Рӯзи 10-уми январи соли 2024 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ дар мавзуи “Татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” бо иштироки намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ муовини директори Марказ доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Парвиз Муҳаммадзода ифтитоҳ намуда, намояндаи Агентии номбурдаро хайрамақдам гуфта, қайд кард, ки баргузории семинари омӯзишии имрӯзаи Маркази тадқиқоти стратегӣ бо Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рост омадааст, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамасола 10 январ таҷлил карда мешавад. Аз ин рӯ, тамоми кормандони Агентиро ба мносибати Рӯзи касбиашон табрику муборакбод намуд.

Бояд гуфт, ки ташкилу фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва татбиқи амалии муқовимат ба коррупсия дар мамлакат, ба монанди муборизаи дастаҷамъона бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷинояткорӣ аз иродаи сиёсӣ ва ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Бо мақсади вусъат бахшидани низоми мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, бартараф намудани такроркунии вазифаю ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти назоратӣ бо иқдоми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун мақомоти махсусгардонидашуда таъсис дода шуд, ки вазифаҳои асосии он аз назорати давлатии молиявӣ, пешгирӣ, барҳам додан ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ ва амалӣ кардани маҷмуи тадбирҳои сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ иборат мебошад.

Таърихи таъсис ва ташаккулёбии Агентии номбурда нишон медиҳад, ки ҷиҳати фаъолияти самараноки ин мақомот, мустаҳкам намудани пояҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва таъминоти моддии он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, хусусан Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ғамхориҳои зиёд зоҳир карда мешавад. Кормандони Агентӣ баҳри амалишавии сиёсати дурандешона ва оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати мамлакат, ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷети давлатӣ, пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ мубориза бурда, ба натиҷа ва дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.

Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дар амалисозии стандартҳои байналмилалӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ, иҷрошавии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия аҳаммияти махсус дода, аз ҳамаи воситаю имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, муқовимати маҷмуиро дар ин самт пурзӯр менамоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои худ вобаста ба масъалаи мавриди назар доимо қайд менамоянд, ки дар кори мубориза бо коррупсия ғайр аз мақомоти давлатӣ ҳар як фарди ҷомеа низ бояд саҳмгузор бошад.

Кормандони Агентии мазкур баҳри амалишавии сиёсати дурандешона ва оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати мамлакат, ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷаи давлатӣ, пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ мубориза бурда, ба натиҷа ва дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.

Ҳайати кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дар амалисозии стандартҳои байналмилалӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ, иҷрошавии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия аҳаммияти махсус дода, аз ҳамаи воситаю имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, муқовимати маҷмуиро дар ин самт пурзӯр менамоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои худ вобаста ба масъалаи мавриди назар доимо таъкид менамоянд, ки дар кори мубориза бо коррупсия ғайр аз мақомоти давлатӣ ҳар як фарди ҷомеа низ бояд саҳмгузор бошад.

Сипас намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники адлия Розиқзода Алихони Абдулҳаким дар мавзуи “Муқовимат бо коррупсия ва роҳҳои бартараф кардани он дар ҷомеа” суханронӣ карда, доир ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ, бартараф намудани камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта ва иҷрои бандҳои Стратегияи мазкур ибрози назар намуда, аҳли нишастро даъват кард, ки дар самти решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб бетараф набошанд.

Ӯ қайд намуд, ки тибқи талаботи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар тамоми вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барномаҳои идоравии мубориза бо коррупсия бо дарназардошти соҳаи фаъолияти худ таҳия ва мавриди татбиқ қарор дода шаванд. Таъкид гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани маърифати кормандон дар масоили муқовимат ба коррупсия ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда бояд дар тамоми вазорату муассисаҳои давлатӣ корҳои судманди тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ пурзӯр карда шавад. Ҳамзамон, ба иштирокчиёни мулоқот мазмуну моҳияти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ ва роҳҳои муассири муқовимат ба коррупсия фаҳмонида шуд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора таъкид кардаанд: «Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, ба рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмуъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад».

Дар фарҷоми суханронӣ намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволҳои иштирокчиёни семинари омӯзишӣ посухҳои қаноатбахш дод.

Баъдан муовини сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои рушди соҳавии Марказ Ҷамшед Солиҳов дар мавзуи “Масъалаҳои муқовимат бо коррупсия қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат” суханронӣ намуда, зикр кард, ки дар миқёси кишвар се маротиба барномаи зиддикоррупсионии дурнамои миёнамуҳлати сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008 “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012” ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи мазкур барои марҳалаи якум (солҳои 2021-2025) қабул карда шуданд, ки аз талошҳои пайвастаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати решакан кардани ин падидаи номатлуб гувоҳӣ медиҳанд.

Ҳамзамон, мавсуф доир ба корҳои анҷомдодаи Марказ ҷиҳати иҷрои бандҳои “Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, ки ба Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доранд, маълумот ироа намуд.

Семинари омӯзиширо муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда, ба иштирокчиёни нишаст барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.

Ҳамоиш дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

Хадамоти матбуотии МТС-и назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед