода, маҷмуъи васеи масъалаҳои ҳамкории шарикии стратегӣ ва муносиботи дӯстию ҳамҷавории Тоҷикистон ва Чинро баррасӣ намуданд. Яке аз масъалаҳои муҳими баррасигардида, таҳкими ҳамкориҳо дар самти таъмини амнияти минтақавӣ бо дарназардошти фаъол гардидани гуруҳҳои террористӣ дар Афғонистон ба ҳисоб мерафт.
Дар рафти сафар Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди ҳамкориҳо санаи 28 апрели соли 2019 ба Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин ташриф оварда, бо роҳбарият ва аъзои он мулоқот карданд. Дар рафти суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон иброз намуд, ки бояд раванди ҳамкории илмию таҳқиқотӣ, омӯзиши таъриху фарҳанги миллати тоҷику чинӣ, тақвияти бештар ёбад. Ҳангоми вохӯрӣ Президенти мамлакат аз нашри китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” ва рӯнамоии он дар Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин, ҷиҳати муаррифии боз ҳам бештари Тоҷикистон ва миллати тоҷик изҳори қаноатмандӣ намуданд. Масъалаҳои муҳимми баррасигардида дар рафти сафар, пеш аз ҳама, таҳкими ҳамкориҳо дар самти лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, рушди инфрасохтору коммуникатсия, саноат, бахши кишоварзӣ ва сайёҳӣ ба ҳисоб мерафтанд.
Инчунин, Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки Тоҷикистон дар соҳаҳои мазкур як қатор афзалиятҳои муқоисавиро дорост: тақрибан шаст фоизи захираҳои обии Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбанд, ки яке аз заминаҳои бунёдии ташаккули «иқтисоди сабз» буда, ба манфиати Тоҷикистон ва минтақа мебошад.
Зиёда аз ин таъкид гардид, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон роҳи баромад ба баҳр надоранд ва он ба таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки инфрасохтории минтақавӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд, дар ин замина кишвари мо ба татбиқи лоиҳаҳои бунёди шоҳроҳҳои автомобилгарди «Чин – Тоҷикистон – Ӯзбекистон» ва «Чин – Тоҷикистон – Афғонистон» ҳавасманд мебошад, ки ҳадафи он татбиқи лоиҳаҳо ҷиҳати ташаккули долонҳои транзитӣ-нақлиётӣ ба самти бандарҳои баҳрии Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ мебошад.
Инчунин ҳангоми сафар ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, 28 апрели соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдории Пекин “Экспо-2019” ба ноҳияи Янчин ташриф оварда, ба гушаи Тоҷикистон, ки аз рӯи хусусиятҳои хоси табиати кишвар – куҳҳо, обҳои мусаффо, имкониятҳои сайёҳӣ ва иншооти таърихӣ сохта шуда буд боздид намуд.
Яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории кишварҳо ба роҳ мондани муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамшарикӣ дар доираи сохторҳои байналхалқӣ буд. Дар қаринаи шарикии стратегӣ баргузор гардидани се саммит дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай (минбаъд СҲШ), аз ҷумла баргузории нуздаҳумин вохӯрии сарони давлатҳои СҲШ, санаҳои 11—12 сентября 2014 дар шаҳри Душанбе ва бисту сеюмин Саммити созмони мазкур санаҳои 9—10 июни соли 2018 дар шаҳри Чиндаои Чин, инчунин, бистушашум саммити Созмон санаҳои 16—17 сентябри 2021, ки ҷаласаи ҷашнии 20-солагии таъсисёбии Созмони ҳамкории Шанхай ба ҳисоб мерафт ва дар натиҷаи он бастаи калони санадҳо дар маҷмӯъ иборат аз 30 ҳуҷҷат, аз ҷумла Эъломияи Душанбе дар бораи бистумин солгарди Созмони ҳамкории Шанхай ба имзо расид ба ҳисоб мерафт, бозгуи ҳамкории босамари ду кишвар дар доираи СҲШ ба ҳисоб мераванд.
Таъкид намудан ба маврид аст, ки санаҳои 11-12 соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ баргузор гардид, ки дар рафти суҳбат Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои кооператсияи истеҳсолӣ ва илмию техникӣ, ки ин раванд дар ҳамкории иқтисодии кишварҳои аъзои СҲШ тадриҷан ва бо суръати номутаносиб пеш меравад, дар ин радиф ташаббуси Раиси ҶХХ Cи Ҷинпин дар бораи ташаккули минтақаи иқтисодӣ қад – қадди роҳи абрешим ҳамаҷониба дастгирӣ шуд.
Зиёда аз ин санаи 9 июни соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҳошияи Ҷаласаи шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ ба шаҳри Чиндаои Чин сафар намуда бо Си Ҷинпин мулоқот доир намуда, дар рафти музокирот ҷонибҳо ба сатҳи ҳамкорӣ дар масъалаи ҷалби сармояи чинӣ дар соҳаҳои саноати куҳӣ, энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ, оғози татбиқи лоиҳаи бунёди Маркази барқу гармидиҳии “Фон Яғноб” бо иқтидори 600 мегаватт, лоиҳаи сохтмони роҳҳои оҳани минтақавӣ баҳои баланд доданд.
Зимнан бояд таъкид намуд, ки дар давраи таҳқиқотӣ ҳодисаи муҳими дигар санаи 14 июни соли 2019 сурат гирифтани сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Халқии Чин ҷиҳати иштирок дар Саммити панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) ба Тоҷикистон ҳисобида мешавад. Дар рафти сафари мазкур Эмомалӣ Раҳмон бо Си Ҷинпин вохӯрӣ анҷом дода, дар рафти музокирот оид ба таҳким ва тавсеаи ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа в ҳалли муҳимтарин масъалаҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ибрози андеша намуданд.
Ҳамкории муштарак бар зидди “се бадӣ” – терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ, инчунин ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷиноятҳо ва дигар масоили ба мақсад мувофиқ қайд карда шуд. Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар Қасри Миллат бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, Си Ҷинпин маросими пардабардорӣ аз лоиҳаи биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон сурат гирифт.
Бояд зикр намуд, ки сохтмони биноҳои Парлумон ва Ҳукумати ҶТ дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Чин дар заминаи кумакҳои беғаразонаи молии ин кишвари дӯсту ҳамсоя ба маблағи 1,5 миллиард юани чинӣ сурат мегирад. Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ маросими имзои санадҳо баргузор гардид, ки дар он бо иштирок ва дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин 13 санад ва дар доираи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Халқии Чин боз 5 санади тиҷоратӣ, дар маҷмуъ 18 ҳуҷҷати нав ба имзо расид, ки муҳимтарини онҳо -Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Чин дар бораи таъмиқи бештари муносибатҳои ҳамаҷонибаи шарикии стратегӣ ба шумор меравад.
Ҳангоми вохӯрӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонбарои хизматҳои барҷаста дар таҳкими робитаҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ миёни ду кишвар ба Раиси ҶХХ Си Ҷинпин мукофоти давлатии Тоҷикистон – “Ордени Зарринтоҷ дараҷаи 1” -ро тақдим карданд.
Махсус таъкид намудан ба маврид аст, ки дар самти ҳамкориҳои бисёрҷониба, Тоҷикистон ҳамеша ташаббусҳои Чинро дар сатҳи байналмилалӣ дастгирӣ намуда, маҳз санаи 25 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин Нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ-Чин, ки ба 30 солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин бахшида шуда буд ва шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар рафти суханронӣ, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон густариши ҳамкориро дар қолаби механизми “Осиёи Марказӣ-Чин”, аз ҷумла андешидани тадбирҳои иловагӣ ба мақсади тавсеаи савдои байниҳамдигарӣ ва афзоиши ҳаҷми табодули мол, ҳамчунин фароҳам овардани заминаи мусоидро барои ҷалби фаъоли сармоя ба татбиқи тарҳҳои судманди иқтисодии минтақавӣ, аз ҷумла дар доираи ташаббуси “Як камарбанд – як роҳ”, созгор ба манфиатҳои ҷонибҳо арзёбӣ намуданд. Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки ҳамкориҳои фаъоли ҷонибҳо дар соҳаҳои тағйирёбии иқлим ва таъсири манфии оқибатҳои он ба иқтисоди кишварҳои минтақа муҳим буда, тавсеаи ҳамкориҳоро дар соҳаи амният, бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, ҳамзамон мавҷудияти таҳдиду хатарҳои муштарак таъкид намуданд. Зиёда аз ин Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, муқовимат дар баробари терроризм, тундгароӣ, ҷудоихоҳӣ ва ҳамзамон ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро аз вазифаҳои аввалиндараҷа таъкид намуданд.
Бо итминони комил гуфта метавонем, ки баргузории “Саммити навбатии Чин- Осиёи Марказӣ”, ки баргузории он санаҳои 18-19 майи соли 2023 дар шаҳри Сиани музофоти Шэнси дар назар аст ва дар кори он сарони кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Туркменистон ва Қирғизистон иштирок менамоянд, ба таҳкими ҳамкории Чин бо кишварҳои минтақа, аз ҷумла бо Тоҷикистон мусоидати амиқ хоҳад намуд.
Бояд тазаккур дод, ки равобити тиҷоратӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Халқии Чин ҳамасола густариш меёбад. Дар ин замина табодули мол миёни Тоҷикистон ва Чин аз ибтидои солҳои навадум рушд ёфта аз $2,75 млн. дар соли 1992 то ба $600 млн. дар соли 2019 баробар гардид.
Дар соли 2013 тибқи маълумоти манбаъҳои расмӣ гардиши мол миёни ду кишвар $1,65 млрд., ташкил менамуд, ки ин дар таърихи ҳамкориҳои ду кишвар давраи нав ба ҳисоб мерафт. Дар пасманзари буҳронҳои молиявӣ-иқтисодӣ чунин нишондод мусбӣ арзёбӣ мегардид. Маҳз солҳои 2013-2023 рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ иқтисодии Тоҷикистон бо Чин суръати баландро касб менамоянд. Дар ин замина дар давраҳои гуногуни солҳои мазкур, аз ҷумла, иҷрои қарордодҳо бо Корпоратсияи миллии нафти Чин (CNPC) дар бораи иктишоф ва истихроҷи муштараки конҳои карбогидрид дар Тоҷикистон оғоз шудааст. Корпоратсияи China Road and Bridge (CRBC) ба марҳалаи сеюми сохтмони шоҳроҳи Душанбе-Данғара, бахше аз шоҳроҳи байналмилалӣ, ки Чинро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон мепайвандад, оғоз намудааст.
Гузаргоҳи Кулма-Қарасӯ тамоми сол ба кор шуруъ кард, ки то 60%-и гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Чин тавассути он сурат мегирад. Дар соли 2013 ҷонибҳо бо пуштибонии ҳукумати Чин ба бунёди пулу нақбҳо дар роҳи оҳани Ёвон-Ваҳдат, инчунин соли 2012 бо ширкати миллии масолеҳи сохтмонии Чин як қарордоди ҳамкорӣ имзо шуда буд, ки тибқи он то соли 2015 дар ҷануби Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ТАЛКО як корхонаи сементбарорӣ бо иқтидори 3 миллион тонна дар сол бунёд мегардид.
Ширкати Чинӣ дар соҳаи истихроҷи маъдан, China Nonferrous Metal Mining Co.Ltd Тоҷикистонро ба сифати шарик интихоб карда, ба фаъолияти сармоягузорӣ дар бахши металлургияи ранга шуруъ намуд. Сармоягузорони бузурги ин соҳа Zijin Mining Group ва China Global мебошанд.
Дар ин давра миёни Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” ва Бонки давлатии рушди Чин дар бораи маблағгузории бахши кишоварзӣ, омода кардани кадрҳо дар бахши молия ва бонкдорӣ ду созишнома ба имзо расида буд. Дар ин давра ба марҳалаи нави муносибатҳои ду кишвар санаи 25 феврали соли 2013 гузаронидани конфронси муштараки илмию амалӣ бахшида ба 20-умин солгарди нахустин мулоқоти Чин ва Тоҷикистон дар таърихи ҳамкориҳои дипломатии ду кишвар гардид.
Дар ин давра Тоҷикистон ва Чин ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ монда, заминаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ миёни ду кишвар ба 150 ҳуҷҷати аз ҷониби ду кишвар дар тамоми соҳаҳои ҳамкориҳо баимзорасида баробар гардид. Дар ин самт соли 2007 заминаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ миёни Тоҷикистон ва Чин зиёда аз 100 ҳуҷҷатҳои дуҷонибаро ташкил медод.
Нишондоди тиҷоратӣ-иқтисодӣ дар соли 2020 тақрибан 839,3 млн., доллари ИМА дар бар мегирифт, ки аз он воридот ба Тоҷикистон 679,7 млн долл ва нишондоди содирот ба Чин ба 159,6 млн долл расид, ки он дар маҷмуъ 13,1% ҳаҷми умумии савдои хориҷии Тоҷикистонро ташкил дод.
Аммо ба гуфтаи мушовири Идораи иқтисод ва савдои Сафорати Чин дар Тоҷикистон, дар соли 2019 гардиши савдои хориҷӣ кишварҳо ба 1 миллиарду 670 миллион доллар, содироти Чин ба Тоҷикистон 1 миллиарду 590 миллион доллар ва содирот аз Тоҷикистон ба Чин 85 миллион долларро ташкил додааст. Нишондоди мазкур дар соли 2022 миёни ду кишвар ба 2,6 миллиард доллари ИМА баробар гардид.
Дар соли 2019 Чин ба Тоҷикистон $210 млн., сармоягузорӣ намудааст, ки ҳаҷми умумии он ба $2,398 млрд., баробар буд. Соли 2020 дар Тоҷикистон 400 корхонаи чинӣ фаъолият менамуд, ки андозсупорандагон ва содиркунандагони асосӣ ба ҳисоб мераванд.
Аз тарафи дигар бо амалӣ гардидани лоиҳаи “Камарбанд ва роҳ” дар Осиёи Марказӣ қарзи кишварҳои минтақа аз Чин меафзояд, ки ин бештар дар Қирғизистон ва Тоҷикистон дахл дошта, қарзи ин ду кишвар танҳо аз Бонки воридотӣ-содиротии Чин (Эксимбанк) 40% қарзи давлатӣ ва ё худ мутаносибан 1,8 миллиард ва 1,2 миллиардро дар бар мегиранд (Туркманистон -16,9 %, Ӯзбекистон-16 % ва Қазоқистон – 6,5 %-и ММД.).
Тибқи маълумотҳои расмӣ дар зарфи солҳои 2007-2021 тақрибан 65 кишвари дунё ба иқтисоди Тоҷикистон сармоя ворид намуда, ҳаҷми он ба 11012,4 млн. доллари ИМА ташкил намуда, аз он 4 млрд. 850 миллион доллари ИМА сармояи мустақим, 5 млрд. 659 миллион долл. ИМА. дигар навъи сармояҳо ва 502,1 млн. долл. ИМА. – сармояи портфелӣ (сармоягузорӣ ба коғазҳои қиматнок)-ро ташкил менамуд. Миёни кишварҳои сармоягузор ба иқтисоди Тоҷикистон маҳз Чин бо 3,2 млрд доллари ИМА (29,5%) дар ҷойи аввал меистад.
Бояд таъкид намуд, ки санаи 8 декабри соли 2020 видеоконфронси ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷратии Тоҷикистон ва Чин барузор гардида, дар рафти ҷаласа қайд гардид, ки Чин сеюмин шарики тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, саҳми бузурги худро дар самти сармоя ва рушди иқтисоди миллӣ мерасонад. Дар соли 2019 табодули мол миёни Тоҷикистон ва Чин ба 660,9 млн. долл. ИМА баробар гардида, 14,6% ҳаҷми умумии табодули хориҷии молро ташкил менамуд.
Дар ин замина ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва умқи шарикӣ, аз ҷумла амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба самтҳои авлавиятнок, аз қабили саноаткунонии мамлакат, рушди инфрасохтари боркашонӣ ва содиротӣ, ҷорӣ намудани иқтисоди рақамӣ, паркҳои технологӣ ва ғайраҳо иброз намуданд. Саҳми сармоягузорони Чинӣ дар лоиҳаҳои НОБ Сариҷаз ва Қамбаротаи Қирғизистон, сохтмони Хатти интиқоли барқ (ХИБ-ЛЭП) дар Қошғар назаррас мебошад. Дар Тоҷикистон сармоягузории Чин ба сохтмони НОБ “Нуробод-1” дар дарёи Хингоб дар ҳаҷми (650 млн долл.), Маркази барқу гармидиҳии (МБГ/ ТЭЦ) бо ангишт дар Душанбе дар ҳаҷми (400 млн долл.), азнавсозии ХИБ-и «Шимол – Ҷануб» ва «Лолазор – Хатлон» дар ҳаҷми (61 млн долл.) равона гардидаанд.
Вобаста ба сатҳи ҳамкориҳои иқтисодӣ Эмомалӣ Раҳмонқайд намуданд, ки “Имрӯз ҳаҷми сармояи Чин дар иқтисоди Тоҷикистон 2,5 млрд доллар боло рафта, ҳаҷми зиёди онро сармояи мустақим ташкил менамояд. Ҳоло дар Тоҷикистон тақрибан 350 ширкатҳо бо иштироки сармояи Чинӣ фаъолият менамояд. Масъалаи кӯмакҳои башардӯстонаи Чинро низ ба Тоҷикистон қайд намудан аз манфиат холӣ нест. Дар соли 2020 тибқи иттилои мақомотҳои омории ҷумҳурӣ, Тоҷикистон аз Чин дар ҳаҷми $56 млн, ёрии башардӯстона қабул намудааст.
Гуфта мешавад, ки ҳаҷми ин кумакҳо 23 ҳазор тоннаро дар бар мегирифт, ки аз 62 кишвари олам ворид гардиданд. Чин ба сифати кумакрасони асосӣ ба ҳисоб мерафт, ки саҳми он 37,3% ҳаҷми умумии кумакҳоро дар бар мегирифт.
Барои мисол, агар боло рафтани нақши Чинро дар маҷмуъ нисбат ба кишварҳои Осиёи Марказӣ муайян сохта, онро бо қудрати дигари минтақавӣ, яъне Россия муқоиса намоем, Чин ва Россия ба сифати кишварҳои шарики стратегии ба ҳисоб рафта, соли 2018 табодули мол миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин то ба 20,2%, яъне $28,4 млрд, расид, ки ин таносуб нисбат ба Россия ба 11,7%, ё худ то $25,9 млрд., баробар гардид.
Чин то моҳи майи соли 2020 тавассути гузаргоҳи “Қулма Қаросу” ҷиҳати мубориза бо COVID-19 6,594 тонна дар ҳаҷми $479,6 ҳаз., кумаки башардӯстона пешниҳод намуд. Кумак дар шакли 17 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, 48,2 ҳаз., ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ, 396,8 ҳаз., ниқобҳои муваққатии тиббӣ, 47 ҳаз., ниқобҳои муҳофизатии ҷарроҳӣ, 4 ҳаз., ниқобҳои шаҳрвандӣ, 11750 либосҳои тиббии муҳофизатӣ, 20,6 ҳаз., ҷуфт дастпушакҳо, 11 ҳаз, айнакҳои муҳофизатӣ ва 900 ҳароратсанҷ, 5 ҳаз ниқобҳои шишагини муҳофизатӣ расонида шуд. Қисме аз кумакҳои башардӯстона аз ҷониби бародаршаҳрҳои Душанбе – Синдао ва Сямин расонида шуданд.
Давраи аввали ирсоли кумакҳои башардӯстона аз 2000 маҷмӯаи реактивҳо барои муайян кардани кислотаҳои нуклеинии коронавируси COVID-19, либоси муҳофизати тиббӣ ва дигар маводи зарурӣ иборат буд, ки рӯзи 30 март ба ҷумҳурӣ ворид карда шуданд.
Даври дуюм, кумакҳои башардӯстона, ки ҳукумати Чин ба ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намуд, аз 50 000 адад бастаи ташхисӣ, 30 000 либосҳои махсуси муҳофизати тиббӣ, 30 000 ниқоби тиббии N95, 150 000 ниқоби ҷарроҳӣ, 50 000 ҷуфт дастпӯшакҳои тиббӣ, 30 ҳазор адад шишаи тиббӣ ва дастгоҳҳои гармидиҳӣ. Қисмати аввали бахши дуввуми кумакҳо (50 ҳазор системаи озмоишӣ) рӯзи 6 май дар гузаргоҳи марзии Кулма-Қарасӯ дар марзи Чину Тоҷикистон супурда шуд.
Давраи сеюми кумакҳои башардӯстонаи ҳукумати ҶХХ ба Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бо корроновирус моҳи июни соли 2020 сурат ирифт, ки дар натиҷа ба Тоҷикистон 50 ҳазор системаи тестӣ барои ташхиси коронавирус, COVID-19, 2 ҳазор либосҳои муҳофизати тиббӣ, 5 ҳазор дона ниқобҳои тиббии N95 ва 500 000 дона ниқобҳои тиббии ҷарроҳӣ, ки вазни умумии кӯмакҳо 9,4 тоннаро ташкил медод ворид гардиданд.
Дар ин замина 16 июни соли 2020 суҳбати телефонии Президенти ҶТ ва Раиси ҶХХ сурат гирифт, ки дар рафти он Э.Раҳмон миннатдории худро ба ҳукумати Чин ҷиҳати расонидани кумакҳои башардӯстона дар давраи короноовирус ба Тоҷикистон баён намуд. Мавзӯи баҳси тарафҳо андешидани чораҳои амалӣ оид ба мубориза бо COVID -19 ва коҳиш додани таъсири манфии пандемия ба низоми иқтисоди миллӣ ва тандурустӣ ба ҳисоб мерафт.
Масъалаи дигаре, ки мавриди таваҷҷӯҳи махсуси кишварҳо ба ҳисоб меравад, ҳамкорӣ дар соҳаи илму фарҳанг ва маориф ба ҳисоб меравад. Ҳоло талабот нисбат ба омӯзиши забони хитоӣ сол то сол меафзояд: агар дар давраи солҳои 1994-2004 дар Чин 199 нафар аз Тоҷикистон таълими забонӣ мегирифт, пас ин нишондод дар давраи то соли 2020 зиёда аз – 978 донишҷӯро ташкил менамуд. Дар ин замина ифтитоҳи марказҳои Конфутсий, ки дар заминаи донишгоҳҳои давлатӣ фаъолият менамоянд, ки ҳоло дар Тоҷикистон 2- ададӣ фаъолият менамоянд.
Чин таъсири фарҳагии худро дар Тоҷикистон низ аз соли 2009 дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маркази Конфутсий фаъолият менамояд, ки дар зарфи 10 сол зиёда аз 10 ҳазор нафар ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Фаъолияти Чин бо пойтахти Тоҷикистон маҳдуд нагардида, 21 августи соли 2015 дар шаҳри Чкаловски вилояти Суғд маркази Конфутсий кушода шуд. Аз замони кушода шудани Институт дар соли 2009 то соли 2020 дар доираи барномаҳои гуногуни маркази таълимӣ зиёда аз 6000 дарсҳои забони хитоӣ барои шунавандагони тоҷик баргузор гардид. Шумораи нафароне, ки соҳиби идрорпулӣ гардиданд ба 200 нафар расида, аз онҳо 40 донишҷӯи бакалавр, 70- аспирант ва 100 нафар шунавандагон ба Чин барои таҳсили яксола ба донишкада ва донишгоҳҳои Чинӣ сафарбар гардиданд.
Дар маҷмуъ, метавон гуфт, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Чин дар қаринаи шарикии стратегӣ дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба ба сатҳу сифати нав расида, новобаста аз вазъи бӯҳронии як давраи муайян кишварҳо тавонистанд рушди муназзам ва устувори худро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ таъмин намоянд.
Шарифзода Саидҳомид Сафар,
cардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои
амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон