Соҳаи саноат дар ҳар як кишвар соҳаи таъминкунандаи рушди устувор ба ҳисоб меравад ва аз ин лиҳоз мамлакатҳои пешрафта маҳз бо истифодаи технологияи нави пурмаҳсул, сарфакор ва замонавӣ тавонистанд иқтисодиётро дар сатҳи баланд ташкил намоянд ва сатҳи зиндагии шаҳрвандонашонро баланд бардоранд.
Баъд аз Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз низоми мутамарказонидашуда низоми иқтисоди бозоргониро интихоб намуд. Бо ин мақсад дар кишвар як қатор қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки дигар муҳимтаринашон инҳо мебошанд
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.07. 2014, №1107 « Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ»,
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.05. 1997, № 4764 «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» қабул гардидаанд.
Бояд қайд намуд, ки ҷиҳати рушди соҳаи саноати кишвар ҳамасола таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида дар ин замина ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар аз 15,2 фоизи (дарсади) соли 2015 то ба 17,3 фоиз дар соли 2018 расонида шуд. Дар “Старатегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, “Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодию иҷтимоӣ барои солҳои 2016–2020, “Барномаи давлатии рушди содирот ва воридотивазкунӣ барои солҳои 2016–2020,” Стартегияи рушди саноат барои давраи то соли 2030 самтҳои афзалиятноки соҳаи саноат муайян ва ҷиҳати ноил гардидан ба онҳо тадбирҳои мушаххас пешбинӣ шудааст.
Дар баробари дигар ҳадафҳои стратегӣ соли 2018 Асосгузори Сулҳу Вахдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар ҳамчун саноатикунонии босуръатро эълон намуданд, ки бо дарназардошти аҳамияти соҳа дар рушди иқтисодиёти миллӣ, мавҷудияти имкониятҳои истеҳсолӣ, аз қабили қувваи барқ, захираҳои корӣ, ашёи хоми маҳаллӣ ва талаботи бозори дохилию хориҷӣ ба маҳсулоти соҳаҳои гуногуни саноат тадбири саривақтӣ буд.
Ҳадафи асосии он, пеш аз ҳама, дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ таъмини аҳолӣ бо ҷойи корӣ равона гардидааст.
Дар натиҷаи татбиқи ҳадафи чорум соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар кишвар ба 27613 млрд. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳачми давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 13,2 фоиз ё 3220 млрд. сомонӣ зиёд аст.
Ҳиссаи соҳаи саноат аз руйи маълумоти пешакии соли 2019 дар таркиби маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 17,4 фоизро ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,6 фоиз зиёд гардидааст.
Дар ин давра шумораи корхона ва корхонаҳои саноатӣ 219 корхонаи нави саноатӣ бо таъсиси 2942 ҷойи корӣ, аз ҷумла:
- дар вилояти Суғд — 59 корхона бо 969 ҷойи кории нав;
- вилояти Хатлон — 57 корхона бо 678 ҷойи кории нав;
- ВМКБ— 3 корхона бо 87 ҷойи кории нав;
- шаҳри Душанбе — 60 корхона бо 812 ҷойи кории нав;
- НТҶ — 40 корхона бо 386 ҷойи кории нав сохта ба истифода дода шуд.
Аз шумораи умумии корхонаҳои нав: 38 корхона ба соҳаи мошинсозӣ, 53 — корхона ба саноати сабук, 50 корхона ба соҳаи масолеҳи сохтмон, 62 — корхона ба саноати хӯрокворӣ, 2 корхона ба саноати маъдан, 1 корхона ба саноати ангишт, 5 корхона ба соҳаи табъу нашр ва 8 — корхона ба дигар соҳаҳо рост меоянд. Вале дар баробари ин ҳоло ҳам баъзе мушкилоти зерин ҷой доранд:
- мушкилот дар дастрасии воситаҳои молиявӣ – қарзӣ имтиёзнок; норасоии воситаҳои молиявии худии корхонаҳо;
- фарсудашавии баланди таҷҳизотҳои истеҳсолӣ;
- мушкилот дар татбиқи технологияҳои муосир ва замонавӣ;
- сатҳи заифи идоракунӣ ва омӯзиши маркетинги бозорҳо;
- норасоии кадрҳои баландихтисоси касбӣ;
- сатҳи пасти музди кор ва ҳосилнокии меҳнат ва ғайра.
Тибқи “Стартегияи милии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва занҷири арзиши иловашудаи соҳаҳои саноат, афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти саноатии дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир, ташкили низоми самараноки омода намудани мутахассисони дорои қобилияти баланд, азхудкунии технологияҳои саноатӣ ва истеҳсоли маҳсулоти инноватсионӣ, бунёди асосҳои ниходӣ барои рушди устувор ва пешгирикунандаи соҳаҳои саноат, ташкили кластерҳои инноватсионӣ ва пурмаҳсул, мусоидат ба рушди содирот ва низоми миллии воридотивазкунии интихобӣ, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои комплекси агросаноатӣ (коркарди маҳсулоти меваю сабзавот ва зиёд кардани истеҳсоли он), сохтмон, саноати сабук ва хӯрокворӣ ҳамчун афзалиятҳои асосӣ дар самти рушди соҳаи саноат интихоб гардидаанд.
Дар сурътаи таъмини саноатикунонии босуръат ҳиссаи аҳолии дар соҳаи саноат машғулбуда афзоиш ёфта, шуғли пурмаҳсули аҳолӣ таъмин мегардад. Таъмини шуғли пурмаҳсул дар соҳаҳои ба содирот нигаронидашуда метавонанд ба дигар соҳаҳо ва умуман, ба иқтисодиёт таъсири назарраси афзоишёбанда расонад.
Ҳадафи меҳварии ин иқдоми муҳим аз кишвари аграриву саноатӣ ба саноативу аграрӣ табдил додан аст. Саноатикунонии иқтисоди ҷумҳурӣ омилҳои зиёди таъсир ба рушди иқтисодию иҷтимоии кишварро дорост. Дар навбати аввал он боиси фароҳам омадани ҷойҳои нави корӣ гардида, мушкилоти бекориро коҳиш медиҳад. Инчунин, ҳолати вобастагӣ аз маҳсулоти воридотиро аз байн мебарад. Гузашта аз ин, базаи иҷтимоии давлат аз ҳисоби коргарони саноатӣ мустаҳкамтар шуда, бо ин роҳ сафи мутахассисони баландпояи соҳаи саноат меафзояд. Саноатикунонии босуръати мамлакат, яъне бунёди корхонаҳои саноатӣ ва инфрасохтори соҳа барои боз ҳам баланд шудани некуаҳволии шаҳрвандон шароити воқеӣ фароҳам меорад.
Зиёд гардидани корхонаҳои соҳаи саноат ба рушди деҳот низ таъсири муҳим мерасонад. Дар ин масъала оқилона ва бо дарназардошти ҷойгиршавии қувваҳои корӣ бунёд намудани корхонаҳои саноатӣ дар деҳот аҳамияти хос пайдо мекунад.
Ҳамчунин, барои бунёди корхонаҳои саноатӣ маҳалҳои ҷойгиршавиии ашёи хом, инфрасохтор ва мавҷудияти қувваи корӣ аҳамияти ҳалкунанда доранд. Дар ин маврид барои роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо зарур аст, ки ҷиҳати ҷалби сармояи мустақим дар самти бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, барқарорсозии корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили ҷойҳои корӣ чораҳои мушаххас андешанд.
Тамоми масъалаҳое, ки муҳтавои Паёми навбатии Президенти мамлакатро ташкил медиҳанд, хусусан, расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат, ҳамчунин, масъалаҳои иҷтимоӣ бо ҳам робитаи бевоситаи қавӣ доранд. Аз ҷумла, саноатикунонии босуръати мамлакат аз таъминот бо рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ва имконоти фурӯши он, маблағгузорӣ ва бисёр масъалаҳои дигар вобастагӣ дорад. Дар ин ҳолат масъалаи кадрҳои дорои маҳорату малакаи баланди ба истеҳсолот роҳбарикунанда аҳамияти махсус пайдо мекунад. Роҳбарии босалоҳият ба самтҳои гуногуни иқтисодиёт ҳамеша самараи хуб медиҳад.
Бо мақсади рушди саноати истеҳсоли саноат ва дастгири соҳибкорӣ истеҳсолӣ ҳоло дар кишвар имтиёзу сабукиҳоро дар соҳаи саноат ниишон медиҳем , аз ҷумла андоз қарз ва ғайра.
Дар баробари ин бояд қайд намуд, ки бо мақсади тамини ҳадафи эълонгардида бо дастгирии Пешвои Миллат дар кишварамонг “300 рузи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ” эълон гардида, мавриди амал қарор дорад.Таҷҳизоту теххнологияҳои воридшаванда барои соҳаҳои саноат аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шудаанд.
Бо дарназардошти ҳамаи ин омилҳо саноатчиёни мамлакат иқдоми наҷиби Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин самт сармашқи вазифаҳои аввалиндараҷаи кори худ барои соли 2019 қарор додаанд.
Ҳукумати мамлакат вобаста ба фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорон ҳамасола ислоҳоти муҳимро дар самтҳои гуногун иқтисодиёт, аз ҷумла, содагардонии расмиёти бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ, ҳимоя ва дастгирии соҳибкорон, махсусан, сохибкорони истеҳсолӣ такмили низоми андозбандӣ, содагардонии санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ амалӣ менамояд.
Хулоса, идомаи татбиқи ислоҳоти самаранокро бо пешниҳоди имтиёзу сабукиҳои иловагӣ дар ин бахш мувофиқи мақсад мешуморем.
Ғуломносирова Ф. М.
мутахассиси пешбари
Раёсати тадқиқоти масъалаҳои
соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусӣ