Ҷомеаи ҷаҳонӣ бинобар паҳншавии пандемияи COVID-19 ба буҳрони шадиди иқтисодиву иҷтимоӣ, молиявию равонӣ дучор гардида, тамоми аҳолии ҷаҳонро ноором сохта мушкилоти зиёдеро бабор оварда беш аз 212 кишвари ҷаҳон дар шароити душвор қарор доранд.

Бо вуҷуди он, ки тамоми илми муосир кӯшишҳои худро барои дарёфти роҳҳои ҳалли ин масъала тамаркуз кардааст, мутаассифона, то ҳол дар ҷаҳон ваксина бар зидди COVID-19 ихтироъ нашудааст. Мутобиқи пешгӯӣиҳои коршиносони созмонҳои байналмилалӣ ва Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар марҳалаи шиддат ёфтани паҳншавии мавҷи дувуми COVID-19, вазъият дар кулли кишварҳои олам  мушкилтар хоҳад гардид. Дар баробари афзоиши бекорӣ, камбизоатӣ ва болоравии нархи ҳамагуна молҳои аввалиндараҷаи мавриди ниёз, инсониятро норасоии озуқаворӣ, алалхусус маводи хӯрокворӣ, таҳдид менамояд.

Ҳаминро бояд қайд кард, ки коршиносон баъзе аз соҳаҳои осебпазири иқтисодиётро ишора менамоянд, ки ба онҳо буҳрони иқтисодӣ бештар таъсири манфии худро расонидааст, аз қабили:

– соҳаҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла соҳаи сайёҳӣ, ки аз 10 то 50 дарсади даромади буҷаро дар бисёр кишварҳои пешрафтаи дунё  ташкил медиҳад;

– соҳаҳои истеҳсолӣ, ки бо сабаби бастани корхонаҳои саноатй мушоҳида мешавад ва ҷаҳон имрӯз ин вазъро эҳсос намуда истодааст, зеро дар натиҷаи қатъ шудани равобит, коҳиш ёфтани гардиши мол ва дар ин замина кам шудани талабот, корхонаҳои истеҳсолӣ тавлиди маҳсулоти заруриро коҳиш додаанд;

– ихтисори ҷойҳои корӣ, ки ба сабаби баста шудани ширкатҳо ва корхонаҳо рабт дорад. Танҳо дар се моҳи аввали соли 2020 бо сабаби паҳншавии COVID-19, дар Амрико беш аз 17 млн. нафар ҷойҳои кории худро аз даст доданд;

– коҳиш ёфтани даромаднокии бонкҳо, ки сабаби кам гардидани  интиқоли маблағ, паст шудани зарфияти даромнокӣ ва харидорӣ ва заиф гардидани вазъи молиявии қарзгирандагон мебошад.

Бино ба пешгӯйии Сомони Байналмилалии Сайёҳӣ, аз ин буҳрон соҳаи сайёҳӣ дар ҷаҳон беш аз 2 триллион доллари ИМА зарар мебинад. 

Имрӯз Ҷумурҳурии Точикистон бо озмоиши ҷиддӣ рӯ ба рӯ аст. Танҳо Ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, канорагирӣ аз таҳлука ва тарс, бо риояи қатъии тавсияҳои табибон мо имкон пайдо мекунем, ки ин бемории сироятии асрро паси сар намоем. Ҳатто ҳолатҳое ҷой дошт, ки як қатор соҳибкорон бо истифода аз хуруҷи пандемия бавуқӯъ омадаи  COVID-19 даст ба фиреби истеъмолкунандагон зада, доруҳои зиддивирусиро бо арзиши гарон ба фурӯш гузоштанд ва аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чунин соҳибкорон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Дар ин лаҳзаи ҳассос ба мо зарур аст, ки ҳамаи масъалаҳо ва мушкилоти дарпешистодаро дастаҷамъона ҳаллу фасл намоем. Ин раванд ба иқтисодиёти кишварамон бе таъсир нахоҳад буд. Дар вазъияти бавуҷуд омада Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди иқтисодиёти кишварро бо истифода аз фишангҳои дар ихтиёр доштааш таъмин намуда,  ҷиҳати паст намудани таъсири бӯҳрон ба иқтисодиёти миллӣ чораҳои таъхирнопазир андешида истодааст.

Тибқи иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар анборҳову яхдонҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва минтақаҳои кишвар 10 063 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 649 тонна мева, 607 тонна ангур, 4,085 тонна картошка, 4,043 тонна сабзавот ва 679 тонна дигар маҳсулоти кишоварзӣ нигоҳ дошта мешаванд. Захираҳои маҳсулоти кишоварзӣ имкон медиҳад, ки тавозунро дар бозорҳо нигаҳ дошта, таъмини саривақтии нуқтаҳои савдоро бо меваву сабзавоти тару тоза таъмин ва пешгирӣ аз афзоиши нархҳоро ба роҳ монад.

Рушди иқтисодии кишвар дар семоҳаи аввали соли 2020-ум 7,0 дарсадро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,5 банди фоизӣ паст мебошад. Коршиносони созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла  Бонки Ҷаҳонӣ  дар шароити имруза вобаста ба шаклгирии COVID-19  рушди иқтисодиёти  Тоҷикистонро барои солҳои 2020 – 2021 дар сатҳи 4,5 – 5 дарсад арзёбӣ менамоянд. Вале таҷрибаи солҳои қаблӣ аз арзёбии рушди иҷтисодии ҷумҳурӣ нишон медиҳад, ки ҳамасола кишвар тибқи барномаҳо, вазифаҳо ва ҳадафҳои дар наздаш гузошта амал намуда рушди иқтисодии кишварро тибқи нақшаи дар пешгузошта таъмин менамояд, ки  байналмилалӣ низ онро баъди омӯзиши дақиқи таъйид менамоянд.

Аз рӯйи таҳлилҳо ва омӯзиши равандҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мо дар соли ҷорӣ рушди иҷтисодии кишварро вобаста ба омилҳои дохилӣ ва берунӣ дар соли 2020 6-7 дарсад арзёбӣ менамоем. Баҳогузории Бонки Ҷаҳонӣ бештар, агар аз як тараф, ба коҳиш ёфтани нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва дар ин замина осеб дидани иқтисодиёти яке аз шарикони стратегии Тоҷикистон – Руссия асос ёфта бошад, аз ҷониби дигар, бо такя ба коҳиш ёфтан интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирони корӣ мебошад.

Вале имрӯзҳо мо шоҳиди муътадил шудани нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ мебошем. Ҳамчунин соҳаҳои иқтисоди Руссия, ки дар он муҳоҷирони меҳнатӣ аз давлатҳои Осиёи Марказӣ кор мекунанд, ба фаъолият шурӯъ кардаанд, ки ин омили беҳтар гардидани вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ мегардад.

Дар баробари ин ҳама, ҷиҳати паст намудани таъсири буҳрон ба иқтисодиёти миллӣ,  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фишангҳои иловагии зеринро ба мисли:

– зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ;

– самаранок истифода намудани заминҳои киштӣ;

– афзудани зарфиятҳои содиротӣ ва ҷалби сармояҳои дохиливу хориҷӣ ба соҳаҳои гуногуни иктисоди миллӣ истифода ва пурзӯр намуда истодааст.

Қобили таваҷҷуҳ аст, ки дар чор моҳи аввали соли равон корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба маблағи тақрибан 9 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,3 дарсад бештар аст. Шумораи корхонаҳои саноатӣ тамоюли рӯ ба афзоиш дошта, фаъолияти истеҳсолии онҳо аз мавҷудияти ашё ва талаботи бозор вобаста мебошад. Дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби корхонаҳо ва сармоягузорони хориҷӣ барои истеҳсоли маҳсулоти нав, воридоти таҷҳизоти технологӣ ва тавсеаи дороиҳои истеҳсолӣ беш аз 1,5 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст. Ба ҳолати моҳи майи соли ҷорӣ дар кишвар 2204 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 дарсад ё 143 адад зиёд аст.

Аз рӯйи баҳогузории баъзе таҳлилгарон содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли ҷорӣ 36 дарсад афзоиш ёфтааст ва баробар ба 22 ҳазор тонна мебошад, ки аз он  69 ҳазор тонна сабзавот, 7 ҳазор тонна мева, 62 тонна тарбузу харбуза, 9 тонна меваи хушк ва 41 тонна анвои дигар маҳсулоти кишоварзиро дар бар мегирад. Тамоми ин нишондиҳандаҳо гувоҳи он мебошад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди босуботи иҷтисодиро таъмин хоҳад кард.

Дар ин радиф суоле ба миён меояд, ки оё мо аз буҳрони фарогирифта чӣ хулосаҳо ва бардоштҳоро касб метавонем кард? COVID-19 ҷанбаҳои заъфи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти тамоми давлатҳоро нишон дод. Вобаста ба ин, давлатҳои пешрафтаи дунё имрӯз дар фикри ислоҳот дар тамоми соҳаҳои ҳаёти давлатдории худ мебошанд. Таҷрибаи андухтаро омӯхта самтҳои рушди минбаъдаи давлатро таҷдиди назар менамоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз таҷрибаи андухта хулосаҳои заруриро барои рушди минбаъдаи кишвар, бахусус, соҳаҳои иктисодиву иҷтимоӣ, ба даст овардааст.

Ҷиҳати таъмин намудани рушди иқтисодиёти миллӣ ва дар ин замина таъмин намудани субот дар тамоми соҳаҳо ва эмин будан дар ҳолатҳои ғайричашмдошт таваҷҷуҳ ба масъалаҳои зеринро мувофиқи мақсад мешуморем:

– бояд ба ҳадафи стратегии саноатикунонии мамлакат тавассути воридоти технологияҳои нави инноватсионӣ суръат бахшида, масъалаҳои ҳалталаби соҳа ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳоро ба роҳ монем;

-дар заминаи ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои нав, ба роҳ мондани кишти такрорӣ, то 3-4 маротиба гирифтани ҳосил ва истифода аз тухмиҳои сифатнок бо истифода аз технолгияи замонавӣ, ҷиҳати афзудани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва воридотивазкунанда кӯшиш намоем;

-ба масъалаи  тақвият бахшидан ба  иқтидори содиротии мамлакат таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, корҳои амалиро дар ин самт ҷоннок намоем;

-бо бакор андохтани иҷтидорҳои нав аз ҳисоби корхонаҳои саноатӣ дар тамоми бахшҳои иқтисодиёт таъсиси ҷойҳои нави кориро дар солҳои наздик таъмин намоем;

-ба рушди саноати дорусозии кишвар ҷидди муносибат намуда ислоҳоти заруриро дар ин самт ба роҳ монем.

Танҳо дар сурати татбиқ  намудани тамоми он вазифаҳо, барномаҳо ва ҳадафҳои стратегие, ки давлат ва ҳукумат дар назди худ гузоштааст, метавонем дар ҳама гуна ҳодисаҳои ғайричашмдошт рушди босуботи кишварро нигоҳ дошта, зиндагии шоистаи мардуми кишварро таъмин намоем.

Ҷӯрахонзода С.Х.,

муовини директори МТС-и назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед