ДУШАНБЕ, 20.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ, ки омилҳои асосии рушди истеҳсолот мебошанд, бояд тақвият ёбанд ва ба раванди интиқоли технологияҳои нави аз ҷиҳати экологӣ устувор мусоидат намоянд. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 19 сентябр зимни суханронӣ дар Саммити Ҳадафҳои рушди устувор ибрози андеша намуданд.
«Мо, бо назардошти хатару таҳдидҳои муосир, аз амалҳои махсус, ки ба рушд равона шудаанд, ҷонибдорӣ менамоем, — таъкид доштанд Сарвари давлат. — Пайомадҳои манфии хатару таҳдидҳои муосир ба кӯшишҳои мо ҷиҳати ноил шудан ба рушди устувор монеаи ҷиддӣ эҷод менамоянд».
Тазаккур дода шуд, ки бахусус оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим, ки давоми даҳсолаҳои охир бештар ба назар мерасанд, мисоли возеҳи ин гуфтаҳо мебошанд.
Ба таъкиди Пешвои миллат, дар натиҷаи тағйирёбии иқлим афзоиш ёфтани хавфи офатҳои табиӣ ва осебпазирии аҳолӣ аз он дар Тоҷикистон яке аз мушкилоти ҷиддӣ дар роҳи ноил шудан ба рушди устувор мебошад. Илова бар ин, тайи даҳсолаҳои охир ба таври назаррас об шудани пиряхҳои Тоҷикистон мушоҳида мешавад, ки пайомади он барои тамоми минтақа нигаронкунанда аст.
Президенти мамлакат дар идома иброз доштанд, ки андешидани тадбирҳои самарабахш дар самти тағйирёбии иқлим муттаҳидсозии кӯшишҳоро дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ тақозо менамояд.
«Албатта, гузариш ба рушди иқтисоди «сабз» сармоягузориҳои назаррасро барои рушди инфрасохтор ва истеҳсоли энергияи «сабз» аз манбаъҳои барқароршаванда талаб менамояд. Дар ин самт Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкории муассир бо шарикони рушд омодагии хешро изҳор медорад», — баён доштанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар фарҷоми суханронӣ.
Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарор доранд.