Рӯзи 22 октябри соли 2022 ҳайати кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти корҳои созандагию бунёдкории Ватани азизамон ба пешвози ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамҷониба дастгирӣ намуда, ба ҳашари умумӣ баромаданд. Онҳо дар маъракаи шанбегӣ ҳуҷраҳои корӣ, даҳлезу роҳравҳо, ҳавлӣ ва гирду атрофи бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тозаю озода намуданд. Инчунин, дар ҳашари умумӣ бехи дарахтон, ниҳолу гулбуттаҳоро нарм карда, ба гирду атроф ҳусни тоза зам намуданд. Дар ҳашари умумӣ аксари кормандони Марказ фаъолона ширкат варзиданд.
Ҳайати кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ният доранд, ки ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовезҳои арзанда истиқбол гиранд.
Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон