Зери мафҳуми «соҳибкории инноватсионӣ» ҷараёни офаридан ва истифодаи тиҷоратии техника ва технологияи навоварӣ мебошад. Инноватсия ҳамчун афзори махсуси соҳибкорӣ на барои он чизе, ки ихтироъ шудаст хизмат мекунад, балки равонасозии ташкили кофтукови чизҳои нав дар сохтори соҳибкорӣ мебошад. Соҳибкори инноватсионӣ- дараҷаи олии фаъолияти соҳибкорӣ буда, ки ба муштариён муаррифии қарорҳои нав доир ба ҳалли масъала (маҳсулоти нав, хизматҳо, технологӣ ва ғайра) момӯзад. Аз ҷумла, имкониятҳои нави навоваришуда дар тиҷорати шахсӣ мебошад.

Дар адабиётҳои иқтисодӣ се навъи асосии асосии соҳибкории инноватсиониро ҷудо мекунанд.

1.Навоварии маҳсулот – раванди нав кардани фурӯши иқтидори корхона, ки устувории корхонаро нигоҳ медорад ва ҳамеша ба ин ҳаҷми фоидаи бадастовардашуда, паҳноӣ дар бозор, нигоҳ доштани муштариён, созмон додани ҷойҳои нави корӣ ва ғайра мебошад.

2.Навоварии технологӣ – раванди иқтидори истеҳсолӣ, ки баҳри баланд бардоштани истеҳсолоти меҳнат ва сарфаи энергия, ашё ва дигар захираҳо, ки дар навбати худ имкон медиҳад, ки фоидаи корхона ва таъмини бехатари он, ташкили чорабиниҳо, самаранок истифода бурдани низоми итилоотии дохили корхонавӣ ва ғайра равона карда мешавад.

3.Навоварии иҷтимоӣ – раванди умумии нақшавии бехатарии фазои гуманитарии корхона, мақбул донистани ин гуна навоварӣ, имконияти паҳн шудан дар бозори қувваи корӣ, сафарбаркунии корхона оиди мақсадҳои гузошташуда, устуворгардонӣ ва боварии уҳдадориҳои иҷтимоии корхона дар назди коргарон ва ҷамъият мебошад.

Таҳия, ҷорӣ сохтан ва истеҳсоли маҳсулоти нав барои корхона ҳамчун воситаи баланд бардоштани рақобатнокӣ ва рафъи вобастагии корхона аз мутобиқат накардани давраҳои ҳаётии маҳсулоти истеҳ-солшаванда аҳаммияти хос дорад. Дар шароити кунунӣ таҷдиди маҳсулот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суръати нисбатан суст ҷараён мегирад.

Дар солҳои охир ба амал омадани тағйироти назариявӣ дар таъмини рушди инноватсионии ҷомеа дар назар аст. Ин бо он вобаста аст, ки аксари кишварҳои ҷаҳон дар ин давра ба марҳалаи сифатан нави рушд, яъне рушди инноватсионӣ дар рушди иқтисодӣ торафт мавқеи сазоворро ба даст меоранд ва ҳиссаи маҳсулоти соҳаҳои технологияашон пешрафта дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии аксари кишварҳои мутараққӣ мунтазам меафзояд. Навъи нави иқтисодиёт ба вуҷуд омада истодааст, ки онро «иқтисодиёти нав» меноманд.Ҷорӣ намудани мафҳуми «иқтисодиёти нав» дар таҳлил ва таҷрибаи илмӣ бевосита бо ҳал гардидани проблемеҳои рушди фаъолияти инноватсия ва баҳодиҳии сифатан нави нақши илм ва равандҳои инноватсионӣ вобаста аст. Аз ин рӯ, пурзӯр гардидани омили илмию инноватсионӣ дар ҷомеа гузариш ба навъи инноватсионӣ ба хоҷагиҳо пешниҳод менамояд, ки дар танзими давлатии иқтисодиёт нақши назаррас дошта бошанд. Дар шароити ҷаҳоникунонӣ рушди навъи инноватсионии иқтисодиёт ба сатҳу сифати маҳсулот, сатҳи зиндагии шаҳрвандон, ва кам кардани қафомони аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон нигаронида шудааст, ки ин ба ҳамгироии байналминалӣ пешомадҳои тозаеро фароҳам меоварад. Дар ин маврид, вазифаи муҳимми рушди соҳибкории инноватсионӣ, афзоиши истеҳсолот ва фурӯши маҳсулоти технологшияшон пешрафтаи рақобатпазир дар бозори ҷаҳонӣ мебошад, ки онҳо бинобар дар таркиби худ доштани ҳиссаи зиёди моликияти зеҳнӣ, арзиши иловашударо моликанд. Дар кишварҳои мутараққӣ 80-95 %-и маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳиссаи донишҳои нави дар техника ва технология таҷассумёфта, усулҳои ташкили меҳнат, истеҳсолот ва идора, инчунин баланд бардоштани дараҷаи таҳсилоти аҳолӣ рост меояд.

Барои Тоҷикистон, ки дар ин ҷо муносибатхои бозорӣ акнун ташаккул ёфта истодааст, сиёсати инноватсия ба нигоҳдории илмию технологии мамлакат нигаронида шудааст.    Таъмини рушди устувори минбаъдаи иқтисодиёти мамлакат муайян намудани сиёсати нави давлатии инноватсияро тақозо месозад, ки он ба ояндаи устувори дарозмуҳлат нигаронида шуда бошад. Барои ин, муқррар намудани тавозуни дурусти тақсими захираҳо байни давраҳои сикли инноватсионӣ зарур аст. Дахсолаҳои авали асри XXI нишон медиҳад, ки дар ҷаҳони муосир табаддулоти амиқи иттилоотию технологӣ сурат гирифта, вай ба ҳама ҷабҳаҳои истеҳсолоти муосир, системаи муносибатҳои ҷамъиятӣ таъсири зиёд мерасонад. Қонуниятҳои глобалии навъи рушди инноватсионии маориф ва омода кардани кадрҳо, қонуниятҳои пайдоиш ва ҷорисозии кашфиёту ихтироот ва навгониҳои техникӣ, ташкилӣ ва иқтисодӣ, динамикаи дараҷаи илмию техникӣ ва сифати маҳсулот проблемаҳои иқтисодиёти муосирро нишон медиҳад.

То ҳол дар Тоҷикистон қонунгузории бе воситаи марбут ба соҳибкории инноватсионӣ ё дигар барномаи мушахаси соҳибкории инноватсионӣ амалан вуҷуд надорад. Бинобар ин, зарурати қабули қонунҳо дар бораи фаъолияти соҳибкории инноватсионӣ ва сиёсати давлатии соҳибкории инноватсионӣ пеш омадааст.

Р.Темуров,
корманди раёсати тадқиқотӣ
масъалаҳои соҳибкорӣ ва
инкишофи бахши хусусӣ

Чоп кунед