Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 2022 бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ зиёд намудани маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони муассисаҳои соҳаи маориф, илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, андозаи нафақа ва стипендияро зарур шумориданд.
Дар ин робита фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» 6 феврали соли 2023, №526 ба тасвиб расида, тибқи он аз 1 марти соли 2023 маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот ба андозаи 20 фоиз ва аз 1 июли соли 2023 музди меҳнати вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешавад.
Инчунин аз 1 июли соли 2023 нафақаи заминавӣ 20 фоиз зиёд карда шуда, ба андозаи 250 сомонӣ муқаррар карда мешавад.
Нафақаҳои суғуртавӣ, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин карда шудаанд, ба андозаи 16 фоиз зиёд карда мешавад.
Нафақаҳои дигари амалкунанда, ки дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин гардидаанд, ба андозаи 20 фоиз аз меъёри нафақаи заминавӣ зиёд карда мешавад.
Мутобиқи ин фармон аз 1 июли соли 2023 стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва намудҳои дигари стипендия ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешавад.
Барои амалӣ намудани зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои мазкур аз рӯи андозаҳои дар боло зикргардида дар соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағҳои зарурӣ равона мегардад.
Анҷом додани тадбири мазкур баҳри боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ, бахусус дастгирии давлатии қишри осебпазири ҷомеа дар шароити кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва татбиқи ҳадафмандонаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.