Шаҳр ҳамчун ташкилаи мушаххаси таърихӣ дар заминаи маҷмуи падидаҳои зиндаи мураккабе вуҷуд дорад ва рушд мекунад. Аз ин рӯ таснифоти шаҳрҳо низ хеле гуногун аст ва онҳоро аз руи аломатҳои сукунатӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, муҳофизатӣ ва маъмурию сиёсӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ҳарчанд манбаъҳои таърихӣ шаҳри Душанберо дар назари имрӯзиён бештар ҳамчун маркази бузурги саноатии кишвар, макони мудирияти сиёсию фарҳангии дар як минтақаи ғайришаҳрӣ қоматафрохта  мешиносонанд, вале дар асл он аз пешинаи бойи таърихӣ бархурдор аст. Кашфи шаҳракҳое ба монанди Шишахона (мик.84, 1984), шаҳраки байни соҳили руди Душанбею Лучоб, (соли 1958, асри 9 -12)  марбут ба асрҳои 3 – 4 п.а.м. мебошанд, гувоҳи ин аст. Умуман, аз рӯи хулосаи муаррихони бостоншинос шаҳри Душанбе таърихи беш аз 2300 – сола дорад. Дар асоси бозёфтҳои ҳафриётӣ тахмин зада мешавад, ки дар ҳудуди Душанбеи имрӯза сукунатгоҳҳои доимие вуҷуд доштанд, ки бар пояи иқтисоди таркибӣ ба истеҳсолу хизматрасониҳо машғул буданд. Бар асоси баъзе сарчашмаҳо дар ибтидои асри бистум аҳолии онро беш аз бист ҳазор тахмин задаанд, ки дорои бозору корвонсаро ва мадрасаву масҷидҳо будааст. Вобаста ба ин дастовардҳои ҳафриётию мардумшиносӣ месазад дар ин рӯз заҳмати олимонеро чун Самойлик П.Т., Соловёв В.С., Азизов М., Денисов Е.П., Бартолд В.В. ва ғ. ёдовар шуд, ки дар омӯзиши таъриху ҷомеашиносии ин шаҳр хизмати бузург анҷом додаанд.

Ҳарчанд таърихи қадимаи Душанбе ҳамчун як ҷузъи муҳимми фарҳанги тоҷикон барои мо аҳаммияти хоса дорад, вале дар ибтидои асри 20, аниқтараш октябри соли 1924 ба маркази Тоҷикистон табдил ёфтани Душанбе дар таърихи тамаддуни навини мо саҳифаҳои наверо боз намуд. Силсилаи корхонаҳое, ки тӯли ин муддат бунёду рушд ёфтанд шӯғлҳои навро ба вуҷуд оварданду робитаи байни сокинони онро мураккабу рангинтар сохтанд. Бинобар ин шаҳр танҳо иборат аз теъдоди аҳолӣ набуда, он дорои таҳарруки босуръати иҷтимоист, ки бар пояи омӯзишу таълими ҳамешагӣ устувор аст. Ҳамин тавр фарҳанги хоси шаҳрнишинӣ густариш ёфт ва имрӯз такомул ёфта истодааст.

Яке аз пешшартҳои рушди фарҳанги шаҳрӣ аз он бармеояд, ки шаҳрнишинӣ вобастагии сахти инсонро ба муҳити физикӣ камтар мекунад ва қудрати инсонро барои пайваста тағйир додани он сафарбар мекунад. Аз назари таърихӣ бунёд шудани шаҳри Душанбе ба чанд марҳилаи хосси таърихӣ тақсим мешавад. Дар маҷмӯъ тибқи муқоисаи манзараи лоиҳаҳои татбиқшудаи меъмории шаҳр метавон онро ба чор давраи хос, яъне ибтидои солҳои бистум то даҳаи чилум, аз даҳаи чилум то даҳаи шастум, аз даҳаи шаст то истиқлол ва аз ибтидои асри нав то ҳол тақсимбандӣ намуд. Муҳимтарин давраи ободии пойтахтро метавон баъд аз даҳаи 70 асри гузашта ва ҳамчунин аз соли 2000-ум то кунун зикр кард. Хусусан, дар ду даҳсолаи охир дар натиҷаи бунёд ёфтани садҳо иншооти маъмурӣ, илмию фарҳангӣ, биноҳои баландошёнаи маишию хизматрасонӣ, боғҳову гулгаштҳо ва марказҳои фароғатӣ симои шаҳр ба куллӣ дигаргун гашт.

Шаҳрхо ва бахусус шаҳрҳое, ки ба сифати марказҳои маъмурии кишварҳо хизмат мекунанд, ҳамеша баробари такомули осори фарҳангии офаридаи худашон пешрафт мекунанд ва шинохта мешаванд. Яъне дар баробари дигар ҳамтоёнашон ҳувияти нотакрори худро пайдо мекунанд. Фарҳанги чунин шаҳрҳои ҳувиятёфта на танҳо гузаштаву ҳозираро дар бар мегиранд, балки сарнавашти минбаъдаи қавму миллатро муайян мекунанд. Барои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон пойтахти он шаҳри Душанбе маҳз чунин маҳзари рунамоикунандаи дастовардҳои он дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа дониста мешавад. Барои чунин қазоват мо метавонем якчанд мисолро ба сифати тасдиқи фикри худ пеш орем, ки онҳо ҳамарӯза бо ҷилои тоза пеши назари сокинони ин шаҳр ҷилва мекунанд ва меҳру вафодорияшонро ба он бештар аз пештар менамоянд.

Аввалан ин ки осори фарҳанги миллии даврони соҳибистиқлолии ватанамон маҳз дар қаринаи ҳаёти муосири ҷамъиятии шаҳри Душанбе тавлид мешавад ва вижагиҳои онро дар худ инъикос менамояд. Бинобар ин осори фарҳангии он аз дигаргуниҳое, ки дар ҳаёти ҷомеа мегузарад, дар канор нест ва онро бо услубҳои ба худ хос тасвир менамояд. Баъд аз истиқлоли кишвар рамзҳои ташаккулдиҳандаи арзишу ҳувияти аслӣ ва воқеии кишвар дар пойтахт бунёд карда шуданд. Дар ин замина метавон аз муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Парчами миллӣ, Нишон, Кохи Наврӯз, Китобхонаи Миллӣ, Музейи Миллӣ, чойхонаҳои миллӣ ва ғайра ёдоварӣ намуд. Бояд қайд кард, ин рамзҳо, ки нишонгар ва пайвандгари гузашта, имрӯз ва фардои ин миллат ва рамзи таҳкими ваҳдат ва эҳёи миллӣ мебошанд, ба ташаккул ва рушди ҳувияти миллат таъсири мусбати худро гузоштаанд.

Душанбе ҳамчун пойтахти кишвар маркази бузурги нируҳои зеҳнию фикрии ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад. Ба таври табиӣ ҳамонанди дигар пойтахтҳо Душанбе низ бештарин муассисаҳои илмию омӯзишӣ ва фарҳангиро дар худ ҷой додааст. Дар ин замина Президенти кишвар дар ҷашни 80-солагии пойтахт хидмати қаҳрамонони соҳаи илму маорифи кишварро ёдоварӣ намуда, баён доштаанд: «Устод Садриддин Айнӣ бо хираду ҷасорати таърихиаш ба ҳифзи фарҳангу адабиёти куҳанбунёди миллати тоҷик бархоста, дар густариши онҳо дар сафи пеш қарор дошт. Бо ҳидояти ӯ даҳҳо шогирдонаш ба пойтахти навтаъсис кӯч бастанд. Ҳамон солҳо даҳҳо шоирону нависандагон, олимон, овозхонону оҳангсозон ва дар маҷмӯъ зиёиёни зиёде ба пойтахти мамлакат омаданд, то ин ки нерӯи солим ва пешбарандаи зеҳниву ақлонии онро ташкил дода, ҳамчунин дар маҳви бесаводии мардум саҳми сазовор гузоранд. Пойтахти давлати навини тоҷикон ба макони нашъунамои сиёсатмадорони нав, қаҳрамонони меҳнат, олимони забардасти соҳаҳои табиатшиносию ҷомеашиносӣ, шаҳри дӯстию бародарии миллатҳои гуногун табдил ёфт».

Яке аз самтҳое дигаре, ки  шаҳри Душанберо ҳамчун оинаи таъриху маданияти тоҷикон бештару беҳтар муаррифӣ менамояд, ҳамкориҳои берунии шаҳри Душанбе мебошад. Ҳамкориҳои берунии шаҳри Душанбе ҷузъи ногусастании сиёсати хориҷӣ ва яке аз таркибҳои меҳварии сиёсати “дарҳои боз”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар зарфи беш аз 30 соли соҳибистиқлоли шаҳри Душанбе ба маркази нишастҳои сатҳи баланд табдил ёфта, нақши созгоррро дар баланд бардоштани обруву эътибори Тоҷикистон иҷро намудааст. Айни замон Душанбе – пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 20 шаҳрҳо дар давлатҳои Осиё, Аврупо, Амрико, Африқо ва ИДМ аҳди бародарӣ бастааст.

Зикри ин нукта муҳим аст, ки дар даврони раисии муҳтарам Рустами Эмомалӣ шаҳри Душанбе дар муддати кӯтоҳ симояшро комилан дигар намуда, ба сифати яке аз шаҳрҳои рӯ ба инкишоф мавқеъ ва нуфузашро дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон рӯз аз рӯз устувортару намоёнтар гардонида истодааст. Меъмории имрӯзаи шаҳри Душанбе , ки бо суръати баланд пеш меравад, дар худ унсурҳои таъриху фарҳанги гузаштаву ҳозираи мардуми ин сарзаминро дар бар мегирад, онро бо диди нав ҷилва медиҳанд. Дар фарқият аз марҳилаҳои пештараи рушди шаҳр, ки дар худ паёмади тақсими фазои шаҳрнишиниро миёни табақаҳои мухталифи иҷтимоӣ дошт (табақаҳои миёнаҳол дар ҳошияҳо ҷой мегирифтанд), акнун барномарезии имрӯзаи пойтахт масоили солҳо ғуншудаи ин минтақаҳоро ҳал карда истодааст. Тавассути ташкили инфрасохтори муносиб, аз ҷумла ҳамлу нақли мусофирон, хизматрасонии обу корезӣ, дастгирии ширкатҳои сохтмонии дар минтақаҳо фаъолияткунанда ва ғайра майл ба зиндагӣ дар атрофи шаҳр сурат гирифта истодааст. Масъалаҳои бехатарию амниятӣ дигар касеро дар ин муҳит ба ташвиш намеорад. Имрузҳо маҳз дар ҳамин нуқтаҳо инфраструктураи бунёдшаванда имконияти ба таври тарутоза пешниҳод кардани маҳсулоти озуқавориро барои сокинон муҳайё кардааст.

Мо барои тасдиқи андешаҳои дар боло зикрёфта  чун асоси муқоисавӣ  маҷмааҳои замонавии пойтахтҳои ду давлат – Душанбе ва пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон – шаҳри Остонаро интихоб намудем. Бояд қайд намоем, ки аз ин мавқеъ фазои фарҳангии дар атрофи онҳо бавуҷудомада гувоҳи он аст, ки анъанаҳо бо ҳам ҳамбастагӣ дошта, метавонанд якдигарро мазмунан такмил диҳанд ва ба амали босамари якдигар мусоидат намоянд. Новобаста ба ин, хоҳ нохоҳ мо ба он фаҳмиш мерасем, ки танҳо дар ҳамин ҳолат наслҳои гуногунро ба фазои замонавии фарҳангӣ фаро гирифта метавонем.

Маҷмааҳои меъмории шаҳрҳои Душанбею Остона серпаҳлу буда,  ба рушди инноватсионии фарҳангӣ таъсири мусбат  мерасонанд. Ин таъсир бахусус, ҳангоми гузариш аз арзишҳои анъанавӣ ба секулярӣ – ақлонӣ, қавигардонии моҳияти фардият ва ба самтгирии инсон сӯйи ояндабинӣ баръало эҳсос мегардад. Барои ҳамин қисми зиёди таҳлилгарон таъкид менамоянд, ки симои меъмории шаҳри Душанбе ва фазои фарҳангие, ки симои онро равшан менамояд, ҳамчун рамзи кӯшишу талоши кишвар ба оянда хизмат мекунад. Ин на танҳо дар симои биноҳои истифодаи умумии замонавӣ, инчунин, дар симои биноҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ низ ба хубӣ аён аст. Дар ин ҷабҳа назди шаҳри Душанбе масъалаи вусъати ободкориҳо дар атрофи иншоотҳо меистад.

Дар ин масъала ҳоло натиҷаҳои аввалин ба назар мерасанд. Агар пеш шаҳри Душанбе аз ҳисоби маҳаллаҳои ҳошиявии нообод васеъ мешуд, имрӯз мебинем, ки васеъшавии шаҳр аз ҳисоби сохтмони маҳаллаҳои хушсохт, биноҳои бисёрошёна ва манзилгоҳҳои дастрас васеъ гардида истодааст. Айни замон барои ба ҳалқаи ҳаставии пойтахт пайвастани шаҳрҳои дигар (городов–хаббов), ки ба рушди ояндаи инфрасохтори шаҳри Душанбе робитаи зич дошта бошанд, муҳим аст. Ин гуна шаҳрҳо бояд барои ҷалби сармоя, ҷойи таҳсилу истиқомат, баҳри рушди мағзҳою истеъдодҳо, барои амалинамоии тарҳҳои нав мусоиду мутобиқ бошанд. Шаҳрҳои дар боло номбаршуда дар минтақаҳои гуногуни технологӣ ҷойгиранд, масалан шаҳри Регар барои ривоҷи саноатикунонии рақамӣ, металлургия, Ҳисор барои истеҳсоли мошинолот, саноати маъдангудозӣ, Ваҳдат дар самти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, маҳсулоти бинокорӣ имкони бештар доранд. Дастгирии рушди шаҳрҳои дорои марказҳои хизматрасонӣ (город – хабб) ба шаҳри Душанбе имкон фароҳам меорад, ки аз захираҳое, монанди донишгоҳҳою донишкадаҳо, захираҳои инсонӣ, татбиқи натиҷаҳои таҷрибаҳои илмӣ, инфрасохтор, тамоили рушди соҳибкорӣ ва ғайра истифода намуда, аз сарбориҳои инфрасохтор, аз технологияҳои саноатии насли якуму дуюм, ки сарфи зиёди энергияро талаб менамоянд, бо роҳи ба шаҳрҳои дорои маркази хизматрасонӣ (город – хабб) додани онҳо халос шуда, ба татбиқи дастовардҳои саноати рақамӣ машғул шавад. Аз ин ҷиҳат иқдоми бунёди IT- парк дар Душанбе саривақтӣ аст. Дар чунин ҳолат на танҳо барои пойтахт, балки барои шаҳрҳои дорои марказҳои хизматрасонӣ (город–хабб) ҳам омилҳои таҳрикдиҳандаи рушди инноватсионӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав пайдо мегарданд.

Барои баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинии сокинони пойтахт зарурияти эҷоди эҳсоси ҳамшарикӣ пайдо кардани осори фарҳанги шаҳрнишинӣ бо ҳаёти ҳамарузаи аъзоёни ҷомеа муҳим аст. Зеро маҳз чигунагии ҳамшарикӣ пайдо кардани осори фарҳангӣ бо ҳаёти ҳамарузаи аъзоёни ҷомеа муносибати онҳоро ба ҳифзу эҳтироми дастовардҳои муҳити шаҳрӣ тақвият мебахшад. Нақши муассирро дар ин маврид  метавонанд муассисаҳои фарҳангӣ бозанд. Ин ба он асос меёбад, ки аввалан ҳамаи муассисаҳо барои рушди фаъолияти фарҳангӣ, ба даст овардан ва шиносоӣ пайдо кардани аҳолӣ ба арзишҳои фарҳангии миллӣ ва ҷаҳони инсонӣ хизмат мекунанд, метавонанд дар байни аҳли ҷомеъа дастовардҳои ҷомеаро муаррифӣ созанд, сониян, муассисаҳои фарҳангӣ дар маҷмӯъ роҳнамои дониш, маориф мебошанд.

Аз ин мавқеъ назар андохтан ба фаъолияти муассисаҳои фарҳангии шаҳр барои мо фараҳбахш аст, ки онҳо имрӯз ҳисси эҳтироми баландро нисбат ба фарҳанги гузаштаамон мепарваранд ва ин таъсири худро дар фазои эҷоду роҳандозии ҳаёти маънавии ҷомеа аён месозад. Мушоҳидаи оддӣ аз ҷараёни ҳаёти сокинони шаҳрамон ба мо равшан нишон медиҳад, ки имрӯз дар он намунаи фарҳангҳои гуногун давр мезанад ва ин на костагӣ, балки аломати пешрафти ҳаёти ҷомеа аст. Аммо на ҳамаи ниҳодҳои фарҳангиямон зарфияти қонеъсозии талаботи шаҳрвандонро аз худ нишон дода метавонанд. Ин ҳолат ба ташаккули манзараи диди инсони имрӯза ба олам, ки дар он аз мавқеи арзишҳои гузашта баҳо додани ҳаводиси ҳаёти муосир бартарият дорад, мавқеи асосиро ишғол менамояд. Чунин тамоюл боиси ҳамеша дар оғӯши таърихи гузашта паноҳ ҷустани наслҳои гуногун гардида, қобилияти дарки равандҳои муосирро кундтар менамояд. Илова бар ин ҳисси ҳузури худро насли имрӯзи мо дар маҷрои равандҳои пурталотуми таърихии ҳозира дар аксар маврид аз даст дода, аксуламалаш мухотаби аслиашро аз даст медиҳад. Гузашта барояш ҳамчун таърихи муосир тасаввур мегардад. Вобаста ба маънидоди чунин ҳолатҳо ҷомеашиноси олмонӣ К. Манхейм мефармояд, ки: «Чунин кӯшиш ба таври пурра мувоҷеҳ бо зиддиятҳои оштинопазир аст ва дар охир фурӯпошии ногузири худро ба бор дорад. Гузаштаро зеҳни романтикӣ ҳамчун таърихӣ дарк намуда, ҳамзамон ӯ маҷбур аст, ки ин падидаҳои номуносибро бо муосирият оштӣ диҳад».

Ҳамин тавр, бо итминони комил метавон гуфт, ки шаҳри Душанбе минбаъд низ ҳамчун ҷузъи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар самтҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра ба пешрафтҳои назаррас ноил шуда, мақому эътибори худро ҳамчун маркази тамаддуни тоҷикон боз ҳам тақвият хоҳад бахшид.

Хайридин Усмонзода
д.и.ф, профессор, узви вобастаи АМИТ,
директори Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед