Рӯзи  18-уми феврали соли 2022 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи мактуби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №416/11.1 аз 12 январи соли 2022, ҷиҳати иҷрои банди 16-уми нусхаи  протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №10 аз 25 январи соли 2021 семинар-машварат доир ба муаррифии Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав баргузор гардид.

Чорабинии мазкурро муовини директори Марказ Парвиз Муҳаммадзода  ифтитоҳ намуда, иброз кард, ки дар шароити кунунӣ низоми андозситонӣ, аз ҷумлаи воситаҳои асосии таъмини иҷрои буҷети давлатӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба шумор меравад. Номбурда ҳамчунин, зикр намуд, ки азбаски ҳоло беш аз 70 дарсад маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, қариб 80 дарсади  пардохтҳои  андозӣ ба буҷети  давлатӣ ва беш аз 67 дарсади  бо шуғл фаро гирифтани аҳолии аз лиҳози иқтисодӣ фаъоли кишвар низ аз ҷониби  бахши хусусӣ  таъмин карда мешаванд, бинобар ин,   ҳар қадаре, ки реҷаи низоми андозбандии субъектҳои соҳибкории хурду миёна сода ва такмилёфта бошад, ҳамон андоза тараққиёти минбаъдаи иқтисоди миллӣ бо такя ба рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ таъмин хоҳад гашт.

Сипас барои муаррифии муфассали Кодекси мазкур сухан ба муовини сардори Раёсати такмили қонунгузории андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Собир Вазиров дода шуд. Номбурда дар оғози суханронии худ иброз дошт, ки яке аз ҳадафҳои асосии таҳия, қабул ва дар амал татбиқ намудани Кодекси андоз дар таҳрири нав,  пеш аз ҳама, ҳимояи манфиатҳои соҳибкорони ватанӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди фазои соҳибкориву сармоягузорӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ҷалби ҳарчи бештари сармоягузорӣ ба иқтисодиёти кишвар,  тақвияти муколамаи шарикии давлат бо бахши хусусӣ дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва дар ин замина мунатазам афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулот кор ва хизматрасониҳо, махсусан,  тавлиди маҳсулоти ватанӣ ва таъмини иҷрои буҷети давлатӣ мебошад.

Қайд карда шуд, ки тибқи муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард аз рӯйхати андозҳо хориҷ карда шуда, шумораи умумии андозҳо аз 10 навъ ба 7 навъ кам карда шуд. Илова бар ин, шумораи низомҳои махсус ва содакардашудаи андозбандӣ дар муқоиса бо Кодекси пештара 4 адад зиёд гардида, шумораи онҳо ба 8 адад баробар гардид. Меъёри андоз аз арзиши иловашуда аз 18 то 15 дарсад ва дар назар аст, ки дар давраи то соли 2027 меъёри ин андоз то 13 дарсад кам карда шавад.

Дар таҳрири нави Кодекси андоз меъёрҳои андоз аз даромади шахсони воқеӣ бекор карда шуда, меъёри ягонаи 12 фоиза муқаррар карда шудааст.

Дар Кодекси андоз барои корхонаҳои истеҳсолӣ меъёри андоз аз даромад 13 дарсад, барои муассисаҳои молиявӣ ва ширкатҳои мобилӣ аз 23 дарсад ба 20 даврсад ва дигар хелҳои фаъолият аз 23 дарсад ба 18 дарсад кам карда шудааст. Меъёри андози иҷтимоӣ барои суғуртакунандагон аз 25 дарсад ба 20 дарсад фароварда шуд.

Намояндаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон иброз намуд, ки тарҳкунии андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар гардидаст, ки ин рақам дар Кодекси қаблӣ ба як нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар буд. Меъёри андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ, аз ҷумла аз ҷойи кори сеюм 12 дарсад, даромади ғайрирезидент аз кори кироя, 20 дигар даромад бошад, 15 дарсадро ташкил дода, нисбат ба Кодекси қаблӣ, аз ҷумла даромад аз ҷойи кори сеюм 1 банди дарсадӣ, даромади ғайрирезидент аз кори кироя 5 банди дарсадӣ ва дигар даромад бошад, ду банди дарсадӣ кам мебошад.

Зикр гардид, ки имтиёзу сабукиҳои дар Кодекси андоз дар тарҳи нав ҷоригардида, аз ҷумла, дар доираи меъёрҳои пасткардашудаи андозбандӣ, кам гардидани 2 навъи андоз ва пурра бекор намуданин  баъзе андозҳои дигар, аз ҷумла, андоз аз истифодабарндагони роҳҳои автомобилгард ва дигар сабукиҳои андозситонӣ беш аз ду миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки далели возеҳу равшани дастгириҳои давлатӣ дар ин самт ба ҳисоб меравад. Таъкид гардид, ки имтизу сабукиҳо танҳо дар доираи андоз аз арзиши иловашуда 800 миллион сомонӣ ва андоз аз истифодабарндагони роҳҳои автомабилгард бошад, беш аз 450 силлион сомониро ташкил медиҳад.

Дар интиҳо миёни ширкаткунандагон суҳбату табодули афкори судманд сурат гирифта, аз ҷониби иштирокдорон як қатор саволҳо ба миён гузошта шуданд, ки ба онҳо муовини сардори Раёсати такмили қонунгузории андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Собир Вазиров посухҳои муфассал ва қаноатбахш  дод.

Семинар-машваратро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода ҷамъбаст ва натиҷагирӣ намуд.

Чоп кунед