Рисолати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар созандагиву бунёдкорӣ, муттаҳидиву ҳамбастагии мардум таҷассум ёфта, дар ин самт ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Ин ҳизби воқеaн мардумӣ бо тaлош вa ҳидоятҳои созaндaи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон aрзи ҳaстӣ нaмудa, тaвонист чун ҳизби нуфузпайдокарда ва татбиқкунандаи дар байни ҷомеа бaрои пешрaфт вa шукуфоии кишвaри aзизaмон хизмaти шоиста кунaд. Мақому манзалат ва шуҳрати корнамоии ҲХДТ қаблан аз барномаҳои созанда, тадбирҳои судманди кулли аъзо ва ибтикороти роҳбарияти он маншаъ гирифта, беҳбудии сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат, дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ ва дар замири сокинон баланд бардоштани ҳисси миллиро рисолати худ донист.
Бо ин мақсад, санаи 2-юми декабри соли 2023 кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусҳои созандаи Асросгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бобати корҳои созандагию бунёдкории Ватани азизамон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ” таҳти унвони “Рисолати мо ҳизбиён–ободиву созандагист” ҳамҷониба дастгирӣ намуда, ба ҳашари умумӣ баромаданд. Онҳо дар маъракаи шанбегӣ ҳуҷраҳои корӣ, даҳлезу роҳравҳо, ҳавлӣ ва гирду атрофи бинои Марказро тозаю озода намуда, ба гирду атрофи бинои муассисаи давлатӣ ҳусни наву тоза зам намуданд. Дар маъракаи шанбегӣ аксари кормандони Марказ фаъолона ширкат варзиданд.
Чунин маъракаҳои ҳашари дастаҷамаъӣ минбаъд низ ҳар рӯзи шанбе баргузор мегардад.
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегииназди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон