Рӯзи 3 марти соли 2022 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари дохилӣ дар мавзуи “Вазъ ва дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии ВМКБ” баргузор гардид. Дар кори семинар роҳбарият ва ҳайати кормандони Марказ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамоишро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои фалсафа, профессор Хайриддин Усмонзода бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, зимнан тазаккур дод, ки дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини рушди ВМКБ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор дошта, ҷиҳати пешрафти вилоят пайваста тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд. Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо сокинони вилоят дар таърихи 29 сентябри соли 2021 чунин ибрози назар намуданд: “Давлат ва Ҳукумати мамлакат аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолӣ то имрӯз ба хотири рушди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони он тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он беш аз 21 миллиард сомонӣ равона гардидааст.” Ҳамзамон, таъкид гардид, ки бо кӯшишу талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити соҳибистиқлолӣ дар қаламрави вилоят 33 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи беш аз се миллиард сомонӣ ба анҷом расида, айни ҳол татбиқи 14 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии се миллиарду 300 миллион сомонӣ идома дорад. Ҳукмумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини зиндагии шоистаи аҳолии вилоят ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо “Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои солҳои 2021–2025” қабул намуда ва айни ҳол дар раванди татбиқгардидани қарор дорад, ки дар доираи он амалисозии 135 лоиҳа ба маблағи умумии қариб 4,8 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Директори Марказ иброз дошт, ки чунин тадбирҳои саривақтӣ ва огоҳонаи Ҳукумати мамлкат таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси рушди фарогири ВМКБ гардидааст. Зикр гардид, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ санаи 29 сентябри соли 2021 дар шаҳри Хорӯғ бо фаъолони вилоят мулоқот намуда, дар суханронии худ аз рушди иҷтиомию иқтисодии вилоят дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ натиҷагирӣ намуданд. Дар робита ба ин қайд карда шуд, ки тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар имкон доданд, ки сатҳи камбизоатӣ дар вилоят аз 97 дарсади соли 1999 то ба 29,7 дар соли 2019 паст карда шавад.
Дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ дар қаламрави вилоят бо мақсади татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар–расидан ба истиқлоли энергетикӣ дар маҷмӯъ, 24 лоиҳаи хурду миёна ба маблағи 1,7 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, имрӯзҳо амалисозии боз 7 лоиҳаи дигар дигар ба маблағи 1,1 миллиард сомонӣ идома дорад.
Дар идомаи семинар сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Марказ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Абдураҳмон Қурбонов дар мавзӯи “Доир ба баъзе масъалаҳои иҷтимоии ВМКБ дар замони Истиқлолият” суханронӣ намуда, иброз намуд, ки дар давраи Истиқлоли давлатӣ ҷиҳати рушди босуботи тамоми соҳаҳои ҷамъиятии вилоят, аз ҷумла соҳаи иҷтимоӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ карда шуданд. Натиҷаи тадбирҳои амалии Ҳукумати ҷумҳурӣ аст, ки то имрӯз дар вилоят дар баробари азнавсозии иншооти соҳаи маориф, 180 муассисаи нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ бо 40 ҳазор ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шудаанд. Танҳо дар соли 2021 дар ҳудуди вилоят 11 бинои нави таълимӣ бо 2135 ҷойи нишаст бунёд гарида, инчунин, соли 2021 сохтмони 8 бинои иловагӣ барои 1000 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст. Аз ҳамин ҷост, ки сатҳи таълим ва саводнокии хатмкунандагони мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумии вилоят назар ба дигар минтақаҳои кишвар баланд аст.
Изҳор гардид, ки соҳаи тандурустии вилоят низ дар баробари соҳаи маориф соҳиби рушди устувор гардидааст. Ҳама сола аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои тандурустӣ сармоягузориҳои бузург равона карда мешаванд. Масалан, соли 2021 барои соҳаи тандурустии ВМКБ аз буҷети давлат 92 миллион сомонӣ ҷудо гардид, ки нисбати ба соли 2020-ум 15 дарсад зиёд мебошад.
Баъдан сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусии Марказ Амин Одинаев дар мавзуи “Арзёбии вазъи иқтисодии ВМКБ ва масъалаҳои ҳалталаб дар ин самт”, сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Марказ Зубайдулло Давлатов дар мавзуи “Фазои иттилоотии ВМКБ” ва мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Марказ Фирӯз Равшаналиев дар мавзуи “Нақши ҷавонон дар пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ дар ВМКБ” суханронӣ намуданд. Иштирокчиёни семинар пиромуни ҳар як мавзуи пешниҳодгардида фикру андешаҳои судманд иброз намуданд.
Семинари дохилиро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ҷамъбасту натиҷагирӣ намуда, иброз дошт, ки тадбирҳои судманди Роҳбарияти олии кишвар заминаи боэътимоди рушди ВМКБ гардида, сатҳи зиндагии сокинони шаҳру ноҳияҳои онро рӯз то рӯз боло мебарад. Аз ин ҷост, ки сокинони вилоят дар навбати худ бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ намуда, дастуру ҳидоятҳои Сарвари муаззами давлатро сармашқи фаъолияти ҳамарӯзаи худ қарор додаанд.
Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон