Ободкориву созандагӣ ва бунёдкорӣ қарзи ватандории ҳар як сокини кишвар ва рисолати аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) мебошад.

Бо ин мақсад, санаи 10-уми феврали соли 2024 кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои созандагиву бунёдкории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, ба ҳашари умумӣ баромаданд.

Бояд тазаккур дод, ки хуррамгардонии муҳити зист ва табиати кишвар ва ба ин васила саҳм гузоштан ба рушди “иқтисоди сабз”, инчунин, Тоҷикистонро ба кишвари сабз табдил додан, аз ватандӯстиву масъулиятшиносии ҳар як сокини мамлакат дарак медиҳад.

Аз ин рӯ, маҳбубият ва ҷойгоҳи ҲХДТ миёни мардуми кишвар, пеш аз ҳама дар самти ободкориву созандагӣ, сарсабзгардонии шаҳру ноҳияҳои мамлакат таҷассум ёфта, ба коҳиш додани оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлим нигаронида шудааст.

Ин аст, ки имрӯзҳо ҷомеаи кишвар саҳми ҲХДТ ҳамчун ҳизби бунёдкор ва заминагузор дар расидагӣ ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва хурраму зебо намудани кишвари маҳбубамон Тоҷикистон эътироф менамоянд.

Дар ин замина, кормандони Маркази низ ҳамчун аъзоёни фаъоли ҲХДТ дар маъракаи шанбегӣ даҳлезу роҳравҳо, ҳавлӣ ва гирду атрофи бинои Марказро тозаю озода, зери дарахтон, ниҳолу гулбуттаҳоро нарм ва ба муҳити фаъолият ҳусни тоза зам намуданд.

Чунин маъракаҳои ҳашари дастаҷамъӣ минбаъд низ ҳар рӯзи шанбе баргузор мегардад.

Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед