Асри навро бе истифодаи васеи технологияҳои компютерӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Пайдоиши ҳама гуна технологияҳои нав, чун қоида ҷиҳатҳои мусбат ва манфии худро доро мебошад. Ба монанди технологияҳои атомию кимёвӣ, ки яке масъалаи энергетикаро ва дигаре истеҳсолотро тақвият мебахшанд, вале аз ҷониби дигар сайёраро ба бӯҳрони ҷиддии экологӣ оварда мерасонанд. Технологияҳои иттилоотӣ низ аз ин хатарҳо эмин набуда, пайомадҳои мухталифро барои ҷомеа ба вуҷуд меоранд.

Солҳои охир дар интернет шумораи зиёди шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуданд, ки дорои имкониятҳои хеле зиёд мебошанд.  Айни замон онҳо ба як воситаи унверсалии муошират табдил ёфтаанд. Ҳоло дар ҷаҳон тибқи оморҳо беш аз 4,5 миллиард нафар истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ мавҷуданд. Аз ҳама маъмултарини онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Facebook», «YouTube», «WhatsApp», «Мessenger» ва «Instagram» мебошад.

Бояд зикр намуд, ки сомонаҳо ва  шабакаҳои иҷтимоиро аз рӯйи доираи истифодабарандагонаш ва имкониятҳои иттилоотиашон ба навъҳои гуногун ҷудо мекунанд. Яке аз маъмултарин шабакаи иҷтимоӣ дар айни замон «Facebook» мебошад ва онро дар бештари мавридҳо барои фаъолияти сиёсӣ, масъалаҳои молиявӣ ва ғайра истифода мебаранд. «Facebook», тадриҷан дигар истифодабарандагон – иштирок-чиёни шабакаҳои иҷтимоиро низ ба худ ҷалб мекунад. Системаи мубодилаи паёмнависии фаврии он барои доираи истифодабаранда-гонаш имкониятҳои хосро фароҳам меоварад.

«ВКонтакте» ва «Одноклассники», шабакаҳои иҷтимоии русӣ буда, паҳншавии ҳадди аксарро ба даст оварданд ва онҳо низ дар байни ҷавонон асосан маъмул мебошанд. Ин шабакаҳои иҷтимоӣ қобилияти эҷоди матнҳои дароз ва гузаронидани мубоҳисаҳоро доро мебошанд. Онҳо барои мубодилаи иттилооти визуалӣ, ба монанди акс ва видео бештар мувофиқанд. Маҳз дар шабакаҳои иҷтимоӣ қисми зиёди истифодабарандагон – иштирокчиёни интернет ба муоширати маҷозӣ сару кор доранд. Ин фазои маҷозӣ аз олами воқеӣ на танҳо бо миқдори иттилоот, суръати дастрасӣ ва шумораи тамосҳои имконпазир фарқ мекунанд, балки бо заиф будани сатҳи назорат аз ҷониби волидайн ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ тафовут доранд.

Боиси таассуф аст, ки баъзан ба ҷойи истифода аз имкониятҳои муассири он, шабакаҳои иҷтимоиро бо мақсаду ҳадафҳои ғаразнок мавриди истифода қарор мегиранд. Шабакаҳои иҷтимоӣ дар маркази диққати гурӯҳҳои мухталифи ифротгаро (экстремистию террористӣ) қарор доранд. Хатари шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ин гурӯҳҳо асосан дар инкори арзишҳои умумибашарӣ  ва таблиғи амалҳои ношоиста, аз он ҷумла нашъамандӣ, майзадагӣ, қонуншиканӣ, коррупсия, таблиғи зӯроварӣ, бадахлоқӣ ва  намудҳои дигари ҷиноят зоҳир мегардад.

Экстремизм бо ҳама шаклҳои мураккаби зоҳиршавиаш падидаи нав нест. Ба ин падида ҳанӯз аз замонҳои қадим инсоният бархурд дошт. Хатару таҳдиди экстремизм ва оқибатҳои манфии он Юнону Руми қадим ҳамзамон, ҷомеаҳои асримиёнагӣ ва замони муосирро думболагирӣ менамуданд, вале дар замони муосир шеваи амали онҳоро имкониятҳои воситаҳои иттилоотӣ куллан тағйир додаанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳама чиз осонтар аст, шунавандаҳо ва хонандаҳо зиёданд, барои навиштани эзоҳи кӯтоҳ ва муҳокимаву мулоҳиза шароити кофӣ мавҷуд мебошад.

Маҳз аз ҳамин лиҳоз, фазои интернет аз барои доираҳои идеологию ақидатӣ, хусусан ташкилотҳои экстремистӣ ҷолиб мебошад. Дар дилхоҳ ҷой ва қаламрав, бароҳат ва бо хатари камтарин барои худ, ба мағзшӯии ҷавонон даст мезананд. Интернет ва хусусан шабакаҳои иҷтимоӣ барои онҳо ҳамчун «минбар»-и асосии паҳнкунандаи андеша ва назарҳои ифротӣ истифода бурда мешаванд. Васоити ахбори оммаи расмӣ (рӯзномаҳо, радиоҳо, телевизион) барои онҳо пӯшидаанд, аз ин рӯ имрӯз интернет ягона минбари дастрас мебошад.

Албата, ба ғайр аз истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ гурӯҳҳои экстремистӣ инчунин кӯшиш менамоянд, ки сомонаҳои худро дошта бошанд, аммо дастрасӣ ба онҳо баста шудааст, хадамоти махсус кӯшиш мекунанд, ки ин заҳираҳоро банданд ва аудиторияи онҳо нисбатан кам гардад. Сарфи назар аз ин, бо сабаби рушди интернет, ин захираҳо рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст. Ин гурӯҳҳо пайваста суроғаҳои худро иваз менамоянд то аз бастани сомонаҳояшон аз ҷониби мақомотҳои амниятӣ эмин монанд. Ба ғайр аз он, ки дар шабакаҳои интернетӣ шумораи зиёди сайтҳое мавҷуданд, ки мустақиман ба терроризм алоқаманд нестанд, аммо террористонро дар шаклҳои гуногун дастгирӣ мекунанд.

Усулҳои таъсири иттилоотӣ, ки ҷалбкунандагон ва паҳнкунандагони ғояҳои ғайриқонунӣ истифода мекунанд, нав нестанд. Инҳо воситаҳои кӯҳна ва маъруфанд, аз қабили таҳрири хабарҳои ғаразнок ва истифодаи риторикии пуртаъсир ва ғайра.

Ин усулҳо дар ҳаёти муқаррарӣ низ хеле хуб кор мекунанд: Дарк намоед, ки чӣ гуна издиҳоми мардум дар гирдиҳамоиҳо ё мухлисон дар варзишгоҳ барои як андешаи пучи шунидааш ба осони ба «шӯр» омада, девонавор ба ҳаркуҷо ба чӣ амалҳо даст мезанад. Шабакаҳои иҷтимоӣ низ ба ҳамон як издиҳоми кӯча монандӣ доранд, ки танҳо миқёсашон васеътар аст. Аксаряти корбарон вақте сарлавҳаи ҷолибиеро мебинанд, бо пахши тугмаи «маҳқул», «шарҳ» ё «мубодила» метавон гуфт, ки раванди паҳншавии овозаҳоро такон мебахшанд ва овозаҳо зуд ва ба суръати кайҳонӣ паҳн мешаванд.

Усули ягонаи мубориза бо чунин мавҷи паҳншаванда ин дубора санҷидани маълумот мебошад. Албатта, мақомоти судӣ метавонанд ин ё он матнро ҳамчун маводи экстремистӣ эътироф кунад, аммо дарки  нишонаҳои экстремизм дар матн барои истифодабарандагон низ чандон душвор нест. Пас, агар матн дорои хусусияти зӯроварӣ, даъват ба тағйри системаи сиёсӣ (яъне даъват ба инқилоб, шӯриш, итоат накардан ба ҳукумати қонунӣ), муроҷиатҳои оммавӣ ба фаъолияти террористӣ ё асосноккунии терроризм, аз ҷумла барангехтани кинаву адовати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ ё мазҳабӣ (даъват ба куштор, латукӯб), бартарӣ ё паст будани шахс дар асоси мансубияти иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ё забонӣ бошад ва ё агар ҳадди аққал яке аз нишонаҳои номбаршуда дар матн дида шавад, бояд аз он эҳтиёт намуд.

Ҳамин тавр, дар шароити муосир истеҳсол, интиқол ва истифодаи иттилоот ба ҷузъи муҳимми муносибатҳои иҷтимоӣ ва амнияти миллӣ мубаддал шуда, зарурати андешидани чораҳои муассири пешгирӣ аз хатарҳои онро боз ҳам дучанд менамояд.

Хусрав Ализода Қурбоналӣ

корманди Маркази тадқиқоти

стратегии назди Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед