4 апрел дар доираи сафари расмии Пешвои миллии халқи туркман – Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бошукуҳи Кохи Борбад барномаи фарҳангии ходимони санъати Тоҷикистон ва Туркманистон таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” баргузор гардид.

Дар чорабинии фарҳангӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом – муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов иштирок карданд.

Бояд гуфт, ки баргузории консерти устодони санъати Тоҷикистон ва Туркманистон бо номи “Шоми дӯстӣ” намунаи беҳтарини ҳамкории фарҳангӣ, идомаи анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ ва омили муҳими рушду густариши робитаҳои гуногунҷанба ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар мебошад.

Консерти ҷаззоби “Шоми дӯстӣ” бо барномаи рангину пурмуҳтавои аҳли фарҳангу санъати ду кишвар, ки тараннумгари дӯстии мардумони Тоҷикистону Туркманистон мебошад, хушу хотирмон ҷараён гирифт.

president.tj

Чоп кунед