ДУШАНБЕ, 28.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Сада мисли Наврӯзу Меҳргон аз ҷашнҳои миллии ориёитаборон ба шумор рафта, онро ҳар сол мардуми тоҷик дар баҳманмоҳи 11-уми солшумории шамсӣ, ки ба 21 январ-20 феврал рост меояд, ҷашн мегирад. Ҷашни Сада ба анҷоми чиллаи калон рост омада, аз он дарак медиҳад, ки зимистон ва давраи сармои он ба охир расида истодааст. Сада панҷоҳ шабонарӯзро то фарорасии Наврӯз дар бар гирифта, аз наздик омадани фасли баҳору оғози корҳои кишоварзӣ мужда мерасонад. Чунин нигоштааст сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло ДАВЛАТОВ дар мақолаи худ, ки ба АМИТ «Ховар» расид. Дар зер матни пурраи мақола оварда мешавад:

— Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи умумимиллӣ баргузор сохтани ҷашнҳои миллиро, ки тайи солҳои охир дар мамлакат ба ҳукми анъана даромадааст, нишонаи иттиҳоду сарҷамъӣ ва ҷонибдории сокинони шарафманд аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ арзёбӣ намуданд.

Дар ҳақиқат, Сада ин пирӯзии равшанӣ бар зулмот, гармӣ бар сардӣ ва некӣ бар бадӣ мебошад.

Шинохти таърихи бостонӣ, ифтихор аз фарҳангу тамаддуни чандинҳазорсолаи халқамон, эҳёи беҳтарин расму ойинҳои гузашта дар шароити торафт вусъат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ худогоҳии таърихӣ ва ҳувияти миллии моро мукаммалу устувор менамояд.

Дар асоси маълумоти «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, ин ҷашнро шоҳ Ҳушанг ба муносибати кашф шудани тарзи оташафрӯзӣ таъсис додааст. Номи ҷашни Сада аз рақами 100 (сад) гирифта шудааст. Абӯрайҳони Берунӣ дар китоби «Ат-тафҳим» сабаби «Сада» номгузорӣ шудани ин ҷашнро аз миқдори рӯзҳои боқимонда то иди Наврӯз – яъне 50 шабу 50 рӯз медонад. Дар «Осор-ул-боқия» чунин сатрҳоро мехонем: «Эрониён пас аз он ки кабиса бартараф шуд, дар ин вақт (яъне ҳангоми ҷашни Сада) мунтазир буданд, ки сармо низ аз эшон бартараф шавад ва давраи он ба сар ояд, зеро онҳо оғози зимистонро аз панҷ рӯзе, ки аз обонмоҳ (яъне 27 октябр) мешумориданд ва охири зимистон (-и бузург)-ро, ки 10 рӯз ба баҳманмоҳ мегузашт (яъне 30 январ) ба унвони Сада ҷашн мегирифтанд».

Фирдавсӣ дар «Шоҳнома», Имомуддин Закариёи Қазвинӣ дар «Аҷоиб-ул-махлуқот», Умари Хайём дар «Наврӯзнома» доир ба ҷашни Сада маълумоти арзишманд додаанд. Ба ин хотир, тӯли асрҳои зиёд ниёгони мо гулхани оташро рамзи гиромидошти ин ҷашн мешумориданд.

Пайдоиши ҷашни Сада ба рушди пешаи кишоварзӣ алоқаманд буда, ба иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат алоқаманд аст ва ба яке аз воситаҳои таблиғу ташвиқи корҳои деҳқониву боғдорӣ табдил ёфтааст.

Панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз пеш аз фарорасии ҷашни Наврӯз таҷлил гардидани Сада низ моро водор месозад, ки ба истиқболи сазовори Наврӯзи ҷаҳонӣ ва киштукори баҳорӣ омодагии ҳаматарафаро вусъат бахшем.

Таъкид месозам, ки ин кор, хусусан дар шароити бисёр мураккаби ҷаҳони муосир ниҳоят зарур ва муҳим мебошад. Дар ҷашни Сада ба намоиш гузоштани шириниҳо ва хушкмеваҳои маҳаллии аз ҷиҳати экологӣ тоза сабаби ҷалби меҳмонону сайёҳон ва дар баробари ин, воситаи таблиғи заҳмати деҳқонону боғдорон ва ҳунармандон мегардад.

Ободу сарсабз гардонидани табиати кишвар, гулгашту кӯчаҳо, тозаву озода кардани хонаву кошона ва маҳалли зист аз ҷумлаи суннатҳои ҷашни Сада ба ҳисоб мераванд. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ойинҳои неки ҷашни Садаро ҳамчун мероси гаронбаҳои миллӣ идома дода, дар густариши оинҳои миллӣ саҳм гузоранд. Солҳои охир идҳои миллии Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷашнҳои расмӣ табдил ёфтаанд.

18 феврали соли 2010 иҷлосияи 64-уми СММ қатъномае ба тасвиб расонид, ки тибқи он Наврӯз ҷашни ҷаҳонӣ эълон карда шуд. Ҷашнҳои миллии тоҷикон ҷаҳонбинию ҷаҳондарккунии инсонро такмил ва дар замири онҳо ҳисси эҳтиром ба табиат ва ҷамъиятро ташаккул медиҳанд.

Абурайҳони Берунӣ дар «Китоб-ут-тафҳим» дар бораи моҳият ва маънои номи ҷашни Сада чунин маълумот медиҳад: «Сада чист? Обонрӯз аст аз баҳманмоҳ. Ва он даҳум рӯз бувад. Ва андар шабаш, ки миёни рӯзи даҳум аст ва миёни рӯзи ёздаҳум, оташҳо зананд ба гавз ва бодом ва гирд ба гирди он шароб хӯранд ва лаҳву шодӣ кунанд. Ва аммо сабаби номаш чунон аст, ки аз ӯ то Наврӯз панҷоҳ рӯз аст ва панҷоҳ шаб».

Баъдан Берунӣ оид ба пайдоиши он ва «сабаби оташ кардан ва бардоштан» ривояте меорад, ки ба пирӯзии Фаридун бар Беварасп (Заҳҳок) ва аз марг халос кардани гурӯҳи бузурги одамон аз ҷониби Армоил – ошпази Заҳҳок вобаста аст. Гумон мекунам аз ин беҳтар чизе гуфтану далели қотеътаре ёфтан мушкил аст.

Садаро аҷдодони мо шабона ҷашн мегирифтанд. Оташафрӯзӣ дар торикии шаб муҳимтарин нишони Сада буда, мазмуни пирӯзии равшанӣ бар зулмотро дорад. Мисраъҳои шоир Манучеҳрӣ ин андешаро тақвият мебахшанд:

Омад зи сайри аҳрор шаби ҷашни Сада,
Шаби ҷашни Садаро ҳурмати бисёр бувад.

Ҷашни Сада аз омад – омади баҳор, омода шудани замин барои кишту кор, огоҳӣ аз анҷоми фасли сармо ва аз наздик омадани Наврӯз — соли нави аҷдодӣ башорат медиҳад.

Артур Кристенсен ҷашни Сада ва ҷашнҳои оташи роиҷ дар Аврупоро муқоиса намуда, ҷиҳатҳои муштараки оташи поки иди Фасхи насрониро бо унвони растохези Масеҳ дар кишварҳои Аврупо ёде аз ҷашни Сада арзёбӣ намудааст:

Оташи ҷашни Сада оташи меҳри Ватан аст,
К-андар ин мулк нахоҳад, ки шаби тор бувад.

Мехоҳам ин матнро бо суханони пурҳикмати Сарвари давлат ҳусни анҷом бахшам: «Қобили зикри хос аст, ки ҷашни Сада баробари Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон яке аз унсурҳои муҳимтарини ҳастиву ҳувияти мо – тоҷикон маҳсуб шуда, гиромидошти он аз ҷумлаи роҳҳои муассири тақвияту густариши хештаншиносиву худогоҳии миллӣ мебошад».

Дар тўли садсолаҳо собит шудааст, ки ҷашни Сада арзишҳоеро, чун садоқат ба Ватан, осоишу ваҳдати инсонҳо, дӯст доштани табиат ва заҳмат ба хотири баракату фаровонӣ таблиғ менамояд.

khovar.tj

Чоп кунед