Санаи 15 декабри соли 2023 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои мубрами сиёсати байналмилалӣ” баргузор гардид. Дар кори семинар роҳбарият ва ҳайати кормандони Марказ иштирок ва суханронӣ карданд.

Семинарро директори Маркази тадқиқоти стратеги назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ Усмонзода Хайридин бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва зимнан қайд кард, ки имрӯзҳо кишварҳои ҷаҳон талоши худро ба он равона карда истодаанд, ки як стратегияи куллиро барои ҳифз ва тақвияти назми ҷаҳонӣ амалӣ созанд, зеро хавфи аз назорати ниҳодҳои эътиборноки байналмилалӣ хориҷ шудани идораи бештари равандҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ҳанӯз боқӣ мемонад.

Зикр шуд, ки баъзе аз кишварҳо аз он изҳори ташвиш мекунанд, ки назми ҷаҳонии пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ тарҳрезишуда аз бисёр ҷиҳат шикасташуда ба назар мерасад ва бояд низомҳои нави ташаккулёбанда ҷойгузини онҳо гарданд. Мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита бо ин масъала чунин аст, ки бояд фаъолияти ниҳодҳои мавҷудаи низоми байналмилалӣ, ба монанди Созмони Милали Муттаҳид (СММ) тақвият дода шавад ва созмонҳои минтақавӣ низ дар паҳлуи ин созмон қарор гиранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин рӯ ҷонибдории худро аз низоми чандҷанбавии (мултилатерализм) пайваста баён дошта, дар ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа ва олам аз он пайгирӣ менамояд.

Таъкид гардид, ки дар маҷрои ин чолишҳо равшан мушоҳида мешавад, ки баъзе аз давлатҳо баръакс, дар талоши ҷойгузин кардани диду мавқеашон бидуни эҳтироми мавқеи дигар кишварҳо ба ҷойи қарорҳои созмонҳои байналмилалӣ мебошанд. Яъне имрӯз як рақобати хатарноки ҳастисоз миёни кишварҳо ва низомҳои сиёсӣ ба вуҷуд омадааст. Дар ин рақобат гурӯҳбандии ғаразноки кишварҳои олам ба миён омадааст, ки онро маҳсули бархӯрди шадиди низомҳои демократӣ ва авторитарӣ мешуморанд. Кишварҳоеро, ки дар миёни бархӯрди ин ду низом мондаанд, баъзан дар мавриди баҳс онҳоро давлатҳои бимавӣ (hedging states, contested states) меноманд. Вале чунин баҳогузорӣ ба мавқеи кишварҳои рушдёбанда он қадар саҳеҳ ва муносиб нест. Имрӯзҳо нақши кишварҳои рушдёбанда дар таъмини пешрафти иқтисоди ҷаҳонӣ афзуда, бештари онҳо саҳми арзанда дар идоракунии равандҳои ҷаҳонӣ мегузоранд.

Сипас семинари илмию амалӣ таҳти раёсати доктори илмҳои сиёсӣ. профессор Парвиз Муҳаммадзода идома ёфт. Муҳаммадзода Парвиз нахуст қайд намуд, ки Тоҷикистон барои густариши ҳамкориҳо бо шарикони ояндадор аз кишварҳои дӯст дипломатияи худро фаъолона пеш мебарад. Мисоли равшани ин санаи 6 декабри соли 2023 дар Ню-Йорк маросими имзои Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ботсвана баргузор гардид ва бо имзои ин созишнома шумораи кишварҳое, ки Тоҷикистон бо онҳо робитаи дипломатиро барқарор намудааст ба 184 адад расид. Таъкид шуд, ки ин давоми муваффақиятҳои дипломатияи тоҷик таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Сипас сардори Раёсати таҳлиил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Марказ –Маъруф Абдуҷабборов дар мавзуи “Авзои муосири сиёсати ҷаҳонӣ дар пасманзари равандҳо ва воқеиятҳои нави геополитикӣ: бардоштҳо барои Тоҷикистон”, сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавӣ Ораз Муртазоев дар мавзуи “Тамоюлҳои иқтисодӣ-молиявии ҷаҳони муосир ва таъсири онҳо ба иқтисоди миллӣ”, сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавӣ Саидҳомид Шарифзода дар мавзуи “Осиёи Марказӣ дар низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ: чолишҳо ва дурнамои рушд”, муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷиии Марказ Неъматулло Нуриддинзода дар мавзуи “Вазъият дар Ховари Миёна: бозии қудратҳо ва таъсири он ба ҳамгироии минтақавӣ ва байналмилалӣ” суханронӣ намуданд. Иштирокчиён зимни суханронӣ иброз намуданд, ки айни ҳол ҷаҳон дар ростои мусаллаҳшавии бошитоб қарор дошта, авзои байналмилалӣ ҳолати “ҷанги ҳама бар муқобили ҳама”-ро мемонад. Чунин равандҳо кишварҳоро водор мекунад, сиёсати хориҷии худро бо риояи тавозуни манфиатҳои миллӣ ва манфиатҳои шарикон ва ҷомеаи байналмилалиӣ ба роҳ монанд.

Зикр гардид, ки вазъи сиёсии байналмилалӣ мураккабу печида ва пешгӯйинашаванда гардидааст ва пайиҳам тағйирот ба амал меоянд, ки хоҳу нохоҳ таъсири худро ба кишварҳои рӯ ба рушд мегузорад, дар ин раванд кишвари мо низ истисно нест. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки барои ҳифзи суботи кишвар таҳлилҳои амиқ дар бахшҳои сиёсати хориҷӣ ва амнияту иқтисодӣ зарур мебошад.

Тавре қайд карда шуд, равандҳои ҷаҳони муосир ва таҳаввули низоми байналмилалӣ хусусияти нав ба худ касб намуда, таҳдиду хатарҳои ҷиддиро ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва манфиатҳои ҳаётан муҳимми кишвар эҷод менамоянд. Дар манзараи геополитикии сайёра воқеиятҳои нави сиёсию иқтисодӣ ба вуқуъ омаданд, ки боиси дигаргуншавии низоми муносибатҳои байналмилалӣ дар даҳ-понздаҳ соли оянда хоҳанд гашт. Вобаста ба ин, зарур меояд, ки бо дарназардошти ин омилҳо бознигарӣ ва коркарди роҳҳои нави мутобиқгардонии сиёсати хориҷии кишварро ба ин равандҳо анҷом диҳем.

Иштирокчиёни ҳамоиш пас аз анҷоми маърузаҳо дар бахши музокира пиромуни маърузаҳои ироашуда ибрози назар намуданд.

Семинари илмиро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Хайридин натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда, ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.

Ҳамоиш дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.

Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
Назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед