Имрӯз, 27 феврали соли 2021, ҳайати кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти корҳои созандагию бунёдкорӣ сармашқи доимии фаъолияти худ намуда, ба шанбегӣ баромаданд. Онҳо дар ин чорабинии дастаҷамъона ҳуҷраҳои корӣ, роҳраву даҳлезҳо, ҳавлӣ ва гирду атрофи бинои нави Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тозаю озода намуданд ва ниҳолу гулбуттаҳо шинонданд. Инчунин, дар ҳашари умумӣ бехи дарахтон, ниҳолу гулбуттаҳоро нарм карда, ба гирду атроф ҳусни тоза зам намуданд. Дар ҳашари умумӣ кормандони Марказ фаъолона ширкат варзиданд. Шанбегӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ доир гардид.
Ҳайати кормандони Марказ тасмим гирифтаанд, ки то Наврӯзи Аҷам ҳар рӯзи шанбе ин иқдоми наҷибу сарсабзгардониро идома диҳанд ва ыашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовезҳои арзанда истиқбол гиранд.
Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон